«Ҳар фарде, ки имрӯзу ояндаи ватан барояш азиз аст, бояд барои дар роҳи соҳибмаърифату соҳибкасб, дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба камол расидани насли наврас ва ҷавонон саҳми муносиб гузорад».
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26.12.2019 бори дигар иброз намуданд, ки «бе рушди соҳаи маориф пешравӣ ва тараққиёти ҷомеаро тасаввур намудан ғайриимкон аст». Сарвари давлат соҳаи маорифро яке аз самтҳои рушд ва пешравии ҷомеа эълон намуда, даъват ба амал оварданд, ки баҳри инкишофи соҳаи маориф қишри бештаре аз аҳли ҷомеа, хусусан бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷалб карда шаванд.
Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара муҳтарам Давлатзода Фаридун Шералӣ, “соли таҳсили 2019-2020 аз ҳар ҷиҳат барои кулли кормандони соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара фаромӯшнашаванда ва хотирмон аст. Зеро дар партави сиёсати маънавибунёд ва фарҳангофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рушду тараққиёти соҳаи маорифро омили асосии таҳкиму иқтидори давлату миллат ҳисобида, ғамхорӣ, пуштибонӣ ва таваҷҷуҳу дастгирӣ ба онҳоро аз ҳадафҳои асосии бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистони азиз эълон дошта, барои инкишофи соҳаи мазкур пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ месозанд, тамоми кормандони муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия фаъолияти худро аз шукргузорӣ нисбат ба ин сиёсати моҳиятан инсондӯстона шуруъ намуданд”.
— Фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва муассисаҳои марбут ба он ба татбиқи дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аҳли маориф гузошта шудаанд, иҷрои қарору фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди соҳаи мазкур равон гаштааст,- афзуд ӯ.
Маълумоти мухтасар
Дар соли таҳсили ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия 83 адад таълимгоҳҳо фаъолият менамоянд, ки аз миқдори умумии онҳо 66 ададашон муассисаҳои миёна, 9 ададашон муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва 1 ададашонро мактаби ибтидоӣ ташкил медиҳанд. Инчунин, як Гимназияи ҷумҳуриявӣ, як Мактаби Президентӣ, як литсейи тамоюли техникӣ , 4 кӯдакистон амал карда истодаанд.
Дар муассисаҳои мавҷуда 39210 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 2032 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд.
Аз соли 2018 сар карда, таҳсил дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз рӯи нақша ва барномаҳои нави таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Дар 71 муассиса хонандагон аз рӯи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо соҳаи забону адабиёт, таъриху ҳуқуқ ва дар 7 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо равияҳои фанҳои дақиқ дониш омӯхта истодаанд.
Соли таҳсили 2018-2019-ум 2933 нафар хонандагон синфи 9 ва 2478 нафар хонандагон синфи 11-ро хатм намуда, соҳиби аттестати хатми синфи 9 ва синфи 11 гардидаанд.
Дар соли таҳсили 2018-2019 кабинети методии шуъбаи маориф 318 нафар омӯзгоронро аз курси такмили ихтисос гузаронидааст.
Синфҳои 1-4-ум 752 адад, синфҳои 5-9-ум 721 адад, синфҳои 10-11-ум 223 адад, дар умум, 1696 адад синфҳо фаъоланд. Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки шумораи хонандагону омӯзгорон сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.
Афзоиши хонандагон ва омӯзгорон дар солҳои 2007-2019
Афзоиши хонандагон | Афзоиши омӯзгорон | ||
2007 | 29150 | 2007 | 1097 |
2008 | 29380 | 2008 | 1100 |
2009 | 29451 | 2009 | 1150 |
2010 | 30084 | 2010 | 1184 |
2011 | 30013 | 2011 | 1285 |
2012-2013 | 30135 | 2012 | 1347 |
2013-2014 | 30575 | 2013 | 1439 |
2014-2015 | 31453 | 2014 | 1475 |
2015-2016 | 32420 | 2015 | 1553 |
2016-2017 | 33609 | 2016 | 1739 |
2017-2018 | 35368 | 2017 | 1873 |
2018-2019 | 36914 | 2018 | 1938 |
2019-2020 | 38535 | 2019 | 2031 |
Созмонҳои талабагӣ ва таҳсилоти иловагӣ
Дар ноҳия созмонҳои талабагии «Ахтарон», «Ворисони Сомониён» ва «Сомониён» фаъолияти назаррас доранд. Шумораи аъзои «Ахтарон» 13225 нафар, аъзои «Ворисони Сомониён» 15922 нафар ва шумораи аъзои «Сомониён» 5040 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, маҳфилҳои зиёде амал мекунанд, ки хонандагонро ба касбомӯзӣ ҷалб намудаанд.
Маркази таҳсилоти иловагӣ | ||||
р\т | Номгӯи маҳфилҳо | Миқдори мафилҳо | Гуруҳ | Шумораи иштирокчиён |
1 | Гулпарварӣ | 1 | 4 | 48 |
2 | Гулдӯзӣ | 1 | 4 | 48 |
3 | Сайёҳи наврас | 1 | 4 | 48 |
4 | Дӯзандагӣ | 1 | 4 | 48 |
5 | Дуредгарӣ | 1 | 4 | 48 |
6 | Расм | 1 | 4 | 48 |
7 | Экология | 1 | 4 | 48 |
8 | Забони англисӣ | 1 | 4 | 48 |
9 | Табиатдӯстон | 1 | 4 | 48 |
10 | Қуроқдӯзӣ | 1 | 4 | 48 |
11 | Забони русӣ | 1 | 4 | 48 |
12 | Хониши бадеӣ | 1 | 4 | 48 |
13 | Кандакорӣ | 1 | 4 | 48 |
Идомаи таҳсил
Зикр намудан бамаврид аст, ки оид ба дохилшавии хатмкунандагони соли таҳсили 2019-2020 ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва ибтидоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хориҷи кишвар, муассисаҳои қудратӣ ва тибқи квота чораҷӯиҳо сурат гирифтааст.
