Туризм ва истироҳати оилавӣ яке аз даромадноктарин соҳаҳои иқтисодиёт буда, дар баъзе аз давлатҳои ҷаҳон то 90%-и бучети он кишварҳоро маҳз даромад аз ин соҳа ташкил менамояд.
Яке аз муассисаҳои истироҳатию тандурустӣ, ки барои истироҳату табобат пешбинӣ карда шудааст, истироҳатгоҳи «Сатурн-люкс»-и шаҳри Ҳисор мебошад. Он дар ҳудудҳои ҷамоати деҳоти Алмосӣ, берун аз ҳудуди маъмурии осоишгоҳи машҳури «Шоҳамбарӣ», бо ибтикори соҳибкори муваффақи ватанӣ Назриев Абдусаттор сохта шудааст. Дар ин осоишгоҳ, ки бояд дар 23 қисм сохта шаваду ҳоло 9 қисмати он бо усулҳои пешқадами меъмории шарқию аврупоӣ сохта шудааст, тамоми табобат дар беҳтарин шароит барои беморону мизоҷон омода карда шудааст. Ин осоишгоҳ новобаста аз фасли сол тамоми муддат омодаи қабули беморону истироҳаткунандагон буда, дар як вақт метавонад то сад нафар истироҳаткунандаю беморро қабул намояд. Тамоми табобате, ки дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» пешбинӣ гардидааст, ин ҷо низ ин табобатҳо амалӣ карда шуда, гузашта аз ин, бо усулҳои гиёҳдармонӣ, лойқадармонӣ ва физиотерапевтию массажҳои гуногун боз даҳҳо намуд бемориҳои дигар, аз қабили остеахандроз, буғумдард ва узвҳои дарунаро бо усулҳои пешқадаму санҷидашудаи клиникӣ ин ҷо табобат намуда, ҳайати табибони ботаҷриба ва хизматгузорон шабонарӯзӣ омодаи хизмат ба беморону мизоҷон мебошанд. Дар ин муассисаи бонуфуз табобати узвҳои ҳозима ва такягоҳу ҳаракат тавассути обҳои минералӣ, асал, лойқадармонӣ, табобат бо қумҳои табиӣ, ҳавзҳои серкулярӣ, бӯғи маъданӣ, сӯзандармонӣ, табобат бо дастгоҳҳои барқӣ ва гиёҳдармонӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Оби нӯшокӣ барои ин осоишгоҳ бо қубурҳои махсуси полиэтиленӣ, ки дар чуқурии 1 метру 20 сантиметр хобонида шудааст, аз 14 км масофа аз чашмаҳои кӯҳӣ оварда шудааст, ки аз ҷиҳати сифатнокӣ ҳамто надорад. Оби табобатӣ бошад, ҳамагӣ аз масофаи 100 метр гирифта шуда, аз ҷиҳати сифат ва хусусиятҳои табобатиаш чун оби машҳури «Шоҳамбарӣ», ки махсус барои бемориҳои узвҳои ҳозима ва рӯдаю узвҳои дарунӣ равона карда шудааст, машҳур аст. Ин оби табобатӣ махсус то 40 дараҷа гарм карда шуда, ҳамарӯза бо тавсияи табибон аз рӯи меъёр ба ҳар як бемору истироҳаткунанда тавсия дода мешавад, то онҳо онро истеъмол карда, саломатии худро барқарор намоянд. Ба ғайр аз ин, дар се нуқтаи махсуси обгармкунӣ бо ангишти ватанӣ ин об гарм карда ва ба шӯъбаҳои табобативу иншооти истироҳатгоҳ равон карда мешавад. Вобаста ба намуди табобат, ин оби шифобахш аз 30 то 40 дараҷа гарм карда шуда, се вақт ба мизоҷон пешниҳод мешавад, ки ба ҳар як нафар аз 200 то 300 мл барои ҳар як нӯшидан тавсия дода мешавад.
