Шаҳри Истаравшан дар қисми ғарбии вилояти Суғд ҷойгир буда, дар он зиёда аз 257055 нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд. Аз ин шумора 67300 нафар занҳои қобили таваллуд буда, 102464 нафар кӯдакону наврасони то 17-солаанд. Нафарони боқимонда шахсони куҳансолу миёнасол мебошанд.

Ҳоло системаи тандурустии шаҳри Истаравшан яке аз беҳтаринҳо дар мамлакат шинохта шуда, он дорои беморхонаи марказӣ, 3 беморхонаи минтақавӣ ё рақамӣ, 3 маркази байниноҳиявӣ, аз қабили дилшиносӣ, урологӣ ва осебшиносӣ, ки барои ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ, Шаҳристон, Зафаробод, Деваштич, Спитамен ва шаҳри Истаравшан хизмати тиббӣ мерасонанд, иборат буда, иловатан 3 адад стансияҳои табобатӣ, 15 маркази саломатӣ, 30 бунгоҳи тиббӣ, маркази саломатии репродуктивӣ, маркази стоматологӣ, беморхонаи бемориҳои сироятӣ, маркази ВНМО, маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, 13 муассисаи табобативу хусусӣ ва 5 осоишгоҳи табобатӣ дар хизмати мардум қарор доранд.
Шароити хизматрасонии муассисаҳои табобатии шаҳри Истаравшан давоми ду соли охир дар сатҳи мусбат қарор дошта, имрӯз аз 317 нафар табибон, ки дар системаи госпиталӣ фаъолият доранд, 246 нафарашон, ки 75 фоизро ташкил медиҳад, духтурони дараҷаи олӣ, якум ва дуюм буда, аз 1199 нафар кормандони миёна ва хурди тиббӣ 642 нафарашон кормандони миёнаи дараҷадор ба ҳисоб мераванд, ки ин беш аз 48 фоизи кормандонро ташкил менамоянд. Маҳз кордонӣ ва масъулияти баланди сардухтури Беморхонаи марказӣ Обидов Фарҳод Сатторович имкон додааст, ки аз моҳи июли соли 2016 сар карда, аз масофаи 1,7 км оби полезӣ бо қубурҳои полиэтилении қутраш 150 ба таври доимӣ ба ҳудудҳои маъмурии беморхона оби полезӣ оварда шуда, имрӯз мавзеи беморхонаи марказӣ ба як гулистони афсонавӣ табдил ёфтааст. Инчунин, бо ташаббуси сардухтури беморхона Обидов Фарҳод ва бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Истаравшан Иноятзода Баҳром дар наздиктарин мӯҳлат оби ошомиданӣ ба утоқҳои корӣ ва ташхисгоҳҳову кулли ҳуҷраҳои табобатӣ низ васл карда мешавад, ки ин як рӯйдоди нодир дар системаи тандурустии шаҳри Истаравшан ба шумор хоҳад рафт.
Яке аз самтҳои фаъолтарини системаи тандурустии шаҳри Истаравшан — ин се маркази байниноҳиявӣ мебошад, ки ба мардуми минтақа хизмат мерасонанд. Аз ин миён шӯъбаи осебшиносиро метавон махсус номбар кард, ки он дар баробари системаи сан-авиатсияи вилоятӣ махсус барои мардумони осебдида, бахусус аз садамаҳо дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз минтақаи Айнӣ сар карда то ноҳияи Спитамен хизмати сифатноки осебшиносиро мерасонад. Ин марказ бо технологияи муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуда, аз ҷиҳати касбият ва ҷарроҳону табибон яке аз беҳтаринҳо дар мамлакат шинохта мешавад, ки дар кӯтоҳтарин муддат ба дилхоҳ шахси ба садама дучоргардида ёрии беҳтарини тиббиро мерасонад.