Соли гузашта синфи 11-умро 2478 нафар хатм кардаанд. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба воситаи ММТ 1858 нафар, бо квотаи Президентӣ 23 нафар ва ба донишкадаҳои хориҷи кишвар 48 нафару ба донишкадаҳои қудратӣ 26 нафар дохил шудаанд.
Сохтмони муассисаҳои таълимӣ
Бояд гуфт, ки солҳои охир дар ноҳия ба масъалаи бунёди муассисаҳои нав таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Айни ҳол сохтмони муассисаҳои таълимии замонавӣ дар ҷамоати деҳоти Оқсу (1 адад, №32), дар ҷамоати деҳоти Лолазор (1 адад, №25), дар ҷамоати деҳоти Пушинг (2 адад, №№39, 45) ва сохтмони 31 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар солҳои 2018-2019 муассисаҳои №№5, 26, 33, 41, 43, 51, 77, 78, 57, 5, 18, 27, 28, 29, 32, 33, 41, 43, 51, 57, 63, 75, 77, 78 сохта ба истифода дода шудаанд.
Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар боби баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот таъкид менамоянд ва хостори ҳарчи бештар рушд додани соҳаи маориф мегарданд.
1-уми июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75-ро барои 1280 нафар дар ду баст дар ҷамоати деҳоти Корез мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бунёди мактаби мазкур дар доираи муносибатҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ шуда, натиҷаи ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ соли 2015 оғоз гардида, соли 2018 ба анҷом расид. Дар вақти бунёди иншоот даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд. Мактаби мазкур бо дарназардошти талаботи замони муосир 4-ошёна бунёд шуда, аз 35 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои фаннӣ, утоқҳои корӣ, озмоишгоҳҳо, толори маҷлис бо 365 ҷой, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона бо 120 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳои мактаб 6 дона тахтаи электронӣ, 25 адад компютер, 10 мошинаи зардӯзӣ мавҷуд аст.
12-уми июли соли гузашта бошад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и деҳаи Талхоби ҷамоати деҳоти Оқсуро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд. Бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ мебошад ва барои 528 нафар хонанда дар ду баст мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шудааст.
Зимни боздиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳои ин бинои нави таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 оғоз гардида буд. Мактаби нав дар деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара бо дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари маорифпарвари мамлакат дар самти рушди деҳоти дурдаст сохта шудааст ва дар ҷараёни корҳои бунёдӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои асосии мактаби нав барои аҳолии 840-нафараи деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба истиқболи бошукуҳ аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд дониста мешавад.
Инчунин, Пешвои миллат дар деҳаи Шар-Шар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат бо шароити таълимии муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 480 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Барои таълиму тарбия шароити муосир фароҳам буда, тамоми синфхонаҳо бо аёнияти таълимӣ, аз қабили тахтаҳои электронӣ, компютер ва дастгоҳҳои лабораторӣ таъмин мебошанд. Бинои нави муассиса дорои 17 синфхона буда, аз ин шумора 5 адади онро синфхонаҳои фаннӣ ташкил медиҳанд. Синфхонаи компютерӣ бо 30 компютер ва хати алоҳидаи интернет таъмин буда, ҳамчунин барои соҳибҳунар намудани толибилмон дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил гардидаанд. Як синфхонаи алоҳида барои омӯзонидани нозукиҳои бозии шоҳмот ташкил шуда, он бо тамоми дастгоҳ ва аёнияти зарурӣ таъмин мебошад.
Бинои тозабунёди муассисаи таълимӣ ҳамзамон бо толори маҷлис бо 210 ҷойи нишаст, толори варзишӣ бо 200 ҷой ва ошхона бо 50 ҷойи нишаст таъмин мебошад. Китобхона ба адабиёти тозанашр дастрасӣ дошта, толори хониш имконият дорад дар як вақт ба 30 нафар хизмат расонад.
Аснои шиносоӣ ва суҳбат Президенти мамлакат хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи самараноки шароити фароҳамшуда, аз худ кардани илмҳои замони муосир ҳидоят карданд. Сипас, дар саҳни таълимгоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва аҳли маорифи ноҳияи Данғара мулоқот намуда, ифтитоҳи иншооти мазкурро ба онҳо табрику таҳният гуфтанд.
Мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара муҳтарам Давлатзода Фаридун Шералӣ мегӯяд, ки “нишондиҳандаҳои мусбати чанд соли охир дар тамоми бахшҳои ноҳия, аз ҷумла рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф натиҷаи ғамхориҳои пайваста ва тадбирандешиҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Пешвои муаззами миллат аст. Дар ин самт, маорифчиёни ноҳияи Данғара аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Сардори давлат ифтихор доранду кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сазовори боварии Пешвои муаззами миллат гарданд”.
МТЖТ