Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли эҳтиром аз Шумо хоҳиш менамоем, ки ба ин муроҷиати мо таваҷҷуҳ намоед:
29-уми ноябри соли 2001 мо “Корхонаи таъминоти кимиё”, мансуб ба собиқ идораи “Селхозхимия”-и Вазорати хоҷагии қишлоқ, воқеъ дар деҳаи Шаҳристони ноҳияи Рудакиро бо риояи талаботи қонун дар бораи хусусигардонӣ, тавассути музояда харидорӣ намудем. Бо ин асос 7.07.2003 сол ба соҳибмулки аввал Ҳасанов М. Х. Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба моликият дода шуд. Соҳибмулки дуввум Шарипов М. А. корхонаро қонунӣ гардонд ва ба ӯ Шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк таҳти №60 аз 20.05.2008 с. дода шуд.
Корхона ҳангоми хусусигардонӣ валангор буду дару девор надошт, ҳудудаш чарогоҳи чорвои деҳа буд. Амборхонаҳояш аз таъсири заҳрхимикатҳо то андозае бӯйнок буданд, ки ворид шудан дохили онҳо ва ба ягон мақсад истифода шуданаш номумкин буд. Ба замми он, боми онҳо мавриди боронгарӣ мечакиданд. Дар ҳудуди корхона мавсими гармо бо сабаби бӯйнокӣ гаштан имконнопазир буд.
Мо, бародарон Файзуллоевҳо ҷавобан ба даъвати Шумо, Ҷаноби Олӣ, оид ба обод намудани Ватан ва бо мақсади барои фарзандони худ ва мардуми ба ҷойи кори эҳтиёҷманд заминаи иқтисодӣ муҳайё намудан, маблағҳои дар Федератсияи Россия даромад кардаи худро оварда, дар таъмиру сохтмонҳои ин корхона сарф намудем.
Барои амалӣ намудани иқдоми пешгирифтаи худ дар давоми 3 соли охир боми амборхонаҳоро дар масоҳати зиёда аз 10 ҳазор м2 аз болопӯши пӯсида ва мечакида тоза карда, ба ҷои он болопӯши тунукагии занг намезада васл намудем, фарши бӯйноки амборхонаҳоро ғафсиаш 15 см., масоҳаташ зиёда аз 6000 м2 тоза намуда, аз нав бетонфарш намудем, тирезаҳои амборхонаҳоро, масоҳаташ зиёда аз 800 м2 бо сетка васл намудем ва 40 дона дарвозаҳоро аз нав таъмир намудем. Ба ҷои бинои маъмурии фарсудашудаи корхона аз нав бинои сеқабата сохтем. Зиёда аз 2 гектар майдони корхонаро аз теппаи хоки баландиаш то 2,5 метр тоза намуда, сангфарш намудем, 515 метр пешайвони (навеси) оҳании масоҳаташ 6180 м2 сохтем, аз чуқурии 70 метр об бароварда, обамбор сохтем, деворҳои атрофи корхонаро бо баландии 2,5 метр ва дарозии зиёда аз 800 метр бо таҳкурсии бетонӣ ва сементблок аз нав сохтем, роҳи оҳани дохили корхона, дарозиаш 1800-метрро таъмир намуда, трансформатори нав васл намудем. Барои иҷрои ин корҳо дар маҷмуъ то соли 2015 зиёда аз 36 тонна трубаи оҳанӣ, 90 тонна профили оҳанӣ, 66 тонна “уголок”, 24 тонна тунука, 20 тонна арматура, 22 рулон сетка, 46 тонна семент, зиёда аз 70 ҳазор дона “сементблок” ва хишти пухта, зиёда аз 100 м3 чӯбу тахта ва бисёр дигар намуд масолеҳи сохтмонӣ масраф намудаем.
Хуллас, барои таъмиру тармими корхона ва пардохти андозҳо дар давоми 14 сол аз ҷониби се нафар харидор зиёда аз 15 млн сомонӣ сарф карда шудааст ва то ҳол касе фоида нагирифтааст. Баръакс, то ҳол азоби бозгашти 100 ҳазор кредити аз бонкҳо гирифтаро кашида истодаем. Дар натиҷа, корхонаи валангори аз ҳисоби заҳрхимикатҳо бӯйнокшуда, бе дару девор ба як корхонаи обод табдил ёфт ва дар оянда барои 300-500 нафар заминаи ҷойи корӣ муҳайё карда шуд (аксҳо ҳамчун далели ҳолати куҳна ва нави корхона мавҷуданд).