Ҳудудҳои маъмурии ин осоишгоҳ дар нишебиҳои кӯҳ, дар майдони беш аз 5 гектар доман афрохта, майдончаҳои махсуси истироҳатӣ бо боғчаҳои ҳамешасабз ва катҳою курсиҳои алвонҷхӯрандаи махсус муҷаҳҳазанд. Муомилаи шахсони хизматрасон, ки махсус барои хизмат расонидан дар чунин муассисаҳои табобатию истироҳатӣ омӯзонида шудаанд, дар сатҳи аъло буда, бо муомила ва гуфтори худ дилхоҳ истироҳаткунандаро дар ҳайрат мегузоранд.
Яке аз асосҳои табобат — ин хӯрокҳои пешниҳодмешуда ба мизоҷон мебошад. Аз ҷиҳати намуд ва сифат хӯрокаҳою хӯришҳо ва салатҳои пешниҳодмешуда ба мизоҷону истироҳаткунандагон дар ин муассиса бо усули шведӣ, яъне кушода ба муштариён пешниҳод шуда, дилхоҳ нафар бо кадом миқдоре, ки мехоҳад ва кадом намуде, ки ба ӯ маъқул аст, истеъмол менамояд. Меваҷот ва сабзавоти ба мизоҷон пешниҳодмешуда аз ҷиҳати сифат беҳтарин буда, ҳамарӯза аз истеҳсолкунандаи ватанӣ бевосита дастрас карда шуда, бо нақлиёти махсус ба муассиса оварда мешавад. Ҳамаи маҳсулоти хӯрока, аз қабили гӯшт ва маҳсулоти ширӣ таркибашон аз тарафи мутахассисон таҳқиқ карда шуда, баъдан барои истеъмол иҷозат дода мешавад. Дар соатҳои фориғ аз табобат мизоҷон метавонанд ба баландиҳои болои ин истироҳатгоҳ баромада, дар алвонҷакҳо ва роҳаткурсиҳои махсус истироҳат намуда, аз зебоиҳои атроф, ки аз дуриҳо намудор шуда меистанд, ҳаловат мебаранд.
Наим ном сокини деҳаи Нилуи ноҳияи Ҳисор мегӯяд: «Ба мо маълум гашт, ки Назиров Абдусаттор ин муассисаро дар раванди ободкориҳои Пешвои муаззами миллат аз сифр сар карда, як пораи кӯҳпораро чун Фарҳоди кӯҳкани афсонавӣ оҳиста-оҳиста канда, дар ҷойи он ин муассисаро бунёд намуда истодааст, ки ҳамтояш дар мамлакат нест. Барои табобату истироҳат дар ин муассиса шароит дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳатто беҳтар аз он барои муолиҷакунандагону истироҳаткунандагон муҳайё карда шудааст. Офарин ба бунёдгузорони ин муассиса!».
Ба гуфти Самиев Баҳрулло, сокини ноҳияи Варзоб, ҷамоати Лучоб, «сармоядорони зиёд сармояи худро берун аз ватан бурда, ба кадом роҳе набошад, кӯшиш менамоянд, ки дар ватан танҳо маблағ ҷамъ оваранд, вале дар рушду нумӯи кишвар ва омода намудани ҷойҳои нави корию шароит барои фаъолияти боз чанд нафари дигар кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, вале муассисони «Сатурн-люкс» ин ҷо барои инсоният як олами афсонавӣ ва як муассисаи сатҳи беҳтарини ҷаҳоние офаридаанд, ки амсолашро мо дар мамлакат надидаем ва бо камоли эҳтиром ман чунин гуфтаниам, ки маҳз чунин нафарон сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатро дар дилхоҳ самт дастгирӣ менамоянду чун парчамбардорони ин миллату ин давлат аз паси Пешвои муаззами худ ба сӯи қуллаҳои мурод равон мегарданд».
Ба изҳори Раҳматшоев Нусратшо, сокини деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, «то чанд соли пеш ман баъзан барои истироҳату дамгирӣ ба осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» меомадам, вале ин дафъа фарзандон маро ба истироҳатгоҳи «Сатурн-люкс» оварданд, ки аз мӯъҷизаи дасти инсон дар ҳайрат мондам. Дар муддати ҳамагӣ се-чор сол чунин шароити истироҳатию табобатие муҳайё гардидааст, ки фикр мекунам, амсолаш ҳатто дар хориҷаи дур кам андар кам бошад. Дар мо мақоле ҳаст, ки «оби пеши хона қадр надорад». Барои мо истироҳаткунандагон соҳибкорони ватанӣ дар ватан тамоми шароитҳоро муҳайё кардаанд, вале маблағҳои ҳангуфтро хароҷот намуда, ба давлатҳои дуру наздик меравем…».
