Шаҳри Сарбанд яке аз шаҳрҳои зебоманзар ва рушдкардаи кишвари азизамон маҳсуб меёбад. Дар ин диёри зархез мардумонаш бо заҳматпеша будан ва ҳувияти баланди миллӣ ном баровардаанд. Тинҷию амонӣ, рушди бомароми соҳаҳои иҷтимоӣ ва интихоби роҳи дурусту сиёсати созандаи ҳукумати мамлакатамон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва пойдори сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссарамон шудааст. Ҳамин аст, ки тақрибан ҳар рӯзи ҳаёти мардуми шарифи мамлакат ба ид табдил ёфта, замоне фаро расидааст, ки орзую хоҳишҳояшон бе мамониат ва бе душворӣ ҷомаи амал мепӯшад.
Соли 2017 барои мардуми шарифи кишварамон соли навигариҳо ва созандагиҳо буда, барои пешрафту ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистони барои ҳамаамон азиз замони мусоид фароҳам омадааст.
Ҳукумати мамлакат аз аввали таъсисёбиаш то кунун ҷиҳати қадрдонӣ ва ҷовидона гардондани номи шахсиятҳои барҷаста, маъруф ва барои миллату давлат хизматҳои арзанда баанҷомрасонда иқдоми наҷиберо роҳандозӣ намудааст, ки шоистаи таҳсин мебошад. Чунончи, кӯчаю гулгашт, муассисаю корхонаҳо, шаҳру ноҳия, мавзеъҳои таърихиро бо номи чунин шахсиятҳо мегузоранд ва бо ин васила хизмату саҳми барои рушди ҳаёти ҷомеа, имрӯзу фардои мамлакат гузоштаи онҳо қадрдонӣ ва абадӣ гардонда мешавад. Бо ин васила ҳисси ифтихор, дилгармӣ ва нигоҳи нек ба ояндаи босаодат дар ботини мардум, алалхусус ҷавонону наврасон бедор карда мешавад. Дар вобастагӣ ба ин вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Сарбанд барои гиромидошти хотираи неки фарзандони содиқи Ватан Давлатҷон Гиёев, Содиқҷон Каримов ва Аброр Зоҳир бо қарори якҷояи хеш литсейҳои давлатии рақами 1 ва 2-и шаҳр ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-ро бо исми онҳо номгузорӣ намуданд.
Ду ҷавони диловар Давлатҷон Гиёев ва Содиқҷон Каримов чанд сол муқаддам зимни адои хизмати Модар — Ватан дар деҳаи Камароби ноҳияи Рашт бо гуруҳи террористон, ки қасди ноором кардани авзои ҷомеаро доштанд, рӯ ба рӯ омада, барои пойдории Истиқлолият ва оромиву осудагии ҳаммилатони худ сина сипар намуданд. Ин рӯзе буд, ки бадхоҳон муқовимати сахти диловарони ватанро бо чашми сар диданд. Ин рӯзест, ки ҳамеша ҳамчун муборизаи беамони фарзандони баору номуси тоҷик ба муқобили бадхоҳони миллат дар хотираҳо сахт нақш бастааст. Ин ду ҷавон дар дил орзую мақсадҳои зиёди наҷиб доштанд, аммо бадхоҳони миллат ин орзую ормонҳои онҳоро бо тири заҳрогини худ дар нимароҳ монданд.
