29 -уми май Маҷлиси умумичинии намояндаҳои мардумӣ (мақоми олии қонунгузори Ҷумҳурии Мардуми Чин), дар бораи тайёрӣ барои таҳияи қонуни бехатарӣ дар қаламрави Гонконг хабар дод.
Ба андешаи идеологҳои чинӣ ин қонун имкон медиҳад, ки тартибу низом дар ин ноҳияи махсуси мухтор самараноктар таъмин шавад. Ҳукуматдорони маҳаллии Гонконг аз ин идея ҷонибдорӣ намуда, гуфтанд, ки қонуни мазкур ҳуқуқу озодиҳои сокинони ин ноҳияи махсусро маҳдуд намекунад, аммо кишварҳои ғарбӣ ва ҷонибдорони оппозитсия норозигии худро эълон доштанд.
Мухолифини қонуни мазкур бо сароҳат гуфтанд, ки қабули қонуни мазкур нақзи принсипи “Як кишвар ва ду система” мебошад, ки тибқи он баъди ҳамроҳ шудани Гонконг дар охири асри ХХ ба он мақоми ноҳияи махсуси мухтор дода шуда буд.
Дар ин иртибот як рӯз баъд, яъне 30-юми май Д. Трамп нишасти матбуотӣ баргузор намуда, Чинро дар ваъдахилофӣ роҷеъ ба ҳифзи мухторияти Гонконг низ айбдор намуд. Ӯ таъкид дошт, ки чораҳои эълоншуда нисбат ба Чин қотеъ ва муассир мешаванд. ЪЪЪЪБа қавли ӯ, раванди бекор кардани ҳама имтиёзҳои Гонконг дар чунин соҳаҳо ба монанди назорати содирот, истифодаи технологияҳои корбарии дугона ва барасмиятдарории гумрукии молҳо оғоз гардидааст.
Д. Трамп дар ин маврид ба таври рамзӣ сухан карда, ёдовар шуд, ки дар соли 1997, ҳангоме Ҳонгконг ба ҳайати Чин бозгашт ва дар шаҳр парчамҳои Бритониё поин карда шуданд ва парчамҳои Чин барафрошта шуданд, онҳо дар Пекин ваъда доданд, ки усули «як кишвар — ду система» қатъан риоя хоҳад шуд.
Ӯ эълом кард, ки ҳоло “як кишвар вуҷуд дорад ва як система», аз ин рӯ, Иёлоти Муттаҳида алайҳи мақомдорони Чин ва Ҳонконг, ки озодиҳои ҳонконгиҳоро нақз мекунанд ва ба худмухтории шаҳр таҷовуз мекунанд, таҳримот ҷорӣ мекунад.
Муҳимтарин чиз ин аст, ки Трамп тасмим гирифт, ҳамаи истисноҳои барои Ҳонконг эҷодшударо бекор кунад. Тибқи қонуне, ки дар соли 1992 дар Иёлоти Муттаҳида ба тасвиб расида буд, ба ин шаҳр дар тиҷорат ва табодули раводид бартарӣ дода мешуд, вале онҳо акнун бекор карда мешаванд.
Ин метавонад ба таври ҷиддӣ бар вазъияти иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон таъсир гузорад. Ба гуфтаи Чин аввал аз ҳама иқтисоди Амрико зарар хоҳад дид. Ҳамон тавре, ки маъмурияти Ҳонконг пештар иттилоъ дода буд, аз соли 2009 то соли 2018, профитсити тиҷорати ИМА бо ин минтақаи Чин 297 миллиард долларро ташкил додааст ва ҳудуди 1,3 ҳазор ширкати амрикоӣ дар инҷо ҷойгиранд.
Изҳороти президент Д. Трамп дар пасманзари эътирозҳо дар Ҳонконг омадааст. Тасмими ИМА барои ҳимоят аз эътирозгарон на танҳо бо сухан, балки бо иқдомоти мушаххас метавонад боиси афзоиши миқдори эътирозҳо гардад.
Намояндаи Вазорати хориҷаи Чин Чжао Литсзян дар ин иртибот изҳор дошт, ки ҳукумати кишвари ӯ тамоми ҷораҳоро дар муқобили ИМА меандешад, агар Кохи сафед дахолати худро ба умури дохилии Чин ва ноҳияи махсуси мухтори Гонконг идома диҳад.
Дар нишасти рӯзи 30-юми март Доналд Трамп ҳамчунин Созмони ҷаҳонии тандурустиро дар паҳн шудани коронавирус муттаҳам намуда, эълон дошт, ки ИМА нисбат ба Чин тағйири як қатор маҳдудиятҳоро ҷорӣ мекунад, аз ҷумла дар равобити тиҷоратӣ, молиявӣ, сайёҳӣ ва ғ. Президенти ИМА иттиҳомоти қаблиашро боз ҳам такрор намуда, гуфт, ки Пекин пайдоиши коронавирус дар шаҳри Вуҳонро пинҳон нигоҳ дошт ва дар натиҷаи амалҳои нодурусти ин кишвар даҳҳо ҳазор одам фавтиданд.
