Шунидам, ки съезди навбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон доир мегардад. Хоҳиш пайдо шуд, ки дар он иштирок намоям. Имрӯз узви ягон танзиму созмон нестам, ҳаваси маҷлиснишинӣ ҳам надорам. Ин ҳизб ва аъзоёни он барои бедории миллӣ, барои ба сиёсат кашидани мардум баъзе корҳоро ба анҷом расондааст. Бо мақсади рушди демократия ҷадал кардааст, вале зарараш барои он кам нест. Хатову камбудиҳои он солҳои роҳбарияти ин ҳизб раҳгумие андохт, ки то имрӯз барои баъзеҳо баромадан аз он лабиринт душвор аст. Намедонам, кадом «маликаи демократ» омин гуфт, ки ба съезд ҳамчун рӯзноманигор даъват шудам. Фардо меравам. Ҳадафҳои худро дорам. Давоми мақоларо баъд аз съезд менависам.
Анҷумани XVI-ум дар вақти муқарраршуда дар толори меҳмонхонаи «Гранд Ҳотел» оғоз ёфт. Аз рӯи меъёрҳои имрӯза ин ҳолати муқаррарӣ аст. Маҷлис бо шунидани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт. Аз рӯи хотираҳои доштаам съезди аввали ин ҳизб хондани гимни республикаро рад карда, чанд «холи сиёсӣ»-ро касб карда буд. Чизи дигаре, ки ба чашм хӯрд, ин ниҳоят ҷавон будани ҳайати вакилони съезд ва аз панҷ ду ҳиссаи онҳоро занҳо ташкил медоданд.
Сарвари ҳизб дар маърӯзаи ҳисоботиаш, вазъияти сиёсии имрӯзаи ҷаҳон ва кишварро таҳлил кард. Ҳолати имрӯзаи сиёсӣ дар ҷаҳон ва фаъолияти гуруҳи террористии ДИИШ-ро хеле донишмандона таҳлил кард. Умуман, таҳлилҳои хуб дорад ин чеҳраи нави сиёсӣ. Баромадҳояш чун депутат дар парламент барои дарёфти «холҳои сиёсӣ» нестанд. Ӯ иҷрои барномаҳои мавҷударо талаб менамояд.
Ӯ баромадашро ба охир расонд, вале он чи ки ман мехостам бишнавам, садо надод. Вакилони дигар ҳам баромад карданд. Собиқадорони ҳизб, ки солҳои аввал дар фаъолияти ҳизб саҳм доштанд, ёдоварӣ гаштанд. Меҳмонон, намояндагони дигар ҳизбҳои сиёсӣ низ сухан гуфтанд.
Чӣ буд ҳадафи ман, ҳаводори ин партия нестам, асосан, мухолифи мавҷудияти ҳамаи ҳизбҳоям. Дар ин бора борҳо навиштаам ва «нотарафорон»-и зиёде ҳам дорам. Аслан, ҷабри ин ҳизбро ман бештар аз дигарон кашидаам.
Солҳои навадум ба ман қабул ва ташкил кардани ҳизби демократро дар собиқ вилояти Кӯлоб пешниҳод карда буданд. Ҳамчун мансабдори коммунист қатъиян рад кардам. То аз Душанбе ба Кӯлоб расидани ман, аллакай овоза расида буд, ки фалонӣ, демократи рақами як, ҳоло бо мандати раисии ҳизби вилоят ба Кӯлоб омада истодааст. Ғайр аз дӯстони наздикам, ки маро чун партократи ғӯттавар дар ҳавзи сентрализми демократӣ мешинохтанд, аксарият бовар карданд. Дар истгоҳу магазин ҳам баъзеҳо бо хушнудӣ, баъзеҳо бо истеҳзо «табрик» мегуфтандам, аз ҳамсояҳо низ. Аз ҷумла, ҳамсарам ҳам бо қавоқи барфолуд маро пешвоз гирифт: Аз коммунистӣ чӣ зарар дидӣ, ки…
Ин қадар барқосо паҳн шудани як хабаре, ки арзише надорад, тааҷҷубовар менамояд. Суҳбати мо дар ин хусус бо раиси вақти ин ҳизб Шодмон Юсуф дар кабинети ӯ, дар бинои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ сурат гирифта буд. Ӯ дар ин бора бо кӣ маслиҳат карда буд, намедонам, вале ҳаминро таъкид карданиам: гапи роҳбари он вақтаи ҳизб ҷон дошт ва қадру қимат. Ақидаҳои ӯ чун сухани нав зуд паҳн мешуданд, ба ҳама ҷо мерасиданд. Ҳамин тариқ, номи мани «демократи қалбакӣ» автоматӣ ба рӯйхати «вовкаҳо» гузашт. Дар ин масир ман танҳо набудам.
