Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор рафта, барои пешрафт ва рушди он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Дар ҳар давру замон маориф аз соҳаҳои аҳамиятдор барои ҷомеаи бомаърифат маҳсуб ёфтааст. Пешрафту инкишофи ҷомеаи мутамаддин маҳз ба соҳаи маориф алоқамандӣ дорад. Хусусан, шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод зарурияти ҳар як тадбиру вазифаи дар ин самт ба миён гузоштаро хуб дарк намуда, пайи иҷрои онҳо тамоми имкониятҳоро амалӣ месозад. Дар ин раванд дастуру супоришҳои ба миён гузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи маориф», барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси ноҳияи Тоҷикобод, фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида истодаанд.

 Пешво — ҳидоятгари мо

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод Сайраҳмон Мансуров мегӯяд, ки соҳаи маориф кошонаи илму маърифат аст. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, бамаврид таъкид медоранд:Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”. Шуъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод дар соли таҳсили 2020-2021 бо такя ба ин суханони Роҳбари давлат, таваҷҷуҳро баҳри мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар кардани таъминоти онҳо бо ашёи хониш, кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сифати таълим, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагии омӯзгорон афзун намуда, корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.

Маълумоти мухтасар

Дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод 50 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 14 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 5 филиали ибтидоӣ, 3 интернати наздимактабӣ, 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 1 маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, 1 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият мекунанд. Илова бар ин, 1 муассисаи томактабӣ-кӯдакистон бо номи «Парасту» амал мекунад.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 616 нафар омӯзгорон фаъолият бурда, аз онҳо 82 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Аз ин шумораи омӯзгорон 402 нафар, аз ҷумла 44 нафар занон дорои маълумоти олӣ, 41 нафар (8 нафарашон занон) дорои маълумоти олии нопурра, 115 нафар (19 нафарашон занон) дорои маълумоти миёнаи махсус ва бо маълумоти миёнаи умумӣ 58 нафар (11зан) буда, ки онҳо дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ба тариқи ғоибона таҳсил карда истодаанд.

Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 10539 нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд, ки аз ин миқдор 5087 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, ки нисбати соли гузашта шумораи онҳо 485 нафар зиёд мебошад. Шумораи хонандагони синфи 1 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1354 (аз ин 632 духтар) нафарро ташкил медиҳад, шумораи хатмкунандагони синфҳои 9-11 мутаносибан 747 нафар (аз ин 365 духтар) ва 561 нафар (аз ин 250)-ро ташкил медиҳад.

Шумораи умумии тарбиятгирандагони кӯдакистони «Парасту» 91 нафар кӯдакро ташкил медиҳад. Ин муассисаи томактабӣ барои таълими 120 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст. Дар ин муассисаи томактабӣ 12 нафар мураббӣ ба таълиму тарбияи кӯдакон машғуланд.

 Пешқадамони соҳа

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия даҳҳо нафар устодони мушфиқу ботаҷриба, омӯзгорони моҳири касб фаъолият дошта, тавассути меҳнати самарабахш байни шогирдону волидон ва аҳли ҷомеа соҳибэҳтиром гардидаанд. Дар ин қатор номи омӯзгорони пешқадам Гулнисо Саидова, Саид Маҳмадшоев, Низом Рустамов, Саодат Сафарова, Диловар Ҳуҷумборов, Аминҷон Сайидакрамов, Сайидмурод Раҳимов, Изомуддин Девлохов, Аҳмад Маҳмадҷонов, Ёрмаҳмад Сафолов, Қаҳрамон Нидоев, Фарзонаи Ҳусейнзод, Суҳроби Ваҳҳобиён, Хуршед Азизхоҷаев, Маҳмадрасул Шарифов, Сайғуфрон Қобилов, Сироҷиддин Нуров, Диловар Нусратов, Хайриддин Ҳисориев, Сайумар Самадов, Убайдулло Наслоев, Сайлуқмон Қобилов, Шербег Хушмуродов, Ҷовид Маҳмадҷонов, Толиб Ҳакимов, Сайидакбар Абдулов, Сайҷамил Ахмедов, Ҳусейн Рабиев, Сайризвон Бурҳонов, Балаҷон Баёнов, Зафар Сулаймонов, Ҳисомуддин Шоев, Алиакбар Гадоев, Муҳриддин Қунушов, Маҳмадрасул Гулов, Фазлиддин Сайфуддинов, Аскаралӣ Амиров, Зоҳир Баёнов, Назокат Шомадова ва боз чандин нафари дигарро метавон бо ифтихор ба забон овард, ки бо меҳнати шоистаи худ байни мардум эҳтирому иззати хоса доранд.

Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос пайваста дар ҳаққи омӯзгорон ғамхорӣ зоҳир менамояд. 15-уми августи соли 2020 дар Қасри фарҳанги ноҳия машварати августии омӯзгорони ноҳияи Тоҷикобод баргузор гардид. Дар он роҳбарони ташкилоту идораҳо ва раиси ноҳия низ ширкат варзиданд. Дар машварат раиси ноҳия Фақерзода Қадриддин Аббос суханронӣ намуда, омӯзгорон ва собиқадорони соҳаи маорифро бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

 Таъмини омӯзгорон

Дар соли 2020 — 27 нафар омӯзгори ҷавон бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия фиристода шуд, ки аз ин 22 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Соли 2019 бошад, мувофиқи роҳхати Вазорати маориф ва илм бояд 25 нафар ба ноҳия ҳозир мешуд. Аз ин шумора 19 нафар ба шуъбаи маориф ҳозир гардида, бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия қисман бартараф карда шудааст. Барои бартараф кардани мушкилоти норасоии кадрӣ, шуъбаи маорифи ноҳия 22 омӯзгори нафақагирро бинобар таҷрибаи зиёд доштан ва мутахассиси хуб буданашон тариқи шартнома дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба кор ҷалб кардааст.

Баргузории озмуну олимпиадаҳо

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод дар соли 2020 ба вазъи душвори сол нигоҳ накарда, миёни хонандагон озмунҳои гуногун баргузор намуд. Иштироки хонандагон дар даври ноҳиявӣ ва минтақавии озмуну олимпиадаҳо нисбати соли 2019 беҳтару муассиртар ҷамъбаст гардид. Ду нафар хонанда дар ин озмунҳо фаъолона ширкат варзида сазовори ифтихорнома ва мукофоти пулӣ гардиданд. Дар даври минтақавии олимпиадаи фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Тоҷикобод соҳиби 7 медал, аз ҷумла 1  тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд. Ду нафар хонандаи муассисаи таълимии ноҳия дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ширкати фаъол варзида ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар олимпиадаи ноҳиявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик Меҳроб Абдусатторов, хонандаи синфи 9-и МТМУ №11, Иброҳим Саъдуллоев, хонандаи синфи 11-и МТМУ №11 ва аз фанни биология Марҷона Раҷабова, хонандаи синфи 11-и ҳамин мактаб ширкати фаъол варзида, ҷойҳои аввалро ишғол намуданд, сазовори ифтихорнома ва мукофотҳои пулии шуъбаи маориф ва МИМҲД-и ноҳияи Тоҷикобод гардиданд.

Ҳамчунин дар даври минтақавии озмуни «Омӯзгори сол» як нафар — омӯзгори МТМУ №1 Раҳмуддинова Файзинисо дар ДТИВБКСМ дар шаҳри Душанбе фаълона иштирок намуда, сазовори ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ гардид.

Дар соли таҳсили 2020-2021 хонандагони соҳибистеъдоди ноҳия дар озмунҳои дарёфти стипендияи Президентӣ ва стипендияи раиси ноҳия ширкат варзида, чаҳор нафар ба гирифтани стипендияи Президентӣ ва дувоздаҳ нафари дигар ба гирифтани стипендияи раиси ноҳия сазовор гаштанд.

Маврид ба зикр аст, ки Пешвои миллат, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд. Дар партави ин пешниҳод дар ноҳия озмуни ноҳиявӣ баргузор карда шуда, даври мактабӣ ва ҷамоавии он ҷамъбаст карда шудааст.

