Дарзи миёни дуррониҳо ва ғилзоиҳо, ё идомаи бозии қудрат барои соҳибӣ ба тахти Кобул

Қасри раёсати ҷумҳурӣ ё Арки шоҳони Кобул дар тамоми тӯли мавҷудияти худ шоҳид будааст, ки чӣ гуна довталбони қудрат барои соҳиб шудан ба он хун рехтаанд. Ҷанги соҳиб шудан ба Арки Кобул ҳоло дубора авҷ гирфитааст. Ин ҷанг ҷудо аз набарди мардум ва давлат бо Толибон ва миёни нухбагони сиёсӣ ва сарони қавмӣ дар ҷараён аст. Роҳбарии ин набарди нармро раиси ҷумҳури феълӣ ва раиси ҷумҳури пешин, ба ниёбат аз қавмҳои ғилзоӣ ва дурронӣ ба уҳда доранд.
Дар шаҳри Кандаҳор, ки пойгоҳи асосии қабилаи дуррониҳо мебошад, қарор шудааст нишасти бузурге бо ширкати шахсиятҳо ва пешвоёни сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ доир шавад. Мубтарики ин иқдом Ҳомид Карзай аз пешвоёни дуррониҳо, зодаи Кандаҳор ва раиси ҷумҳури пешини Афғонистон мебошад. Ӯ се соли пеш қудратро ба Ашраф Ғанӣ, ки намояндаи ғилзоиҳо аст, таҳвил дода буд. Дар интихоботи соли 2014 номзади мавриди назари Ҳомиди Карзай на Ашраф Ғанӣ, балки Залмай Расул буд. Залмай Расул аз ақвоми дурронӣ буд ва Ҳ. Карзай мехост бо ба қудрат расонидани вай ба умри ҳукумати дуррониҳо идома бахшад. Ба ин мақсад дар як тандем бо Аҳмадзиё Масъуд, бародари Аҳмадшоҳи Масъуд ӯро дар интихоботи моҳи апрели соли 2014 ширкат дод. Аммо на аксари паштунҳо ба Залмай Расул раъй доданд ва на А. Масъуд тавонист ҳадди аққали ҷонибдории тоҷикҳоро касб кунад. Агар Ҳ. Карзай метавонист пуштибонии қавми тоҷикро дар интихобот ба ҷонибдории З. Расул ҳосил кунад, бидуни шакк қудрат дар дасти дуррониҳо боқӣ мемонд. Аммо нухбагони сиёсии тоҷик ба далели нороҳатӣ ва гиламандие, ки аз Ҳ. Карзай доштанд, аз номзади мавриди назари ӯ ва инчунин аз бародари А. Масъуд пуштибонӣ накарданд ва номзади худро дар интихобот, ки Абдулло Абдулло буд, ширкат доданд. Ҳоло ин масъалаи дигар аст, ки ҳам Ҳ. Карзай иштибоҳ намуд ва сарони тоҷики Афғонистон низ бо ҳимоят аз А. Абдулло иштибоҳи таърихӣ намуданд.
Вақте З. Расул дар даври аввали интихобот шикаст хӯрд, Ҳ. Карзай маҷбур буд аз номзади ақвоми ғилҷоӣ А. Ғанӣ дар муқобили А. Абдулло — номзади Ҷамъияти исломӣ ва мавриди ҳимояи тоҷикҳо, ҳимоят кунад. Маҳз Ҳ. Карзай, раиси ҷумҳури он вақти Афғонистон натиҷаи интихоботро тавре тарҳрезӣ намуд, ки он ғолиби мушаххас надошта бошад. Вале бо мувофиқаи ду тарафи интихобот ва миёнҷигарии вазири умури хориҷаи ИМА Ҷ. Кёррӣ яке аз номзадҳо А. Ғанӣ, раиси ҷумҳур ва дигаре А. Абдулло, раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллӣ интихоб шуданд. Бидуни шак барандаи он интихобот А. Абдулло ва он ҳам дар даври аввали интихобот буд. Инро донандагони масъалаи Афғонистон хуб мефаҳманд. Мирвайс Ёсинӣ — вакили Нангарҳор ва муовини собиқи раиси Маҷлиси намояндагон, ки дар соли 2014 Ҷ. Кёррӣ — вазири хориҷаи Амрикоро дар фурудгоҳи Кобул истиқбол карда буд, дар ёддоштҳои худ менависад, ки вазири хориҷаи Амрико баробари пойин шудан аз ҳавопаймо гуфт, ки мо медонем барандаи интихоботи Афғонистон кист, шумо ҳам медонед, ки мо инро медонем, ки ӯ дар даври аввал 56% раъйи умумиро соҳиб шуда буд… Вале Ҳ. Карзай ба хотири ба дасти ҳамтаборонаш боқӣ мондани қудрат эълони натиҷаи онро шаш моҳ тӯл дод, то мувофиқаи ИМА-ро барои раиси ҷумҳур эълон кардани А. Ғанӣ касб намуд.