Яке аз самтҳои дигари афзалиятноки фаъолияти системаи тандурустии шаҳри Истаравшан — ин нигаҳдории саломатии модару кӯдак буда, дар соли 2016-ум 7033 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 89 нафар ё 1,3 фоиз дар хона таваллуд кардаанд. 26 нафар, ки 0,3 фоизро ташкил медиҳад, занҳои ҳомиладори шаҳрӣ буда, 26 нафарашон занҳои деҳоти дурдаст мебошанд, ки дар вақташ аз сабаби дурии роҳ ва гармову сармо ба шӯъбаҳои таваллуд муроҷиат накардаанд. Аз ҷамъи таваллуд дар нимсолаи аввали соли 2017 ҳамагӣ 0,4 фоизаш дар хона таваллуд кардаанд, ки ин нишондиҳанда яке аз беҳтаринҳо дар мамлакат ба шумор меравад.
Системаи госпиталии шаҳри Истаравшан дорои 961 кати табобатӣ буда, дар соли 2016-ум 26276 нафар бемор табобат гирифтаанд, ки аз он 11804 нафар ё ин ки 47 фоиз беморон пурра табобатро ройгон гирифтаанд. Маблағи табобати онҳо беш аз 2 млн 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Яъне, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қариб ки пурра табобати ройгони 47 фоиз аҳолии камизоат ва аз дигар шаҳру ноҳияҳо воридгаштаро пардохт намудааст.
Шӯъбаи урологӣ, ки байниноҳияви мебошад, дорои 40 кати табобатӣ буда, давоми соли 2016-ум 680 нафар ва нимсолаи аввали соли 2017 беш аз 402 нафар беморон дар он табобат гирифтаанд. Дар ин шӯъба дар соли 2016-ум 91 адад ва дар нимсолаи аввали соли 2017-ум 63 адад ҷарроҳии таъҷилӣ гузаронида шудаст.
Шӯъбаи осебшиносӣ, ки дорои 40 кати табобатӣ мебошад, дар соли 2016 ба 970 бемор хизмати тиббии госпиталӣ расонидааст, ки аз он 163 бемор аз дигар шаҳру ноҳияҳо мебошанд. Дар ин шӯъба 272 ҷарроҳӣ гузаронида шудаст, ки аз он 206 ҷарроҳӣ таъҷилӣ мебошанд. Дараҷанокии табибони ин шӯъба баландтарин буда, 100 фоизро ташкил менамояд.
Яке аз бахшҳои басо муҳими соҳаи тандурустӣ бахши ёрии таъҷилӣ мебошад, ки дар соли 2016-ум 11 ҳазору 651 даъват ба қайд гирифта шудааст. Дар ин шӯъба 77 нафар кормандон фаъолият мебаранд, ки 24 нафарашон ронандагон мебошанд.
Яке аз марказҳои байни мардум мақбулу машҳур маркази дилшиносӣ мебошад. Давоми соли 2016 дар ин марказ 1481 нафар бистарӣ гардидаанд, ки аз он 40,6 фоизашон беморони вазнин будаанд. Дараҷанокии табибон 60 фоиз, дараҷанокии кормандони тиб 100 фоизро ташкил медиҳад.
Маркази стоматологӣ яке аз беҳтаринҳо дар шаҳри Истаравшан буда, давоми соли 2016-ум 8272 нафар беморон қабул карда шудаанд. Дараҷанокии табибон дар ин муассиса беш аз 70 фоизро ташкил намуда, давоми соли 2016-ум 290 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Ба 68 нафар беморон, аз ҷумла 5 нафар маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони имтиёздор табобати ройгон гузаронида шудааст.
Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки соҳаи тандурустии шаҳри Истаравшан яке аз беҳтаринҳо ба шумор рафта, роҳбарияти Беморхонаи марказӣ дар як вақт аз болои фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бахшҳои табобати хусусӣ низ назорати қатъӣ мебарад. Чунки аз рӯйи салоҳият назорати соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳо бар зиммаи сардухтури Беморхонаи марказӣ гузошта шудааст.
