Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Ба таваҷҷуҳи Раиси Суди Олии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён,
Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии Тоҷикистон, муҳтарам Юсуф Раҳмон Аҳмадзод
Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ман саҳмдори 61-солаи Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008»-и ноҳияи Шаҳринав ҳастам. Мо, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон барои заҳмату талошҳоятон баҳри ободию гул-гулшукуфоии Ватани маҳбуб, оромию осудаҳолӣ ва таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар, дар умум миллати тоҷик аз Шумо хеле сипосгузорем. Таманнои онро дорем, ки Худованд ҳеҷ гоҳ сояи Шуморо аз сари мардуми азияткашидаи тоҷик кам нагардонад. Мо ҳама баромаду суханрониҳоятонро тариқи шабакаҳои телевизионӣ, ки хос баҳри пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азиз ва то арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштани обрӯю эътибори миллати тоҷик равона шудаанд, тамошо мекунем ва Худоро шукр мекунем, ки чунин сарвари ғамхору миллатдӯстеро ба Тоҷикистону тоҷикони ҷаҳон ҳадя намудааст.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, боиси хушҳолист, ки бо ҳидояту роҳнамоии Шумо сол ба сол фаъолияти мақомот ва хизматчиёни давлатӣ, ки ҳадафашон хизмати софдилона ба халқу миллат аст, рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Шумо дар баромаду суханрониҳоятон чӣ тариқи телевизион ва чӣ дар суҳбату вохӯриҳо бо роҳбарони сатҳи болоии мақомоти давлатӣ пайваста аз баланд бардоштани сатҳи хизмат ба мардум ва таъмини адолати иҷтимоии аҳолӣ суҳбатҳо менамоед, аммо мутаассифона, дар баъзе маворид дастуру супоришҳои Шумо аз ҷониби бархе аз судяҳои мақомоти судӣ вобаста ба барқарор кардани адолати иҷтимоӣ нодида гирифта мешавад.
Муҳтарам Президент, муҳтавои муроҷиатам ҳам ба Шумо ҳамин аст. Чун дар Суди иқтисодии мамлакат ҳуқуқҳои ман вобаста ба талаби саҳми қитъаи заминам поймол карда шуд ва аз ҷониби ин мақомоти таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ ба инобат гирифта нашуд.
Банда то пош хӯрдани давлати шӯравӣ дар колхози Ленингради ноҳияи Шаҳринав ҳамчун колхозчӣ кору фаъолият мекардам. Пас аз барҳам хӯрдани сохти шӯравӣ бо тақозои замона колхози Ленинград таҷдид гардида, ба Ассосиатсияи хоҷагии ҷамоавии ба номи «Х. Баротов» -и ноҳияи Шаҳринав табдил дода шуд. Ман, марҳум завҷаам Холова Уғулой ва писари марҳумам Холов Зоҳир — саҳмдори ин Ассотсиатсияи хоҷагии ҷамоавӣ бо саҳмамон, ҳар як нафар дар ҳаҷми 0,19 га, бинобар аз нав таҷдид гардидани ин хоҷагии ҷамоавӣ, дар асоси Қарори Ҳукумати ноҳияи Шаҳринав аз 13-уми сентябри соли 2002, таҳти №106 шомили Хоҷагии деҳқонии «Марҷона»-и ноҳияи Шаҳринав гардидем ва дар заминҳои саҳмамон якҷоя бо дигар саҳмдорон кору фаъолият мекардем.
Ману раҳматии ҳамсар ва писарам Холов Зоҳир ҳамчун саҳмдори Хоҷагии деҳқонии «Марҷона» -и ноҳияи Шаҳринав дар сертификати ҳуқуқи истифодаи замини дараҷаи А, таҳти №0025092, ки аз тарафи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми ноябри соли 2002 дода шудааст, ҳамчун саҳмдор номнавис гардидаем.
Баъдан, бо Қарори №1-и маҷлиси аъзои Хоҷагии деҳқонии «Марҷона»-и ноҳияи Шаҳринав, аз 29-уми марти соли 2010, Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008»-и ноҳияи мазкур ташкил гардид, ки ману завҷа ва писарам Холов Зоҳир ҳамчун саҳмдори Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008» дар Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини дараҷаи А, таҳти №0246745, ки аз тарафи Кумитаи давлатии заминсозии Чумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми сентябри соли 2010 дода шудааст, номнавис гардидем. Новобаста аз он, ки оилаи мо саҳмдори Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008» буд, роҳбари хоҷагии мазкур Норова Ниёзбибӣ давоми фаъолияти ин хоҷагӣ ба мо дар истифодаи саҳмамон ҳамеша мушкил эҷод мекард.