Дар сӯҳбат бо мо Директори генереалии осоишгоҳи ҶДММ «Сатурн-люкс» муҳтарам Назриев Абдусаттор иброз намуд: «Таърихнигорону таърихшиносон тамаддуни одамиятро беш аз панҷ ҳазор сол арзёбӣ менамоянд, вале мумкин аст ин таърих боз ҳам зиёдтар бошад. Таърихи миллати тоҷик ва давлатдории онро беш аз се ҳазор сол меноманд ва тӯли ин муддати таърих ин миллати куҳанбунёд барои худ чун Эмомалӣ Раҳмон — доҳии тоҷикони ҷаҳон ва Пешвои муаззами он фарзонафарзанде надошт ва нахоҳад дошт. Гарчанде ин абармарди миллат баъд аз 1100 соли суқути давлати Сомониён сари давлатдорӣ омада бошад ҳам, танҳо гирифтани пеши роҳи ҷанги бародаркуш ва эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ин хидматест, ки касе барои ин миллат накардааст. Имрӯз давлати мо бо инфраструктураи пешрафтаи худ, аз қабили роҳҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ сохташуда бо тамоми манотиқи кишварҳои ҳамсоя пайваст буда, аллакай аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра озод гардидааст. Ҳамзамон, чун давлати транзитӣ тавассути ҳудудҳои мо дигар давлатҳо бо ҳамдигар тиҷорат намуда, ҳам иқтисодиёти худ ва ҳам иқтисодиёти моро боло мебаранд. Барои ман доҳии тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон чун идеали зиндагӣ ва чун падари миллат ба шумор меравад. Ин тавсиф нест, ин сухани асл аст. Як худи бунёди боғҳои замонавию интенсивӣ, нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, корхонаҳои хурду калони саноатию кишоварзию тавлидотӣ ё содиротӣ, ҳамасола бунёди муассисаҳои томактабию мактабӣ ва тандурустӣ ин заррае аз хизматҳои Пешвои муаззами миллати мо мебошад. Имрӯз мо соҳибкорон аз ҳарвақта дида боз ҳам зиёдтар бояд фаъол бошем, чунки маҳз ғамхории беғаразонаи Пешвои муаззами миллат ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Олимзода Насим Хоҷа мо соҳибкорон дар риштаи табобат ва хизматрасониро ба он водор мекунад, ки бо ин табиати афсунгар ва обҳои шифобахшу кӯҳсорони зебою дилрабо ва чашмасору дарёҳои кӯҳию гулу гулбуттаҳои табобатӣ ин бозори минтақавиро аз худ намоем. Барои ҳамаи мо майдон басанда аст, танҳо бояд хизматрасониро ба дараҷаи лозима беҳтар ба роҳ монда, ҳиссагузор дар иҷроиши нақшаҳои пардохтҳои давлатӣ бошем».
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ
ШАРҲИ МО:
Назриев Абдусаттор Сарабекович 2.04.1970 дар оилаи коргар дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солҳои 1978-1987 таҳсил дар мактаби №63-и ноҳияи Шоҳмансур. Солҳои 1987-1990 хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ. Солҳои 1991-1996 таҳсил дар Университети технологии Тоҷикистон бо ихтисоси менеҷер-экономист. Солҳои 1996-1997 муҳосиб дар иттиҳодияи савдои «Тоҷикбокалея». Солҳои 1988-1999 мутахассиси пешбар дар Иттиҳодияи ҷумҳуриявии курортҳо. Солҳои 1999-2000-ум муовини раиси курортҳои иттифоқи касаба. Солҳои 2000-2001 мутахассис дар Дирексияи роҳи оҳани Тоҷикистон. Солҳои 2001-2003 муовини раиси Шӯрои курортҳои иттифоқи касаба. Солҳои 2003-2015 директори осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ». Аз 2015 инҷониб Директори генералии ҶДММ осоишгоҳи «Сатурн-люкс». Роҳбар ва оиладори намунавӣ. Падари панҷ фарзанд.