Ӯ дар идома афзуд, ки Чин пурра Созмони ҷаҳонии тандурустиро зери назорат гирифта, дар як сол 40 миллион доллар пардохт мекунад, ҳарчанд саҳми ИМА дар як сол 450 миллион доллар аст.
-СҶТ натавонист ба коронавирус ба таври бояду шояд вокуниш диҳад, зеро Чин ин созмони глобалиро пурра контрол мекунад. Амалдорони чинӣ ӯҳдадориҳои худро дар масъалаи пешниҳод намудани маърӯза ба СҶТ сарфи назар намуданд ва вақте ки нахустин бор коронавирус пайдо шуд, ба он фишор оварданд, то ки ҷаҳонро иштибоҳ андозанд”, -гуфт Д. Трамп.
Президенти ИМА ҳамчунин таъкид кард, ки ӯ ба СҶТ аз қабл пешниҳод намуда буд, ки ислоҳоти заруриро дар созмони мазкур ба роҳ андозад, аммо “СҶТ чораҳои зарурӣ наандешид”, аз ин рӯ, ҳукумати Амрико равобити худро бо он қатъ мекунад ва маблағҳоеро, ки барои он ҷудо шуда буданд, ба барномаҳои дигар дар бахши тандурустӣ масраф менамояд.
Аммо намояндаи расмии СҶТ Тарик Ясарович қаблан зикр намуда буд, ки ҳақулузвияти ИМА дар созмони мазкур дар солҳои 2018 ва 2019 237 миллион долларро ташкил додааст, ҳамчунин ин кишвар 656 миллион доллар саҳмҳои ихтиёриро ба Созмон ироа намудааст, ки ба ҳисоби миёна дар сол 446 миллион доллар медиҳад.
Аммо ин танҳо 14,7 фисади буҷаи СҶТ-ро ташкил медиҳад ва эҳтимол аст, ки як қатор барномаҳои изтирории Созмон дар саросари ҷаҳон аз хуруҷи ИМА зарар бубинанд.
Бояд гуфт, ки СҶТ дар тӯли фаъолияти худ ба дастовардҳои муҳиме сазовор гашта буд, аз ҷумла дар муборизаи зидди нағзак, бемориҳои сил ва фалаҷ, ҳамчунин кӯмакҳои шоистае ба кишварҳои ақибмондаи ҷаҳони сеюм расонид. ЪЪЪЪАммо бархе коршиносон ба ин боваранд, ки вақте Дабири кулли СҶТ собиқ вазири Гонконг (ин кишвар аз соли 1997 ба ҳайати Чин дохил шомил гардид) Маргарет Чен интихоб шуд, созмни мазкур ба ҷанҷолҳои зиёд мувоҷеҳ гардид.
Масалан, СҶТ -ро ба вокуниши дермонда алайҳи зукоми хук дар соли 2009 ва вируси Эбола дар соли 2014 муттаҳам карданд.
Дабири кулли кунунии созмони мазкур Тедрос Адҳан Гебрейесус то замони пайдо шудани коронавирус ягон бор чунин интиқоди шадид нашуда буд, зеро дар тӯли 3 соле, ки роҳбарии СҶТ -ро ба уҳда дошт, дар сатҳи ҷаҳонӣ ягон бор вазъияти фавқулодда дар соҳаи тиб ба вуҷуд наомада буд.
Проблемаҳои ҷиддии Дабири кулли он дар охири моҳи январи соли ҷорӣ дар иртибот ба коронавирус ба вуҷуд омаданд, зеро ба қавли коршиносони Иёлоти Муттаҳида СҶТ фақат рӯзи 30-уми январ ҳозир шуд, ки пандемияро эълон кунад, аммо вақте ки Кохи сафед расман эълон намуд, ки аз Чин ба ғайри шаҳрвандони Амрико ягон нафари дигарро роҳ намедиҳад, СҶТ ин қарори Кохи сафедро маҳкум намуд, онро “ғайримуфид” номид.
3 -юми феврал Тедрос боз як бори дигар мухолифати худро ба ин тасмими Вашингтон эълон намуда, изҳор дошт” “Агар Чин вориди амал намешуд, масмум шудани инсонҳо дар хориҷ аз Чин хеле зиёдтар мешуд”.
СҶТ амалҳои Чинро дуруст мешуморид
Аммо ҳоло дақиқ шудааст, ки вақте ки рӯзи 11-уми март СҶТ пандемияро дар саросари ҷаҳон эълон намуд, аллакай дар 114 давлат коронавирус ба қайд гирифта шуда, теъдоди беморон ба 118 ҳазор нафар мерасид.
