На ҳар кӣ тарҳи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,
Кулаҳдориву оини сарварӣ донад.
Ҳамсинфонам ба мактаби олӣ рафанӣ ҳастанд, ман ҳам равам гуфтани Олимқул падарро як қад паронд. Амаки Ҳамроқул бо тааҷҷуб ба писар нигоҳ карданд. — Молу ҳол чӣ мешавад?
— Бачаро наранҷонед, монед ба хондан равад, Худо подшоҳст. Як гап мешавад, — гуфтани модари азиз, — Олимқулро ба худ овард, чашмонаш равшану дар лабонаш табассум шукуфт.
Падару модар даст ба дуо бардоштанд: «Роҳат сафед, Худо ёрат бод», Олимқул бо руҳи болида роҳи Душанберо пеш гирифт, дуо иҷобат шуд, ба Институти педагогии ба номи Шевченко имтиҳонро супорид ва қабул шуд.
Олимқул донишгоҳро бо дипломи олӣ хатм карда, ба зодгоҳаш — деҳаи Фароб баргашт. Дар мактаби миёнаи № 10 ба кор таъин карданд. Ҷавон бошад ҳам, омӯзгори пешқадам буд, хонандагони сершумор аз дарсдиҳии ӯ розӣ буданд, дар корҳои беруназсинфӣ фаъолона иштирок мекарданд. Ӯ дар байни муаллимони мактаб бо хоксорӣ, фурӯтанӣ ва интизоми хуб доштанаш эътибор дошт. Ба сабаби дидадароӣ ҳушёр ва фаъол буданаш дар корҳои ҷамъият соли 1979 Раёсати хоҷагии колхози ба номи Энгелс ӯро ба кор даъват карданд. Вале барои санҷиш муҳосиби гаражи колхоз таъин карданд. Дар ин ҷо бетартибӣ, ба кор дер омадан, мошинро дар хонаи худ нигоҳ доштан ва худсарӣ ба назар мерасид.
Дар як ҷамъомади худ ба ҳамаи ронандаҳо эълон намуд, ки техникаи хоҷагӣ бояд дар гараж қарор гирад. Бе роҳхат иҷозати ба кор баровардани техника манъ аст. Ҳарчанд ҳаёҳӯй буд, вале кор ба низом даромад, ба интизомнокӣ риоя карданд.
Ҳамин тавр, ин тарзи корбариро Раёсати колхоз писандид ва ҳар соҳаи кори хоҷагӣ ба иҷрои вазифаи хеш ҷавобгариро уҳдадор шуд. Аз ин ибратомӯзии муҳосиби ҷавон ҳар сардори масъули кори худ аз паи кораш шуда, ба раис ҳисобот медод. Ҳисобу китоби муҳосиби ҷавон-Олимқул дуруст ва бехато буд.
Вақте ки сармуҳосиб ба кори дигар гузашт раиси хоҷагӣ Олимқулро сармуҳосиб таъин намуд. Ӯ дар ҳисобу китоби ин вазифаи вазнин дар ноҳия худро нишон дод. Корафтодаҳои хоҷагӣ аз ҳисобу китоби ӯ розӣ буданд. Ҳамроқулов Олимқул хеле уҳдабаро, кориҷрокун буд.
Боре намояндаҳои ҳизби коммунисти шаҳр ба Фароб омаданд. Якеаш ба гӯши ман оҳиста гуфт, ки давлат аз боло барои ободкорӣ пули зиёд ҷудо кардааст, ки аз хоҷагиҳо барнамегардонад. Аз раиси хоҷагиатон Олимов Ҷумъа талаб намоед, ки дар деҳаатон боз як мактаб созад, аз ин маблағи худодод. Муаллимон назди раис омаданд, ӯ розӣ набуд, ки ранҷиш дошт. Ман ба он кас фаҳмондам, ки агар ба сар хизмат кунед ҳам, намедонанд, вале аз шумо як ёдгорӣ мемонад, ризо шавед. Гуфт: «Ҷой нишон диҳед». Аз гузари боло ду ҷойро нишон додем. Раис ба соҳибони замин ба ҷои замини додаашон замин дод, гирифтанд, яке дар Урдабулоқ, дигаре дар Кӯравод замин гирифтанд, ҳавлӣ сохтанд, вале ба иғвои бахилон даромада.
