Дарди дил дораму ғам сӯхтааст ҷону танам,

Аз шумо лутфу ато, хайру сахо мехоҳам.

Ҷигарам реш зи бемории фарзанди азиз,

Эй Худо, аз карамат нуру сафо мехоҳам.

Азизон, дӯстон ва эй онҳое, ки дили дардошнову гӯши суханшунав доред. Имрӯз як дарди ҷонкоҳ, як ғами бепоён маро водор кард, ки хома ба даст бигираму умеди охирини дили садрешамро бо хуни ҷигар рӯи авроқи сафед бинависам.

Дарди ҷонкоҳ, чашмакони бо сад умеду илтиҷо ба сӯи ман нигарони фарзанди маризам на танҳо ҷисми ӯро, балки садҳо маротиба зиёд вуҷуди маро сӯхтаву хокистар мекунад. Бале, ҳар гоҳ ба чеҳраи маъсум, чашмони маъюси Билолҷонам менигарам, бовар кунед, садҳо маротиба мемираму боз ноилоҷ дар ин дунё мегардам.

Оҳ, чӣ қадар сангин, чӣ қадар ҷонхарош будааст дидани чеҳраи фарзанде, ки дарди ҷонкоҳ дораду ту бошӣ, барои давои он чорае надорӣ. Фикр мекунам, ҷойи он ки саҳнаи ҷонталошии фарзандро бубинӣ, худ бимирӣ, ки он бароят осонтар аст. Маънои ин суханони дардолуди маро, сӯзиши дили ғамнокамро танҳо онҳое дарк мекунанд, ки фарзанди мариз доранд ё фарзанд аз даст додаанд.

Билолҷони ман ҳамагӣ ду солу ду моҳ дорад ва як солу як моҳ мешавад, ки ба бемории диффузонии вируси мағзи сар гирифтор ва дар ҷойгаҳ хоб аст. Хеста гаштугузор карданаш бисёр мушкил, ҳатто аз ҷояш хеста наметавонад. Ман медонам, ки ин дардро агар дар ин синну соли хурдиаш табобат накунам, оҳиста-оҳиста вуҷуди ин азизи диламро фано хоҳад кард. Ин кӯдаки ман ҳанӯз аз нашъаи ҳаёт бӯйе набурда, пажмурда шуда истодааст. Охир, ӯ ҳам бо сад умед ба дунё омада, ки шаҳди зиндагӣ чашад…

Ман худам коргари оддӣ мебошам. Бо маблағҳои ночизи пулии пайдокардаам ҳам рӯзгори оилаамро, ки соҳиби ду фарзанди ноболиғ мебошам, саришта кардан ва ҳам фарзанди беморамро табобат намудан ғайриимкон буд. Ҳамаи он маблағҳое, ки бо ранҷу азоб ба даст меовардам, барои ҷарроҳии фарзанди азизам Билолҷон кифоягӣ намекард. Табибон ба ман фаҳмонданд, ки чунин ҷарроҳӣ кори басо хатарнок аст. Гуфтанд, ки амалиёти ҷарроҳии мағзи сари фарзанди ман дар Федератсияи Россия ё давлати Ҳиндустон бо муваффақият анҷом дода хоҳад шуд. Вале ҳазорон афсӯс, чандон маблағеро, ки дар ин роҳ бояд харҷ кунам, пайдо карда наметавонам.

Имрӯз ман худро дар як ҳолате тасаввур карда истодаам, ки гӯё дасту дилам аз дунё кандаву дар лаби як ғори бетаги ноумедӣ қарор дорам. Охир, пеши назарам симои кӯчаки писаракам, ки қадам ба қадам сӯи марг рафта истода, аммо дасти ман ба баргардонидани ӯ кӯтоҳӣ карда истодааст, ҳама вақт намудор аст. Инро дарк карда, имрӯзҳо мемираму боз зинда мешавам. Ҷисми рӯз ба рӯз харобу лоғаршудаистода ва ранги зарди фарзандамро дида, баъзан розӣ ҳастам, ки пештар аз ӯ бимираму чашмони маъюсу ба умеди ёрӣ сӯям нигарон ва ҷисми ранҷурашро набинам.

Худоё, раҳмро дар дили бандагонат ҷой намо, то шояд нафаре пайдо шаваду чун фариштаи наҷот маблағи амалиёти ҷарроҳии фарзанди ман — Билолро пардохт намояд ва азизи маро аз чанголи марг наҷот бахшад. Бо ин амали ҷавонмардона ӯ натанҳо фарзанди ман, дили ғамбемори ману аҳли оилаи маро, ки аз ҳолати фарзандамон шабу руз хун мехӯрем, аз панҷаи ғам раҳо хоҳад кард. Намедонам, агар мабодо аз сабаби ноилоҷиву дасти кӯтоҳи ман ба фарзандам ягон ҳодиса рух диҳад, чӣ тавр мезиста бошам…

Аз ин рӯ, нидои дардолуди маро шунида, шояд нафаре аз Шумо фариштаи наҷоти фарзандам мешавед. Шояд Худованд раҳмати худро тавассути Шумо ба сари ин кӯдаки навшукуфтаи умри ман равона мекунад.

Аз вартаи ноумедӣ наҷотам диҳед, эй одамони нек!

Шарифзода Фирӯзи Ғулом

Суроғаи мо: шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Чорсу, деҳаи Ғалчигӣ

Телефон: 908-08-28-49

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here