Ман моҳи июли соли 2019, пас аз фавти завҷаам Холова Уғулой, барои қабули мероси қитъаи замин бо ҳуқуқи истифодабарии якумраи меросии ба ӯ вобастакардашуда ба Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳринав муроҷиат кардам. Кумитаи идораи замини ноҳия ба ман парвандаи замини Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008»-ро нусхабардорӣ карда пешниҳод намуд, ки маро дар ҳайрат гузошт. Дар он аз тарафи ман ва завҷаам ба роҳбари Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008» -и ноҳияи Шаҳринав Норова Ниёзбибӣ оид ба ихтиёран даст кашидани мо аз саҳми заминамон ариза пешниҳод гардидааст, ки комилан ғайриқонунӣ аст. Мо ягон аризае дар ин маврид пешниҳод накардаем ва аз саҳмамон ҳам даст кашиданӣ нестем!
Шубҳаовар он аст, ки дар ариза аввал санаи пешниҳодгардида 1.01.2002 нишон дода шудааст ва баъдан дар болои сифр боз рақами як гузошта шудааст. Ин аз тақаллубӣ будани ҳуҷҷат гувоҳӣ медиҳад, ки мутаассифона, дар ҷараёни суд аз ҷониби судя ба инобат гирифта нашуд. Ҳамчунин, новобаста аз ариза, аз 1. 01. 2002, бо Қарори №1-и маҷлиси аъзои Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008 »-и ноҳияи Шаҳринав (аз 25-уми ноябри соли 2011) мо аз узвияти хоҷагӣ хориҷ карда шудаем. Ҳамзамон бо ҳамин протокол марҳум писарам Холов Зоҳир низ, бинобар фавтиданаш, аз узвияти хоҷагӣ хориҷ карда шудааст, вале дар қарори мазкур иқтибос аз хати вафот нишон дода нашудааст.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, мо ҳеҷ гоҳ ба роҳбари Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008»-и ноҳияи Шаҳринав Норова Ниёзбибӣ оид ба ихтиёран даст кашидан аз саҳм ариза пешниҳод накардаем ва ба маҷлиси дар санаи 25-уми ноябри соли 2011 баргузоршуда низ даъват нашудаем.
Дар асоси дархост ва талаб намудани ҳуҷҷат ва маводҳо аз бойгонии Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳринав моҳи июли соли 2019 муайян гардид, ки роҳбари Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008»-и ноҳияи Шаҳринав Норова Ниёзбибӣ бо қарори №1-и маҷлиси аъзои Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008», аз 25-уми ноябри соли 2011, моро бе иштирок дар маҷлис аз саҳм маҳрум карда, аз аъзогии хоҷагии деҳқонӣ хориҷ намудааст. Аммо тақдири аризаи қалбакӣ аз таърихи 1.01.2002, ки дар болои сифр боз рақами як гузошта шудааст, ҳалру фасл нагардида монд. Аз вуҷуд доштани қарори №1-и маҷлиси аъзои Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008» ман танҳо дар оғози моҳи июли соли 2019 огоҳ шудам.
Айни замон завҷаам Холова Уғулой ва писарам Холов Зоҳир дар қайди ҳаёт нестанд. Баъд аз вафоти завҷаам, моҳи июли соли 2019, ман аз Русия, аз муҳоҷири меҳнатӣ баргаштам ва барои истифодаи саҳми қитъаи заминам ба Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008» муроҷиат кардам. Аммо бо сабаби аз соли 2001 то моҳи июли соли 2019 дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанам, роҳбари Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008» хоҳиши маро дар бораи истифодаи саҳми заминам дар хоҷагӣ рад кард.
