Ба таваҷҷуҳи раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода
Ба таваҷҷуҳи раиси шаҳри Панҷакент, муҳтарам Ислом Зиёзода
Мазори Шариф яке аз деҳаҳои зебо бо муҳити ҷуғрофии хос дар водии Зарафшон мебошад. Дар ин деҳа оромгоҳи муҳаддиси бузург Хоҷа Муҳаммади Башшор маъруф ба “Муҳаммади Башоро” қарор дорад.
Мақбараи Муҳаммади Башоро ёдгории меъмории асрҳои XI-XIV мебошад, ки баъд аз мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро дуввумин мақбараи қадимӣ дар Осиёи Миёна аст. Ин мақбара аз чанд тараф ҷолиби диққат мебошад. Аз нигоҳи меъморӣ дар бунёди он аз санъати волои меъмории суннатии миллати тоҷик истифода шудааст, яъне мисли оромгоҳи Исмоили Сомонӣ дар сохтани ин мақбара ҳам шаклҳои гуногуни гузоштан ва чиндани хишт ва бо ин роҳ ба вуҷуд овардани ороиш ва зебоӣ дар мақбара ва ҳатто мустаҳкамӣ ва устувории бино шоистаи диққат ва ҳайрат аст. Аз нигоҳи кандакорӣ, хаттотӣ (бо хати кӯфӣ ва насх) ва ғайра ҳам ҷолиб аст.
Ҳамчунин, ин деҳа маконест, ки шоири пуровозаи адабиёти муосири тоҷик устод Лоиқ Шералӣ дар он ба дунё омада, даврони бачагӣ ва навҷавонии худро гузаронидаанд ва дар ашъори худ ҳамеша аз ин деҳа ва мардумаш ба некӣ ёд кардаанд.
Ба сӯи ҷангали Лайлӣ нигоҳам,
Ба кӯҳи Осиё бошад паноҳам.
Суҷуд орам ба Чилмеҳробат аз дур,
Ало, эй зодгоҳам, ёдгоҳам.
“Куҳи Осиё”, “Шахи Чилмеҳроб”, ҷангали “Лайлӣ”, оби гуворои шаршараи “Обшорон”, ки аз дараи “Гӯрдара” ҷорӣ мешавад, ба ин деҳа вежагии хос бахшидааст, ки метавонад боиси таваҷҷуҳи бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ гардад. Албатта, ҳоло ҳам ҳар сайёҳи хориҷӣ ё меҳмони дохилӣ, ки ба Панҷекат сафар мекунад, ҳатман аз ин деҳа дидан менамояд. Аммо чизе, ки гоҳе сабаби зиёдтар наомадани меҳмонҳо ва сайёҳон мешавад, яке ҳам роҳи вайрону абгори ин деҳа аст.
Роҳе, ки аз маркази ҷамоат ба ин деҳа мерасад (ба масофаи 8 километр, маркази ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ, деҳаи Ғӯсар), дар даврони шӯравӣ сохтаву мумфарш ва асфалт шуда буд, ки бо гузашти солҳо бар асари борону барфу офтоб хароб шудааст. Дар тӯли солҳои охир фақат гоҳе таъмири рӯякӣ мешавад, ки бо гузаштани як моҳу ду моҳ ё бо як бор боридани борон ва омадани сел боз дубора ба ҳолати аввала бармегардад. Аз ҷумла, сели зиёде, ки ду сол пеш омада буд, қисме аз роҳро ба пуррагӣ корношоям кард. Ваъдаи МИҲД-и ноҳия ин буд, ки ин роҳ дубора таъмир ва асфалт карда мешавад, аммо бо гузашти ду сол аз он дараке нест.
Ҳамчунин, боиси хушҳолист, ки соли 2017 муҷассамаи устод Лоиқ Шералӣ аз маркази шаҳр ба деҳа оварда шуд. Аммо аз миён ду сол сипарӣ шуда бошад ҳам, дар атрофи муҷассамаи устод гулгашт, ҷои нишаст ва таваққуфгоҳ дида намешавад.
Аз МИҲД-и вилояти Суғд ва шаҳри Панҷекат эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои таъмири асосӣ ва асфалт кардани роҳи мошингарди Мазори Шариф ёрии худро дареғ надоранд. Инчунин, гирду атрофи муҷассамаи устод Лоиқ Шералиро ба як гулгашти зебо ва диданӣ барои меҳмонон ва сайёҳон табдил намоянд. Умуман, барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ ва ба вуҷуд овардани шароити беҳтар барои ҷалби бештари сайёҳон ва меҳмонон ба ин деҳа таваҷҷуҳ намоянд, зеро ин макони зебо ва биҳиштӣ бо табиат ва обу ҳавои бемонанд, куҳҳои сарбафалаккашида, мақбараи Муҳаммад Башоро, осорхонаи устод Лоиқ Шералӣ ва ғайра ҳамаи имкониятҳоро дар заминаи сайёҳӣ доро мебошад.
Бо эҳтиром, сокинони деҳаи Мазори Шариф — Фаттоҳов Абдураззоқ, Раззоқов Мироншо, Эсанов Кокулҷон, Алиев Қудбиддин, Фаттоҳов Акрам, Раззоқов Қандиёр, Эсанов Наҷот