Дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерую тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари насли наврас дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор оварда истодааст. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аз таҳаввулоти дар ин раванд ҷоришуда дар канор нест.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ахири худ таъкид намуданд, ки: “… барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.
Зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шарифова Шаъмигул Гадомадовна низ бо ишора б ин нуктаи муҳим иброз дошт, ки “бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат мо — аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.
Мавсуф дар идомаи суҳбат гуфт, ки: “Раванди таълим ҳамеша ба омӯзгор ниёз дорад ва он вақт самараи нек дода метавонад, ки бо кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ пурра таъмин бошад. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар ҳамбастагӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар дар соҳаи маорифро ҳадафи дурнамои хеш қарор дода, онро пайгирона дар амал татбиқ менамояд”.
— Дар ин замина Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор ва инчунин татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро сармашқи кори худ намуда, дар самти иҷрои он аз ҳамаи имкониятҳо фароҳам истифода намуда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои судманд меандешад, — дар тақвияти андешаҳои хеш изҳор намуд Шаъмигул Шарифова.
Дар идома Шаъмигул Шарифова афзуд, ки риояи талаботи ягонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар мадди назари ҳамешагии Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ва муассисаҳои зертобеи он қарор дорад. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар 1232 нафар омӯзгор (886 нафар зан) фаъолият намуда истодаанд, ки аз онҳо 932 нафар дорои дараҷаи таҳсилоти олии касбӣ, 85 нафар бо таҳсилоти олии нопурра, 215 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус мебошанд. Ҳамчунин, дар соли 2020 -ум 219 нафар омӯзгор барои гирифтани дараҷаи тахассусӣ пешниҳод ҳуҷҷат супорида, ба дараҷаҳои мувофиқи тахассусӣ ноил гардиданд, аз ҷумла, 129 нафар дорои дараҷаи тахассуси олӣ ва 90 нафар дорои дараҷаи тахассуси 1 гардидаанд.
Тибқи маълумоти пешниҳодгардида айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар 74 нафар омӯзгорони нафақахӯр тариқи шартнома фаъолият доранд.
Инчунин, дар соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Бохтар 104 нафар омӯзгори фанни забони русӣ ва 109 нафар омӯзгори фанни забони англисӣ ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд.
Дар баробари ин, соли таҳсили 2020-2021 тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 нафар мутахассисони ҷавон барои бо кор таъмин шудан ба Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар сафарбар гардидаанд. Аз ин теъдод 17 нафарашон барои бо ҷои кор таъмин шудан ба Шуъбаи маориф муроҷиат намуданд, ки айни замон ҳамаи онҳо бо ҷои кори доимӣ таъмин ҳастанд.
Лозим ба ёдоварист, ки соли таҳсили 2019-2020, 2157 нафар хонанда (1020 духтар) дар муассисаҳои таълимии шаҳр синфи 9-ро хатм намуда, 709 нафар (70%) таҳсилро дар синфи 10 давом дода, 15% ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ибтидоии касбӣ дохил шуда, 10% ба муассисаҳои таълимии дигар шаҳру ноҳияҳо, 5 % дар истеҳсолот мондаанд. Синфи 11 – ро бошад, 1682 хонанда (695 духтар) хатм намуда, 1105 нафар (65,7%) ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 8,3% зиёд мебошад.
Дар ҳамин давра сифати таҳсилот 54,3 ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 98,6 %-ро ташкил дод. Бали миёна ба 3,6 баробар мебошад.
Дар давраи зимистонгузаронии соли таҳсили 2020 -2021 бо иқдоми наҷибонаву маорифпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар 70 тонна ангишт ба тариқи ройгон дастрас карда шуд, ки ин иқдом кормандони соҳаи маориф шаҳри Бохтарро руҳбаланд намудааст. Онҳо мутмаин бар инанд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Роҳбари давлат дар таълим ва тарбияи насли наврас ва ободонии кишвари азизи худ саҳми беш аз пеш хоҳанд гузошт.