Аз рӯйи суханони сокини шаҳри Истаравшан Акбар Маърупов маълум гашт, ки «соҳаи тандурустии шаҳри Истаравшан, ки аз чанд сулолаи табибони худодод иборат мебошад, иқтидори табобати пурраи дилхоҳ бемориро дошта, имрӯз мардум вақти қимати худ ва маблағҳои калонро сарфа намуда, дар худи беморхонаҳои шаҳри Истаравшан табобат мегиранд. Бигзор собиқ сардухтурон хафа нашаванд, кассе мисли Обидов Фарҳод, ки падарашон Обидов Абдусаттор 39 сол мудири шӯъбаи бемориҳои сироятӣ шуда фаъолият карданду модарашон низ корманди соҳаи тандурустӣ буду гузашта аз ин, имрӯз дар оилаи онҳо аз Фарҳод Абдусатторович сар карда то келину фарзандон 23 нафарашон кормандони соҳаи тандурустианд, ягон нафар барои мардуми Истаравшани бостониву соҳаи тандурустии кишвар хизмати арзанда накардааст. Як худи ба гулистони афсонавӣ табдил додани Беморхонаи марказӣ ва таъмиру таҷдиди кулли беморхона, аз ҷумла болопӯшҳояшон ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани беморхонаҳо дар ин шароити вазнини бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ хизмати арзанда аст. Кулли мардуми Истаравшан ба ин марди шариф, ки худ ҷарроҳи беҳтарин низ ҳастанд, барои хизматҳояшон арҷ мегузоранд».
Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Ином ном шахс, ки аз деҳаи Қалъаи калон мебошад, «барои мо — мардуми Истаравшан Фарҳод Абдусатторович яке аз меҳнатдӯсттарин ва вофодортарин нафар мебошанд. Яъне, ин нафар ҳам ба қасами Гипократу ҳам ба қасами ба номи Пешвои муаззами миллат додаашон содиқ буда, равияҳои нави табобативу роҳбариро дар асоси супоришҳои роҳбари давлат дар маҳали дурдаст амалӣ менамоянд, ки офарин ба он кас!».
Дар сӯҳбат бо мо сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан Обидов Фарҳод иброз намуд, ки «маҳз бо дастгирии бевоситаи доҳии тоҷикони ҷаҳон, Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз барои ҷарроҳию иваз намудани узвҳо, ки дар гузашта мо онро дар хоб медидему орзую ормонамон буд, мардум аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистони азизи мо меоянд. Мо табибон муваззафем, ки барои дастгириҳои доимии соҳаи тандурустӣ ба Пешвои муаззами худ вафодор бошему ба ӯ арҷ гузорем».

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ
Душанбе-Истаравшан-Душанбе

МАЪЛУМОТНОМА:
Обидов Фарҳод Абдусатторович соли 1965 дар деҳаи Якатоли шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Соли 1971 ба мактаби рақами 1-и ба номи Горкий дохил шуда, соли 1981 онро бо баҳои аъло хатм намудааст. Соли 1981 ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1987 онро хатм намуда, як сол интернатураи ҳамин донишгоҳро хонда, соли 1988 ба ҳайси мудири шӯъбаи хунгузаронии Беморхонаи марказӣ фаъолият намуда, дар як вақт то соли 1991 ҳамчун табиби шӯъбаи ҷарроҳӣ низ фаъолият намудааст. Соли 2003 ҷарроҳ ва баъдан, то моҳи апрели соли 2012 вазифаи мудири шӯъбаи калонсолонро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2012 то соли 2016 ҳамчун табиби ҷарроҳ дар шӯъбаи ҷарроҳӣ фаъолият намуда, аз моҳи июли соли 2016 сардухтури Беморхонаи марказӣ мебошад. Духтури дараҷаи олӣ, соҳиби панҷ фарзанд ва оиладори намунавӣ мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here