Путин ва дигарон бояд чиро донанд?
Ҳамон замон, ки як сенатори амрикоӣ эълом кард, “Ҳомид Карзай дигар муттаҳиди Амрико нест”, соҳиби 13-солаи арки Кобул домони мухолифини ҷаҳониву минтақаии Амрико, пеш аз ҳама Русияро қапид. Ӯ мефаҳмад, ки дубора ба қудрат расидани ӯ аз роҳи Кремл аст.
Ҳомид Карзай бори дуюм ба дидори Путин рафт. Ё ин роҳкории Путин буд, ки ӯ ба Русия ояд ва он чиро гӯяд, ки Путин шунидан ва ба рақибони амрикоияш расонидан мехоҳад. Воқеан, Карзай бо тайёраи махсуси русӣ ба Русия омад. Пешашро ҳам зимни суҳбат руфт, вақте дар бораи парвозаш бо тайёраи амрикоӣ ба Амрико гуфт, инро ҳам афзуд: “Ҳукумати Шумо, шояд ба Шумо нагуфт, ки ман ба ин ҷо бо тайёраи русӣ парвоз намудам. Ба Чин ҳам зарур шавад, бо тайёраи чинӣ меравам…”. Ишора: “Барои ман ҳамаи шумо якед ва ман одами кадом як кишвари алоҳида нестам!”.
Эътирофи нокомӣ
Ҳомид Карзай коре бештар аз он кард, ки Путин таваққуъ дошт. Ӯ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хост, ки нокомиашро дар Афғонистон эътироф кунад. Раисҷумҳури пешини Афғонистон, ки дар маҳфили “Валдай” дар шаҳри Сочи суҳбат мекард, гуфт, ҳама муваффақ мешаванд, агар Амрико эътироф кунад, ки ноком шудааст. Ба бовари ӯ, ба ин эътироф мардуми Афғонистон ва қудратҳои ҷаҳониву минтақаӣ, аз қабили Русия, Чин, Эрон, Покистон, Ҳинд эҳтиром хоҳанд гузошт. Вай афзуд, тамоми аломатҳои нокомии Амрико дар Афғонистон дида мешаванд, агар Амрико эътироф накунад, ин бозӣ анҷом намеёбад. Вай худ эътироф кард, ки маълумоти ғарбӣ дорад, фарҳанги Ғарбро дӯст медорад, аммо яке аз мунтақидони асосии сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон аст, зеро ин сиёсатҳо муваффақият надоранд ва ба сӯи мушкилоти ҷадиду афзоиши тундгароӣ, радикализму терроризм мебаранд: “Ман мухолифи сиёсати Амрикоям, зеро таҳти назорати онҳо ва дар ҳоле ки бар ҳарими ҳавоиву низомиёни мо тасаллути комил доштанд, дар Афғонистон ДОИШ зуҳур кард. Ин зуҳури пас аз 14 — 15 соле, ки амрикоиҳо бо тамоми захоир ва пулҳои ҳангуфт ба ин ҷо омаданд, чӣ тавр имкон дорад? Чаро ҳамкории байнулмилалӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон, тавре ки дар гузашта буд, ҳоло нест? Ман ҳоло дар Русия қарор дорам. Русия ба кори Амрико дар Афғонистон машкук аст. Чаро Чин инро ҳамин гуна намебинад? Эрон ҳам бо амалкардҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон мушкил дорад”.
Дар идомаи ин иддао Ҳомид Карзай гуфт, дар Афғонистон бозии тундгароӣ ҷараён дорад ва чанд суол гузошт: “… тундгароӣ ва терроризм ин васила ва баҳона аст, ё мо воқеан бо онҳо меҷангем? Ё мо фақат вонамуд мекунем, ки бо тундгароӣ мубориза дорем? Ё мо аз манофеъи худ ба ҳар қимате дифоъ мекунем?”.
Раиҷумҳури собиқи Афғонистон мухотаби ин суолҳоро ном нагирифт. Ӯ ба ҳозирин хитоб карда, ҳамлаҳои террористӣ дар Ғазниву Пактиё ва Қандаҳорро, ки чанд рӯзи ахир пай дар пай рух доданд, мисол овард ва гуфт, танҳо дар як рӯз дар Афғонистон ҳудуди 300 нафар, ки ҳамагӣ ҷавон буданду оила доштанд, кушта шудаанд. Вай афзуд: “Ягона роҳ ба оянда ин аст — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон бояд шартҳои ҷадиди ҳамкорӣ бо мардуми моро қабул кунанд. Дуюм. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон бояд боз бо ҳамсояҳои мо ва қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама Чин, Русия, Ҳинд, бо аҳдофи калидӣ, фаҳмо ва шаффоф кор кунанд. Бо назардошти ин, ҷомиаи байнулмилалӣ бояд механизми афғонии ҳалли тамоми мушкилоти мавҷудро дастгирӣ намояд”.