Аз байн Олимқул баромада масъала гузошт, ки сохтани мактабро ба Гузари Ғелониён супоред, ман роҳбарӣ карда месозам. Олимқул бо аҳли гузар маҷлис карда, Абдуевро саркор таъин карда, аз заводи хиштпазӣ хишти пухта оварда, аз 1-уми июн то охири август дар муддати се моҳ бинои мактаби миёнаи №54-ро қомат рост кунонда, ба истифода доданд. Раиси комиҷроия бо мудири маориф дар маросими кушодашавӣ иштирок доштанд. Ӯ ҳамчун сармуҳосиби хоҷагии колхоз бе нуқсон то соли 1995 кор карда, соҳиби обрӯ ва эътибори баланд гардид.
Соли 1999 ӯро раиси ҳукумати ноҳия Салоҳиддинов дар колхози ба номи Энгелс раиси Раёсат таъин намуд ва халқ бо як овоз дастгирӣ намуданд. Ӯ раиси хоҷагӣ шудан замон барои гаражро аз деҳа берун сохтан, дар шафати Танӯро тарҳи сохтмони биноро гузошт ва дар ҳамон вақт сохт, ки дар як вақт тамокуи хоҷагиро дар ин ҷо қабул мекунад. Дар ин ҷои хушҳаво қомат рост кардани бинои нав як зиннат ва зебоӣ буд.
Вақте ки Фароб деҳаи сарҳадӣ шуд, қисми ҳарбиёни сарҳадӣ ба Фароб омаданд, дар дохили деҳа ҷой ки набуд, ҷои истиқомати сарҳадчиён қарор гирифтанашро Олимқул тавсия намуд.
Давлат хоҷагиҳои колхозиро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ баргардондан қарор қабул кард.
Дар давраи гузариш колхози ба номи Энгелс ба се хоҷагии деҳқонӣ тақсим шуд: Хоҷагии деҳқонии ба номи Хоҷа Мансур, Хоҷагии деҳқонии Фароб ва Хоҷагии деҳқонии Ғелониён.
Аз рӯзи ҷудошавии хоҷагиҳо гӯё ботинан мусобиқаи «Кӣ пеш?» сар шуд. Агар соли пеш аз ҷудошавиро гирем, колхоз ҳамагӣ 50 тонна ҳосили ғалладона гирифтааст. Баъди ҷудошавӣ як худи ширкати кишоварзии «Телониён» 75 тонна ҳосили ғалладона гирифтааст, ки ин натиҷаи корбарии дуруст аст.
Касе ки масъулиятро ҳис мекунад, имконият меҷӯяд. Нафаре, ки масъулият надорад, баҳона меҷӯяд. Ба кордон кор осон.
Вақте ки ба як гӯшаи дафтари ширкати «Ғелониён»-ро чашм андохтам, 800 нафар аъзоёни хоҷагӣ дорои 44 гектар замини обӣ, 433 гектар лалмӣ, 29 гектар боғ, 135 сар моли калон, 20 сар асп, 20 сар гӯсфанд, 133 сар мурғ, 3 трактори ҷуфтӣ, 7 трактори нақлиётӣ, 8 автомашина, биноҳои истеҳсолӣ ва ғайра буданд.
