Раиси навтаъини Панҷакент чӣ чораҳо меандешида бошад?
Тайи ду ҳафтаи охир боло рафтани қиммати орд, равған, тухм, шакар ва дигар маводи ғизои ниёзи аввалия аз 10 то 15 фоиз боиси нигаронии мардуми шаҳру деҳоти Панҷакент гардидааст. Сокинон мегӯянд, ки «барои мо аз ҳама заруртарин маводи ғизоӣ — ин орд, равған, шакар ва тухм буд, ки ҳамаашон ба маротиб қиммат шуданду ҳоли табоҳи моро дар ин замони бекориву бепулӣ боз ҳам табоҳтар гардониданд».
Шариф Шарифов, ки худ як тан аз коргарони собиқи корхонаи тамоку будааст, мегӯяд, баъди пошхӯрии шӯравӣ корхонаи бузурги онҳо оид ба коркарди тамоку низ аз кор бозмондаву бо ин сабаб ӯ ва даҳҳои дигар бекор мондаанд.- Имрӯз,- гуфт ӯ,- болоравии нархи хӯрокаву ордро дидаму дар ҳайрат мондам. Чунки, орде, ки нархаш пештар 230 сомонӣ буд, дар фурӯшгоҳҳо 260-270 сомонӣ ва тухму равғану шакар низ бо чунин нархҳои гарон фурӯхта мешуд.
Як тан аз харидорони дигар, ки худро Қутфинисо Самарова ном бурд, гуфт: «Ба бозор барои хариди орд ва равғану тухму шакар омадаму ин нархҳҳои гаронро дида, шах шудам. Акнун маҷбурам дасти холӣ ба хона равам. Зеро, ман як фаррошаму шашсад сомонӣ маош мегирам. Ҳоло дидам, ки як халта орди қаблан 220-230 сомонӣ 270 сомонӣ, равғани даҳлитра, ки 120 сомонӣ буд, 155-160 сомонӣ ва тухму шакар ҳам ҳамин гуна гарон шудаанд. Дар ин ҳол, бо ин маоши ночизу нархҳои рӯз то рӯз афзоянда, ки дар оилаам шаш хӯранда дорам, минбаъд чӣ тавр зиндагӣ мекунем, худам намедонам».
Аммо, дар ҳамин ҳол, шоҳидони айнӣ ва харидорон мегӯянд, ки як рӯз пеш аз боло рафтани қиммати доллар соҳибкорони ордфурӯш ордро аз ҳамдигар ба 233 сомонӣ харидорӣ намуда, пагоҳаш чун қиммати доллар боло рафтааст, як халта ордро 260-270 сомонӣ ба мардум фурӯхтаанд.
Баъди чунин рафтори ордфурӯшон раиси собиқи шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода бевосита ҳамроҳи ашхоси масъул ба бозори орд рафтаву бо савдогарони ордфурӯш дар бобати аз рӯи инсоф фурӯхтани орд суҳбат намудааст. Аммо ордфурӯшон баҳона пеш овардаанд, ки бинобар боло рафтани қиммати доллар кохонаҳои ордбарорӣ ва дигар ниҳодҳои марбута нархро бардоштаанду онҳо низ маҷбуранд қиммати ордро то андозае боло баранд.
Вале дар ин бобат ҳолдонҳо мегӯянд, ки савдогарони орд, равған ва тухму шакар ин маводҳоро қабл аз болоравии нархи доллар оварда будаанду акнун бо хости худ «бардорад, зам кун» гӯён, нархҳоро 13-14 ва дар баъзе нуқоту мағозаҳо то 15 фоиз боло бардоштаанд.
Хулоса, ин савдогарон гапи раиси собиқро ба замин гузоштаанду аз рӯи хости худ то ба ҳол амал мекунанду шиорашон ҳоло мақоли пешини халқ — «бардорад, зам кун, набардорад, кам кун неву бардорад, зам кун, набардорад, руст кун» шудааст.
Ин дар ҳолест, ки қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон оид ба танзими маводи зарурии хӯрока ба тасвиб расидааст, ки бояд ҳукуматдорон дар маҳалҳо аз рӯи он амал кунанду нархҳои номгӯи дар қарор овардашударо то ба андозае ба эътидол оваранд. Аммо баъзе аз амаладорон ҳангоми суҳбат ҳатто аз мавҷудияти ин қарорҳо хабар надоштанашонро ифшо намуданд.
Қарорҳои мазкурро инҷо меорем, то ин ин гуна роҳбарон донанд, ки дар ҳақиқат ин қарорҳо оид ба танзими маводи ғизоӣ зарурӣ ҳастанду аз рӯи онҳо бояд амал намуд!
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2019, № 350, аз 25.06.2020, № 396)
Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 майи соли 2018, №287
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «31» майи соли 2018, №287
Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд:
- Орд (навъҳои 1 ва 2).
- Нони аз орди навъҳои 1 ва 2 истеҳсолгардида.
- Маҳсулоти макаронӣ.
- Гандум.
- Биринҷ.
- Картошка.
- Сабзавот: сабзӣ, пиёз, карам.
- Қанди сафед, шакар.
- Равғани растанӣ: равғани пахта ва равғани офтобпараст, равғани маска.
- Маҳсулоти ширӣ: шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог.
- Наск, нахӯд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав.
- Гӯшт: гӯшти гов, гӯшти гӯсфанд, гӯшти мурғ.
- Тухми мурғ.
- Намак.
- Чой: навъи сабз ва сиёҳ.
- Ғизои кӯдаконa.
- Маҳсулоти нафтӣ: бензини автомобилӣ, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.07.2019, № 350).
- Маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.06.2020, № 396).
- Нуриҳои минералӣ, органикӣ ва химиявӣ барои соҳаи кишоварзӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.06.2020, № 396).
Ку бинем, шояд дар ин бобат раиси навтаъини шаҳри Панҷакент аз рӯи қарорҳои мазкур чӣ чораҳо меандешида бошад?
Шоҳин ОБЛОҚУЛЗОДА,
махсус барои «ФАРАЖ»