Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 2-юми март натоиҷи интихоботи парламентии рӯзи 1-уми мартро эълон кард. Гуфта шуд, ки Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бо касби 50,4 дарсади овозҳои интихобкунандагон пирӯз шудааст. Раиси комиссияи мазкур Бахтиёр Худоёрзода дар нишасти хабарӣ бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, мушоҳидони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма гуфт, дар маҷмуъ 4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар раъйдиҳандагон дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок кардаанд, ки 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил додааст.
Бахтиёр Худоёрзода гуфт, ки дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон 700 ҳазору 582 нафар ё 16,50%, ба тарафдории Ҳизби демократи Тоҷикистон 216 ҳазору 526 нафар ё 5,10%, ба тарафдории Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 705 ҳазору 252 нафар ё 16,61%, ба тарафдории Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 132 ҳазору 49 нафар ё 3,11%, ба тарафдории Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 218 ҳазору 696 нафар ё 5,15 %, ба тарафдории Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон 13 ҳазору 735 нафар ё 0,32% ва ба тарафдории Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 2 139 741 нафар ё 50,40% овоз додаанд. Ба муқобили ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ бошад, 52030 ё 1,39 фоизи овоздиҳандагон раъй додаанд.
Ҳамин тавр, аз ҳизбҳои сиёсие, ки 5 дарсад ва зиёда аз он раъйи интихобкунандагонро соҳиб гардидаанд, Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо 16,50% ба 4, Ҳизби демократи Тоҷикистон бо 5,10% 1, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо 16,61% 4, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бо 5,15% 1, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо 50,40% ба 12 курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони кишвар такя заданд.
Ин дар ҳолест, ки раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров, ки ҳизбашро ягона ҳизби мухолиф дар баробари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон медонад, натиҷаҳои интихоботи баргузоршудаи парламентиро дар кишвар қабул надорад ва иддао дорад, ки зимни шумориши овозҳо тақаллуб сурат гирифтааст. Ба иддаои номбурда, “натиҷаҳое, ки аз тарафи раиси Комиссияи марказии интихобот Бахтиёр Худоёрзода хонда шуд, на ҳуқуқӣ, балки тасмими сиёсӣ ва сохтаву бофта аст”.
Раҳматилло Зойиров пас аз эълони расмии натоиҷи интихобот бо изҳороти расмӣ гуфтааст, ки натиҷаҳои ибтидоии овоздиҳӣ дар 12 соат се маротиба иваз карда шудааст: “Натиҷаҳои ибтидоии интихобот, ки аз соати дуними шаб то шаши субҳи 2-юми март дигар буд, аз соати шашуними субҳ то 11-и рӯзи душанбе тағйир ёфт. Дар ниҳоят соати 15, пеш аз эълони натиҷаҳо дигар шуд».
Муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов бо изҳори таассуф гуфтааст, ки дар интихоботи имсола аз мисоли Туркманистон ва Белорусия истифода бурда шудааст ва номзадҳои ҳизбашонро ба парламент роҳ надодаанд. “Таҷрибаи пешқадами Ӯзбекистонро мавриди истифода қарор надоданд. Ин аз паст будани қобилияти таҳлилӣ ва фарҳангу фаросати сиёсӣ гувоҳӣ медиҳад”,- гуфтааст Ҳакимов.
Аммо раиси КМИР Худоёрзода дар нишасти хабарӣ гуфт, ки “интихобот шаффофу одилона баргузор шуд ва дар бораи қонуншиканӣ дар рафти овоздиҳӣ ягон шикояте нагирифтаанд”.
