Дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерӯю тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари насли наврас дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор оварда истодааст. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз таҳаввулоти дар ин раванд ҷоришуда дар канор нест.

Раванди таълим ҳамеша ба омӯзгор ниёз дорад ва он вақт самараи нек дода метавонад, ки бо кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ пурра таъмин бошад. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳамбастагӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар дар соҳаи маорифро ҳадафи дурнамои хеш қарор дода, онро пайгирона дар амал татбиқ менамояд.

Соле, ки накӯст

Мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов Шодиев Абдуҷалил Абубакирович дар ҷараёни суҳбат бо илҳом аз ҳидояту раҳнамоиҳои Президенти мамлакат ба рушди илму маориф бо итминон арз намуд:

— Мусаллам аст, ки соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Мо кормандони соҳаи маориф ҳанӯз зери таъсироти амиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифашон ба вилояти Суғд қарор дорем. Боиси ҳушнудист, ки дар Паёми навбатиашон Сарвари давлат дар баробари озмунҳои “ Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст“ ва “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” боз  як озмуни нав, барои наврасону ҷавонон, олимону муҳақиқон ва устодону омӯзгорон “Илм- фӯрӯғи маърифат“ -ро эълон карданд, ки бори дигар аз сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва ғамхорӣ ба соҳаи калидии ҷомеа — маориф дарак медиҳад. Ҷавобан ба ин раҳнамоӣ мо маорифчиён кӯшиш ба ҳарҷ медиҳем, ки бо тарбияи истедодҳои наврасу ҷавон ва дорои донишу маҳорати пухтаву васеъ дар пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд гузорем.

Дар урфият, соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост, гуфтаанд. Ин аст ки моҳи январи соли ҷорӣ хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқати ноҳия Аҳлилоев Улуғбек аз фанни математика дар олимпиадаи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ширкат варзида, сазовори ҷои сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Қобили тазаккур аст, ки соли гузашта дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ шаш нафар хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии ноҳия аз фаннҳои физика, химия, биология ва аз забони англисӣ ҷойҳои шоён ва ифтихориро ба даст оварданд. Баробари ин, шаш нафар хонандаи синфи 9 таҳсилоти асосиро бо аттестати аъло ҷамъбаст намуданд. Хонандаи Гимназияи №1 Исоқова Гулшодабегим бошад, таҳсилоти миёнаи умумиро бо аттестати аъло ва медали тилло хатм кард.

Ҳамчунин санаи 23.09.2020 дар муассисаи таълимии “Мактаби Президентӣ”-и шаҳри Бӯстон гузаронида шуд. Дар даври вилоятии озмун 25 нафар ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат варзиданд. Аз он 3 нафарашон — Ҷӯраева Олга-аъзои китобхонаи ноҳия, Низомова Таҳмина-хонандаи синфи 10 МТМУ №14 ва Самандарова Нодира-хонандаи синфи 10 МТМУ №13 бо сипосномаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сарфароз гардонида, ба даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд.

 Самтҳои фаъолият

Абдуҷалил Шодиев дар идомаи суҳбат зикр кард, ки фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи насли навраси ноҳия дар рӯҳияи ватандӯстӣ, созандагӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ равона карда шудааст.

Шуъбаи маориф ба гузаронидани шӯроҳои шуъба, олимпиадаҳои минтақавӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, аттестатсия, аккредитатсия, таъмини сифати таҳсилот, гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот, таъмини аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон, санҷиши рафти иҷрои қарор ва барномаҳои давлатӣ ва таълимӣ эътибори ҷиддӣ дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Масъалаҳое, ки шуъбаи маориф мутобиқи нақша дар давраи ҳисоботӣ мавриди санҷиш қарор дод, дар шӯроҳои шуъбаи маориф, ҷомеаи омӯзгорон, иттифоқи касаба, ҷамъомадҳои АВО-ҳо ҳаллу фасл гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд, ки барои беҳтар шудани сифати таълиму тарбия ва дараҷаи дониши хонандагон таъсири мусбат расонид.

