Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвари азизамон ба зиндагии занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, онҳо дар баробари мардон дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд. Дар радифи дигар минтақаҳо, теъдоди занони фаъоли ноҳияи Спитамен низ рӯз то рӯз афзуда истодааст. Фаъолзанҳои ноҳияи Спитамен якҷоя бо раисони маҳаллаҳо барои пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, бахусус сӯиқасд ба ҷони худ, пошхӯрии оилаҳо, либоси бегона, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои номатлуб саҳми назаррас гузошта истодаанд.

 Фаъолияти дурусти бахшҳо

Муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ мегӯяд, ки “хушбахтона, дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан торафт баланд гардида истодааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт як қатор стратегияҳова барномаҳо қабул намудааст, ки дар ноҳия баҳри иҷрои стратегияву барномаҳои қабулшуда корҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки дар ноҳия занони фаъолу барӯманд, ки дар рушду нумуи кишвар саҳмгузорнд, хеле зиёд мебошанд. Айни ҳол 8 нафар вакилони ноҳиявӣ аз ҳисоби занон буда, як нафар муовини раиси ноҳия, 4 нафар мудирони бахшҳо, як нафар мудири шуъба, як нафар раиси ҷамоат, як нафар муовини раиси ҷамоат, 5 нафар котибони раисони ҷамоатҳои деҳот ва дар муассисаҳои соҳаи маориф қариб 80 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда занҳо мебошанд. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ низ бонувон бо азму иродаи қавӣ кору фаъолият мебаранд, ки наздик ба 40 фоизи раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон мебошанд. Ҳамчунин, дар даврони Истиқлолити давлатӣ 3 нафар бонувони кордону ботаҷриба роҳбарии ноҳияро бар уҳда доштанд, ки онҳо Юлдошова Соҳиба, Узоқова Зулфия Анваровна, Ҷамолова Раҳбарой мебошанд”.

— Зикр намудан бамаврид аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷистон дар 3 навбат аз ноҳия занон интихоб гардидаанд, ки боиси ифтихори занону ҷавондухтарон мебошад. Айни ҳол 4 нафар гирандагони Стипендияи Президентӣ аз ҳисоби духтарон мебошанд, ки ин хонандагон ҳам бо дониши хуб ва ҳам бо одоби намувӣ байни ҳамсолон обрӯи хоса доранд. Фаъолияти мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия дар якҷоягӣ бо бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ низ назаррас буда, баҳри пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва хушунату зӯроварӣ дар якҷоягӣ бо раисони шӯрои занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ мондаанд,- афзуд Д. Раҳимӣ.

Тасмимҳо барои тарбияи духтарон

Ба иттилои бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, моҳи январи соли 2019 дар ҳар як ҷамоати шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҷамъомадҳои фаъолзанон гузаронида шуд. Дар онҳо раисони Шӯрои занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба фаъолияти Шӯро барои соли 2018 ҳисобот доданд. Ҳамзамон, нақшаи корӣ ва вазифагузории фаъолияти минбаъдаи онҳо тасдиқ карда шуд. Дар маҷлис оид ба сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ноҳия давоми соли 2018, пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла ҷудошавии оилаҳо, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, ҷинояткорӣ аз ҷониби занон, паҳншавии мазҳабҳои ғайр, ақидаҳои динии экстремистӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханрониҳо шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия клубҳои падарону модарон таҳти унвони «Фарзанди нек — орзую умеди нек» бо мақсади тайёр намудани ҷавонон барои барпо намудани оила, омӯхтани муомила ва муошират, тайёр намудани духтарон ба корҳои хонагӣ, ҳис намудани масъулияти оиладорӣ ва ватандӯстӣ ташкил карда шудааст. Дар клубҳо 49 нафар аъзои доимамалкунанда аз ҷониби собиқадорон, оилаҳои намунавӣ ва занҳои барӯманд интихоб шуда, фаъолият бурда истодаанд.

Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия иттилоъ медиҳад, ки дар ҷамоати шаҳраки Навкат, ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев, ҷамоати деҳоти Куруш, ҷамоати деҳоти Тағояк, ҷамоати деҳоти Истиқлол, ҷамоати деҳоти Сарбанд ва ҷамоати деҳоти Хуррамзамин вохӯриҳо бо занони хонашин оид ба иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» бо иштироки навхонадорон, раисони маҳаллаҳо, бибиотунҳо, фаъолзанҳо, имомхатибон баргузор гардидааст. Дар вохӯриҳо мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Н. Ашӯрова, раисони Шӯрои занони ҷамоатҳо, бибиотунҳо, раисони маҳаллаҳо ва фаъолзанҳо суханронӣ намудаанд.

