Авфи оппозитсионери рақами 1-и Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи кишвар мисли тундар ғулғула афканд. Вокунишҳоро баршумурдам, ки асосиашон чунин буд: «беҳтарин хабари сол«, «фурӯхта шуд«, «ғалабаи ҳукумат бар мухолифат», «бозгаште, ки фазои сиёсиро тағйир медиҳад«…

Назари худи нафаре, ки яке шоҳи мухолифонаш меномаду дигаре гумоштаи ҳукумат, чист? Хайрият дунё дигар шуд ва ҳоло шарт нест, ки барои мусоҳиба ба Берлин парвоз кард. Танҳо метавон ба Фейсбук ворид шуд ва паёмаке бифиристоду посух гирифт. Аммо аксари сиёсатмадорони тоҷик каме ба истилоҳи мардумӣ «жир гиранд«, дигар дастнорас мешаванд. Ба таъбири худашон, гӯё дастрас будани онҳо аз шаҳоматашон мезудояд. Атовулоевро дар Фейсбук пайдо кардам ва паёмак фиристодам ва аз интервю гуфтам. Гумон доштам, ки шояд розӣ намешавад, ё мисли дигарон пешакӣ рӯйхати саволҳоро мехоҳад ва шарт мегузорад, ки ин савол ҷоизу онаш не, аммо посухи ӯ ғайричашмдошт буд:

— Кай ба Шумо мувофиқ аст?

Метавонед скайпро рӯшан кунед? — пурсидам.

Дар экран чеҳраи ӯ бо ҳамон лабханди ҳамешагӣ намоён шуд. Ба назарам чунин менамуд, ки ӯ бештар аз ман изтироб дорад. Журналисте, ки бо бисёр бузургон мусоҳиба оростааст, ҳоло аз як журналисти навроҳ мерамад? Ӯ гӯё андешаҳои маро мехонд, ки гуфт:

— Ҳар боре, ки камера рӯшан мешавад, маро ҳаяҷон фаро мегирад. Мисли бори нахуст…

— Дар оғоз Шуморо табрик мегӯям. Албатта, медонам, ки ин хабар Шуморо хеле хушнуд кард, аммо баъзеҳо, ки худ хуб медонед, ба масрурии Шумо бо истеҳзо менигаранду ҳатто сӯятон санг ҳам меафкананд. Нуктае, ки банда мехоҳам аз Шумо пурсон шавам, ин аст, ки шодмониатон ба хотири об шудани яхҳо, баҳамоии ҷонибҳо аст ё чизи дигаре?

— Манзараро дар пасманзари вокунишҳо худатон моҳирона тасвир кардед. Ман шоколад нестам, ки ба ҳама писанд бошам. Ҳатто аз шоколад низ бисёриҳо қимобанд ё аллергия доранд. Ман танҳо ба гуфтаҳои Шумо ду мисол меоварам. Он яке: «Авфи шумо як қадам аз ҷониби ҳукумат ба самти оппозитсия барои ҳамдигарбахшӣ ва ҳамдигарфаҳмист. Ҳузури шумо ва ҳамандешони шумо дар Тоҷикистон ба суди давлату давлатдорист ва метавонад фазои сиёсиро дигаргун созад. Ҳатман бояд ин шонсро истифода бурд ва ба Ватан баргашт!». В-он дигаре: «Ростӣ ибтидо ба хабари бозгашт таваҷҷуҳ накардаму пиндоштам гапест сатҳӣ ё сохта. Акнун мебинам, ки ҳадаф ҷиддитар аз он аст, ки пиндоштаам… Дар тамоми тӯли торих миллати мо, балки қаҳрамонони миллати мо, бо ду иллат ба доми душман афтодаву шикаст хӯрдаанд: 1. Руҳи романтикӣ доштан. 2. Содиқу софниҳод будан.

— Шумо ба танҳоӣ як артиши муназзамед ва худ инро медонед!  Ва бар илова шахсан худи Шумо фармони авфи Додситонии куллро дидед?

— Бале.

Дар тӯли 27 соле, ки берун аз Тоҷикистон будед ва муборизаи сиёсӣ бурдед, таҷрибаи чанд солаатон ба чӣ натиҷа омада, яъне дар дохил озодона камбудиҳо ва комёбиҳоро гуфтан хуб аст ё дар хориҷ?