Аз ин имкониятҳо чӣ гуна истифода бурдаанд. Соли гузашта 75, 7 тонна ғалла, 40 тонна тамоку, 20 тонна картошка 35 тонна мева 24 тонна шир ва дигар маҳсулот истеҳсол карданд. Даромади умумии хоҷагӣ 38,5 миллион рублро ташкил додааст, ки ин нисбати соли пешин 16,9 миллион рубл зиёд аст. Даромади соф низ ба 24,6 миллион рубл расид. Фоидаовории истеҳсолот дар ин ширкат дар миёни хоҷагиҳои ноҳия баландтарин аст. 40 тонна тамоку истеҳсол карда, аз фоидаи як амалиёти тиҷоратӣ 60 тонна тамоку фурӯхтанд. Бо як ширкати тиҷоратии Душанбе шартнома баста, 17 дона мотори тамғаи «МТЗ» оварда, 6 автомшини хоҷагӣ ба ин моторҳои қавӣ ва камхарҷ пайваста кор мекунанд, ки 11- тои дигарашро ба хоҷагиҳои ноҳия ба ивази тамоку фурӯхта, аз ин ҳам мо бурд кардем.
Ҳамчунин, ба ивази тамоку беш аз 90 тонна ғалла гирифтанд ва таъмини кишоварзон бо хӯрока як андоза беҳ шуд. Ҳар килло тамокуро бо нархи 528-710 рубл фурӯхтанд.
Иқлими Фароб барои ғаллакорӣ хеле мусоид аст, яке аз бригадаҳо дар замини лалмӣ гандуми баҳорӣ корида, 10-сентнерӣ ҳосил бардошт. Ба якчанд хоҷагиҳои ноҳия ғаллаи тухмӣ фурӯхтаанд. Худи мардум ба ғаллакорӣ, кишти нахӯд, ҷав, картошка таваҷҷуҳ доранд. Худи одамон ба 500 гектар кишт карда, ҳосили хуб гирифтанд, рӯзгорашонро обод карданд. Аҳли ширкат 30 ҷуфти гов дошта, аз ин заминҳо хоҷагӣ андоз намегиранд.
Дар ширкати Ғелониён боғпарварӣ як соҳаи хуби сердаромад аст. Қимату сифати себи Фароб ба ҳама маълум аст. Ин хоҷагӣ аз ин боғ то 100 тонна себ гирифта мефурӯшад. Аз ин рӯ, ҳар сол дар 15 гектар ва аз ин зиёд ниҳоли себ шинонда, парвариш мекунанд. Хоҷагӣ имконият пайдо карда, ба табақаҳои камбизоат ёрии моддӣ мерасонад. Ба иштирокчиёни ҷанг сӯзишворӣ барои зимистон ва ҳам маҳсулоти хӯрока медиҳанд ва мардум аз онҳо розӣ ҳастанд.
Роҳбарӣ ва корбарии раиси хоҷагӣ хеле бомасъулиятона аст, амалаш аз рӯи адолат ва инсоф аст. Истифодабарии замин ба худи мардум дода шудааст. Тақсимоти саҳмия аз замини обӣ, лалмӣ, чарогоҳ, алафдарав хеле ташвиш дорад. Бисёр роҳбарон худро ба канор гирифта, аз ноҳия намоянда меоранд. Раиси хоҷагии «Ғелониён» бошад, мушкил ҳам бошад, барои ҳифзи маблағи хоҷагӣ бе ёрдами боло ин вазифаро худаш иҷро мекунад. Дар ҳар бригада раис мӯза пӯшида, пеш-пеши сардори бригада, ҳисобчӣ, саҳмгирҳо аз қафо ба сари замин мераванд, замини обӣ, лалмӣ, чарогоҳ, алафдаравро баробар тақсим мекунанд.
Раиси хоҷагӣ аз замини лалмии дар шахи сафеддоштаи худ тақсимотро сар кард. Ҳашт хоҷагӣ саҳм гирифт, касе чизе намегӯяд, замини обӣ 0,3 га, лалмӣ 0,8 га, алафдарав, чарогоҳ ва ғайра аз рӯи будаш беҷанҷол ҳал шуд. Дар ин ҷо ҳам лаъл ба даст омаду ҳам ёр наранҷид. Ҳам аз хазинаи хоҷагӣ нақдина набаромад. Ин уҳдабароӣ, роҳбарӣ ва корбарии роҳбари хоҷагӣ аст. Тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ хеле муваффақ аст, лалмӣ, дар теппаю ёна бо дилхушӣ тақсим шуд.
