Ман сокини деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон, Сулаймони Абдураҳмон мебошам. Сараввал мехостам чанд нуктаро аз дил берун орам ва хостаҳои худ ва ҳамдеҳагони офатзадаамро ба хабарнигорон расонам.

Аввалаш, ки офати табиӣ амри тақдир аст. Медонам, ки ҳеҷ қудрате садди роҳи ин офат шуда наметавонад ва ё ҳеҷ шахсе ба он амр карда ҳам наметавонад, аммо баъд аз ҳар офати табиӣ метавон сокинони ҳамон минтақаро руҳан дастгирӣ намуд. Хуб, хабарнигорони муҳтарам, чанде пеш мо — аҳли деҳаи Ҳалқаҷар ва 18-ум Партсеъезд ба воситаи газетаи «Фараж» аз шумо хоҳиш намудем, ки ақаллан моро дастгирии маънавӣ намоед. Шумо ин хоҳиши моро қабул намудаву баъди чанде ба макони офатзадаи мо омада, бо мо ҳамсуҳбат шудед ва мо — сокинони ин деҳаҳо тамоми дастгириву кумакҳои ба мо расидаро ба шумо ба пуррагӣ фаҳмонидем, ҳатто ба ҷои зисти муваққатии худ, ки аз тарафаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ба шаҳрвандони аз ин офат зарардида омода гардида буд, бурдаву нишон ҳам додем. Шумо шароити хуби моро ба чашми сар дидеду аз забони сокинон шунидед. Аммо ба ҷои дилбардориву тасаллият, ҳақиқатро пинҳон намуда, бо ҳар гуна хабару овозаҳои бепоя дарди моро дар сомонаҳои расмӣ ва иҷтимоӣ дучанд кардед. Хуб, ҳангоме, ки мақсад аз ташрифатон бар зидди ҳукумату давлат шӯронидани мо буд, пас чаро дар ниқоби «дилсӯхтаву ёру бародар» омада, аз пушти мардум ханҷар ба қалби мо задед?

Абдуллоҳи Ғурбатӣ гуфтанӣ хабарнигор ба шумо гуфт, ки ба хаймаҳо наздик нашудааст. Агар ӯ ба хаймаҳо наздик намешуд ва нодуруст рафтор намекард, ин ҳодиса ҳеҷ гоҳ рух намедод. Гарчанде ман маълумоти рӯзноманигорӣ надошта бошам ҳам, ҳаминро медонам, ки то аниқу дақиқ шудани асли воқеа бояд шахс хулоса набарорад, новобаста аз он, ки ӯ кист. Аммо ин рӯзноманигор ба макони офатзадаи рӯ ба беҳбудӣ ниҳодаи мо омада, ба тайёр намудани гузориш машғул буда, аз ҷониби афроде латукӯб шуд. Ҳодиса ба вуқуъ омад. Аз ҷониби мақомомти ҳифзи ҳуқуқ гумонбарон дастгир карда шуданд. Суди ноҳияи Хуросон нисбати гумонбарон чораҳои қонунӣ андешид. Раҷаби Мирзо кӯтоҳакак дар ин бора хабар расониду халос. Дар дигар ҳолат мешуд, ҳақ ба ҳақдор расад гуфта, дар саҳифаи «Ахбор барои афкор» дигар масъалаҳоро обу ранг дода, доимо менависад. Акаи Раҷаби Мирзо, чаро аз навиштани он чӣ ба чашми саратон дидед, худдорӣ кардед?

Мехоҳам ҳаминро донам, ки чаро бо вуҷуди дастгирии ҳаматарафаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, шахсони хайрхоҳ, Сарвазиру вазирону мақомоти дахлдор, ки ҳамаҷониба ба мо — сокинони офатзада кумак намуданд, имрӯзҳо хабару овозаҳои бардурӯғ, ки ҳатто мо — сокинони ин минтақа аз он огоҳ нестем, ба ҳар тараф паҳн шудаанд?

Ҳатто 3-юми июни соли равон Сарвазири мамлакат, Раиси вилоят ва дигар шахсони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз вазъияти пандемия ба хотири аз наздик шинос шудан бо рафти корҳои сохтмонӣ ва бохабар шудан аз аҳволи мардум ба ноҳияи Хуросон ташриф оварданд. Дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Пас, мо — сокинони ин минтақа нафаҳмидем, ки чаро шумо бо чунин хабарҳои бардурӯғ мехоҳед ба чашми миллат хок пошед? Шумо дар хубии мо ҳастед ё ин ки дар бадии мо? Ҳаминро ҳеҷ намефаҳмидам, ки нафаҳмидам! Шумо аз ин нашрҳоятон чӣ манфиате ба даст меоред ва ё аз касе барои ин амалатон подошу таҳсин мегиред?

Лутфан, ба ин муроҷиатномаи ман ба таври хаттӣ ҷавоб гардонед, то ҳама сабаби чунин амалатонро донанд ва шахсони масъуле, ки барои ободии ҳар оилаи аз офат зарардида кумак намудаанд, дар чашми мардум ҳақиру ноуҳдабаро вонамуд нашаванду ҳақиқат ба ҳақдор бирасад. Ба онҳое, ки дар ин давраи мушкил ва ҳассос ба мо — сокинони ин минтақа дасти ёрӣ дароз карданд, изҳори сипос мекунем.

Боқӣ, қазоват аз шумо, дӯстони азиз!

Сулаймони АБДУРАҲМОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here