Шӯрои муросо барои муросои оилаҳо

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Ашӯрова Нилуфар мегӯяд, ки “якҷоя бо собиқадорони меҳнат, фаъолзанон Шӯрои муросо ташкил кардем. Дар як моҳ як маротиба бо оилаҳое, ки барои ҷудошавӣ муроҷиат мекунанд, суҳбат мегузаронем. Пеш аз ҳама, мо кӯшиш менамоем, ки ҳарду ҷонибро ба муросо орем. Ҳуқуқшиноси мо Расулова Муҳарам ба занони ноҳия ёрии ҳуқуқӣ мерасонад. Яке аз бонувони фаъоли ноҳияи моДилрабо Раҳимӣ — муовини раиси шаҳр мебошанд, ки новобаста ба ҷавониашон,бонуи бисёр кордонанд. Раиси ҷамоати шаҳраки Навкат Убайдуллозода Муаттара яке аз бонуҳои дигари фаъоли ноҳия мебошанд. Инчунин, мудири САҲШ-и ноҳия Ҳакимова Гулбаҳор ва мудирони кӯдакистонҳо низ бо бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия робитаи кории зич доранд”.

— Занони мо хеле фаъолона дар озмунҳои вилоятӣ иштирок менамоянд. Яке аз бонуҳои фаъоли ноҳияи мо — Юлдошова Мафтунахон дар озмуни вилоятии “Хӯришҳои миллӣ”бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ғолиб омад. Аз ҷамоати деҳоти Куруш дар озмуни “Кадбонуи беҳтарин” Нуралиева Раъно иштирок намуда, ҷойи сеюмро ишғол намуда, аз ҷониби раиси вилоят бо 800 сомонӣ мукофотонида шуд. Гирандагони гранти раиси вилоят аз ноҳияи мо се нафар занон шуданд. Бонуи ҳунарманди сӯзанидӯзу қуроқдӯз Бобоева Рисолат аз деҳаи Куруш, инчунин Нарзулаева Равшаной 5 ҳазор сомониро ба даст оварданд. Нонпаз Худойбердиева Дилрабо 8 ҳазор сомонӣ гирифт,- афзуд ӯ.

Занони роҳбарикунандаи ноҳия

Баҳри иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба корҳои роҳбарикунанда дуруст ба роҳ монда шуда, сафи занони роҳбарикунанда рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Имрӯз аз 45 нафар кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 11 нафар аз ҳисоби занон, аз 35 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 8 нафарашон занҳо мебошанд. Дар ноҳия аз ҳисоби занон 1 нафар муовини раиси ноҳия, 2 нафар мудирони шуъба, 1 нафар мудирони бахшҳо, 1 нафар раиси ҷамоат, 1 нафар муовини раиси ҷамоат, 4 нафар роҳбарони корхонаҳо, 12 нафар директорони мактабҳо, 10 нафар мудирони кӯдакистонҳо ва 25 нафар раисони хоҷагиҳо фаъолият бурда истодаанд. Дар айни ҳол, ҳамчун кадри захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 6 нафар занон ҳастанд. Дар соҳаи маориф аз 1700 нафар омӯзгорон 1245 нафарашон занон мебошанд. Дар соҳаи тандурустӣ бошад, 445 нафар занон фаъолият доранд. 14 нафар бонувони ноҳия дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 79 нафар занон дар соҳаи фарҳанг, 875 нафар занони соҳибкор, дар бонки «Арванд» 2 нафар, бонки «Имон Интернешнл» 6 нафар, дар «Амонатбонк» 2 нафар, дар кумитаи замин ва идораи КДФБТ 6 нафар занону духтарон фаъолият бурда истодаанд.