Ҳомид Карзай даъвати Шӯрои олии мардуми Афғонистон ё Луи Ҷиргаро оғози роҳи раҳоӣ аз ин бунбаст унвон ва бар ҳамкории ҷомиаи байнулмилалӣ, бахусус, бархӯрди мутамаддини Покистон бо мардуми Афғонистон таъкид кард.
Ишора: “Ман дастнишондаи Амрико нестам, ба ман эътимод кунед. Пушти ДОИШ Амрикост. Агар бо шумо ҳамкорӣ накунад, ба ҷое намерасад!” (аз нигоҳи Карзай, ки худ дастнишондаи Қасри сафед аст, Амрико пас аз харҷи қариб 1 триллион доллар ва кушта додани ҳудуди 3 ҳазор сарбоз дар “компанияи Афғонистон” бояд таслим шавад).
“Бозии сояҳо”
Ҷаласаи 14-уми маҳфили “Валдай”, ки 19-уми октябр дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд, мавзӯи “Тахриби созанда: оё аз буҳронҳо низоми нави ҷаҳонӣ пайдо мешавад?”-ро ба баррасӣ гирифт. Ҳомид Карзай яке аз садрнишинони маҳфил буд. Ӯро беҳуда интихоб накарда буданд. Карзай 13 сол кишвареро раҳбарӣ мекард, ки майдони аслии набарди ду қудрати аслии ҷаҳон — Бритониёву ворисаш — Амрико ва Русияи шоҳиву меросхӯронаш Иттиҳоди Шӯравиву Русия буд.
Карзай гуфт, “аз нигоҳи афғониаш” бар ивази “тахриби созанда” ибораи Карл Несселроде, яке аз вазирони хориҷии Русия дар асри 19-ро дуруст мешуморад, ки “бозии бузург”-ро “бозии сояҳо” хонда буд: “Мо дидем, ки онро чӣ тавр мебозанд, аммо намебинем, ки кӣ бозӣ мекунад, зеро онҳо бо сояҳо пӯшида шудаанд, аз ин хотир, мо бояд жарфтар бингарем. Афғонистон, ҳадди ақал, ду қарни охир дар соя буд. Несселроде дар бораи “ҷанги сояҳо” миёни императориҳои Русия ва Бритониё ҳанӯз дар асри 19 гуфта буд, аммо баъд аз он ҳам Афғонистон боз ҳам дар маркази ҳаводис қарор гирифт. Мо барои ҳарду тараф бозӣ мекардем. Аммо бритониёиҳо аз афғонҳо зирактар будаанд ва мо як қисмати қаламравамонро аз даст додем”.
Ишора ба Путин: “Бритониё дӯсти Афғонистон набуд”.
“Ҷанги сард”
Суханронии Ҳомид Карзай як мурури кутоҳеро ба таърихи Афғонистон мемонд. Вай тақвияти Иттиҳоди Шӯравӣ, минҳайси як ҳамсояи Афғонистон ва як қудрати бузурги ҷаҳонӣ дар асри 20-ро падидаи нек арзёбӣ кард: “Аз соли 1919 то 1979 мо шоҳиди як давраи тӯлонии эътидол дар Афғонистон будем, зеро мо тавозуни миёни Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Шӯравиро нигаҳ медоштем. Ба таври анъанавӣ мо бештар ба Иттиҳоди Шӯравӣ такя мекардем, бештар ба он менигаристем ва аз он пайравӣ мекардем, аммо ҳамзамон равобити ҳасана бо амрикоиҳоро нигаҳ медоштем. Онҳо низ дар эъмори кишвари мо ширкат доштанд. Пас аз вуруди Шӯравӣ Афғонистон ба нуқтаи доғи “ҷанги сард” табдил ёфт, ё баръакс, ҷанг маҳз дар Афғонистон доғ шуд”.