Боиси фараҳмандист, ки иҷро ва амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, назорати раванди таълиму тарбия, сатҳи дониши хонандагон, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳурӣ, амалӣ гардидани барномаи компютеркунонӣ, дохилшавии хатмкунандагон ба мактабҳои олии кишвар ва берун аз он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.
Дар баробари ин, дар даврони хуруҷ ва хатари паҳншавии пандемияи коронавирус риояи таъмини беҳдошти саломатии омӯзгорон, хонандагон ва кормандон, ҳамзамон пешгирии интиқоли сирояти нави СОVID-19 аз тарафи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва шахсони масъул зери назорати доимӣ қарор дода шуд.
Мусаллам аст, ки татбиқи амалии нақша-чорабиниҳо ҷиҳати тарғиби Паёми сарвари давлат дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзии хонандагон, ташкили кабинетҳои фаннӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо компютер, пайвастан ба шабакаҳои интернетӣ, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табииву риёзӣ ба яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар табдил ёфта, зери назорати қатъӣ қарор дорад.
Амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии ноҳия таҳти назорати доимии кормандони раёсати маориф қарор дорад. Рафти амалӣ гардидани он пайваста дар шӯроҳои Раёсати маорифи ноҳия мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегирад.
Дар аксарияти муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки муовинони раиси шаҳр, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, кумитаҳои маҳал, падару модарон ва шахсони масъулиятнок ҷамъомадҳо доир карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои пешгирии ноболиғон аз ҳама гуна амалҳои номатлуб, аз қабили нашъамандӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ, ҷинояткорӣ байни ноболиғон, пайваста сӯҳбатҳо гузаронида мешаванд. Бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ талош ба он карда мешавад, то пеши роҳи фарзандонро оид ба тамошои филмҳои дорои хусусиятҳои шаҳвонӣ ва зӯроваридошта, иштироки фарзандон дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ҷалби фарзандони ноболиғ ба меҳнати маҷбурӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва хариду фурӯш гирифта шавад.
Дар ҳамин ҳол, иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. 26 нафар хатмкунандагони синфи 11 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 1 медали тилло, 5 нуқра, 3 адад биринҷӣ ва 3 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба соли таҳсили гузашта 3 адад зиёд мебошад. Барои ба чунин муваффақиятҳо ноил гардидан саҳми хонандагони Литсейи давлатии № 1 бо 3 медал, Литсейи давлатии Ориёно бо 4 медал, Литсейи тамоюли техникӣ бо 1 медал ва МТМУ №2 бо 1 медал назаррас мебошад. Ин муваффақияти хонандагон аз тарафи Шуъбаи маориф ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ бо ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардид.
Ҳамзамон аз 1682 нафар хатмкунандагони синфҳои 11 дар соли 2020 1367 нафар тариқи ММТ ҳуҷҷат супориданд, ки дохилшавии хатмкунандагон ба макотиби олӣ ва хориҷи кишвар 81,3%-ро ташкил медиҳад. Нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7% зиёд мебошад. Дар ҳамин ҳол, дохилшавии хатмкунандагон танҳо тариқи ММТ дар соли таҳсили 2019-2020 77%-ро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17% зиёд мебошад.
Инчунин, ҷиҳати амалӣ гардидани “Барномаи давлатии муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар шаҳри Бохтар тайи соли 2020, аз ҳисоби маблағҳои хароҷотии худи муассисаҳо 2 синфхонаи лингафонӣ дар МТМУ №6, 2 кабинети химия дар МТМУ №15 ва Литсейи давлатии Ориёно, 2 синфхонаи омӯзиши касбу ҳунар дар МТМУ рақамҳои 6 ва 8, 1 кабинети технологияи иттилоотӣ дар МТМУ №9, 1 кабинети физика дар МТМУ № 12, 1 кабинети биология ва 1 кабинети математика, 1 кабинети физика дар МТМУ №11 ташкил ва ба истифода дода шудааст, ки он нисбат ба соли гузашта 6 адад зиёд мебошад.