Ахмедова Махфират — мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Спитамен зикр намуд, ки дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

— Ман аз мудири шуъбаи умумӣ сар карда, дар соҳаи идеология ҳамчун муовин шуда кор кардам. Дар мақомот мудири бахши танзим шуда корбарӣ намудам. Муовини раиси ҷамоати шаҳраки Навкат шуда фаъолият кардам. Қаблан ман сармутахассиси Қонуни забон шуда кор мекардам. Бо ташкилотҳову мақомот ҳамкорӣ намуда, ҳама ҳуҷҷатгузориро бо забони давлатӣ ба роҳ мондем. Бо дастгирии роҳбарият кори худро пеш бурда истодаам,- афзуд ӯ.

Маҷнунова Каромат — фаъолзани ноҳияи Спитамен, ки 47 сол ба ҳайси роҳбарикунанда, ҳамчун раиси бонувони ноҳия, раиси ҷамоат, мудири бахши танзими аъана ва ҷашну маросимҳо, раиси бахши ҲХТД, раиси хоҷагии деҳқонӣ фаъолият кардааст, зикр намуданд, ки “тӯли фаъолияти роҳбариам, ҳамеша дар зери назари роҳбарияту миллати худ будам. Дар хоҷагии деҳқонӣ дар саҳроҳо шабу рӯз меҳнат кардам. Ҳамаи ин меҳнатҳои маро Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар гирифта, бо квотаи Президенти кишварамон ман хонаи худоро зиёрат карда омадам. Миннатдории худамро пеш аз ҳама ба раисҷумҳур мерасонам, ки ҳамеша мо — занони фаъолро дастгирӣ менамоянд. Бештар ман бо мардум кор мекунам. Занон бояд ҳунар омӯзанд. Ман келин ва духтарамро намегузорам, ки бекор бошанд. Кӯшиш мекунам, ки дӯзандагӣ, пухтупазро омӯзанд. Занон набояд дасти писарва ё шавҳарашонро нигоҳ кунанд”.

Чорабиниҳои муҳташам

Иди Сада дар ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Аз ҷумла, санаи 26-уми январи соли ҷорӣ бо ҷалби ҳунармандону ниҳолпарварон, косибон ва пазандагон дар майдони назди «Ёдгорӣ барои Шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Инчунин, бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия якҷоя бо ҷамоати шаҳраки Навкат, ҷамоатҳои деҳоти Куруш ва Сарбанд дар чорабинии вилоятии идонаи таҷлили Иди Сада, ки санаи 27-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иштирок намуданд. Он бо роҳбарии мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Ашӯрова Н. дар сатҳи баланд ташкил карда шуд. Дар чорабинӣ ба ҳар як ноҳия хайма ҷудо карда шуд. Ҷамоатҳои ноҳияи Спитамен хаймаи худро бо сӯзаниҳо, юрмаҳо, қуроқҳо, кордҳо ва дигар маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва ҳаргуна таомҳои миллӣ ороиш доданд. Кишоварзон ва саноатчиён низ намунаи маҳсулоти истеҳсолшударо намоиш дода, аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сазовори баҳои баланд шуданд ва бо Сипосномаи раиси вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.

Бо мақсади муаррифии сарулибоси миллӣ, ороишу парвариши мӯй, тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, намоиши гесӯи дароз, суруду рақс, таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳёи эҷодиёти даҳонии халқ, бахшида ба «Солҳои 2019-2021 — солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» санаи 31-уми январи соли 2019 дар ноҳия Фестивал — озмуни ноҳиявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба «Рӯзи Модар» барои занон ва духтарон маҳфилу нишастҳои идона гузаронида шуд. Аз ҷумла, тибқи нақша корхонаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, таъмири биноҳои истироҳатӣ, ҷамъиятӣ, роҳҳо, кабудизоркунию чароғонкунӣ ҷалб карда шуданд. Бахшида ба “Рӯзи Модар” шиору хитобаҳо ташкил гардида, кӯчаву хиёбонҳои ноҳия ороиш дода шуданд. Дар ҳафтавори «Паёми Спитамен» оид ба нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, иштироки бонувон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, пешрафти хоҷагии халқ барнома ва маводҳои ҷолиби диққат нашр гардиданд. Дар воҳидҳои сохторӣ, корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ барои занон ва духтарон маҳфилу нишастҳои идона ташкил ва гузаронида шуд.