 Роҳхат ба донишҷӯӣ

Мувофиқи ҳисоботҳои директорони муассисаҳои таълимии ноҳия соли таҳсили 2019-2020 520 хонанда (аз ин 216 духтар) синфи 11-умро хатм намуда, 115 хатмкунанда (аз ин 4 духтар) ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар тариқи Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 39 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар, 173 нафар ба коллеҷҳо ва курсҳои кӯтоҳмуддат, 76 нафар (аз ин 31 духтар) тибқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дохил шуда, номи пуршарафи донишҷӯйро сазовор гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки аз соли 1997 то соли 2020 тавассути квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Тоҷикобод дар умум 615 нафар (333 духтар ва 282 писар) бо ихтисосу равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, техника ва технология, кишоварзӣ ва ғ. ба муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе имтиҳон, аз рӯи суҳбат қабул карда шудаанд. Айни замон дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 265 нафар духтарону писарон аз ноҳияи Тоҷикобод тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда истодаанд.

Муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияи муосир

Рафти иҷрои қарори ҲҶТ дар бораи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» зери назорати доимии шуъбаи маорифи ноҳия қарор дошта, тибқи талаботи нақшаи барномаи мазкур нақшаи харидории компютер дар 3 соли амалишавӣ (барои солҳои 2018-2020) 210 адад буда, то имрӯз 47 адад харидорӣ шудааст, ки ин 22,3 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Тоҷикобод 332 компютер мавҷуд аст, ки 1 компютер ба 15 хонанда рост меояд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 51 адад принтер, 2 адад тахтаи электронӣ ва 9 адад видеопроектор низ мавҷуд аст.

Баҳри иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» то имрӯз дар ноҳия 6 кабинети фаннӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм ва шарикони рушд таҷҳизонида шудааст, ки он 75 дарсади иҷроиши барномаро ташкил медиҳад. Умед      аст, ки то охири иҷроиши барнома тадбиқи он дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод бо ёрии ҳукумати ноҳия, мутасаддиёни соҳа, шарикони рушд ва шахсони хайрхоҳи соҳаи маориф пурра, яъне 100 дарсад иҷро мегардад.

Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ

Дар муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф 567 нафар (аз ин 222 духтар) ба машғулиятҳои гуногун фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли гузашта 80 нафар зиёд мебошад. Дар ин муассиса машғулиятҳо аз рӯи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, либосдӯзӣ, нақшу нигор, кулолгарӣ, гулпарварӣ ва ғ. амал мекунанд. Илова бар ин, дар назди 6 муассисаи таълимии ноҳия Марказҳои инкишофи кӯдак бо фарогирии 155 нафар хонанда фаъолияти пурсамар доранд.

 Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем»

Аз ҳисоби лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод Марказҳои методии минтақавӣ ташкил карда шуда, ҳафтае ду маротиба бо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дарсҳо ва омӯзишҳо ба роҳ монда шуда истодаанд, ки ин раванд фаъолияти омӯзгоронро дар самти гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим ва истифодаи усулҳои нави таълим беҳтару муассиртар намудааст. Гуфтан ба маврид аст, ки шуруъ аз соли 2016 зина ба зина тамоми омӯзгорони фаннӣ сар карда аз муносибати босалоҳият дар таълим омӯзиш гирифта, соҳиби сертификат гардиданд.

Корҳои созандагиву ободонӣ

Масъалаи сохтмони синфхонаҳо ва синфхонаҳои иловагӣ дар маркази диққати ҳукумат ва шуъбаи маорифи ноҳия қарор дорад. Дар соли 2020 бинои иловагӣ дар назди биноҳои МТМУ №2 ва №27 иборат аз 6 синфхонаи дарсӣ сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин, дар назди муассисаҳои таълимии №37 як синфхона, №31, №34 ду синфхонагӣ ва дар №43 чор синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифодаи муҳассилин дода шудаанд.

Ба ҷойи охирсухан

Дар фароварди суҳбат Сайраҳмон Мансуров — мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод изҳор дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ҳамасола таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, дар ин замина бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ амалӣ шуда истодааст.

— Бешак, соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа аст. Боварӣ дорам, ки амалӣ гардидани барномаҳои қабулшуда дар соҳаи маориф ба сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия такони ҷиддӣ мебахшад. Шуъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод пайваста кӯшиш менамояд, ки низоми таълимро дар қаламрави ноҳия ҳамқадами замон гардонида, дар ин самт тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд. То ин ки дар ҷаҳони муосир дастпарварони мо навовару ташаббускор ва созандаи бунёдкор шуда, барои Тоҷикистони азизу маҳбубамон хидмат намоянд,- афзуд ӯ.

 МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here