Оташаи ҷанг дар марзи Туркия бо Сурия хомӯш шуд, оташабаси панҷрӯза иҷро гардид, ҷонибҳои манфиатдор: Сурия, Русия, Туркия, Эрон ба тавофуқ расиданд. Курдҳои ҷудоихоҳ, ки бо истифода аз мубориза зидди ДОИШ ба марзи Туркия наздик шуда буданд, 30 километр ақиб нишастанд. Курдҳо бори дигар дар таърихи муборизаҳояшон шикасти сангин хӯрданд. Акнун таъсис давлати ягонаи курд, даҳсолаҳои дигар ақиб монд. Шояд расад замоне, ки ин талошҳо бор оранд, вале ҳоло ин имкон дигар вуҷуд надорад. Курдҳои мубориз бори дигар бо талафи даҳҳову захмӣ шудани садҳо нафар ақиб нишастанд, вале мавзеъи имрӯзашон ҳам шояд муваққатист. Ба ҳар ҳол вазъи ҷаҳонро намешавад пешбинӣ кард…

Аз хабари тоза шуруъ мекунем: Ҳудуди 300 пулиси ҳарбии Русия ахиран вориди минтақаи марзии Сурия ва Туркия шуд. Ин ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки артиши онҳо ин қитъаи марзиро муштаракан нигаҳбонӣ мекунанд. Интерфакс истинодан ба суханони вазири мудофиаи Русия хабар дод, ки пулиси ҳарбии ин кишвар дар манотиқи марзӣ гашт хоҳад зад ва неруҳои курд ба умқи 30 километри хоки Сурия ақиб хоҳанд нишаст. Ин тавофуқ рӯзи сешанбе, баъди дидори Раҷаб Тайип Эрдуғон бо ҳамтои русаш Владимир Путин ҳосил шуд.

Эрдуғон ахиран эълон кард, ки зарфи панҷ рӯзи оташбас, ки қабл аз дидор бо Путин эълон шуда буд, 800 нафар ҳарбиёни курдӣ қаламравро тарк карданд ва 30 километр ақиб нишастанд. Сарвари Туркия қаблан ҳушдор ҳам дода буд, ки дар сурати зарфи ин 5 рӯз тарк накардани қаламрави мавриди назар курдҳо дубора ба ҳамлаи ҳарбиёни турк рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Туркия курдҳоро террорист медонад ва мегӯяд, ки ҳудуди 30 км дур андохтани онҳо ба хотири таъмини амнияти минтақа аст. Анқара мехоҳад дар ин минтақаи амн, ки 480 килеметр тӯл ва 30 километр умқ хоҳад дошт, бештар аз ду миллион паноҳандаҳои Сурияро, ки ҳоло дар хоки Туркия ба сар мебаранд, ҷойгир кунад.

Ҳоло сарнавишти курдҳо номушаххас аст, дар манотиқи нав онҳо чӣ ҳол хоҳанд дошт, касе чизе намедонад. Вале яқинан амрикоиҳо, ки аз муттаҳидони аслии курдҳои Сурия буд, онҳоро дар нимароҳ гузошт. Аз сӯйи дигар амрикоиҳо худ дар ҳоли ногузор монда буданд. Тибқи ваъда ба зудӣ мебоист аз Сурия хориҷ мешуданд, вале ин тӯл кашид ва Димишқ шадидан эътироз кард. Вазири мудофиаи ИМА-ро лозим омад худ ба Сурия ояд ва барои хуруҷи неруҳои амрикоӣ вақти дигар талаб кунад

 Тавофуқнома: кӣ пирӯзу кӣ мағлуб?

Дар созише, ки миёни роҳбарони Русия, Туркия имзо шуд, таҳлилгарон пирӯзии Сурия ва Русияро дидаанд. Ва баъди ин ду барандаи набарди Туркия бо курдҳо худи Туркия аст, вале коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди талафоти гарону ҷонбозиҳо Анқара натавонист ба ҳама ҳадафҳояш даст ёбад. Аз майдони ин ҷанги кӯтоҳ курдҳо ва ИМА мағлуб берун омаданд. Курдҳои ҷудоихоҳ чун ҳамеша дар майдони набард танҳо монданд ва ин бор муттаҳидашон Амрико аз онҳо рӯ гардонд, ҳарчанд ба истифодаи ин истилоҳ Вашингтон розӣ нест.

Дар аввалин рӯзи тавофуқ кулли рӯзномаҳои Туркия аз он ба унвони як пирӯзии чашмраси давлати Эрдуғон ёд карданд. Давлати Туркия муваффақ шуда буд, ки ҳарбиёни курдро аз марзаш дур андозад ва хатари ҳамлаҳои оянда ба хоки Туркияро рафъ созад. Ин пирӯзӣ замоне даст дод, ки дар интихоботи ахир ҳизби таҳти сарпарастии Эрдуғон назорати шаҳри Истанбулро аз даст дод. Туркия то ҷойе ба мушкили иқтисодӣ ҳам рӯ ба рӯст ва пули миллии ин кишвар ҳам як андоза қурби худро аз даст медиҳад. Ин боис гашта, ки бо вуҷуди он ки Эрдуғон аз пуштибонии васеъи омма бархӯрдор аст, вале рақибонаш бо истифода аз заъфи давлати Эрдуғон рақобатҳои худро вусъат додаанд. Вале сарвари Туркия дар ин ҳудудан 10 рӯзи ҷанг бо курдҳо ва шикаст додани онҳову 30 км дарунтари Сурия ронданашон худро комёб медонад ва ҳақ ҳам дорад ин гуна иддио кунад.