Қобили тазаккур аст, ки соли гузашта сатҳу сифати донишандӯзии хонандагон, дохилшавӣ тариқи ММТ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, сифатнок гузаронидани шӯроҳо, ҷаласаҳои назоратии назди мудири шуъба, семинарҳо, вохӯриҳо, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани зимистонгузаронӣ, озмуни иншоҳои беҳтарин, расмҳои беҳтарин, таъмини иштироки омӯзгорон, директорон, ҷонишинон дар курсу семинарҳои доимоамалкунанда, самаранок гузаронидани аттестатсия, акредитатсияи мактабҳо, алоқаи муассисаҳои таълимӣ бо ташкилотҳо, таъмини хонандагони синфҳои 1-4 бо хӯроки гарм, иҷрои нақшаи компютеркунонӣ, таъмини иҷрои Барномаҳои давлатӣ, таъмини мактабҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ нисбатан беҳтар ба роҳ монда шуд.

Дар ин самт аҳли маорифи ноҳия минбаъд низ ба баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии наврасону ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ дода, талош доранд, ки хонандагонро бо тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллату давлат ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ ба воя расонанд.

Идомаи бунёдкориҳо

Муассисаҳои таълимӣ дар ноҳия 42 адад буда, аз ҷумла 38 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 Литсей  барои хонандагони балаёқат, 1 Гимназия, 1 мактаб- кӯдакистон мебошанд, ки дар ин муассисаҳои таълимӣ 1963 нафар омӯзгор ба 29499 нафар хонанда таълиму тарбия медиҳанд. Ҳамаи омӯзгорон дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус мебошанд.

Дар баробари ин, дар ноҳия 25 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад. Аз ин миқдор 6 тояш хусусӣ буда, дар маҷмуъ, 5134 нафар кӯдакони синни томактабиро ба нигоҳубин фаро гирифтаанд, ки қариб 31% — ро ташкил мекунад. Ба ин булбулакони боғи дониш 214 нафар мураббиён таълиму тарбия медиҳанд. Ҳамчунин, зикр нмудан бамаврид аст, ки дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 28 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 1118 нафар фаъолияти худро пеш мебаранд.

Айни ҳол дар назди 3 муассисаи  таълимӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома доранд. Дар назди МТМУ №8 сохтмони 16 синфхона барои 480 хонанда дар як баст, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузори шудааст. Дар назди МТМУ №36 2 синфхона барои 60 нафар хонанда бо тариқи ҳашар ва дар назди МТМУ №4 2 синфхона барои 60 нафар хонанда аз ҷониби соҳибкор Дадабоев Мативой бунёд ёфта истодааст.

Ҳамчунин, дар назди МТМУ №23, 28, 38 сохмони толори варзишӣ идома доранд, ки то ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар баробари ин, сохтмони нави бинои маъмурии Шуъбаи маориф аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, дар он  корҳои бунёдӣ идома доранд.

 Маркази таҳсилоти иловагӣ

Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар як қисми бинои МТМУ №2 бо истифодаи 12 синфхона дар асоси шартнома фаъолият мебарад. Маркази таҳсилоти иловагӣ бо қарори Раиси ноҳия аз 18.01.2017 таҳти № 22 ба мустақилияти молиявӣ гузаштааст. Дар маркази таҳсилоти иловагӣ 30 воҳиди корӣ мавҷуд буда, дар он маҳфилҳои «Адрасбофӣ», «Гулдузии миллӣ», «Мусиқа», «Рӯзғордорӣ», «Сӯзанидӯзӣ», «Рӯймолдӯзӣ», «Бурранда-дӯзанда», «Бофанда», «Рассоми эҷодкор»,  «Санъати тасвирӣ», «Қуроқдӯзӣ», «Мухбирони ҷавон», «Дастони моҳир», «Равоншинос» амал мекунанд.