Вале акнун таҳаввулот ба гунаи дигаре рақам мехӯрад. Ҳомид Карзай, ки акнун худро пешвои дуррониҳо медонад, дар талоши боз гардонидани ҳукмронии аз даст рафтаи ақвоми худ аст. Ба ин манзур аз моҳҳо ба ин сӯ маъракаи густурдаеро барои доир кардани Луя ҷиргаи анъанавӣ ба роҳ андохтааст. Ҳадаф аз баргузор кардани ин Луя ҷирга ташкили ҳукумати муваққатӣ ва доир намудани интихоботи зудҳангом ё пеш аз вақт мебошад. Ҷамъе аз ҳаводорон ва аъзои собиқи ҳукуматаш ӯро дар ин иқдом ҳамроҳӣ мекунанд. Аз Ҳ. Карзай нақли қавл шудааст, ки гуфтааст “ба ҳамон шевае Ашраф Ғаниро ба Арки Кобул расонида буд, ба ҳамон гуна ӯро аз тахт пойин хоҳад кашид”. Шакке нест, ки маҳз Ҳомид Карзай буд, ки Ашраф Ғаниро соҳиби тахти Кобул кард. Аммо суол ин аст, ки оё зӯри Ҳ. Карзай барои пойин овардани А. Ғанӣ аз тахт хоҳад расид?
Бархе аз таҳлилгарон менависанд, ки зимни сафарҳои муқаррари ахири худ ба Маскав ва Теҳрон Ҳ. Карзай ба эҳтимоли қавӣ тавонистааст ризояти Русия ва Эронро дар рақобат барои қудрат бо А. Ғанӣ касб кунад ва акнун дар талош мебошад, ки чеҳраҳои бонуфузи дохил ва беруни ҳукуматро дар Кобул дар ҳимоят аз ин барнома ҷалб кунад.
Ахиран Рангин Додфар Спанто, вазири хориҷаи пешини Афғонистон ва Раҳматулло Набил, раиси собиқи Идораи умумии амнияти миллии Афғонистон зимни нишасте дар Кобул ҳукумати А. Ғаниро фоқиди машруъияти қонунӣ эълон доштанд ва ба гуфтаи онҳо, барои берун шудан аз буҳрон ва қонуният бахшидан ба раванди ҳукуматдорӣ хостори доир шудани Луя ҷиргаи суннатӣ шуданд. Р. Набил пеш аз ин тавассути ТВ интихоботи соли 2014-ро тақаллубӣ унвон кард ва гуфт, ки варақаҳои тақаллубии раъйгирӣ дар хонаи яке аз аъзои дастаи интихоботии А. Ғанӣ дар минтақаи Вазир Акбархони Кобул чоп мешуданд. Манобеи огоҳ мегӯянд, ки дар пушти ин ифшогарӣ ва даъвоҳо Ҳ. Карзай қарор дорад.
Дар ҳафтаи ахир А. Ғанӣ чанде аз ҷонибдорони баргузор кардани Луя ҷиргаи суннатиро аз мақомҳои давлатӣ барканор кард. Аз ҷумла волии Зобул, Бисмилло Афғонмал, мушовири раиси ҷумҳурӣ, Аҳмадулло Ализай ва ду узви интисобии (таъинотии) порлумон аз ҷумлаи ашхоси барканоршуда мебошанд. Абдулло Абдулло, раиси иҷроия низ ахиран аз ҷонибдорони Ҳ. Карзай хостааст, ки аз иқдоми баргузор кардани Луя ҷирга сарфи назар кунанд. Аммо зоҳиран маълум мешавад, ки ин ҳушдорҳо натавонистааст Ҳ. Карзайро битарсонад. Ва ахиран генерал М. Абдураззоқ, фармондеҳи қудратманди пулиси Қандаҳор, ки аз афроди наздик ба Ҳ. Карзай мебошад, аз шахсиятҳои бонуфузе мисли Ю. Қонунӣ, М. Исмоилхон, А. Солеҳ, А. Нур, Р. Д. Спанто, Р. Набил, У. Довудзай ва дигарон даъват кардааст, ки дар нишасти Қандаҳор ширкат кунанд. Агар ин нишаст дар Қандаҳор доир шавад, марҳилаи наве дар рақобати миёни Ҳ. Карзай ва А. Ғанӣ барои қудрат ва ҳамин тавр дар даври ҷадиде аз тақобула миёни дуррониҳо ва ғилзоиҳо оғоз хоҳад шуд.
