Ё чаро бо иваз шудани панҷ раиси шаҳр ва чаҳор раиси вилоят бинои МИҲД бунёд нашуд?

Дар шаҳри Левакант ҳанӯз соли 2004 дар масоҳати як гектар замин сохтмони бинои МИҲД-и шаҳр оғоз гардидаву бо гузашти беш аз 16 сол ба ҷуз таҳкурсиаш аз идомаи сохтмон дараке нест. Ва воқеан, ҳоло дохили он пур аз партов аст!

Бо 18 млн насохтанд, бо 22 млн месозанд?

Мансур Юсуфов — мудири шуъбаи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант гуфт, ки сохтмони бинои иловагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иқдоми мақомоти шаҳр соли 2004-ум дар вақти собиқ раиси шаҳр Ҳалқамо Тӯрахонова дар масоҳати бештар аз як гектар замин оғоз гардида буд. “Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар”-и шаҳри Душанбе пурра таҳия гашта, аз ташхиси лоиҳавӣ гузаштааст”,- қайд кард номбурда ва афзуд, ки худи ҳамон сол санги асоси ин биноро раиси вақти вилоят Амиршо Миралиев ва намояндаи Созмони Милали Муттаҳид гузошта буданд.

Баъдан, бинобар сабаби арзиши баланд, яъне 18 миллион сомонӣ хароҷот доштани иншоот, ба қавли ин манбаъ, шаҳрдорӣ бунёди онро ба Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон вогузор кард.

— Дар ин майдон аз соли 2004-ум то 2016 ягон сохтмон нашуд. Танҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр соли 2016 бо харҷи 216 ҳазор сомонӣ баъзе корҳо иҷро шуд. Худи ҳамон сол Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон 500 ҳазор сомонӣ ихтисос дод. Дар маҷмуъ бо 716 ҳазор сомонӣ фақат таҳкурсии бино бунёд шуду халос. Аз он сол то ҳол дигар аз ягон ҳисоб сохтмони мазкур маблағгузорӣ нашуд,- бо таассуф афзуд Мансур Юсуфов.

Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар посух ба муроҷиатҳои чандинкаратаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба тақдири минбаъдаи бино набудани маблағро баҳона кардааст. Аммо мушкил ин ҷост, ки агар, тибқи ҳисобҳо, бинои мазкур он вақт бо харҷи 18 миллион сомонӣ сохта мешуд, ҳоло он шояд бо 22 миллион сомонӣ бунёд шавад, ки ин хароҷоти зиёд аст.

— Аз оғози бунёди ин сохтмон чор раиси шаҳр омаду рафт ва ҳоло панҷум роҳбар ба курсии шаҳрдорӣ нишастааст, вале аз идомаи сохтмон хабаре нест,- гуфт ҷаноби Юсуфов.

Ин чор раис Ҳалқамо Тӯрахонова, Ҳикматулло Раҷабов, Қарахон Чиллазода ва Санавбар Самизода буданд, ки дар давраи фаъолияти раисони вилоят Амиршо Миралиев, Ғайбулло Афзалов, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Қурбон Ҳакимзода — раиси имрӯзаи вилояти Хатлон кор карданд.

Зарина Давлатзода — раиси амалкунандаи шаҳри Левакант 17-уми июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотиаш бо таассуф иброз дошта буд, ки сохтмони мавриди назар солҳои тӯлонӣ ба таъхир афтодааст. “Агар дар буҷети вилоят маблағ пайдо шавад, бо дастгирии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бунёди бинои мазкур оғоз мегардад”,- изҳори умед кард ӯ.

Гунаҳгори “сохтмонҳои бесоҳиб” — Вазорати молия?

Абдулвоҳид Саъдуллозода — сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон иддаоҳои ҳамсуҳбатони моро рад накарда, илова кард, ки сохтмони бинои маъмурии иловагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант соли 2013 дар асоси мактуби раиси ҳамонвақта оғоз гардидааст. Корҳои иҷрошуда, ба қавли ӯ, дақиқан 539,7 ҳазор сомонӣ асту халос, ки 3 дарсади корҳои умумии пешбинишударо ташкил медиҳад. Бо ин вуҷуд, А. Саъдуллозода моро итминон додан хост, ки бино соли 2023 ба истифода дода мешавад. Иддаое, ки ба дурустии он ақли солим хоҳу нохоҳ шубҳа мекунад.

“Ин сохтмон чанд сол боз соҳибе надорад, ки аз қафои он шавад!,-  мегӯяд Холмаҳмад Одинаев — сардори шуъбаи иқтисодиёти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон.- Дар ин шаҳр ду иншооте ҳаст, ки солҳо боз сохтмонашон тӯл кашида истодааст. Иншооти дувум мактаб (дар деҳаи “Баҳодуробод”,- Р. Д.) мебошад, ки ҳарду ҳам бояд аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ тавассути Раёсати сохтмони асосии вилоят сохта шаванд, на аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии вилояти Хатлон. Зеро бунёди онҳо дар нақшаи вилоятӣ ҷой дода нашудааст”.

Ба қавли ин шахси масъул, “4 ё 5 сол пеш” сохтмони ин ду иншооти болозикр “дар нақша шинонида шуда буд”, аммо “бо кадом сабабе онҳоро аз нақша гирифта партофтанд”.

— Инро бояд Вазорати молияи ҷумҳурӣ донад, ки бо кадом сабаб маблағҳо ҷудо карда нашуданд,- таъкид кард Х. Одинаев.

Ҷойи номус аст, раисон!!!

Мансур Юсуфов мегӯяд, биное, ки ҳоло кормандони шаҳрдории Левакант он ҷо кор мекунанд, ҳанӯз соли 1957, яъне 63 сол қабл сохта шуда, муҳлати истифодааш кайҳо гузаштааст. “Дар дохили бино қарор доштани кормандон хуб нест, зеро таҳкурсии он бо санги холӣ сохта шудааст. Мо ҳар сол барои таъмир маблағ ҷудо мекунем, аммо каме нагузашта, аз сабаби мустаҳкам набудани таҳкурсӣ ва баланд будани оби зеризаминӣ ҳолати бино боз бад мешавад»,- гуфт сармеъмор.

Фикр мекунем, ки зикри ин мушкил кофист, то масъулон бобати идома додани сохтмони бинои иловагии мақомот зудтар дастбакор шаванд, агар виҷдонашон азияташон диҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here