Дар шафати корхона қисми ҳарбӣ, баталёни қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар ҳудуди 22 га замин ҷойгир буда, амборхонаҳои зиёд дорад. Мо ба хотири ҳамсоягии нек ба ин қисми ҳарбӣ мунтазам кӯмаки бебозгашт мерасонидем ва дар муддати сипаришуда ба ин мақсад зиёда аз 70 ҳазор доллари ИМА сарф намудаем.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ёвари Президент, муҳтарам Шералӣ Хайруллоев дархост намудаанд, ки дар шафати қисми ҳарбӣ мавҷуд будани корхона барои қисми ҳарбӣ хатаровар аст ва дар ин маврид чораҷӯӣ карда шавад. Дар натиҷа, Прокуратураи генералӣ, дар симои Вазорати мудофиаи ҶТ ба Суди Олии иқтисодӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда, талаб намуд, ки санадҳои вобаста ба хусусигардонии корхона бекор карда шуда, корхона ба манфиати давлат баргардонида шавад. Дар ҳоле, ки прокуратура мутобиқи моддаи 51 Кодекси мурофиавии судии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мазкур ҳуқуқи овардани даъворо надорад. Вазорати мудофиа бошад, ба корхона ягон муносибати молу мулкӣ надорад ва дар симои ин Вазорат овардани даъво низ аз мантиқ дур аст.
Бо вуҷуди он, Суди Олии иқтисодӣ бо ҳалномаи худ аз 8.12.2015 сол санадҳои хусусигардонӣ ва шартномаҳои хариду фурӯши минбаъдаи корхона ва ҳатто шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулкро баъди 7 соли амалаш беэътибор дониста, тарафҳоро ба ҳолати аввала ва корхонаро ба манфиати давлат баргардонида, моро ба ҷабрдида табдил дод. Лекин барои чӣ бошад, ки корхонаро ба Кумитаи амвол не, балки ба Вазорати мудофиа супорид. Вазорати мудофиа дар навбати худ корхонаро ҳамчун ғанимати ҷангӣ ба ихтиёри худ гирифта, роҳи моро ба корхона баста, моро аз “ба ҳолати аввала баргардонидани корхона” маҳрум намуд. Ин амал дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба моликият ба ин корхона аз ҷониби суд бекор карда нашудааст ва то ҳол ҳукми амал дорад. Гӯё мо ҷиноят кардаему моликияти мо мусодира карда шуд.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Шубҳае нест, ки ҳангоми баррасии ин қазия дар натиҷаи фишороварӣ беадолатӣ зоҳир шудааст. Мо дар ҳайратем, ки барои чӣ муҳтарам Хайруллоев ҳангоми Вазири мудофиа буданашон 14 сол ин корхонаро, ки валангор буд, нодида гирифтанд? Баъди он, ки мо бо заҳмат ва харҷи зиёд онро обод намудем, мисли он ки ҳоҷатхонаро ба хонаи истиқоматӣ табдил додем, таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуданд. Агар ин корхона баъди обод шуданаш ба давлат ба ягон мақсаде зарур шуда бошад, хуб мешуд, ки дар чорчӯбаи қонун, бо роҳи ҷуброни хароҷоти соҳибмулк ва ё пешниҳоди корхонаи дигари баробарарзиш ҳал карда шавад, на бо роҳи дидаву дониста поймол намудан ва паст задани эътибори қонун дар ҷомеа.
Мутобиқи талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар хусусигардонии молу мулк” баъди гузаштани муҳлати даъво, ки баъд аз хусусигардонӣ як сол пешбинӣ шудааст, чунин масъалаҳо аз ҷониби суд аз нав баррасӣ карда намешаванд. Лекин суд баъд аз 7 сол чунин даъворо қонеъ намудааст.
Дар моддаи 12-и ҳамин қонун омадааст, ки давлат ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки молу мулки худро тибқи қонуни мазкур қонунӣ гардонидаанд, кафолат медиҳад.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Мо ба ҳамаи зинаҳо шикоят овардем, лекин бенатиҷа. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандонро кафолат медиҳад ва ягона умеди мо ба Шумо мебошад. Аз ин хотир, аз Шумо, Пешвои миллат, Президенти мамлакат ва роҳбари давлат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба хотири таъмини адолати судӣ ва обрӯи қонун дастур фармоед, ки адолати судӣ барқарор карда шавад ва ё маблағи масраф намудаи мо ҷуброн карда шавад. Дар ҳолати мушкил будани ҷуброни маблағ аз буҷаи давлат, хоҳиш менамоем, ки пешниҳоди корхонаи баробарарзиш ба ивази корхонаи мо баррасӣ карда шавад.

Бо эҳтиром, Ҳасанов М. Х., Шарифов М. А., Файзуллоев Ҷ. Ш. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here