Ё чаро «Агроинвестбонк» ҳатто ба мизоҷони бемораш маблағи пулие намедиҳад?

Чанде пеш дар назди даромадгоҳи филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Панҷакент бо сокини ноҳияи Панҷакент Наврӯзова Бибинисо рӯ ба рӯ шудам, ки дар даст коғазҳои бисёре бо ҳоли хароб нишаста буд. Вақте аҳволпурсӣ кардам, гуфт:

— Ба бемории гепатити вируси В гирифтор шуда, дар беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент бистарӣ шудам. Чун маблағе барои табобат надоштам, бо умеде бо ариза ба раиси ҶСК «Агроинвестбонк» Муродалӣ Алимардон ва ба сардори филиали ин бонк дар шаҳри Панҷакент Аҳроров М. С. муроҷиат намудам, то ақаллан барои табобатам аз депозити худам ба ман маблағе ҷудо намоянд. Дар баробари ариза нусхаи маълумотномаро аз беморхонае пешниҳод кардам, ки дар он хобида будам ва табобат мегирифтам. Сабаби ба ариза замима кардани маълумотномаи духтур он буд, ки масъулини бонк ба аризаам беэтиноӣ накунанд ва чун бемориам вазнину сироятӣ аст, бароям фавран маблағи пулӣ ҷудо намоянд. Дар ариза аз ҷумла навиштам, ки «муҳтарам Муродалӣ Алимардон! Аз рӯзи 17.09.2017 бо бемории вазнине дар табобатхона бистариаму ҳатто барои харидории дорувориҳоям наметавонам маблағ ёбам ва зиёд қарздор шудаам. Бинобар ин, бевосита ба Шумо муроҷиат намуда, ба арзи Шумо мерасонам, ки ба кӯмаки фаврии пулӣ сахт ниёз дорам».
Инак, аз аризаи ман 20 рӯз гузашт, аз шифохона баромадам, вале ин «кӯмаки фаврӣ» то ҳол ба дарозо тӯл мекашаду масъулини беинсофи бонк бароям як сомонӣ ҳам ҷудо намекунанд.
— Алъон чӣ ҳод доред? Аз шифохона ҷавоб доданд?
— Бале, ҷавобам доданд. Аммо гепатити В (зардпарвин) бемориест, ки бояд 50 рӯз зери назорати духтурон бошӣ ва дору истеъмол куниву дармонро идома диҳӣ. Алҳол на пуле барои харидани доруворӣ дорам, ки табобатро давом диҳам, на имконияти сафар ба Душанбе, ки фарзанди беморамро низ барои ташхис барам.
— Ба муроҷиататон дар бонк чӣ ҷавоб доданд? Оё ба Шумо ягон ҷавоби расмӣ пешниҳод карданд?
Наврӯзова нусхаи ҷавоберо нишон дод, ки бо имзои муовини раиси «Агроинвестбонк» Исмоилова М. Н. ба воситаи почта ба ӯ ирсол кардаанд. Дар он навишта шудааст: «Бояд қай кард, ки давомёбии буҳрони молиявӣ таъсири худро ба низоми бонкии кишвар, аз ҷумла ҶСК «Агроинвестбонк» расонидааст, ки дар натиҷа фаъолияти субъектҳои хоҷагидориро суст гардонида, сабаби зиёд шудани қарзҳои ғайрифаъол ва паст гардидани сатҳи қарзадокунии мизоҷон гаштааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, бонк кӯшиш намуда истодааст, ки дар доираи шароиту имконияти ҷойдошта, уҳдадории худро дар назди мизоҷон иҷро намояд. Аз ин лиҳоз, дархости Шумо мувофиқи ҷадвали пардохтҳое, ки аз тарафи филиали бонк дар шаҳри Панҷакент ба нақша гирифта шудааст, ба қайд гирифта шуда ва дар доираи имконият марҳила ба марҳила ба роҳ монда мешавад».
— Хайр, дар навбат мондаанд-ку! Ин маънои онро дорад, ки ба Шумо ягон рӯз (солу моҳаш маълум нест) ва дар доираи имконият маблағ медиҳанд, вале алҳол ҳамин гуна имкониятро бонк надоштааст ва кай чунин имконият пайдо мешавад ва ё чунин имконият пайдо мешавад ё не, инашро худо медонад.