Ман, ҳамчун саҳмдори Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008»-и ноҳияи Шаҳринав оид ба беэътибор донистани қарори №1-и маҷлиси аъзои Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008», аз 25-уми ноябри соли 2011 ва бартараф намудани монеагии эҷодкардаи роҳбари хоҷагии деҳқонии мазкур Норова Ниёзбибӣ ба Суди Олии иқтисодии кишвар аризаи даъвогӣ пешниҳод кардам, аммо аризаи ман санаи 19-уми феврали соли 2020 бо ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон рад карда шуд. Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ» (таҳрири соли 2009), роҳбари хоҷагии деҳқонӣ мебоист моро тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ аз рӯзи баргузории маҷлиси умумии саҳмдорон бохабар мекард. Аммо моро бе он ки дар маҷлиси умумии хоҷагии деҳқонӣ иштирок кунем, аз аъзогӣ хориҷ кардаанд. Аз ҳамин сабаб, қарори №1-и маҷлиси аъзои Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008»-ро аз 25-уми ноябри соли 2011 ғайриқонунӣ мешуморем, зеро тибқи талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ» (таҳрири соли 2009), мақоми роҳбарикунандаи хоҷагии деҳқонӣ маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва сардори он ба ҳисоб меравад. Мутобиқи муқаррароти моддаи 11-и Қонун “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ” бошад, қабули шаҳрвандон ба узвияти хоҷагии деҳқонӣ ва хориҷ сохтани онҳо аз узвият, ба вазифа интихобу аз он озод кардан ба салоҳияти маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ мансуб мебошад. Ҳар як узви хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқи дар маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ иштирок кардан, сухан гуфтан ва овоз доданро дорад. Маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва қарорҳои қабулкардаи он дар ҳолате босалоҳият ҳисобида мешаванд, ки дар маҷлис аз се ду ҳиссаи аъзои хоҷагӣ иштирок дошта бошанд. Қарор аз ҷониби маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи аъзои иштирокдошта қабул карда мешавад. Маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи сардори хоҷагӣ ё аз ҷониби на камтар аз се як ҳиссаи аъзои он даъват карда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки роҳбари Хоҷагии деҳқонии «Шерзод-2008» Норова Ниёзбибӣ талаботи қонуни мазкурро сарфи назар кардааст. Ӯ бо роҳи қалбакӣ, ки гӯё маҷлиси умумии хоҷагии деҳқониро даъват карда бошад, қарор тартиб додааст. Маҷлиси умумии аъзои хоҷагӣ дар асл баргузор карда нашудааст ва дар асоси аризаи тартибдодаи қалбакӣ моро аз саҳмамон маҳрум карда, аз аъзогии хоҷагии деҳқонӣ хориҷ кардааст.
Мутобиқи талаботи моддаи 66-и Кодекси замини ҶТ, қитъаи замин ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба истифодаи якумраи меросӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» дода мешавад. Тибқи талаботи моддаи 19-и Қонуни мазкур қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ бо ҳуқуқи истифодабарии якумраи меросӣ бо ҳуқуқи бегона намудан ё бе ҳуқуқи бегона намудан дар асоси аризаи шаҳрванд тибқи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо (шаҳрҳо) дода мешавад.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, аз васоити ахбори умум маълумам гардид, ки Шумо соли 2018 дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумати кишвар ба мақомот ва аъзои Ҳукумат дастур додаед, то ба ҳар шаҳрванди муҳоҷири меҳнатӣ, ки пештар саҳмдори хоҷагии деҳқонӣ буд, пас аз баргаштан новобаста аз муҳлат саҳмаш барқарор карда шуда, ӯ узви хоҷагӣ эътироф карда шавад. Пас, ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон аз 19-уми феврали соли 2020 дар мавриди қазияи мо магар ғайриқонунӣ нест?
Аз ҳамин лиҳоз, аз Шумо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, хоҳиш менамоям, ки баҳри пойдории адолати судиву иҷтимоӣ мусоидат намоед. Маро, ки солҳо дур аз Ватан заҳри ғарибӣ мечашидам, соҳиби саҳми заминам гардонед. Дигар ба муҳоҷират рафтан намехоҳам. Акнун мехоҳам дар Ватани азизи худ соҳиби як луқма нон барои худу фарзандонам шавам.
Бо эҳтиром, Холов Хоҷиалӣ, саҳмдори саргардони ХД «Шерзод-2008», истиқоматкунандаи деҳаи Селбур, ҷамоати деҳоти Истиқлол, ноҳияи Шаҳринав