Аз соли 1747 ба ин сӯ ҳокимони ин сарзамин, ки қаблан Хуросон ва акнун Афғонистон номида мешавад, умдатан дуррониҳо буданд. Аввалин подшоҳи ғайрипаштун ва ғайридурронии Афғонистон Амир Ҳабибуллои Калаконӣ аз аҳолии шимоли Кобул ва тоҷик буд. Баъди Ҳ. Калаконӣ ду ҳокими дигар М. Нодиршоҳ, М. Зоҳиршоҳ ва М. Довудхон низ аз силсилаи ҳокимони дурронӣ буданд. Бо Инқилоби апрелии соли 1978 силсилаи дуррониҳо аз ҳукумат дур андохта шуд ва Н. Таракӣ ва Ҳ. Амин аз ақвоми ғилзоӣ ба қудрат расиданд. Дар ин миён Бабрак Кормал, ки аз соли 1979 то 1986 ба Афғонистон роҳбарӣ кардааст, мутобиқи маълумотҳо ба силсилаи дуррониҳо ва ғилзоиҳо тааллуқ надошт. Дар асл ӯ ҳам тоҷик буд. Танҳо дар соли 2001 ва баъди шикасти Толибон профессор Б. Раббонӣ ҳукуматро ба Ҳ. Карзай таҳвил дод ва ҳамин тавр дуррониҳо ба идораи Арки Кобул баргаштанд.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки бештари мусибатҳои дар гузашта ба сари мардуми Афғонистон омада натиҷаи рақобати дуррониҳо ва ғилзоиҳо барои соҳибӣ ба қудрати сиёсӣ будааст.
Авзои кунунии сиёсӣ ва низомии Афғонистон беш аз ҳар вақти дигар нигаронкунанда ва мояи ташвиш аст. Ҷангҳо дар зарфи 10 соли охир аз ҷанубу шарқ ба шимол ва ғарби Афғонистон густариш пайдо кардаанд ва ба маълумоти созмони назорат бар артиши ИМА дар Афғонистон — SIGAR 43%-и қаламрави Афғонистон таҳти назорати гуруҳҳои мусаллаҳ мебошад. Худи Толибон даъво доранд, ки 60%-и ҳудуди кишварро таҳти назорат доранд.
Аз сӯйи дигар, муносибатҳои байнимиллӣ бар сари бисёре аз масъалаҳо ба шиддат доғ шудааст. Аз ҷумла тақсими қудрат бар асоси Тавофуқномаи таъсиси Ҳукумати ваҳдати миллӣ анҷом нашудааст, Луи ҷиргаи ислоҳи Қонуни асосӣ барои ҷорӣ кардани мансаби сарвазирӣ доир нагаштааст ва гуруҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ аз амалкарди ҳукумати А. Ғанӣ норозиянд. Дар айни ҳол А. Ғанӣ фармон содир намуда ва хостори иҷро шудани Қонуни аҳволи шаҳрвандӣ ва тавзеҳи шиносномаҳои барқӣ шудааст. Ислоҳоти ин қонунро Маҷлиси намояндагон рад карда буд. Акнун намояндагони ақвом, хусусан тоҷикҳо ва ҳазораҳо мухолифи ин тарҳ сару садо баланд кардаанд. Онҳо намехоҳанд, ки дар шиносномаҳояшон миллаташон афғон зикр шавад. Ҳамин тавр масъалаи шиноснома ба баҳси умдаи имрӯзи Афғонистон табдил шудааст. Аз сӯйи дигар, ахиран ду маврид ифшогарӣ, яке дар дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва дигаре дар ВКД рух дод, ки намояндагони ғайрипаштун, хусусан тоҷиконро ба шиддат нигарон кардааст. Санадҳои ифшошуда нишон медиҳанд, ки сиёсати ҳазфи қавмсолорӣ аз ҷониби бархе аз ҳалқаҳо пеш бурда мешавад. Дар номаи ахири як ниҳоди ВКД барои истихдоми афсарон ба маъмурони зертобеи ин вазорат дастур дода шудааст, ки барои истихдом дар баталиони зиддиошӯб 500 нафар, аз ҷумлаи намояндагони ҳамаи ақвом, ба истиснои намояндагони қавми тоҷик, муаррифӣ кунанд. Ин номаи ифшошуда ба шиддат боиси нигаронӣ ва асабонияти вакилони тоҷик дар Маҷлиси намояндагон шудааст. Вазъияти байнимиллӣ ва байниқавмӣ ба эътиқоди худи масъулини давлатии Кобул дар ҳоли бад шудан аст.