— Як пешгуфтори иҷборӣ. Иҷозат ҳаст?

Чаро не? Сӯҳбати мо озод аст. Бифармоед.

— Давлати мо навҷавон аст. Дар фанни давлатдорӣ мо на танҳо навроҳем, балки фанд низ зиёд хӯрдаем. Бештари давлатмардони мо аз ҳар ду ҷониб (ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифат) таҷрибаи мудирият надоштанд. Ман бар онам, ки шоҳсутуне ҳаст, ки КОХИ МИЛЛАТ-ро посбонӣ мекунад. МАТБУОТИ ОЗОД ва ОППОЗИТСИЯИ СОЗАНДА. Ҳукумате, ки ин ду чашми биноро намепазирад мисли як кӯрест, ки роҳро аз чоҳ намешиносад. Бозмегардем ба суоли Шумо. Коҳи куҳнаро бод намекунем. Ҳамеша аз гузашта гуфтан расми хубе нест. Мо ба фалсафаи оянданигарӣ ва ояндасозӣ ниёз дорем. Ҳама бояд талош биварзем, ки мухолифу мувофиқ ҳама дар Ватан бошанд. Зиндагӣ дар кишваре, ки ҳама ЯКЕЯНД, даҳшат аст. Зиндагӣ дар кишваре, ки ҳама хомӯшанд, мисли зиндагӣ дар қабристон аст. Муҳовара, мубоҳиса, мубориза байни андешаҳо, барномаҳо, ҳизбҳҳо, гуруҳҳо зиндагиро рангин мекунад ва боиси равнақ мегардад. На яккаҳизбию яккатозӣ. Аксҳои депутатҳою вазирони тоҷикро мебинаму дар ҳайрат меафтам. Ҳама бо як чеҳраи ҳамеша ғамин ва гӯё интизори ягон хабари шум. Ва либосҳояшон ҳам мисли чеҳраашон якхела. Магар як моделер ба онҳо костюм медӯзад?!

— Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳар гуруҳ ё созмоне, ки аз дохили як кишвару як миллат баромадаанд, вале худро аз ҳамдигар бартар мехонанд, на ба кишвар ва на ба миллати хеш манфиат расонида метавонанд. Шумо ба ин андеша чӣ назар доред? Оё беҳтар нест, ки ҳама сангаргириҳо ва мавқегириҳо идеяи ягона дошта бошанд, то ки барои пешрафту рушди кишвар ва ҷомеа равона гардида бошанд?

— Рақобат ягона омили пешравист. Ягон инженере дигар моторе дигар ихтироъ накардааст. Рақобати сиёсӣ байни ҳизбҳо танҳо ба суди миллат ва давлат аст. Роҳ ҳамин аст. Ё бо қонуну қоидаҳои маъруфу маъмул зистан меомӯзем ё дуруд Кореяи Шимолӣ ва хандахариш шудан дар ҷаҳон.

Агар Шумо ба Ватан баргардед, бо худ барномаи мушаххасе, ки дар дохили Ватан онро амалӣ бикунед, доред? Агар бале, ба таври фишурда гуфта метавонед, он барнома чи гуна хоҳад буд?

— Ман бо як ҷомадон Ватанро тарк карда будам. Бо як ҷомадон бармегардам. Аммо ин ҷомадон пуропури идеяҳо, лоиҳаҳо, ормонҳо, орзуҳост. Дар дили захмии ман як зарра, як нанограм барои кинаву адоват ҷой нест. Ҳоло ки ман баъди зиндонҳо ва сӯиқасдҳо, ғарибиҳо ва саргардониҳо зиндаам, ҳамин муҳаббат аст. Муҳаббат ба Худо, муҳаббат ба Хонавода, муҳаббат ба Халқ… Самолёте, ки ман бо он парвоз мекунам, пуропур аз фарзонагон, нухбагон ва навҷавононе хоҳад буд, ки ҳар яке дар ҳунари худ якдона ва дурдонаанд. Итминон дорам, ки Тоҷикистон бо онҳо солимтар ва комилтар мегардад.

— Аз нигоҳи Шумо ҷомеае, ки ба таври комил демократӣ бошад, он бояд чӣ гуна арзишҳоро дошта бошад?