Рафти машғулиятҳои амалии маҳфилҳои номбаршуда, ҳолати гузаронидани машғулиятҳо ҳамаҷиҳта таҳлил гардида, ба роҳбарони маҳфилҳои амалкунанда маслиҳатҳо ва дастурҳои методӣ дода мешаванд.

Дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрӣ, ҳуқуқӣ ва иҷрои онҳо доимӣ дар назорат буда, амалишавии онҳо фаъолият бурда мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо” дар амал ҳаматарафа татбиқ карда мешавад: дар машғулиятҳо, сӯҳбатҳо, озмунҳою мусобиқаҳо ташкил ва гузаронида мешавад.

Бо мақсади ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аъзои маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияи Ҷаббор Расулов  ба адабиёт, шеъру шоирӣ, бедор намудани ҳисси эҷодкорӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстона, ҷалби онҳо ба иншои корҳои илмӣ  ва тарғиби ашъори ноби шоири халқи Тоҷикистон, бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ озмуни ноҳиявии “Камолхонӣ” ташкил карда гузаронида шуд.

Таъмин бо кабинетҳои фаннӣ

Баҳри амалишавии «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» дар шӯъбаи маориф нақша-чорабинӣ таҳти 14 зербанд тартиб дода, онро амалӣ гардонида истодааст.

Мувофиқи талаботи Барнома дар муддати солҳои 2018-2020 дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия 19 адад кабинетҳои фаннӣ ташкил ва харидорӣ карда шуд.

Рафти иҷроиши «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» бо мақсади таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо бо ҳамма таҷҳизоти зарурӣ, беҳбудӣ бахшидан ба ҷараёни фанҳои таълимӣ ва болоравии сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зери назорати доимии шуъбаи маориф қарор дорад.

Дар доираи амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 19 кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ҷиҳозонида шуданд. Дар соли 2020 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии литсейи №1 барои хонандагони болаёқат бо лабораторияи фанҳои биология, физика ва химия пурра таъмин гардид.

Татбиқи қонуни забон

Бо мақсади амали намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давоми соли 2020 тибқи нақшаи кори солонаи комиссияи татбиқи қонуни забон корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Хусусан дар доираи чорабиниҳо озмуни иншо бахшида  ба 21- феврал Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ таҳти унвони «Забони модариро дӯст медорам» баргузор гардид. Дар натиҷа хонандаи МТМУ №10 Фаррухзода Лоларух ғолиб дониста шуд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 конфронс дар мавзӯи «Забони давлатиро пос дорем» гузашт, ки дар кори конфронс омӯзгорони забон ва адабиёт маърӯзаҳо карданд. Инчунин, дар асоси нақшаи кори шуъбаи маорифи ноҳия бахшида ба бузургдошти адибон оид ба рӯзгор ва осори Шамсиддини Шоҳин чорабинӣ баргузор гардид. Моҳи январи соли 2020 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 даври аввали озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» баргузор гардид. Дар ин озмун зиёда аз 80 нафар довталабон иштирок намуданд. Хонандаи синфи 10-и МТМУ №10 Қурбонзода Бобошавқ аз рӯи номинатсияи азёд кардани порчаҳои назмӣ аз осори классикон ғолиб дониста шуд. Дар доираи чорабиниҳо моҳи феврал дар толори МТМУ №16 озмуни «Камолхонӣ» баргузор гардид. Хонандаи синфи 9- и МТМУ №13 Самандарова Нодира, ки дар маҷмуъ аз осори шайх Камоли Хуҷандӣ 72 ғазал азбар намуда буд, ғолиб дониста шуд.

Дар доираи нақша чорабиниҳо барои омӯзгорони забони давлатӣ  моҳи январ омӯзиши имлои забони тоҷикӣ гузаронида шуд. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ озмуни қироати шеър дар ситоиши забон ва сухан хонандаи синфи 9, МТМУ №5 Дадабоева Шаҳина ғолиб гардид.