Зикри ин нукта муҳим аст, ки амалӣ гардидани Консепсияи таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар шаҳри Бохтар мутаносибан рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Феълан дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 21 муассисаҳои таълимии томактабӣ (аз ин теъдод 2 адад муассисаи таълимии томактабии хусусӣ) бо теъдоди умумии 2728 кӯдак (аз ҷумла, 1137 нафар духтарон) ба таълими томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки 23% -ро ташкил намуда, 136 нафар мураббияҳои соҳибмаълумот ба таълиму тарбияи онҳо машғуланд. Ҳамчунин, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр 7 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 170 кӯдак фаъолият менамояд.
Дар самти амалӣ гардидани “Барномаи рушди муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2018-2022” дар шаҳри Бохтар низ дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ қайд кардан ба маврид аст, ки сохтмони муассисаи таълимӣ барои 320 нафар хонанда воқеъ дар маҳаллаи Мирзо Турсунзода аз тарафи давлати Чин рафта истодааст. Таъмир ва омодагии муассисаҳо ба соли таҳсили 2020-2021, низ қайд кардан ба маврид аст, ки чун ҳамасола таъмири ҷории муассисаҳои таълимӣ бо кумаку дастгириҳои падару модарон, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва сметаҳои хароҷотии худи муассисаҳо баргузор карда шуд. Таъмир дар муассисаҳои таълимӣ хуб ба роҳ монда шуда буд. Хотиррасон бояд намуд, ки дар доираи амалӣ гардидани Барномаи давлатии рушди маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 дар шаҳри Бохтар соли 2019 сохтмони муассисаи таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст дар як баст дар маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзода бо маблағгузориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва соли 2020 сохтмони муассисаи таълимӣ бо тамоюли омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои 240 хонанда дар як баст ва муассисаи таълимии томактабии хусусӣ бо 100 ҷойи хоб, воқеъ дар маҳаллаи Зархези шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шуда, айни замон сохтмон дар ин самт оғоз гардидааст.
Албатта, ҷое, кор ҳаст камбудӣ низ дида мешавад. Чунончӣ, новобаста аз иҷрои Барномаҳои давлатӣ, Қонунҳо, Консепсияҳо дар соҳаи маорифи шаҳри Бохтар бархе норасоиҳо низ ҷой дорад, ки бе шак дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълими хонандагон, мамониатро ба миён меорад. Минҷумла, бинобар сабаби зиёд гардидани шумораи аҳолӣ дар шаҳри Бохтар ва талабот барои фарогирии насли наврас ба таҳсил дар якчанд муассисаҳои таълимӣ нарасидани синфхонаҳо ва кофӣ набудани ҷойи нишаст ба назар мерасад. Махсусан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 2, 6, 8 теъдоди хонандагон аз меъёр зиёд буда, ҷойи нишаст ба ғунҷоиши теъдоди хонандагон рост намеояд. Ин муассисаҳо барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар замимаи худи муассиса ниёз доранд.
Перомуни масъалаи мазкур дархости Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст ва умед дорем, мсъла дар фурсатҳои наздик ҳалли худро меёбад.
Новобаста аз норасоиҳои ҷузъии ҷойдошта, Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор ва инчунин татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро сармашқи кори худ намуда, дар самти иҷрои он аз ҳамаи имкониятҳои фароҳам самаранок истифода намуда, минбаъд низ баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои судманд меандешад.
“Дар умум равандҳои замони муосир аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд”, — иброз дошт Шаъмигул Шарифова ва ҳамзамон бо итминон илова намуд, ки “рисолати мо кормандони соҳаи маориф дар оянда тарбия намудани наврасону ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо боқӣ мемонад ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки Шӯъбаи маорифи МИҲД шаҳри Бохтар сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар амал татбиқ намуда, баҳри рушди соҳаи маорифи ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад”.
Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ,
МТЖТ