Ҳоло маълум нест, ки дар чунин шароите Ҳ. Карзай хоҳад тавонист таҳаввулотро ба коми худ ва дуррониҳо рақам бизанад ё не. Ба ҳар ҳол, суол ин аст, ки дар чунин шароите натиҷаи рӯёрӯӣ ва ҷанги қудрат миёни ҷонибдорони худи ҳукумат ба чӣ хоҳад анҷомид?
Як масъала рӯшан аст, ки агар Ҳ. Карзай муваффақ ба ҷалби роҳбарони тоҷик, бахусус Атомуҳаммади Нур, Амир Исмоилхон ва Юнуси Қонунӣ ба ин барномаи худ бишавад, метавон гуфт, ки ӯ навозандаи сози аслӣ дар интихоботи соли ояндаи Афғонистон хоҳад буд. Аммо бархе аз роҳбарони тоҷикҳо, аз ҷумла вакилони Маҷлис аз ширкат дар барномаи Ҳ. Карзай сарфи назар кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки тоҷикон худ як миллати давлатсоз дар Афғонистон ҳастанд ва набояд абзори бозии ду роҳбари дигар ақвом қарор бигиранд. Тоҷикҳои Афғонистон дар таҳаввулоти солҳои охири ин кишвар бо қарор гирифтан дар паҳлуи намояндагони яке аз ин ду қавм онро ба қудрат расонидаанд. Акнун низ дар сари кор омадани намояндаи дуррониҳо ва ё ғилзоиҳо тоҷикон нақши асосӣ хоҳанд дошт. Ба истилоҳи дигар, намоянда ва номзади қавме дар интихобот баранда хоҳад шуд, ки ҳимояти аҳолии тоҷикро касб кунад. Аммо дар ин миён насле аз тоҷикони Афғонистон бузург шуда ва ба воя расидааст, ки бо нигоҳе ба пешинаи на чандон дури таърихи худ иддао мекунад, ки тоҷикон худ шоистагии роҳбарӣ ба кишвар ва давлатро доранд. Аз ин ҷост, ки бархе аз раҳбарони тоҷик мисли А. Нур ва Л. Пидром аз эҳтимоли ширкати худ дар интихоботи соли оянда сухан гуфтаанд.
Як масъалаи мусаллам ва яқин аст, ки тоҷикҳо дар ҷабҳаи А. Ғанӣ қарор нахоҳанд гирифт. Агарчанд аз эҳтимоли эътилофи А. Абдулло ва А. Ғанӣ дар интихоботи ояндаи Афғонистон сухан гуфта мешавад. Ва як ҳадафи сафари А. Абдулло ба Амрико низ қаноъат додани амрикоиҳо барои ширкаташ дар интихоботи соли оянда гуфта мешавад. Аммо А. Абдулло дар он сурат ҳам ҳимояти тоҷикҳоро нахоҳад дошт.
Агар фарз бар ин шуд, ки зӯрозмоии ин ду тоифа ба нуқтаи бебозгашт расид, соҳиби ин Арки оғӯштаи хунини таърих кӣ хоҳад шуд, Карзай ё Ғанӣ? Суоли ҷолибтар ин ҷост, ки Гулбиддин Ҳикматёри дар гузашта ба шиддат мутаассиби мазҳабӣ ва акнун парчамбардори қавмгароӣ, ки бо давлат сулҳ кардааст, аз кадоме ҳимоят хоҳад кард, аз Карзай ё аз Ғанӣ?
Масъалаи дигар ва пурсиши аз ҳама муҳимтар ин хоҳад буд, ки агар як эътилофе ба густардагии фарогир аз Қандаҳор то Мазори Шариф ва аз Ҳирот то Ҷалолобод ва Панҷшеру Бадахшон дар ҳимоят аз Ҳомид Карзай шакл бигирад, ИМА дар набарди қудратталабӣ ба ҳар қимате аз Ашраф Ғанӣ ҳимоят хоҳад кард ва ё ӯро танҳо хоҳад гузошт?

Раҳматкарими ДАВЛАТ 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here