Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбон ва бозорҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар шумораи зиёди нафаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки даст ба талбандагӣ мезананд. Аксари афроде, ки дар кӯчаву бозорҳои шаҳри Бохтар талбандагӣ мекунанд, синнашон аз 60-сола боло буда, байни онҳо кӯдакони ноболиғ ва занони миёнасолро низ вохӯрдан мумкин аст. Барои фаҳмидан, ки онҳоро чӣ маҷбур кардааст, то ба ин кор машғул шаванд, рӯзи 5-уми октябри соли ҷорӣ бо чанде аз онҳо суҳбат кардем.
Зимни суҳбат бо беш аз 10 нафар талбандаҳо, маълум гашт, ки онҳоро тангии рӯзгор, нигоҳубин нашудан аз ҷониби фарзандон, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтану барнагаштани шавҳарон, бекасиву маъюбӣ водор кардааст, ки дар кӯчаю хиёбонҳо нишаста, аз мардум кумак талаб мекунанд.
Тоҷинисо Содиқова — зодаи ноҳияи Қубодиён, ки ӯро дар назди бозори “Фаровон” вохӯрдем, гуфт се фарзанд дорад, фарзанди калониаш писар асту дар як садамаи нақлиётӣ маҷруҳ шудааст ва худаш низ маъюб асту танҳо 120 сомонӣ нафақа мегирад, ки ба ҳеҷ чиз намерасад.
— Барои нигоҳубини фарзандонам ва барои харидории дору, лавозимоти мактабӣ, китобу қалам ва хӯрокашон ҳар рӯз ба кӯча баромадаву аз мардум кумак талаб мекунам,- гуфт ӯ ва афзуд, ки ба ҷуз талбандагӣ дигар чорае надорад.
Ин зани солдида ашки чашмонашро пок карда, мегӯяд: «Рӯзе то 20 сомонӣ ҷамъ мекунам, мутаассифона, рӯзе мешавад, ки як сомонӣ ҳам пайдо намекунам. Мисли ман чунин касоне, ки ба кумаки мардум ниёз доранд, имрӯзҳо хеле зиёданд».
Малика — сокини дигар аз шаҳри Бохтар гуфт, ки шавҳараш ба Русия рафта, дигар барнагашта ва ӯ бо ду фарзандаш, ки яке мактабхон аст, танҳо мондаанд: “Фарзанди калониам дар мактаби №12-и шаҳри Бохтар таҳсил мекунд. Ӯро маҷбур кардаанд, ки «пули китобҳоятро биёр» ва ман барои додани пули китоби фарзандам ва таъмини зиндагӣ ба кӯча баромада, талбандагӣ мекунам. Худам маъюбаму дар аробачаи маъюбӣ нишастаам».
Зани дигар, ки нахост номаш зикр шавад, илова кард: «Фарзанд дорам, аммо духтар асту маро нигоҳубин карда наметавонад. Аз ин рӯ, зиндагӣ маҷбурам кард, ки даст ба талбандагӣ занам. Касе кумак намекунад. Шукр, ки хона дорам. Дар рӯзаш 20-30 сомонӣ ёфтаву зиндагиамро пеш мебарам».
Чанде пеш як дӯстам низ қисса кард: «Субҳи сарду боронӣ барои расидан ба коргоҳ тез-тез қадам мезадам ва дастонамро ба ҳам мефишурдам, то таъсири шамоли сард кам гардад. Назарам ба пиразани сари роҳ нишаста афтод, ки дар ин боронӣ бо сари хамида ва рӯйи бо як тарафи рӯймол печида менишаст. Дастонаш аз лиҳози сардӣ меларзид ва ҳам қатраҳои борон тараш карда буд. Беихтиёр наздаш рафтам. Нороҳат буд, аз оне, ки даст сӯйи роҳгузарон дароз мекунад. Рафтани ман низ ба наздаш шояд нороҳаташ кард, ки рӯймолро амиқтар ба рӯяш кашид. Наздаш истодам ва гуфтаниҳову суолҳои зиёд дар сарам чарх мезад, аммо хомӯш мондам, то нороҳаттараш насозам. Маълум буд, ки модари тоҷик аст ва онҷо нишастан барояш хеле ногувор аст. Ногаҳ сарашро боло бардошту гуфт:
— Гуфтание дорӣ?
Ба чашмонаш нигоҳ кардам, маъюсу ғамангез буд. Гуфтам, ки «ҳаво сард аст ва ҳам боронӣ, бемор мешавед». Даъвати нишастан ба курсиҳои рӯ ба рӯ истода кардам, ки болояшон пӯшида буду аз тар шудан нигоҳ медошт, аммо рад карду гуфт:
— Инҷо аз ноилоҷӣ нишастаам, чун дар хонаи се фарзандам ҷо нашудам. Онҳо бо норозигиву баҳсҳои тӯлонӣ мудате дар хонаашон роҳам медоданд ва яке аз дигаре хоҳиши гирифтани маро мекард ва мегуфт, ки «дар хонаи ман зиёд истод». Ҳеҷ яке шод набуд аз будани ман. Инро тоб наовардам ва худро дур гирифтам аз онҳо. Чанд ҳафта мешавад, ки шабамро дар хонаи ҳамсояҳои пешинам рӯз мекунам ва сари роҳ менишинам.
Гиря гулӯгираш кард, оҳе кашиду ашк рехт ва идома дод:
— Онҳоро бе падар калон кардам ва хонаи худро ба писари хурдӣ додам, фикр кардам дар пирӣ нигаҳбонам мешавад. Аммо…
Боз оҳе кашиду ашкашро пок карда, «Худо инсоф ва меҳри онҳоро зиёд кунад, то суроғам биёянду дар кӯча намирам» гуфа, нигоҳашро ба дуриҳо бурд.
Ӯ онҳоро интизор буд. Баъди ин хомӯш монд, бо нигоҳ хайр гуфту рафт. Намедонам куҷо рафт. Ҷуръати нигоҳ доштану чизе пурсиданро накардам. Ҳатто номашро нагуфт ва ман ҳам напурсидам. Ӯ рафт ва ман то ба коргоҳ расидан фикр мекардам сари меҳр, масъулият, маърифат ва инсонии фарзандҳо. Аз сардии ҳаво ё сардии шунидаҳоям буд, ки вуҷудам сард шуду ларза дошт. Дар хаёл ситеза кардам ба он фарзандҳои ноқобил, лек умеди он модар, ки инсофу меҳр мехост ба фарзандҳояш, ёдам омад ва омин гуфта, ман низ хомӯш мондам.
Ҳар як нафар дар айёми пиронсолӣ зиндагии зеборо орзу мекунад ва мехоҳад дар ин айём аз тарафи наздикону пайвандоне, ки онҳоро бо ранҷу машаққатҳои зиёд ба воя расонидаанд, нигоҳубин шаваду ҳамроҳи пайвандон якҷоя умр ба сар баранд. Боиси таассуф аст, ки баъзеҳо азизони хешро хору зор намуда, аз нигоҳубини онҳо даст мекашанд. Магар виҷдон чунин нафаронро азоб намедиҳад, ки нигоҳубини наздикони хешро ба дӯши дигарон бор намуда, худ озодона зиндагӣ менамоянд? Ҳамагон медонем, ки фурсати умр мисли ашки рӯи миҷгон аст ва ҳар лаҳзаи онро ғанимат бояд донисту ҳамроҳи падару модари худ ва пайвандон бояд онро гузаронид.