Ҳомид Карзай гуфт, дар давраи муқовимат бо Иттиҳоди Шӯравӣ Афғонистон мероси фоҷиавии худро ба даст овард. Вай афзуд, ҳарчанд, аз як сӯ, Иттиҳоди Шӯравӣ талош мекард коммунизмро дар Афғонистон ҷойгузин кунад, аз сӯи дигар, амрикоиҳо ва ҳампаймонҳояшон ба муқовимати мо кӯмак карданд, бавижа Покистон, мекӯшиданд аз муқовимати мо истифодаи сӯ кунанд: “Мо як кишвари исломӣ, як кишвари муътақиди мусалмонӣ, вале як кишвари муътадил будем. Аммо онҳо бар ин мекӯшиданд, ки моро ба кишвари тундгароӣ табдил диҳанд ва динро ба масобаи силоҳ алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ истифода кунанд. Аз ин хотир, онҳо муқовимати мо алайҳи Шӯравиро пуштибонӣ мекарданд ва мегуфтанд, ки то охирин афғон алайҳи Шӯравӣ мубориза хоҳанд бурд. Анҷоми ин буҳрон ду бозанда дошт, ки яке, Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигаре, Афғонистон буданд. Ҳарду кишвари мо хисороти зиёд диданд. Афғонистон каме бештар, балки хеле бештар. Мо паёмадҳои онро ҳатто имрӯз мебинем. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то чанд муддат ягона суперқудрат, ҳатто гиперқудрат буд. Дар Аврупо ҳама чиз беҳбудӣ ёфт, дар Покистон бештар аз он беҳбудӣ омад, ин кишвар қудрати ҳастаӣ шуд, тамоми иттилои заруриро ба даст овард, аммо Афғонистон ҳамоно ранҷ мекашад”.
Ишора: “Иттиҳоди Шӯравӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беҳтар буд. Амрико афғонҳоро зидди шумо истифода кард”.
11-уми сентябр
Карзай худ як падидаи пас аз 11-уми сентябр — рӯзи ҳамлаи террористӣ ба Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ аст. То ин дам касе дар минтақаву ҷаҳон ӯро намешинохт, ё эътироф намекард. Ба қавли ӯ, ин фоҷиа кишварашро боз ба маркази асосии ҳаводиси ҷаҳонӣ табдил дод. Вай афзуд, пас аз ин Иёлоти Муттаҳида бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид, Русия, Чин, Эрону Ҳинд, то ҷое Покистон ва бақия ҷомиаи байнулмилалӣ ба Афғонистон ворид шуданд: “Ин вуруд дар марҳалаҳои ибтидоӣ хеле муваффақ ва хеле муассир буд ва на барои он ки Амрико қудрати низомӣ дошт, ман мехоҳам инро таъкид кунам, на барои он ки тайёраҳои “Б — 52” дошт, балки мардуми Афғонистон бори аввал бо неруҳои ҳамлавар, неруҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ карданд ва якуним моҳ пас муваффақият ба даст омад”.
Ӯ як қиссаи кутоҳеро нақл кард, ки мустақим дар он ширкат дошт: “Вақте амрикоиҳо омаданд, ман дар Афғонистони марказӣ, дар Тиринкути вилояти Урузгон будам. Моҳи Рамазон буд. Ман бо ҳамкорони худ ифтор мекардем. Касе омаду гуфт, ки ҳамин ҳоло амрикоиҳо дар ҳайати 14 ходими CIA ва низомиён ба ин ҷо омаданд ва мехоҳанд бо Шумо мулоқот кунанд. Вақте онҳо расиданд, нафаре, ки бо ман нишаста буд, қиссаи худро мегуфт. Вай ба ман дар бораи он нақл мекард, ки чӣ тавр дар замони Толибон тайёраҳои амрикоӣ ба тасодуф хонаи ӯро бамборон карданд ва дар пайи он набераҳо ва духтари ӯ ба шаҳодат расиданд. Ман дудила шудам, ки оё қабули амрикоиҳо маънӣ дорад, вақте ин инсон чунин ранҷ дидааст. Аз ӯ пурсидам, ки амрикоиҳоро қабул кунам ё на? Вай гуфт: “Бале, ҳатман, қабулашон кун”. Ман амрикоиҳоро даъват кардам, омаданд, як сарҳанг ва афсари CIA, ки баъдтар муовини раиси ин идора таъин шуд ва ба ҳамин наздикӣ ба истеъфо рафт, низ дар миёни онҳо буд. Ман қиссаи он мардро ба онҳо нақли қавл кардам. Аммо он нафар сухани маро қатъ кард ва гуфт: “Ба онҳо бигӯ, ки ман боз фарзанд дорам. Агар барои озодии Афғонистон боз фарзандонамро аз даст диҳам, мухолиф нестам, зеро мехоҳам, ки кишвари ман озод карда шавад”. Мардум ҳамин гуна як шӯру шавқ дошт…”.
Ҳомид Карзай гуфт, дар ибтидо корҳои Амрико дар Афғонистон шоистаи таҳсин буданд, аз ҷумла дар ин давра маориф, сиҳати омма, институтҳои демократӣ, ҳуқуқи занон маҳз бо кӯмаки мардуми Афғонистон ва ҳамаи кишварҳо, пеш аз ҳама қудратҳои бузург — Русия, Эрон, Чин ва ғайра дар авлавият қарор гирифтанд. Вай афзуд: “Ин як ҳамкории байнулмилалии Амрико ва муттаҳидони Амрико буд, ки ин ҳама пешрафт ба даст омад. Аммо баъдтар мушкилот пеш омаданд. Боз ифротгароӣ, боз хушунат, боз терроризм. Иёлоти Муттаҳида ба сарчашмаҳои онҳо таваҷҷуҳ накарданд. Шуруъ карданд ба бамборони рустоҳо, куштану зиндонӣ кардани мардуми мо. Ҳар қадар ин ҳама бештар иттифоқ афтод, ҳамон қадар ифротгароӣ ҷон гирифт”.
