Баъзе судяҳои Суди шаҳри Хуҷанд бо қабули ҳалномаи судӣ сатҳу сифати худро собит мекунанд. Баргузории мурофиаҳои судӣ бо раисии ин қабил судяҳо хеле ташвишовар мебошад.
Ин ҷо сухан аз касбияти Ализода Эраҷ, судяи Суди шаҳри Хуҷанд меравад. Дар ҳалномаи судӣ, ки ахиран дар мурофиаи судии рӯзи 25-уми сентябр қабул кард, ин судяи Суди шаҳри Хуҷанд чӣ гуна судяи ғайрикасбӣ будани худро маълум намуд. Дар ин ҳалномаи судӣ ӯ бештар сари он тамаркуз кардааст, ки лоиҳаи ангоравии ҶДММ “Диёри Хуҷанд” барои сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматӣ, ки дар ҷаласаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасӣ гузоштаро ҳамчун ҳуҷҷати аслӣ ҳисобид ва иҷозаи корҳои сохтмонии мо дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо, Мавлонбеков ва Фирдавсии шаҳри Хуҷанд, ки он тибқи иҷозаи сохтмон ва нақшаи муфассали шаҳрдорӣ бо розигии ҳама мақомоти дахлдорро ғайриқонунӣ хонд. Ҳатто иҷоза ва розигии муовини аввали раиси вилояти Суғд оид ба сохтмон ҳам пеши судя дуруст ҳисобида нашуд, ки ғайриқонунӣ ҳисоб кард.
Аз ин шеваи баррасӣ ва қабули ҳалномаи судии Ализода Эраҷ як чиро мешавад хулоса кард, ки кори ҳама идораҳои давлатии шаҳри Хуҷанд бесаводона будааст. Ва агар чунин нест, шояд ӯ чунин ҳалнома қабул намекарду онҳоро дуруст ҳисоб мекард. Аммо ин амалкарди ӯ на ба доираи ақл рост мегираду на ба қонун, ки гӯӣ наход ҳамаи идоранишинони ҳукуматҳои шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд ва ҳатто ҷумҳурӣ бесаводонанд ва кору хулосаи вазифавии онҳо аз ҷониби судя ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад. Ҳол он ки, пеш аз тасдиқи ҳуҷҷатгузорӣ гирифтани хулоса ва иҷозаи беш аз 50 мақомоти давлатӣ лозим меояд ва барои ин камаш якуним сол вақт сипарӣ мегардад, ки Ализода Эраҷ ҳеҷ ба дарк ва моҳияи ин кору ҳол нарафту ин ҳамаро ғайриқонунӣ донист. Дар чунин ҳол ё мо акнун ҳамаи идораҳои давлатиро барои додани хулоса ва иҷзатномаи аз ҷониби судя ғайриқонунӣ ҳособида ба суд диҳем?
Баргардем сари лоиҳаи маҷмаавие, ки аз ҷониби ҶДММ “Диёри Хуҷанд” ба баррасӣ гузошта шудааст. Ин лоиҳаи ангоравӣ ва нақшаи ҷойгиршавии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаҳои И. Сомонӣ, З. С. Раҷабовҳо, Мавлонбеков ва Фирдавсии ш. Хуҷанд дар суратҷаласаи №3-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.03.2015 ҷонибдорӣ шудааст. Ба баррасӣ гузошта ва ҷонибдорӣ шудани лоиҳа ҳанӯз маънои ба иҷро расонидани кори сохтмониро надорад. Аз ҷумла, аз сӯи лоиҳапешниҳодкунанда ҶДММ “Диёри Хуҷанд”. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи меъёри сохтмон, лоиҳа барои оянда пешниҳод шуда, бо мурури замон амалӣ намудани он сурат мегирад. Албатта бо иҷозаи мақомоти давлатӣ ва соҳибмулкон. Аммо судяи Суди шаҳри Хуҷанд ҳангоми баррасии мурофиаи судӣ ин меъёри сохтмониро аслан нодида гирифт. Ё ҳамин қадар диду дарк кард, ки ҳамаи корҳои сохтмонӣ дар чунин кӯчаҳо бояд аз сӯи ҶДММ “Диёри Хуҷанд” сурат гирад, ки ин мутлақо хатост. Агар чунин бошад, мешавад як нафар ҳамаи лоиҳаи сохтмонии кулли шаҳри Хуҷандро дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасӣ гузорад ва кай хоҳад, худаш онро сохтмон кунад. Ё ин ки, барои наслҳои баъдини авлодонаш, ҳатто барои набераву абераҳо пеш аз маргаш лоиҳаи сохтмонӣ омада карда монад? Ин ҳол низоми сохтмони монополистиро ба вуҷуд меорад ва дар ҳеҷ кадом шаҳри дунё ин кор нест. Вале қабули ҳалномаи судии Ализода Эраҷ ба монополистии сохтмонӣ дар Хуҷанд асос мегузорад. Зеро ҶДММ “Диёри Хуҷанд”, ки ҳеҷ иҷозаи ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаҳои И. Сомонӣ, З. С. Раҷабовҳо, Мавлобеков ва кӯчаи Фирдавсии Хуҷандро надорад, аммо бо баҳонаи он, ки иҷрои корҳои сохтмонии мо барои амалишавии лоиҳаи ин ширкат халал ворид мекунад, намемехоҳанд корҳои сохтмонӣ ба иҷро расанд. Ин даъвои беасос ва ғайқонунии ин ширкати сохтмонӣ боис мегардад, ки даҳҳо нафар сохтмончиҳо бе шуғли касбии худ монанд. Ё роҳи монополияи сохтмонӣ боз шавад. Гузашта аз ин, бо ин шеваи кор чӣ гуна Хуҷанд обод шавад? Сари ин масъалаҳо ҳеҷ не, боре Ализода Эраҷ бояд меандешид. Аммо ӯ на дар фикри ободии шаҳр ва на дар фикри сохтмончиҳову сармоягузории соҳибкорони ватанӣ набуд.