Санаи 7-уми марти соли 2019 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар тарабхонаи «Навбаҳор»-и ҷамоати деҳоти Сарбанд дастурхони идона ташкил карда шуд. Дар он 150 нафар занҳои фаъол, оилаҳои беҳтарин, пешқадамони соҳаи кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг иштирок намуданд. Сараввал раиси ноҳия муҳтарам Сулаймонзода А. Р. ҳамаи бонувонро бо «Рӯзи Модар» муборакбод намуд. Ҳамзамон, дар чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилнишини худ таъби аҳли нишастро болида намуданд.

Баҳри иҷрои қарори раиси ноҳия аз 14-уми феврали соли 2019 таҳти №107 «Дар бораи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз — 2019» бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия нақшаи алоҳида тартиб дод. Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, ҷалби занони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ, эҳёи таомҳои миллӣ, рушди анъанаҳо, гиромидошти ҳайсияту эътибори зан дар хонавода ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, бахшида ба «Солҳои 2019-2021 — солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» санаи 11-уми апрели соли 2019 дар тарабхонаи «Тоҷикистон»-и вилояти Суғд озмуни вилоятии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар озмуни вилоятии «Кадбонуи беҳтарин» аз 3 ҷамоати ноҳия 4 нафар — аз ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев Собирова Шафоат, аз ҷамоати деҳоти Тағояк Шарипова Робия, аз ҷамоати деҳоти Куруш Норматова Сарвиноз ва Норалиева Рано иштирок намуданд. Аз рӯи шарти «Ороиши дастархон ва доштани малакаи дурусти истифода ва гузоштани зарф ва ашёҳои болои миз» ҷойи сеюмро аз ҷамоати деҳоти Куруш Норалиева Рано ишғол намуда, аз тарафи раиси вилояти Суғд бо мукофотпулӣ ба миқдори 800 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

Бахшида ба «Солҳои 2019-2021 — солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» санаи 25-уми апрели соли 2019 дар Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Куруши ноҳия Фестивал-озмуни ноҳиявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар ин фестивал аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳотва кӯдакистонҳои ноҳия зиёда аз 60 нафар иштирок намуданд.

Санаи 14-уми майи соли 2019 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар Театри ба номи Ш. Бурҳонов маҳфил таҳти унвони «Оилаи солим — ҷомеаи солим» гузаронида шуд, ки дар он муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ ширкат варзида, аҳли нишастро бо Рӯзи байналмилалии оила табрик намуданд.

Инчунин, бахшида ба “Солҳои 2019-2021 — солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми” Фестивали ноҳиявии «Атласу адрас» ташкил ва гузаронида шуд. Фестивал дар ду давр баргузор гардида, давраи аввал дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, даври дуюм дар толори “Қасри фарҳанг”-и ноҳия гузаронида шуд.

Санаи 24-уми сентябри соли 2019 дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд Фестивали вилоятии «Ҷилваи рангҳо» дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид. Дар он муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар Фестивал-озмуни вилоятии «Ҷилваи рангҳо» аз ноҳияи Спитамен тарроҳ ва мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен Абдурасулова Дилобар иштирок намуда, аз шарти беҳтарин либосҳои рӯзмарраи духтарону бонувон ва модарон ҷои сеюмро ишғол намуда, аз тарафи раиси вилоят бо Диплом ва 500 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд.

Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри иҷрои“Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» якчанд корҳоро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, баҳри таъмини иҷрои Қонуни мазкур дар назди бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия комиссияи доимамалкунанда ва гуруҳи корӣ аз ҷониби фаъолзанони ноҳия, собиқадорони меҳнат, оилаҳои намунавӣ ва бибиотунҳо таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст. Инчунин, баҳри иҷрои банди 3 ва банди 11-и нақшаи чорабинӣ оид ба ташкил намудани вохӯрӣ бо ҷавонон дар мавзӯи “Таълим ва тарбияи насли наврас бо ҳисси баланди ватандорӣ, қадршиносӣ, ташаккул ва мустаҳкам намудани тамоюли мусбати арзишҳо” ва андешидани тадбирҳои иловагӣ барои пешгирии кирдорҳои номатлуб аз ҷониби ҷавонону занон, бахусус насли наврас ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, баланд бардоштани масъулияти омӯзгор, падару модар, махсусан хизматчиёну мансабдорони давлатӣ ва соҳибкорон барои рафторҳои ношоиста ва қонунвайронкунӣ аз тарафи фарзандонашон дар соли ҷорӣ дар ҳар як ҷамоати шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҷамъомадҳо бо ҷавонон ва фаъолзанон гузаронида шудааст. Дар вохӯриҳо раисони кумитаи маҳаллаҳо, вакилони халқ, мутасаддиёни ҷамоат, фаъолон ва сокинони деҳа иштирок намудаанд.