Ӯ аз Русия хост, ки бо Амрико ва Ғарб дар қазияи Афғонистон ҳамкории бештар ба роҳ монад, ба Афғонистон дасти кӯмак дароз намояд, то механизмҳои шахсии худро барои ҳалли масоили мавҷуда эҷод кунад: “Лутфан, тиҷорату сармоягузорони худро ба Афғонистон фиристед, мо ба шумо хеле наздик қарор дорем, аз ин хотир, тиҷорати шумо барои мо хеле зарур аст”.
Ишора: “Агар мардуми Афғонистон кӯмак намекард, ё ризоияти шумо намебуд, Амрико ба чизе даст намеёфт! Тундгароӣ василаи дасти Амрикост! Ҳоло вақт аст, ки даст ба кор шавед…”.
“Демократи Керри…”
Пас аз он, ки Ҳомид Карзай суханронии худро ба поён расонд, Фёдор Лукянов, мудири маҳфили “Валдай” ва гардонандаи ин нишаст аз ӯ пурсид, ки демократия як низоми бузурги ҳукуматдорӣ аст, аммо дар ҷаҳони имрӯз бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуда, натиҷаҳои баръакс медиҳад, шояд он ба дарди Афғонистон нахӯрад?”. Ҳомид Карзай гуфт, ки ин демократияи Ҷон Керри нест, ин бояд демократияи мо бошад ва ӯ набояд биёяд ва раъйи моро баршуморад ё теъдоди раъйдиҳандагонро дар ин ё он минтақа дақиқ кунад.
Пас аз ин суханони Ҳомид Карзай ва изҳори ташаккури мудири маҳфили “Валдай” Владимир Путин, раисҷумҳури Русия луқмае партофта, дар ҳаққи Ҷон Керри, собиқ вазири корҳои хориҷии Амрико шӯхӣ кард: “Ҷон ку ҳисобро намефаҳмад. Ӯ моҳҳоро яку ду ҳисоб мекунад. Ҳамин тавр, ягон натиҷа нест (ханда). Ӯ бачаи хуб аст, аммо, ба назар мерасад, ҳанӯз риёзиро хуб наомӯхтааст”. Ва Ҳомид Карзай ҳам изофа намуд: “Ба қафо мешуморад!”.
Бо ҳамин шӯхии раисҷумҳури Русия баррасии суҳбатҳои Ҳомид Карзай дар маҳфил анҷом ёфт.
“Бачаи Амрико”
Ҳомид Карзай, ки соли 2001 бо кӯмаки Амрико дар Афғонистон ба қудрат расид ва дастнишондаи он арзёбӣ мешуд, пас аз канор рафтан аз қудрат дар соли 2014 ба мунтақиди ашаддии он табдил ёфт. Ҳамон сол яке аз сенаторони амрикоӣ эълон кард, ки Ҳомид Карзай дигар муттаҳиди Амрико нест. Соли 2015 Ҳомид Карзай ба Русия омад ва бо Владимир Путин вохӯрд.
Карзай ва Русия мавқеи ҳамсон доранд. Қабл аз ҳама, 1) ҳарду мухолифи ҳузури низомии Амрико дар Афғонистону минтақа ҳастанд ва 2) ҳарду Толибонро нерӯи сиёсии машруъ меҳисобанд. Аз ин сабаб, Карзай барои Амрико ба “бачаи бад”-и Амрико табдил ёфт.
Аммо дар суҳбатҳои Карзай як хати фикрӣ хеле рӯшан мушоҳида мешавад. Ӯ мехоҳад президенти Афғонистон шавад ва ҳама дарк кунанд, ки ӯ “бачаи Амрико” набуд, аз ин ба баъд, лӯхтаки дасти касе ҳам шуданӣ нест. Карзай номзади Русия, Чин, Эрон ва Покистон дар интихоботи ояндаи Афғонистон мехоҳад бошад. Паёми ӯ ҳам ин аст, ки нафаре ба ҷуз ӯ наметавонад онҳоро ба мақсад — коҳиши нуфузи Амрико ва аз ин ҳисоб, таъмини манофеъи онҳо — расонад. Ҳамчунон ӯ ба Амрико ин паёмро расонд, ки агар ӯ барнагардад, Афғонистон барои ИМА “Ветнами дуюм” хоҳад шуд. Пас ӯро дарёбед!
Фахриддини ХОЛБЕК