Чанд муддат мешавад, ки сатҳи хизматрасонии нақлиёти мусофирбарии самти Душанбе-Хуросон паст гардидааст. Ронандагон бо баҳонаи “дар роҳ БДА аст, намешавад“, ё “нархи газ баланд шудааст” арзиши роҳкироро боло мебардоранд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар роҳҳои автомобилгарди пойтахт ва навоҳии ҷумҳурӣ таъмиру азнавсозӣ шуда истодаанд. Дар ин замина хатсайрҳои ноҳия, шаҳр ва дигар навоҳии дурдаст бо автобус ва нақлиёти мусофирбар таъмин гардидаанд. Ҳар як шахс мутобиқ ба хоҳишу завқ ва имконияти худ метавонад аз автобус ё ин ки нақлиёти сабукрави хусусӣ истифода барад. Автобусҳо бештар ба ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон сафарбар карда мешаванд, ки маблағи муайяни роҳкирои худро доранд.
Ман дар ноҳияи Хуросон истиқомат мекунам ва ҳангоми ба Душанбе барои идомаи таҳсил омадан (оғоз аз соли 2016) бештар аз таксиҳои хусусӣ истифода мебарам. Ин силсиласафарҳои ҳарҳафтаинаи ман бо мушкилиҳои зиёде паси сар мешаванд. Алалхусус дар фасли зимистон аз ҳад зиёд интизори нақлиёт шуда, бо як ҳоли зоре ба Душанбешаҳр меоям. Қариб ҳар ҳафта аҳволам аз ҳар ду тараф чунин аст ва худ ба худ меандешам, ки ман ҳамчун як фарди ҷомеа набояд нисбати ин масъала бетарафӣ зоҳир кунам. Тавре мегӯянд, “бетарафӣ бешарафист”.
Ҳар гоҳе, ки аз шаҳр ба деҳа рафтанӣ мешавам, сараввал ба ҷойи муайяннамудаи хатсайрҳо раҳсипор гардида, мунтазири нақлиёт мешавам. Аммо нақлиёте намеёбам, ки ба ноҳия зудтар расам. Вақти зиёдеро дар интизорӣ барбод медиҳам. Баъзан вақт нақлиёт ҳаст, лекин нархи роҳкироро боло бардоштаанд ва мо маҷбур мешавем, ки ба роҳ баромада, роҳ ба роҳ ба хона равем. Ҳолатҳое мешавад, ки дар ҷайбам ба ғайр аз пули роҳкиро дигар маблағе надорам ва ноилоҷ ба микроавтобусҳое, ки ба самти Бохтар мераванд, муроҷиат мекунам:
— Ака, то Хуросон намебаред?
Онҳо дар ҷавоб мегӯянд:
— Дар роҳ БДА аст, намешавад! Агар хоҳӣ, бо нархи Бохтар, марҳамат!
Ба онҳо ҷавоби рад дода, бо умеди он, ки таксиҳои Хуросон меоянд, боз мунтазир мемонам.
Аҳволи ман ҳар ҳафта аз ҳар ду ҷониб чунин аст. Ва ман ягона нафаре нестам, ки бо чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавам. Тамоми сокинони ноҳия, хусусан донишҷуён бо чунин мушкил рӯ ба рӯ мешаванд.
Бо як ҳоли зор нақлиёт ёфта, ба деҳа меравам. Бар замми ин, бо баҳонаи он, ки нархи газ боло рафтааст, роҳкироро низ боло бардоштаанд. Қаблан роҳкиро 8-10 сомонӣ буд, вале ҳоло 12-15 сомонӣ аст. Агар дар хатсайр нақлиёте бо роҳкирои қаблӣ ёбем ҳам, мушкиламон осон намешавад. Одамонро мисли халтаи картошка, болои ҳам, ба ҷои чор кас 6-7 нафар савор мекунанд. Вақте аз ноҳия ба самти пойтахт омаданӣ шавам, боз аҳвол ҳамин аст. Гоҳ нақлиёт намеёбиву соатҳо интизор мешавӣ, гоҳе меёбӣ, аммо бо роҳкирои баланд.
Тавре медонем, вақт барои ҳар як инсон қиммат аст ва мо наметавонем ҳар ҳафта аз ҳар ду тараф мунтазири нақлиёт вақтро гузаронем. Ҳатто ҳолатҳое мешавад, ки аз набудани таксиҳо ба дарсҳо дер мекунем (чунин ҳолат ҳамон вақте пеш меояд, ки рӯзи душанбе саҳар аз хона бароем).
Хулоса, ман ҳамчун як сокини ин ноҳия нисбати ин масъала бетарафӣ зоҳир карданӣ нестам. Аз идораҳои дахлдори ноҳия хоҳиш мекунам, ки чораҳои зарурӣ андешанд. Шояд ягон микроавтобусе ташкил кунанд, то мо тавонем саривақт ба хонаҳоямон рафта расем ва ҳам роҳкиро дар доираи муайян истад…
Парвиз АСАДУЛЛОЕВ,
сокини ноҳияи Хуросон