Вақте шуд, ки шабона сел омад, хисороти зиёд расид, ҳам хона, ҳам молу ҳол, ҳам ҷони одамӣ ба ин офат рӯ ба рӯ шуд. Шахсони масъули роҳбарияти шаҳр онро бо чашми худ дида, замин ҷудо ва дар баробари ин маблағи пулӣ ҳам доданд. Раиси хоҷагии Ғелониён барои зарардидагон берун аз Фароб ҷой ҷудо кард. Соли 1953 сокинони ин маҳалла муҳоҷир шуданд. Тарҳи дару деворашон, ҷои мактаб, идораи хоҷагӣ, ҷои масҷид ҳама вайрону валангор буданд. Ин вайронаҳоро ба зарардидагон тақсим карда доданд. Дар як муддати кӯтоҳ онро обод карданд, ниҳоли беду сафедор сабз карданд, боғу роғ карданд. Дар ин манзили навобод мактаб ва ҳам масҷид сохтанд ва имрӯз номи ин маҳалла «Олимобод»-аст. Касе бовар намекунад, ки ин маҳалла 50 сол пеш вайрон буд.
Дар ин ҷо фермаи калони хоҷагии колхози ба номи Энгелс воқеъ буд. Барои сокинони ин маҳалла, ки фарзандонашон бояд хонанд, раиси хоҷагӣ Ҳамроқулов Олимқул панҷ хонаи фермаро ҷудо карда, як муддат ин хонаҳо синфхонаи мактаби 8-солаи маҳаллаи нав қарор гирифт.
Маҳз бо ташаббуси Олимқул раиси шаҳр Абдуназаров иҷозат дод, ки бинои мактаб сохта шавад. Ин бинои мактаби навро бо хароҷоти зиёд, тариқи ҳашари мардум ва ёрии давлат ва мудири шуъбаи маориф бахусус давутози раиси хоҷагӣ Ҳамроқулов сохта шуд. Инчунин, бо талоши Ҳамроқулов Олимқул пункти тиббӣ, хонаи саломатӣ сохта, барои истифодабарӣ дода шуд.
Ҳоло ширкати «Ғелониён» номи Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии «Ғелониён»-ро гирифт, ки дар ноҳия эътибори баланд дорад. Имрӯз сарвари ин кооператив Олимқул бо ташаббус ва ибрати некаш миёни мардуми диёр шуҳратёр аст. Соли 2014 аз ҳисоби маблағи шахсиаш барои таълимгоҳ иборат аз 8 синфхона ва ду ҳуҷраи корӣ бунёд намуда, дар он ҳамаи шароити таҳсилро фароҳам овард. Инчунин, соли ҷорӣ ба як кори савоб низ даст зад. Сокинони деҳа бо сарварии ин роҳбари ғамхор ва ободкор ба сохтмони шаш синфхонаи нав ва ду ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон оғоз намуданд. Чанде пеш бинои нави таҳсил ба истифода дода шуд. Боз ҳоло ният дорад, ки дар Шивари дароз, ки сокинонаш аз мактаб дур ҳастанд, дар фасли зимистон наврасон хунук мехӯранд, мактаби ибтидоӣ созад.
Дар ҳақиқат, касоне ки барои ободии мулк ва саодати сокинон содиқона талош доранд, ба ҳама гуна мукофот ва қадршиносӣ арзанда ҳастанд. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакентро лозим аст, ки ин хизматҳои беҳисоби раиси «Ғелониён»-и Фаробро ба ҳисоб гирад, мавсуф дар шароити куҳистони дур, аз пеши худ беминнат ташаббус нишон дода, чандин мактабу биноро сохта, ба истифодабарӣ додааст, маърифату маданиятро дар деҳа баланд бардоштааст. Қаҳрамони мо ба унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» арзанда аст. Умедворем, ки ӯ дар ин сол ба ин унвон мушарраф мегарданд.
Рӯзиқул МЕЪРОҶОВ, сокини деҳаи Фароби шаҳри Панҷакент