Чаро демократҳо қариб ба чеҳраҳои сиёсии «душмани халқ»-и солҳои сиюм табдил ёфтанд? Ҳамин тариқ, ба исботи асли мақсад наздик шуда истодаам, сабаби беобрӯгӣ аз чӣ сар мезад?
Шодмони Юсуф парчамбардори онрӯзаи демократия бешубҳа рейтинги калон касб карда буд, ҳама ӯро мешинохтанд. Вале ба ибораи Ҷонибеки Асрориён одами «андакхонда» чун мӯзадӯзе буд, ки аз соқи мӯза болотар фикр кард. Ё, чи тавре ки дар зодгоҳи худаш дар бораи ӯ шунидам, « ӯ пояшро ба чени кӯрпааш дароз накард». Акнун бе шаф-шаф.
Худро «минбаргузари мутлақ» дида, ба аъзоёни ҳизби коммунист танаффур эълон кард ва хост ҳизби наҳзати исломиро «таги пар» кунад. Ғофил аз он ки худро ба фано мезанад. Дар ин бора байти шоир Бозор Хотири Хатлонӣ ба ёд меояд:
Агар осудагӣ хоҳӣ ту тарки сарфарозӣ кун,
Ки ашки фил зад шӯхеву чун нақши кафи по шуд.
Дар ҷои дигар ӯ аз худ рафтанро ин тавр баён кардааст:
Ба тарзи беди маҷнун, гар тавонӣ майли пастӣ кун,
Ки най аз саркашӣ кам-кам ба таҳти по фитод охир.
Дар митингҳои назди КМ партияи комунистӣ қудратеро, ки бо заҳмат — гуруснанишинӣ ба даст оварда буд, аз даст дод. Байрақчаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз дастмоли Махдуми Қиёмиддин ба даст омада буд аз даст дод. Акнун дар фазои ҳизби демократ дастурамали махдум парафшонӣ мекард. Бештари ҷавонони пайрави ҳизби демократ ба итоати байрақи муваққатӣ рафтанд, то вақте ки…
Хонандаи гиромӣ, маломатам накунад ба асли мақсад наздик шудаам. Баромади ҳамаи вакилонро гӯш кардам, ҳамчунин намояндагони дигар ҳизбҳои сиёсиро. Он чизе, ки мехостам бишнавам, садо надод. Ҳадс мезадам, ки шояд намояндагони ҳизбҳои дигар он таърихчаро ба ёд биёранду таваҷҷуҳи раёсати нави ҳизби маҷлисдорро ба он ҷалб кунанд.
Раиси Ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода баромадҳоро ҷамъбаст кард, лоиҳаи қарори анҷуман хонда шуд, вале он чизе, ки мехостам бишнавам, садо надод.
Росташро гуям, он чизе, ки шунидан мехохаму дар борааш навиштан, вазифаи ман нест. Онро бояд ягон собиқадори худи ин ҳизб бигӯяд. Дар толор онҳо кам набуданд, ба шумули Аҳмадшоҳи Комил, ки дилсӯзона дар хидмати вакилон буд.
Як гапи оддиро шунидан мехоҳам. Чи тавре ки дар боло гуфтам, Шодмон Юсуф ҳизби наҳзати исломиро таги пар карданӣ шуда, ба «чапҳалуки» нимчамуллоҳои вақт афтода, ҳизбро аз даст дод. Ғарамбоз як рӯз не як рӯз ба даст меафтад. Имрӯз он роҳбарони ҳизб нестанд, яъне аъзоёни ҳизб ҳастанд. Аз рӯи ҳисобҳо шумораи онҳоро то 140 ҳазор нафар хонданд. Бигузор нисфи рақамҳо дурӯғ бошанд, вале аъзоҳо ҳастанд, аз ҷумла бисёр ҷавонҳои фирефта, ки майл ба сиёсат ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ доранд. Онҳо имрӯз чӣ кор кунанд?
