Ба таваҷҷуҳи масъулони назорати сифату тартиботи кори ошхонаҳои дар ҳудуди шоҳроҳи ДушанбеХуҷандЧаноқ дар мавзеи Шаҳристон расонида мешавад, ки нисбати кори ошхонаҳои дар ин шоҳроҳ амалкунанда каме диққат зоҳир намоянд. Ба муомила, муошират, муносибат, сифати хӯрокҳо, пешгирии бемории COVID-19 диққат диҳанд, то ки сифати хизматрасонӣ беҳ шуда, хотири мизоҷон шод гардад.

Дар шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳия Шаҳристон, мавзеи Бурагент ошхонаи “Асал” дарро барои мусофирон боз намудааст. Сарпарасти ошхона соҳибкори пухтакор, инсони поксиришт, асалпарвари номии ҷумҳурӣ Пулотов Набиҷон мебошанд, ки асалҳояшон дар ҷумҳурӣ ва берун аз он маълуму машҳур гардидааст. Бо умеди зиёд ба ошхона ташриф оварда, аз муомила, муошират, муносибат ва рафтори кормандон ношод гардидам. Аксари кормандон дар чунин шароите, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ баҳри пешгирии касалии марговари COVID-19 муборизаи сахт идома дорад, бениқобанд ва баҳри пешгирӣ маводҳои лозима ҷой надорад. Аксари шаҳрвандоне, ки ба ошхона меоянд, бениқобанд. Номгӯи хӯрокиҳо ва нархномаҳои хӯрок дар ошёнаи якум дар рӯи мизҳо вуҷуд надорад. Аз ин боис байни мизоҷон ва корманди ошхона Муминҷон Пулотов баҳс мешавад, ки ин оқибати хуб надорад. Либосҳои хизмачиҳои ошхона ранги сиёҳ дорад, ки ҳангоми назди шаҳрвандон омадан табъи касро хира мегардонад. Шояд пас аз маслиҳати ҳафтаномаи “Фараж” тартиботи кори ошхона беҳтар гардад.

Умеди онро дорем, ки ошхонаи “Асал” бо забони ширини чун асал мусофиронро қабул намуда, хӯрокҳои чун асал дилкаш ва нархҳояш дастрасро ба мизоҷон пешкаш менамояд.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here