Созмони ҷосусии Амрико (CIA -Си Ай Эй) изҳор дошт, ки Дабири кулли СҶТ дар моҳи январ бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пин дар Пекин мулоқот кардааст.
Дар санади CIA гуфта мешавад, ки Чин ба СҶТ фишор меоварад, то ки пандемия дар саросари ҷаҳон эълон накунад, аммо дар ин муддат тамоми дорувории заруриро барои муолиҷаи шаҳрвандони худаш захира кардааст.
Гуфта мешавад, ки Пекин ба СҶТ таҳдид кардааст, ки агар талабашро қонеъ накунад, аз ҳамкорӣ бо ин созмон даст мекашад. (https://yandex.ru/turbo/h/ng.ru/world/2020-05-13/6_7859_china.html). Созмони ҷосусии Олмон ба маҷаллаи Spiegel гуфтааст, ки рӯзи 21 -уми январ Син Ҷин Пин шахсан ба Дабири кулли СҶТ Тедрос таҳдид фишор овардааст.
Намояндаи СҶТ ширкати раиси ҶМЧ инкор кардааст, аммо тазаккур надодааст, ки оё Пекин фишор оварда буд, ки вазъияти фавқулодда дар саросари ҷаҳон эълон нашавад?
Дар ин иртибот намояндаи СҶТ Кристина Линдмейер гуфтааст, ки созмони онҳо дар замони пандемия тибқи мандати худ амал намуда, тавсияҳои олимон ва коршиносони мустақилро ба назар гирифтааст, аммо таъкид доштааст, ки доктор “Тедрос рӯзҳои 20, 21 ё 22-уми январ бо Си Ҷин Пин мулоқот надоштааст, балки ин вохӯрӣ рӯзи 28 -уми январ сурат гирифтааст, аммо онҳо масъалаи эълони вазъияти фавқулоддаро баррасӣ накардаанд.
Намояндаи СҶТ афзуд, ки вазъияти фавқулодда рӯзи 30-юми январ эълон гардид ва ҳамчунин таъкид мешуд, ки Чин ба иштибоҳ роҳ надодааст.
Дар асл, мо аз таҷрибаи худ медонем, ки намояндаи СҶТ дар Тоҷикистон Галина Перфилева ҳатто дар моҳи марту апрел тамоми ҷаҳонро гӯл зада, булбулвор такрор мекард, ки дар ҷумҳурии мо коронавирус вуҷуд надорад.
Ӯ ҳатто хабарнигоронро муттаҳам мекард, ки чӣ гуна онҳо аз бемории коронавирус фавтидани одамонро дар Тоҷикистон муайян кардаанд. Ҳоло ҳадс задан мумкин аст, ки ин мавқеи шахсии худи Перфилева набуда, балки он мавҷеи СҶТ будааст, аммо ин мавзӯи мақолаи алоҳида аст.
Ҷолиб ин аст, ки агар президенти ИМА Д. Трамп СҶТ -ро ба фаъолият ба нафъи Чин гунакҳор кунанд, бархе расонаҳои ғарбӣ , алалхусус амрикоӣ ишораҳое ба он мекунанд, ки худи Дабири кулли ин созмон Тедрос Адҳан Гебрейесус гумоштаи Пекин аст ва ҳатто ҳадс мезананд, ки шояд ӯро замони вазири тандурустии кишвари худаш будан, яъне Эфиопия ҷалб карда бошанд.
Ин иттиҳоми ҷиддӣ аст, вале исботи он кори осон нест, аз ин рӯ онҳое, ки ин фарзияро паҳн мекунанд, ягон далели мувассақе дар даст надоранд, вагарна кайҳо онро дар расонаҳо нашр мекарданд. Аммо ин ки Чин ҳоло дар қитъаи Африқо ва алалхусус дар Эфиопия, яъне зодгоҳи Дабири кулли СҶТ дасти дароз дорад, пӯшида нест. Ва Пекин барои пиёда кардани манфиатҳои сиёсиву иқисодии на танҳо аз абзори иқтисодӣ ва пешниҳод намудани қарзҳо истифода мебарад, балки ба ҷосусӣ ҳам машғул мешавад.
Ифшои фаъолияти ҷосусии чиниҳо дар бинои Иттиҳоди Африқо дар соли 2017 дар шаҳри Адис -Абеба, пойтахти Эфиопия ва зодгоҳи Дабири кулли СҶТ Тедрос Адҳан Гебрейесус аз ин гувоҳӣ медиҳад. Тафсилоти ин ҳодиса дар мақолаи дигар пешниҳод мешавад.
Нуралӣ ДАВЛАТ