Ана, дар ҳамин бора шунидан мехостам. Роҳбарияти ҳизби собиқи наҳзати исломӣ пеш аз ҳама ба аъзоёни созмони худ хиёнат кардаанд. Дар ин миён аксари аъзоёни ҳизб гуноҳе надоранд, онҳо ба сарварони ғиромбози худ бовар карданд.
Чанд бор аз истифодаи калимаи «ғиромбоз» худдорӣ кардам, зеро дӯсти ҷавонам, муҳаққиқи илми этикаи журнализм Хушдили Раҳимҷон барои ҳар калимаи «носуфтаам» эрод мегирад.
— Устоди ман дар публиситика шахси мулоимсухан Владимир Ленин аст, вале дар ҳолати зарурӣ истилоҳи «Муртад Каутский»-ро истифода бурда буд…
Ӯ ба хулосаи ман розӣ намешавад.
— Агар Ленин зинда мебуд, бояд мулоимсуханиро аз шумо меомӯхт, шухӣ мекунад ӯ. Маҷбурам дар Соли ҷавонон гапи ӯро бигирам.
Охирин ғиромбозии раиси Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабириро дар назар дорам. Мутаассифона, дар вақташ ин бозиро касе ошкор накард, ман интихоботи президентии солди 2013-ро дар назар дорам.
Бо пешниҳоди раиси ҳизб яке аз чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова, ки ба «сиёсатбозиҳои исломфурӯшон» робитае надошт, номзад пешбарӣ карда шуд. Имзо ҷамъ овардан лозим меомад, ҳамагӣ сад ҳазор. Вале ҳамин қадар имзо ҷамъ нашуд. Кабирӣ бо шогирдонаш аз ҳамин муҳлат шикоят бурда, расонаҳои дунёро пур карданд.
Ман ба ҷуръати раиси ҳамонвақтаи Комиссияи интихобот Шермуҳаммади Шоҳиён қоилам, ки хилофи муқарароти воқеӣ муҳлати ҷамъ кардани имзоҳоро дароз кард. Вале чун роҳбарияти ҳизб намехост, боз ҳам миқдори зарурӣ ҷамъ нагардид. Магар ҳизб сад ҳазор узв надошт? Шояд дошт. Вале агар ҳизб мехост, ҷамъ кардан ин қадар мушкил набуд. Ғайриҳизбиёни фаъол ҳам барои дастгирии ӯ имзо меғундоштанд. Ин пешниҳод муғризона ва амали ғиромбозӣ дошт. Ҳадаф-бозибадар кардани Ойниҳол Бобоназарова аз саҳнаи сиёсӣ буд. Ба фикрам ҳамин хел шуд, Ойниҳоле, ки мушкилии дигаронро ҳал мекард, худаш дар банди макру ҳиял афтод.
Бояд аъзоёни фаъолу ватандӯст, иҷтимоиназару босавод аз рӯи ақида наздик ба дигар ҳизбҳо ҷалб карда шаванд.
Ба ҳар ҳол бо он мақсади пажуҳише, ки рафта будам муяссар нагашт, вале чизи дигаре бароям рӯшан гашт. Ҳизби дамократии Тоҷикистон монанди дарёчаи шӯхи куҳӣ пайдо гашта, дар ҷустуҷӯи маҷро буд. Ба дарёчаи шуши дигар рӯ ба рӯ гашта, онро камоб пиндошта ба маҷрои худ кашиданӣ шуд, бехабар аз он, ки он аз чанд талу теппа об мехӯрад. Дар талотум маҷрояшро гум карда, дар вайрон гаштани чандин дараи хушманзараву боғу чаманзор шарик гашт. Солҳо барои маҷрои доштааш талош мекард, бехабар аз он, ки як маҷро ду бор насиб намегардад. Ҳоло инро, ки дарк кардаааст, думболи маҷрои муносиб аст. Дар дараву тангноҳои селобзада онро меҷӯяд.
Ҳизби демократи Тоҷикистон дар тактикаи худ аз фаъолияти оппозитсияи фаъол даст кашида, дар паи иҷрои барномаи президенти кишвар саҳм мегирад. Ин аст воқеияти рӯз. Ин нуктаҳоро дар барномаву оинномаи ҳизб, маърӯза, баромади вакилон ва ниҳоят дар қарори қабулкардаи съезд дарёфтан мумкиин буд.
Ба фаъолони ҳизб дар ин ҷода тавфиқ мехоҳем.
Саидҷалол Саидзода