Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ яке аз маъруфтарин муассисаҳои миёнаи касбии тиббӣ ба ҳисоб рафта 25-уми

нояри соли 1963 таъсис ёфтааст ва дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи тибби вилояти Бадахшон саҳми арзанда дорад. Масоҳати умумии Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ наздик ба 1700 метри мураббаъ буда, бинои якошёнаи дуқабата дорад. Дар қабати аввали бино ҳуҷраҳои таълимӣ ва маъмурӣ, дар қабати дуввум ҳуҷраҳои таълимӣ ҷойгир шудаанд, ки аз 25 кабинети таълимӣ, 6 кабинети корӣ, як ҳуҷраи омӯзгорон, китобхона, бойгонӣ ва синфҳои компютерӣ иборат мебошад.

Бинои муассиса дар як баст барои 180 нафар донишҷуён пешбинӣ шуда, дар бино 12 аудитория ва як ҳуҷраи ёрии тиббӣ низ ҷойгир аст. Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғро аз соли 2015 то ба имрӯз Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурбеков Утаканбек Ҷангибекович роҳбарӣ мекунанд. Устод Темурбеков таҷрибаи бой дар соҳаи тиб дошта, аз соли 2003 то 2006 дар вазифаи ҷонишини сардори Раёсати тандурустии ВМКБ, аз соли 2006 то 2008  ҳамчун сардори Раёсати тандурустии ВМКБ ва аз солҳои 2009 то 2015 ба ҳайси сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон кору фаъолият намудааст.

 

Ихтисосҳо

Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ донишҷӯёнро аз рӯи  ихтисосҳои зерин ба таълим фаро гирифтааст: «Кори ҳамширагӣ», «Кори фармасевтӣ» ва

«Кори момодоя».

Дар доираи ихтисосҳои мазкур дар коллеҷ 363 нафар донишҷӯ ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ ба таҳсили рӯзона фаро гирифта шудаанд, ки 333 нафарашонро духтарон ва 30 нафари дигарро писарон ташкил медиҳад. Дар соли таҳсили 2018 — 2019 ба воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ 635 нафар довталаб ҳуҷҷат супорида, 98 нафар соҳиби унвони донишҷӯ шуданд ва 4 нафари дигар бо квотаи президентӣ қабул шуданд.

 

Кабинетҳои фаннӣ ва лабараторияҳо

Ҷараёни таълим ва барномаҳои таълимӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, дарсҳо дар кабинетҳои фаннӣ ва лабараторияҳои муҷаҳҳазгардонидашуда гузаронида мешаванд. Кабинетҳои фаннии муосир бо ашёҳои фаннӣ ва овезаҳои таълимӣ таъмин буда дар ҳама кабинетҳо шароит барои таҳсили донишҷӯён муҳаййё карда шудааст. Ҳамаи дарсҳои назариявию амалӣ аз тарафи устодони таҷрибадор гузаронида мешаванд. Ин имконият медиҳад, ки дараҷаи азхудкунии дарсҳо ба таври зарурӣ баланд бардошта шавад.

Дарсҳои таҷрибавӣ бошанд, асосан дар беморхонаҳо гузаронида мешаванд. Дар ҳар як шуъбаи беморхона барои гузаронидани дарсҳои таҷрибавӣ синфхонаҳои алоҳида ҷудо карда шуда, бо плакатҳо ва асбобҳои аёнӣ, аз ҷумла бо муляжҳо таҷҳизонида шудаанд. Дар беморхона донишҷӯён бевосита бо беморон кор карда, дараҷаи тахассуси худро боло мебардоранд.

Коллеҷ инчунин дорои синфхонаҳои компютерӣ мебошад, ки бо 11адад компютер муҷаҳҳаз гардонида шуда, аз соли 2017 ба шабакаи интернет пайваст карда шудааст. Коллеҷ инчунин дорои якчанд адад принтер,  проектор ва ғайра мебошад, ки дар рафти дарс донишҷӯён аз онҳо фаъолона истифода мебаранд.

 

Кадрҳои омӯзгорӣ

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ 35 нафар устодони соҳибтаҷриба ба донишҷӯён дарс медиҳанд, ки аз онҳо 10 нафар омӯзгори асосӣ ва 25 нафар омӯзгорони соатбаъй мебошанд. Миёни онҳо 1 нафар доктори илм (phd), як нафар ходими хурди илмӣ ва як нафар Аълочии маориф аст. Дар соли 2017 7 нафар омӯзгорон аз курси такмили ихтисос гузаштанд.

Саъйу кӯшиши устодони коллеҷ аст, ки сатҳи сифату таълим дар муассиса баланд буда, барои омода намудани мутахассиони варзида шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

 

Китобхона

Китобхонаи коллеҷ соли 1963 таъсис шуда, майдони умумии китобхона 42 метри мурабаъро ташкил медиҳад. Фонди китобхона 3200 нусха китобро ташкил медиҳад, ки аз онҳо китобҳои тахассусӣ 2500 адад, умуми таълимӣ 200, бадеӣ 33, методӣ 150, сиёсӣ 50 адад мебошад. Аксари донишҷӯён ва устодон аъзои китобхона буда, аз хизматрасонии он фаъолона истифода мебаранд.

 

Иштирок дар олимпиадаҳо

Донишҷуёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ дар аксар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешаванд. Дар соли таҳсили 2017 яке аз донишҷӯён Мамадова Зубайда барои иштироки фаъолона дар чунин олимпиада сазовори ифтихорнома гардид. Донишҷӯйдухтарон Бошхӯҷаева Шамима ва Назархӯҷаева Судоба дар мусобиқа аз намуди варзиши волейбол иштирок намуда, сазовори дипломи варзишӣ гардиданд.

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ба бепарасторон ва камбизоатҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, маъмурияти муассиса ҳаматарафа онҳоро дастгирӣ намуда, бо идрорпулӣ ва ёрии иловагӣ таъмин менамояд.

Аз соли 2017 қабул ба коллеҷ ба воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар соли 2018 134 нафар донишҷӯён коллеҷро хатм намуданд, ки аз онҳо 20 нафар писар ва 114 нафар духтар мебошанд. 70 дарсади хатмкунандагони коллеҷ дар муассисаҳои тиббӣ бо кор таъмин шудаанд.

Маъмурияти Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ба онҳое, ки дар оянда нияти дар коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ таҳсил кардан доранд, тавсия медиҳанд, ки барои дохилшавӣ ба коллеҷ омодагии хуб гиранд, чунки касби интихобкардаи онҳо масъулияти калонро талаб мекунад. Саломатии инсон дар дасти онҳо аст. Талабот ба коллеҷи мазкур зиёд аст ва танҳо дониши хуб имконият медиҳад, ки довталаб сазовори унвони донишҷӯ шавад ва чун мутахассиси хуб коллеҷро хатм намуда, ба халқу ватани худ хизмат кунад.

Бо оғози соли таҳсили 2019-2020, яъне дар арафаи 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои наву замонавии коллеҷ ба истифода дода хоҳад шуд, ки аз синфхонаҳои алоҳида, хобгоҳ бо 70 ҷои истиқомат иборат хоҳад буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here