Ҳарчанд роҳбарони 5 ҳизби сиёсии дигари Тоҷикистон, ки мегӯянд, аз интихобот интизориҳои бештар доштанд, аммо ба фарқ аз роҳбари ҲСДТ Раҳматилло Зойиров, аз натиҷаҳои интихобот розиянд.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон пас аз ҲХДТ дар зинаи дуюм меистад ва дар Маҷлиси намояндагон 7 курсиро аз худ кардааст. Раиси ин ҳизб Рустам Латифзода дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки умедворияшон аз ин ҳам бештар будааст. Ба қавли номбурда, ҳизб миёни кишоварзони мамлакат маҳбубият дорад ва аз манофеи онҳо пӯштибонӣ мекунад, ки ин барояшон пирӯзӣ овардааст.
Чунин ба назар мерасад, ки раисони ҲСТ ва ҲДТ Абдуҳалим Ғаффоров ва Саидҷаъфар Усмонзода бо ишғоли яккурсигӣ дар парламент қаноат кардаанд. Онҳо гуфтанд, ки аз ҷониби нозиронашон ягон мавриди тақаллуб ба мушоҳида нарасидаасту интихобот шаффофу одилона баргузор шудааст. Аз ин рӯ, кӯшиш мекунанд, ки бо як курсӣ ҳам бошад, хубтар кор кунанд.
Ҳамчунин, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо роҳбарии Рустам Қудратов, ки дар зинаи поёнии парламент соҳиби чор курсӣ шудааст, гуфтааст, ки метавонанд дар Маҷлиси намояндагон “фраксия” ташкил диҳанд.
Дар интихоботи мазкур дар баробари ҲСДТ аз ҳисоби рӯйхати ҳизбӣ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ бо сабаби убур накардани садди 5-дарсадии раъйи мардум ба парламент роҳ наёфт. Ба фарқ аз солҳои қаблӣ, ки Шодӣ Шабдолов ва марҳум Исмоил Талбаков Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро роҳбарӣ мекарданд ва зимни эълони натиҷаҳои интихоботҳо вокунишҳое ҳам нишон медоданд, ин навбат роҳбари нави ҳизб Меъроҷ Абдуллоев то ҳол дар бораи натиҷаҳои интихобот ибрози андеша накардааст. Коршиносон мегӯянд, шояд ин бар он маъност, ки ду узви ин ҳизб дар ҳавзаҳои якмандатии Муъминободу Истаравшан пирӯз гашта, ба парламент роҳ ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки раванди интихоботи парламентии рӯзи 1-уми мартро дар Тоҷикистон беш аз 230 нафар мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла ҳафт намояндаи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА ва 15 намояндаи СҲШ назорат карданд. Инчунин, дар кори назорат ҳайати ИДМ, ки онро раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев роҳбарӣ мекард, ширкат варзид.
Сергей Лебедев зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон аз сатҳи баланди омодагӣ дар ҳама соҳаҳо, шуруъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ гуфт. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки “лаҳзаи асосие, ки мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ ба он таваҷҷуҳ зоҳир карданд, хусусияти ташкилии маъракаи интихобот ва ҷараёни овоздиҳӣ буд. Интихобот дар Тоҷикистон ба таври шоиста, дар фазои дӯстӣ ва ором гузашт. Дар интихоботи баргузоршуда мо мушоҳида кардем, ки мардум ба кӣ овоз доданашро мебинад, номзадро меомӯзад, ки оё ин ё он номзад ваъдаашро иҷро карда метавонад?».
Роҳбари Миссияи СҲШ, муовини Дабири кулли СҲШ Нурлан Аккошкаров низ гуфтааст, ки “Миссия вайронкунии меъёрҳои қонунгузории миллиро, ки қонунияти интихоботро зери шубҳа мебаранд, мушоҳида накард ва онро шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф менамояд”.
Ёдовар мешавем, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз 63 курсӣ иборат аст ва имсол 49 курсии он насиби Ҳизби халқии демократии кишвар гардид. Дар панҷ соли гузашта намояндагони ҲХДТ дар парламент 51 курсиро банд карда буданд. Вакилони Маҷлиси намояндагон дар панҷ сол як бор интихоб карда мешаванд.
Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”