ҶДММ “Диёри Хуҷанд” бо он, ки лоиҳаи сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматиро ба баррасӣ гузоштааст, ки зимнан бо ҳеҷ кадом сокинони биноҳо ва ҳеҷ кадом аз идораҳои давлатӣ — Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, идораи савдо ва саноати вилояти Суғд, бонки «Имон интернешнл», меҳмонхонаҳои “Ваҳдат”, “Хуҷанд” ва каҳвахонаи “Хони Хуҷанд”, ки дар кӯчаҳои зиркгардида воқеъанд, ягон шартномаи сохтмонӣ надорад. Яъне ҶДММ “Диёри Хуҷанд”танҳо лоиҳаи ангоравиеро дорад, ки барои ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ кай ва аз тарафи кӣ бояд сурат гирад, инаш ҳанӯз дақиқ нест. Маълум мешавад, ки барои амалишавии он даҳсолаҳо вақт лозим меояд. Чун ин ширкат тавре аз рафти иҷрои корҳои сохтмониаш дар кӯчаи И. Сомонӣ дар масофаи 656, 0 м.м. маълум аст, ба муҳлати зиёда ду сол ба ҷуз аз таҳхонаву ошёнаи аввал дигар кори сохтмониро ба таври назаррас ба иҷро нарасонидааст. Бояд инро ҳам таъкид кард, ки ҶДММ “Диёри Хуҷанд” ба суд оид ба надоштани маблағ дар суратҳисобаш маълумотнома пешниҳод кардааст. Модоме, ки ширкат маблағ надорад ва зиёда аз ду сол боз сохтмони як даромадгоҳи биноро идома дода наметавониста бошад, чи гуна лоиҳаи сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматиро, ки зиёда аз 50 подезд иборат аст, ба иҷро расонида метавонад? Ё талаботи Нақшаи Генералии шаҳри Хуҷандро, ки сохтмонҳои хуштарҳу замонавиро дар назар дорад, амалӣ мекунад?!
Маълум, ки ҶДММ “Диёри Хуҷанд” ҳанӯз ба чизе, ки маълум нест иҷро шавад, дар суд даъво кардаст. Ва ин даъвои судии ин ширкат танҳо ҳасади сохтмониро дар пай дорад. Ҳасад ба кори сохтмонии мо, ки инро мешавад «ҳасади сохтмонӣ» номид. Зеро, мо дар замини худ, ки ҳама ҳуҷҷатҳо ва иҷозаи лозимро дорем, аммо набояд сохтмон кунем! Инро худи судя Ализода Эраҷ ҳам хуб медонисту медонад. Агар не, то баровардани ҳамчунин ҳалномаи судӣ моро ба суҳбати як ба як ба утоқи кориаш даъват намекард?! Мо ҳам ин ҳамаро ба қазовати худи додрас вогузор карда, аз суҳбати як ба як дар утоқи судя парҳез кардем. Аммо судя Ализода Эраҷ дар ҳалномаи 14-саҳифаии судияш ин қазовати моро бо он собит намуд, ки ӯ на дар фикри адолати судиву на дар фикри бе ҷои кор мондани даҳҳо нафар ва ҳам рушду ободии шаҳр, ки ин ҳама дар барномаҳои давлатии рушди кишвар таъкид шудаанд, андеша намекунад.
Раҳмат ба судя Ализода Эраҷ, ки бо қабули ин ҳалномаи судӣ сатҳи касбии худро маълум намуд.
Х. Ф. ЯЪҚУБОВ,
соҳибиҷозаи сохтмони бинои 9-ошёна дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо, Мавлобеков ва Фирдавсии шаҳри Хуҷанд