Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён
Беш аз 10 сол боз баҳси хонаҳои меросӣ маро дар ба дари суду дигар мақомот овора кардааст. Ин баҳсу судбозиҳо оид ба воқеияти қабули мероси падари марҳумам Усмонов Назирбобо буд, ки аз манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев (собиқ ҷамоати деҳоти Нов), кӯчаи Ғ. Ғулом, хонаи 21 иборат аст. Хонаи мазкур, ки ба падарам Усмонов Назирбобо (ҳамчун соҳибмулк) тааллуқ дорад, мо ҳама 11 фарзанд дар ҳамин хона калон шудем. Хоҳаронам Ҳамроҷон, Инобат, Муҳаббат, Моҳин, Гулнора, Сора, Гулбаҳор ва Нигора, ки дар ин хонаи баҳсӣ зиндагӣ мекарданд, ҳама ба шавҳар баромаданд. Бародаронам Эргашбой ва Назирбобоев Юлдошбой аз хонаи меросӣ кӯчида рафтаанд.
Ман дар хонаи истиқоматии мазкур аз рӯзи таваллудам то инҷониб зиндагонӣ мекунам. Соли 1970 бо шаҳрванд Назирбобоева Иноят ақди никоҳи қонунӣ баста, дар ҳамин хона соҳиби шаш фарзанд шудам. Падарам Усмонов Назирбобо 13-уми августи соли 1991 дар синни 69-солагӣ ва модарам Назирбобоева Тиллабу 26-уми апрели соли 2005 дар синни 79-солагӣ вафот карданд. Онҳоро дар пиронсолиашон нигоҳубин кардам ва баъди вафоташон ҳамаи маросимҳои дафнро худам гузаронидам. Инчунин, аз соли 1991 ман ҳамаи қарзҳои коммуналӣ ва андозро худам пардохта истодаам.
Ягон додару хоҳарам баъд аз вафоти падарам (аз соли 1991 то соли 2012) оид ба хонаи истиқоматии воқеъ дар суроғаи ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев, кӯчаи Ғ. Ғулом, хонаи 21 бо ман баҳс накарда буданд. Ман хонаи мазкурро ба се тақсим намудам, ду қисмашро ба ду писарам додам, дар як қисмаш худам бо дигар фарзандонам истиқомат карда истодаам. Дар се ҳавлӣ се дарбоза ҳаст. Ҳамаи ҳамин ҳолатҳоро дида, меросхӯрон ягон маротиба бо ман баҳс накарда буданд. Аммо соли 2012 маро ба Суди ноҳияи Спитамен даъват карда, хабар доданд, ки хонаи истиқоматии мазкур дар асоси ҳалномаи Суди ноҳияи Спитамен тақсим мешавад. Ман оид ба ин ҳалнома бехабар будам. Баъдан фаҳмидам, ки соли 2008 Урунбоева Ҳамроҷон ва дигарон ба Суди ноҳияи Спитамен бо ариза «оид ба дароз намудани муҳлати мерос» муроҷиат кардаанд. Яъне онҳо аз сабаби мероси падарашон Усмонов Назирбоборо дар муҳлати шаш моҳ баъди вафоташ қабул накардану муҳлатро гузарониданашон аз суд хоҳиш намуда буданд, ки муҳлати қабули меросро дароз кунад. Бо ҳалномаи Суди ноҳияи Спитамен аз 13-уми марти соли 2009 аризаи Урунбоева Ҳ. ва дигарон қаноатбахш карда шуда будааст.
Вақте Урунбоева Ҳ. ва дигарон ба суд оид ба тақсими мерос муроҷиат намуданд, ман оид ба ҳалномаи мазкур фаҳмида, аз болои ин ҳалнома ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти назоратӣ овардам. Дар асоси эътирози раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми июли соли 2013 ҳалномаи Суди ноҳияи Спитамен марбут ба аризаи Урунбоева Ҳ. ва дигарон дар бораи дароз намудани муҳлати қабули мерос бекор карда шуда, парванда барои аз нав баррасӣ намудан аз ҷониби дигар судя ба Суди ноҳияи Спитамен фиристода шуд.
Баъдан Урунбоева Ҳ. ва дигарон ба суд бо аризаи даъвогӣ «оид ба барқарор кардани муҳлати қабули мерос» бо ҷавобгарии ман муроҷиат карданд, ки бо таъиноти Суди ноҳияи Спитамен аз 20-уми августи соли 2014 даъвои онҳо бебаррасӣ мононда шуд.
Аммо 6-уми майи соли 2015 Урунбоева Ҳ. ба Суди ноҳияи Спитамен ариза пешниҳод намуда, аз парвандаи граждании ПГ-2310/2-9 ҳуҷҷатҳои аслиашро гирифтааст. Баъдан ба Суди ноҳияи Спитамен бо аризаи даъвогӣ «оид ба муқаррар намудани воқеияти қабули мерос ва тақсими амволи меросӣ» муроҷиат карда, гуфтанд, ки онҳо меросро воқеан қабул карда буданд ва аз суд хоҳиш намуданд, ки воқеияти қабули мерос барқарор карда шавад ва як санади сохтаро, ки дар суди қаблӣ набуд, ба суд пешниҳод карданд. Бо ҳалномаи Суди ноҳияи Спитамен аз 18-уми январи соли 2016 даъвои Урунбоева Ҳ. «оид ба муқаррар намудани воқеияти қабули мерос ва тақсим кардани мерос» қисман қонеъ карда шуд.
Манзили истиқоматии зикршуда ба Урунбоева Ҳ. аз 11/4 ҳисса, ба Назирбобоев М. аз 11/2 ҳисса, ба Усмонова Гулбаҳор, Усмонова Соро, Назирбобоев Эргашбой, Усмонова Муҳаббат ва Назирбобоев Юлдошбой аз 11/1-ҳиссагӣ тақсим карда шуд. Даъвогарон Ӯрунбоева Ҳ. ва дигарон фаҳмиданд, ки мероси падарашонро воқеан қабул карда наметавонанд, чунки ду маротиба ба суд аризаҳои бардурӯғ доданд: аввал гуфтанд, ки муҳлати қабули меросро гузаронидаанд, баъдан гуфтанд, ки воқеан қабул кардаанд. Акнун онҳо ба суд ариза навишта, талаби даъворо зиёд намуданд, акнун онҳо мероси модарро талаб карданд.
Урунбоева Ҳ. ва дигарон ба суд талаби худро зиёд намуда, хоҳиш намуданд, ки факти ҳолати қабули мерос иборат аз ҳавлии истиқоматӣ, бинои истиқоматӣ бо пешайвонаш ва дигар амволи дар хона буда тақсим карда шавад.
Даъвогарон Юлдошева Моҳин, Усмонова Нигора, Исаева Нисолат ба суд ариза пешниҳод карданд, ки ҳиссаи худро ба Урунбоева Ҳамроҷон мебахшанд, лекин суд бо ҳалномаи худ ба онҳо ҳисса ҷудо кардааст.
Тибқи талаботи моддаи 1179 қисми 5 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон дасткашӣ аз мерос минбаъд аз эътибор соқит дониста ё бозхонда намешавад.
Мирбобо НАЗИРБОБОЕВ,
сокини ноҳияи Спитамен, ҷамоати шаҳраки Навкат, кӯчаи Ғ. Ғулом