Ҳамкории мактаб бо оила

Феълан дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ шуда истодааст. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ комиссияи татбиқи қонун ташкил карда шуда, нақшаи гузаронидани «Рӯзҳои падару модарон» таҳия гардидааст. Байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, аз қабили «Ҷомихонӣ», «Ҳофизхонӣ», «Камолхонӣ», «Туғралхонӣ» ва силсилаи мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуд. Алоқаи зичи падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ дар иштироки онҳо ба машғулиятҳои таълимӣ, чорабиниҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ мушоҳида мешавад. Дар мактабҳо дафтарҳои махсус оид ба фикру мулоҳизаҳои падару модарон, хонандагони мактабҳо оид ба пешрафти таълиму тарбия, баланд гаштани сатҳи саводнокии шогирдон, ободии муассисаҳои таълимӣ, рӯзҳои қабули шаҳрвандон ташкил карда шудааст, ки ҷамъбасти он дар маҷлисҳои падару модарон аз тарафи маъмурияти мактаб ва раиси АВО муҳокима карда мешавад. Инчунин, дар байни хонандагон вохӯриҳо бо оилаҳои беҳтарин, кофронсҳо, иншоҳои беҳтарин дар мавзӯи «Оилаи беҳтарин», «Мақоми оила дар ташаккули ҷомеа», гузаронида шуд. Ғолибони озмуни оилаҳои беҳтарин аз ҷониби кумитаи маҳаллаҳо  бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Бо ташаббуси АВО-и муассисаҳо ҳар сол биноҳои муассисаҳои таълимӣ аз таъмири хушсифат бароварда мешаванд.

Назорати сифати таҳсилот

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 66 роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот амал менамоянд, ки бо онҳо ҳар моҳ семинари дастурдиҳӣ гузаронида шуда, ҳамаи асноди меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф, барномаҳо, нақшаҳои корӣ, нақшаи мониторинги сифати таҳсилот, гӯшаи ГИСТ,  ҳисоботҳо нишон додашуда, маслиҳатҳои муфид дода шуда истодааст.

Дар ҳар чоряк рейтинги сифати таҳсилот гузаронида шуда, ба шуъбаи маориф ҳисобот пешниҳод карда мешавад, ки дар ҳуҷҷатнигорӣ дар ин самт низ камбудиҳо ба чашм мерасанд. Оиди иҷроиши Барномаҳои давлатӣ на ҳамаи мактабҳо сари вақт ҳисобот пешниҳод менамоянд.

Чорабиниҳои тарбиявӣ ва касбӣ

Чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ ва фарҳангӣ бахшида ба солгарди ҷашни Артиши миллӣ-23 феврал, Рӯзи модар, Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи хуби ташкилӣ гузаронида шуд. Муассисаҳои таълимӣ оиди Муқаддасоти Ватан дар толор гӯшаҳои махсус тартиб дода, дар ҳамаи синфхонаҳо низ гӯшаҳо оиди Муқаддасоти Ватан, Қаҳрамонони Тоҷикистон муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳамаи маҳаллаҳо бо иштироки хонандагони ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ бо оростани дастархони Наврӯзӣ ва Ҳафт сину Ҳафт шин бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва намоиши ҳунарҳои миллӣ баргузор гардид.

Ба муносибати таҷлили 5500-солагии Саразми бустонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва густариши ҳофизаи таърихӣ дар даврони истиқлолият” ва эссеи беҳтарин дар мавзӯи “Аз сухан машҳури олам шуд Камол” гузаронида шуд.

Ҳадафҳои созанда

“Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд.

Шуъбаи маорифи МИҲД ноҳияи Ҷаббор Расулов минбаъд низ сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро дар амал татбиқ намуда, баҳри рушди соҳаи маорифи ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад”, — бо итминон ба суҳбат ҳусни анҷом бахшид мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов Абдуҷалил Шодиев.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here