Имомов Аброр Зоҳирович (тахаллуси адабиаш Аброр Зоҳир) 15-уми январи соли 1965 дар деҳаи Боҳтурободи Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Сарбанд ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро соли 1982 ба ҳайси мусаҳҳеҳи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» сар карда, соли 1984 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1989 ба итмом расонда ва ҳамон сол дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» ба фаъолият шуруъ мекунад. Сипас дар Кумитаи комсомолии вилоят, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», Иттиҳодияи ҷумҳуриявии кино ва видеои «Тоҷиккино» ба ҳайси сардори раёсат кор ва фаъолият кардааст. Аз соли 1998 то соли 2000 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём», солҳои 2000 — 2004 директори телевизиони Тоҷикистон, солҳои 2004 — 2005 директори киностудияи «Тоҷикфилм», солҳои 2005 — 2007 сармутахассиси шуъбаи иттилоотӣ — таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007 — 2012 директори китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ва аз соли 2012 то соли 2015 директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе шуда, кору фаъолият намудааст. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи киноматографистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон мебошад. Аброр Зоҳир муаллифи даҳҳо китоб, аз ҷумла 30 роман, 20 повест, очерку ҳикояҳои зиёд ва филмномаву намоишномаҳои телевизионӣ ва театрӣ мебошад. Романҳои серхонандаи ӯ «Майдон», «Душанбе», «Рақс дар сояи девори оҳанин», «Шикасти зулмот», «Муҷассамаи ишқ», «Васвасаи дунё», «Мунтасир», «Бозгашт», «Арсаи набарди гургон», «Нӯхтаи нафс», «Ёри ғор», «Мотами гурбаи сиёҳ», «Дар ҷустуҷӯи инсон», «Дунёи бесомон», «Ибни Лодан», «Дар ҷилди одам», «Охирин сайди сайёд», «Коммунист», «Муқовимат», «Хокпайванд» ва монанди ин буда, инчунин куҳи дастхатҳои номатбуъ дорад.
Аброр Зоҳир яке аз адибони сермаҳсул ва рангинхаёли замони соҳибистиқлолии тоҷик буда, умдатан, ба мавзуҳои номакшуф, ҷолиб ва мубрам дахл намудааст. Дар асарҳо асосан ба дунёи ботинии персонажҳо дахл мекунад ва бо тобишҳои гуногун онро ба риштаи тасвир мекашад. Ӯ дар нигориш ба сабки асарофарии адибони амрикои лотинӣ майл мекунад ва ба масоили глобалӣ дахл намуда, ба он аз дидгоҳу манофеи миллӣ нигариста, моҳиятан руҳи миллиро ба риштаи тасвир мекашад. Асарҳои номбурда таҷассумгари руҳия ва маънавиёти миллати тоҷик буда, аз ғаразҳои шахсию гуруҳӣ орӣ мебошанд.
Қайд кардан зарур аст, ки ӯ яке аз ташаббускорони таъсиси яке аз муассисаҳои бонуфузу муҳими пойтахт — Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе ба шумор мерафт ва аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ба фаъолияти бонизом гузаштани он ва то рӯзи вафот сарварии ин муассисаро ба зимма дошт. Соли 2013 дар назди Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе маҷаллаи илмӣ — оммавӣ ва бадеӣ — публисистии «Душанбе»-ро таъсис дода, аз нахустин сармуҳарирони он буд. Ин маҷалла ҳамчун минбари эҷодкорони пойтахт маъруфият пайдо кардааст ва то кунун ба табъ мерасад.
Ҳаёт ва эҷодиёти ӯ дар қомусҳои (энсиклопедияҳои) гуногун сабт шудааст, алалхусус дар «Қомуси миллии Тоҷик», ҷилди 1, «Қомуси адабиёт ва санъати тоҷик», «Донишномаи телевизион ва радиои Тоҷикистон», китоби «Таърихи Боҳтуробод» сайтҳои соҳавии интернетӣ, хусусан «Википедия — донишномаи озод» сабт гардида, доир ба эҷодиёту ҳаёташ (мазмуну муҳтавои асарҳояш) тақризу тафсирҳои зиёде дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Сарбанд бо ин ташаббуси наҷиби худ баҳри гиромидошти фарзандони номбардори диёр ва бо ин васила ҷиҳати татбиқ ва идомаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат саҳми арзанда гузоштанд. Масъалаи ба номи Аброр Зоҳир гузоштани мактаби миёнаи №4-и шаҳри Сарбанд чанде пеш дар расонаҳои хабарии мамлакат ба таври густурда инъикос ва ташвиқ шуда буд. Ҳамовозӣ аз тарафи яке аз воситаҳои иттилоотрасони бонуфузи кишвар — «Ҷумҳурият» сабаб шуд, то ин пешниҳодро маҷлиси вакилони халқи шаҳри Сарбанд ва Маҷлиси вакилони вилояти Хатлон баррасӣ ва тасдиқ намоянд.
Неъмати РАҲМАТ,
сокини шаҳри Душанбе