Эрдуғон на танҳо ҷудоихоҳони курдро ақиб ронд, балки ба назорати бахше аз қаламрави Сурия низ даст ёфт. Аммо таҳлилгарон то ҳадде ба тезутунд шудани вазъи сиёсии дохили Туркия ишора мекунанд. Онҳо мегӯянд ҳизби ҳоким баъди пирӯзӣ бар курдҳо фишорҳо болои Ҳизби демократии халқҳоро, ки зидди роҳандозии амлиёти ҷангӣ буд, афзоиш дод. 8 шаҳрдори шаҳрҳои шарқи Туркия, ки аз ҷумлаи аъзои ин ҳизбанд ва шуморе аз аъзои саршиноси он боздошт шудаанд. Ин ҳизб дар манотиқи курднишини Туркия аз пуштибонии васеъи мардум бархӯрдор аст.

Аммо чаро Сурия барандаи аслии ин ҷанг номида мешавад? Никита Соловёв, таҳлилгари амниятии Русия мегӯяд артиши Сурия баъди 7 соли аз даст додани назорати ин мавзеъ бе ягон хунрезиву талафот ба марз баргашт ва барои баргашти он Туркия низ мухолифат накард. Сурия медонад, ки курдҳои ин минтақа баъди ҳамлаи Туркия заъиф шуданд ва акнун чун курдҳои Ироқ даъвои сарзамин нахоҳанд кард. Димишқ бо ин васила аз як дардисари дигар барои оянда халос шуд.

Шикасти курдҳо ва пирӯзии Сурия барои Эрон низ пирӯзӣ ҳисобида мешавад. Аз сӯйе муттаҳиди аслии вай ба назорати марзаш бозгашт, қаламрави худро дубора соҳиб шуд. Аз сӯйи дигар Эрон аз амалиёти ҳарбии Туркия алайҳи курдҳо ҷонибдорӣ накарда буд ва ҳатто эътироз кард ва ин боиси нигаронии Анқара ҳам шуда буд. Таҳлилгарони ВВС мегӯянд ин як рӯйдоди хеле камназирест, ки Эрон бо эълони мухолифаташ ба ҷанг зидди курдҳо бо даҳҳо кишвари олам дар як блок қарор гирифт. Раҷаб Тайип Эрдуғон он рӯзҳо ба ин мавзеъгирии Эрон эътироз кард ва гуфт: “Аз Эрон садоҳои ноҳинҷор ба гӯш мерасад. Руҳонӣ бояд аз ибтидо ин садоҳоро  сокит мекард. Ин садоҳо ман ва ҳамкоронамро нороҳат мекунанд”.

Аз оғоз ҳам Русия ва ҳам Эрон аз Туркия хоста буданд ба муоҳадаи Одоно баргардад. Ин тавофуқ бо назорати Теҳрон ва Қоҳира 20-уми октябри соли 1998 миёни Анқара ва Димишқ имзо шуда буд. Тибқи ин паймон ҷонибҳо уҳдадор буданд, ки аз вуруди ба истилоҳ “гуруҳҳои террористӣ” ба қаламрави якдигар ҷилавгирӣ кунанд. Ин муоҳада ба Туркия иҷозат медод, ки барои муқобила бо ин гуруҳҳо ба умқи 5 км вориди хоки Сурия шавад ва на аз ин беш. Аммо Димишқ борҳо гуфта буд, ки Анқара аз соли 2011 ин тавофуқро шикастааст.

 Аммо баъд чӣ пеш хоҳад омад?

Ин суол посухи дақиқ надорад. Таҳлилгари Шӯрои муносибатҳои байналмилалии ИМА Ҳенрӣ Берни ба ин назар аст, ки “президенти Русия Владимир Путин мехоҳад, ки Башор Асад Сурияро комил зери назорат дошта бошад. Замоне Амрико он ҷо ҳузур дошт, Димишқ ҳатто дар ин бора наметавонист биандешад. Ҳоло шароит мусоид шудааст. Ва коре, ки Туркия анҷом дод, боиси хушнудии Димишқ шуд. Иқдоми ояндаи Русия бо Асад хоҳад буд, ки Идлибро тасарруф кунанд. Ин аст, ки Русия бешак пирӯзи ин набардҳо буд”.

Ин таҳлилгар ҳамчунин мегӯяд, ки ояндаи наздик ба Туркия фишор оварда мешавад, ки хоки Сурияро пурра тарк намояд.

Аммо амрикоиҳо аз созиши Эрдуғон ва Путин чандон розӣ ҳам нестанд, ҳарчанд расман то кунун ҳарфе ба забон наовардаанд.

 Таҳияи Б.Шафеъ

2 ШАРҲҲОИ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here