— То он вақт агар ман худро табобат карда натавониста, ба ҳалокат расам чӣ? Ё ба кӯдаки беморам зиёне расад чӣ?,- гӯён, оби чашмашро пок карда, суханашро ҷамъбаст намуд ҳамсуҳбатам.
Ӯро аз ин ҳолат бароварданӣ шуда, бо шӯхӣ гуфтам:
— Не, не, намуред! Агар худо накарда муред ҳам, ба қавли устод Сайёф «Алимардон ба тобутпулӣ ҳам чизе намедиҳад».
Хулас, аз суҳбат маълум шуд, ки натиҷаи сарсониҳои Наврӯзова бенатиҷа анҷом ёфта, «Агроинвестбонк» на дар давраи дар беморхона хоб буданаш ва на баъди аз шифохона баромаданаш ҳанӯз ба ӯ ҳатто як сомонӣ ҳам надодааст. Сардори раёсати филиали бонк дар Панҷакент Аҳроров М. С. ҳамеша аз ӯ мегурезад ва ба ҷои ӯ котибааш ҳамеша як хел ҷавоб медиҳад: «Раис назди қарздорҳо ба ҷустуҷӯи пул рафтанд».
Лекин, хушбахтона, дар шаҳри Панҷакент доруфурӯшҳои шинос ба ҳоли ӯ раҳм карда, дорувориҳоро нася додаанд, то табобат гирад. Агар доруфурӯшҳо барояш дорувориҳоро нася намедоданд, ба қавли худаш, «ба умеди пули «Агроинвестбонк» мемурдам…».
Наход имрӯз вазъи ҶCК «Агроинвестбонк» ба ҳамин дараҷае расида бошад, ки ҳатто ба мизоҷони бемор, бемороне, ки мубталои бемории сироятиву вазнин гардидаанд ва ба табобати фаврӣ ниёз доранд, аз пасандози худи онҳо як кӯмаке карда натавонад? Чаро «Агроинвестбонк» дар чунин ҳолатҳо аз «Тоҷиксодиротбонк» ибрат намегирад? То ҷое огоҳем, «Тоҷиксодиротбонк» дар чунин ҳолатҳо новобаста ба вазъи душвори худ, аз хазина якбора то 3 ҳазор сомонӣ ҳам пули нақд медиҳад ва ҳам ба корти пластикиашон пул мегузаронад, ки ҳар рӯз аз он то 200 сомонӣ гирифта тавонанд.
Овозаҳое мавҷуданд, ки вазъи «Агроинвестбонк» имрӯз на беҳтар аз «Фононбонк»-у «Тоҷпромбонк» аст. Наход «Агроинвестбонк»-ро ҳам муфлис эълон кунанд?
Дар суҳбат бо банда яке аз масъулини «Агроинвестбонк» ба шарти наовардани номаш иброз дошт, ки ин бонк воқеан дар вазъи шадиди буҳронӣ қарор дорад ва эҳтимоли муфлис эълон карданаш низ вуҷуд дорад. Худи ҳамин муроҷиати мизоҷи бемор ва ба ӯ «дар доираи имконият» ҷудо накардани як маблағи ночиз гувоҳ аз он аст, ки ин бонк дар ҳолати хеле бад қарор дорад ва фарзияи муфлисшавиро тасдиқ мекунад.
Субҳон Мирзоалиев, корманди ҳамин бонк дар суҳбат бо банда иброз дошт, ки вазъи филиали «Агроинвестбонк» дар Панҷакент барои он аз ҳама вазнинтар аст, ки ин филиал аз ҳама бештар амонатгузор дорад.
Ин маънои онро дорад, ки сокинони Панҷакент аз ҳама бештар ба ин бонк бовар кардаву ҳама буду нобуди худро дар ин бонк пасандоз кардаанд ва маҳз ҳамин боварии онҳо имрӯз дарди сари онҳо шудааст. Ба фикри ман, агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран тақдири ин бонкро мавриди баррасӣ қарор дода, ба он кӯмак накунад, вазъ аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд. Ҳукуматро зарур аст, ки ба воситаи Бонки миллӣ ба «Агроинвестбонк» фавран кӯмак кунад, ки ҳар моҳ ба андозаи муайян барои мизоҷон як маблағе ҷудо намояд, ҳатто агар ин маблағ хеле ночиз ҳам бошад. Охир, магар беинсофӣ аз ин бештар мешавад, ки дар бонк пул дошта бошиву дар рӯзҳои сахти ба сарат омада, ҳатто барои табобат 100 доллар бароят надиҳанд!? Ин воқеан даҳшат аст!

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,
Душанбе-Панҷакент-Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here