Дар давоми нуҳмоҳаи соли 2019-ум 6 маротиба «Шӯрои муросо» дар назди бахши кор бо занон ва оила гузаронида шудааст. Дар он аризаи 25 оилаҳо, ки оид ба баҳси оилавӣ муроҷиат карда будаанд, дида баромада шудааст. Аз 15 оила 10 оила ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия, 1 оила ба суди ноҳия муроҷиат кардаанд ва муаммои 4 оила ҳаллу фасли худро ёфтааст.

Дар давоми нуҳмоҳаи соли 2019 дар миқёси ноҳия 163 адад оила ҷудо шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 18 адад кам мебошад.

Юсупова Башорат — узви “Шӯрои муросо” мегӯяд, ки қариб 7 сол боз дар шӯрои мазкур фаъолият карда истодааст: “Шӯрои муросо”-и мо аз 6 нафар занони фаъол иборат буда, пеш аз аз ҳама кӯшиш менамоем, ки оилаҳоро ба муросо орем. Мо дар ҷамоатҳо гашта, бо оилаҳои навхонадор, ки ҳамагӣ 4 моҳ зиндагӣ кардаанду муносибати ҳарду ҷониб сард шудааст, бо ҳарду ҷониб вохӯрӣ намуда, маслиҳат медиҳем, ки аз ҳамдигар ҷудо нашаванд. Дар байни ҷавонон калимаи “талоқ” мӯд шудааст. Онҳо ҳатто маънои ин калимаро низ дарк карда наметавонанд.

170 оиларо ба қайд гирифтаем, ки ин нишондиҳанда моро ба ташвиш меорад. Мо — намояндагони “Шӯрои муросо” ҳар ҳафта ин оилаҳоро хабар мегирем. Бо ҳарду ҷониб суҳбатҳои инфиродӣ мегузаронем. Кӯшиш намуда истодаем, ки теъдоди пошхӯрии оилаҳо дар ноҳияи мо кам шавад. Тарбия пеш аз ҳама аз оила сар мешавад. Модарон бояд бисёртар ба тарбияи духтарон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Ҳатто зиндагӣ маҷбур месозад, ки фарзандони худашонро ба ҳамсоя монда, барои пеш бурдани зиндагӣ ба муҳоҷират ба Русия мераванд. Мо онҳоро нарав гуфта наметавонем. Дар тарбияи фарзанд падарон иштирок намекунанд. Тариқи телефон фарзандро тарбия карда намешавад. Набудани падару модар дар тарбияи фарзанд зарбаи калон ва боиси пошхӯрии оилаҳо мегардад”.

Муроҷиати шаҳрвандон

Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия дар давоми нуҳмоҳаи соли 2019 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро сармашқи кори худ намуда, баҳри ҳаллу фасли муроҷиатҳои шаҳрвандон, дастгирии шахсони камбизоат ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон корҳои муайянро ба сомон расонидааст. Дар давоми нуҳмоҳаи соли 2019 ба бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия 123 муроҷиати шифоҳӣ ва 25 аризаи хаттӣ ирсол гашта, мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд, ки аз ин шумора оид ба ҷанҷоли оилавӣ 99 нафар, бо ҷои кор таъмин намудан — 10 нафар, барои гирифтани табобат 2 нафар, барои ёрии моддӣ 5 нафар, барои гирифтани гранти вилоятӣ 7 нафар мебошанд.

Яке аз корҳои назаррас дар самти татбиқи барномаҳои давлатӣ тақвият бахшидан ба кори маркази иттилоотию машваратии назди бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, ба роҳ мондани қабул аз ҷониби ҳуқуқшиноси марказ мебошад, ки дар натиҷа дар давраи таҳлилӣ арзу шикоятҳои 63 нафар шаҳрвандон ҳаллу фасл гардида, маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон дода шудааст.

Дар давоми нуҳмоҳаи соли 2019-ум 10 нафар ҳунармандзанон соҳиби гранти раиси ноҳия гаштаанд.

Масъулини бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия изҳор медоранд, ки ният доранд дар оянда низ тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, фаъолияти минбаъдаи худро ҷоннок намоянд.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here