— Велосипед аллакай ҳаст. Бояд мошине дигар сохт. Такрор модари дониш нест, аммо гоҳо ногузир аст. Ончуноне, пештар зикр кардам, ду нишонии ҷомеаи солим ва давлатдории муваффақро мешиносам: матбуоти озод ва оппозитсияи созанда. Мехоҳам боз иловае кунам. Ҳукумате, ки матбуот ва оппозитсия надорад, мисли шахсест, ки дар ҷангал зиндагӣ мекунад ва аслан на роҳи дорухонаро (аптека) медонад ва на табиберо мешиносад. Ва ҳамеша дардманду мариз мемонад…

— Вақте аз камбудӣ, ки мегӯем ҳадди ақал аз даҳ як ҳиссаи хидматҳоро низ бояд бигӯем, зеро яктарафа баҳо додан ин ишора ба ғаразҳои шахсӣ мекунад, аз ин лиҳоз гуфтанӣ ҳастам, ки вақте ба Ватан баргаштед, кадом идеяро ҷонибдорӣ мекунед?

— Ончуноне, ки табиб ҳамеша дардро меҷӯяд, як оппозитсионер ҳам ҳамеша камбудӣ меҷӯяд. (Ханда). Аммо бояд сиёҳро сиёҳу сафедро сафед гуфтанро биёмӯзем. Бале, оппозитсия низ ниёз ба фарҳанги нав дорад. Бадбахтона, оппозитсияи мо чеҳраи рӯз ва ҷомеаи имрӯзи мост: камсавод, камсалоҳият, камдида ва танбал. Дилам бар он месӯзад, ки мо сартароширо дар сари миллат меомӯзем. Ёдатон бошад, ҳангоме ки ман аз ба истифода дода шудани чархаи нахустини Роғун навиштам, маро мухолифони навбаромад «сухангӯи президент ва ҳатто сухангӯӣ ГЭС-и Роғун» эълон карда буданд.

— Мисли дигарон нахостам, ки бо саволҳои провокатсионӣ ба эҳсосотатон бирасаму оташин кунам, зеро ҳадафи ман ин буд, ки Шумо худ дар вазъи хеле орому бидуни эҳсосот ҳарчи дар дил доред бигӯед. Яъне кадоме ба Шумо созгортар аст?

— Ман аслан ба журналистон эрод намегирам, зеро барои ман озодии сухан муқаддас аст. Чаро ман дигаронро танқид кунам равосту дигарон маро танқид кунанд норавост? Сиёсатмадоре, ки аз журналист мегурезад, мисли як рӯбоҳ аст. Ва боз як «ва»: Посух додан ба саволҳои журналистон ба сиёсатмадорон бояд ҳатмӣ бошад. Афсӯс, ҷомеаи журналистии мо муттаҳид нест, вагарна ба сиёсатмадороне, ки аз журналист мегурезанд, бояд бойкот эълон кард. Манзараи шармоваре, ки фаъолони як ҳизбе мисли дузди гунг аз назди дурбини журналисте фирор мекарданд, агар дар кишвари дигаре мебуд, ягон кас ба чунин гунгҳо раъй намедод ва худи ҳизб ҳам аз онҳо халосӣ меҷуст.

— Чӣ ногуфтаҳое дар дил доред, ки онро мехостед бигуед, аммо аз ҷониби ҳеч журналист ё мусоҳибе ба Шумо дода нашуд, то Шумо онро гуфта бошед?

— Ман одати аз савол гурехтан ва журналистеро барои тарғиби худам хариданро надорам. Ба ҳама саволҳо ҳамеша то тавон посух мегӯям. Ҳоло мехоҳам бо ин чанд сатр, ки ҳолномаи ман аст, ба суҳбатамон ҳусни мақтаъ бигзорам:

Куҳандиёро! Диёри ёро! Дил аз ту кандам, вале надонам,

Ки гар гурезам, куҷо гурезам? Ва гар бимонам, куҷо бимонам?

Куҳандиёро, диёри ёро! Ба азми рафтан, дил аз ту кандам,

Вале ҷуз ин ҷо Ватан гузидан наметавонам, наметавонам!

Суҳбаторо: Зоҳири САЙФУЛЛО

1 бинависед

  1. Додик ба Ватан биё ки сахт пазмонем, Муштоқи ҷамоли ошӯбу исёнем….

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here