Таърих борҳо собит намудааст, ки нодида гирифтану поймол намудани ҳуқуқи инсон аз ҷониби мақомдорони давлатӣ дар маҳал, бесалоҳиятӣ ва бемасъулиятии мансабдорон нисбати иҷрои вазифаи хизматӣ боиси нобоварии мардум ба давлату ҳукумат ва билохира сабабгори заволи давлату миллат мегардад. Яке аз омилҳои аз байн рафтани давлати абарқдратӣ шӯравӣ маҳз нодида гирифтани арзу шикояти мардум, нодида гирифтани нобасомониҳои иҷтимоӣ дар маҳалҳо гардид. Беадолатию хунукназарӣ нисбат ба ҳалли қазияҳои мардуми оддиро дар замони шӯравӣ нисбат ба падарам ва дар замони соҳибистиқлолӣ нисбат ба худ дидам.

Ҷавонии падарам ба солҳои пурошӯби сиюми асри гузашта, дар даврае, ки қатлу куштор дар саросари шуравӣ ба сиёсати давлатӣ табдил ёфта буд, гузаштааст. Оилаи моро дар Хоруғ хешовандони Шириншоҳ Шоҳтемур гуфта, чун даҳҳо оилаҳои бегуноҳ аз Помир ба вилояти Ӯш бадарға намуданд. Падарам он солҳо дар шаҳри Ӯш дар корхонаи бофандагӣ кор мекард ва сураташ ҳамчун коргари фаъол як гӯшаи тахтаи фахрии корхонаро зеб медод. Баъдан бегуноҳии падару модарам собит гашту оилаи мо ба шаҳри Хоруғ кӯчид. Падарам аввал дар колхоз бригадир, баъдан дар «Помирторг» мудири мағозаю мудири анбори молнигаҳдорӣ шуда кор кард. Соли 1962 дар «Помирторг» 24 нафарро равонаи зиндон карданд, гарчанде гунаҳкор як ду нафар буданд. Падарам дар қатори он 24 нафар буданд. Баъди бозгашт аз маҳбас падарам як нафар коркуни маошгир дар оила буд ва нисфи маошашро ҳам «иск» гуфта, боз медоштанду бо 60 сӯм бори як оиларо бардоштан душвор буд. Бо хоҳиши падарам дар маҳаллаи Ниводак дар доманакуҳ барояш замин ҷудо карданд ва мо ки он солҳо мактабхон будем ҳамроҳи падар дар он доманакуҳ боғи пурдарахти мевадорро бунёд намудем ва барои ин меҳнати заҳматталаб аз колхоз як тин музди меҳнат ҳам барои падарам раво надиданд. Ниводак аз маҳалли зисти мо дар масофаи 5 километр дур қарор дошт. Мо ҳамроҳи падар саҳар ба он ҷо пиёда мерафтему бегоҳ бар мегаштам. Кори мо ба баъзе мақомдорон нохушоянд буд ва онҳо мардуми деҳаро зидди мо ба по хезонданд ва баъзе кӯрдилон ниҳолҳое, ки мо рӯзона мешинондем, шабона мешикастанду нобуд мекарданд. Чанд маротиба оғили моро оташ заданд. Хар сол аз ин боғи дар доманакуҳ қарор дошта, ба миқдори зиёд меваю, қариб 20 тонна алафи хушк месупурдем, аммо ҳаққи моро намедоданд. Ин кор то солҳои 70-уми асри гузашта давом кард. Падарам ба хотири он ки шикояташро обкому облисполкоми он вақта ҳал накарданд, маҷбур гашт ба котиби аввали Партияи коммунистии Тоҷикистон Қаҳор Маҳкамов ва баъдан Раҳмон Набиев муроҷиат намоянд, лекин ягон натиҷае ҳосил нашуд. Падарам ба шаҳри Маскав рафта, ба Кумитаи Марказии КПСС, Шӯрои Вазирони СССР, Суди Олии СССР, Прокуратураи генералӣ, рӯзномаи «Известия», маҷаллаҳои «Сельская жизнь», «По правам человека» муроҷиат намуд, аммо аризаҳояш аз он ҷо ба нафароне фиристода мешуданд, ки аз онҳо шикоят мекардем ва онҳо ҳамчун намояндагони ҳукумати марказӣ арзу шикояти падарамро насанҷида, ба боло ҷавобҳои бардурӯғ менавиштанд. Оқибат соли 1985 боғро ғайриқонунӣ аз мо кашида гирифтанд. Мо 11 нафар аҳли оила ба қабулгоҳи Рахмон Набиев рафтем, моро қабул накард. 6 нафари мо маҷбур шудем ба Маскав равем. Нусхаи 36 аризаи шикоятиро, ки падарам ба мақомотҳои маҳаллию марказии давлатӣ бо забони тоҷикӣ навишта буданд, дар мавзолей болои мурдаи Ленин партофтем. Одамони дар навбатбуда ба таҳлука афтоданд, тарсиданд, ки мо маводи тарканда болои ҷасади доҳиашон партофтем. Пурсиданд, ба кадом хотир ба ин кор даст задем. Мо тамоми қиссаи даводави хешро ба идораҳои «адолатпарвару халқпарвар» нақл кардем. Барои ин кор як рӯз дар СИЗО моро нигоҳ доштанд. Апаву хоҳарони мо ҳам он рӯзҳо ҳамроҳи мо дар Маскав буданд. Онҳо дар тан либоси миллӣ доштанд ва дар майдони сурх ҳама ба мо бо ҳайрат нигоҳ мекарданд. Баъдан мо ба Душанбе баргаштем ва дар ин ҷо котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон Пётр Лучинский ва Раиси назорати халқии Тоҷикистон Карташов моро қабул карданд ва ваъда доданд, ки баъди 1-2 моҳ ҳаққи меҳнатамонро мегирем. Баъди бозгашт ба Хоруғ бо супориши раиси комиҷроияи вилоят Евгений Тургунов боғ ба мо баргардонда шуд.
Ин ҳарфҳоро ба ин хотир дар ин мактубам овардам, ки имрӯз ҳам дар шаҳри Хоруғ мақомоти шаҳрдорӣ ва қонуну тартибот байни мардум аз волоияти қонун ҳарф мезананд, аммо амалан коре намекунанд. Он ободие, ки дар вилояту шаҳри Хоруғ аст, ин заҳмату хизмати Пешвои миллат, Презденти мардумпарвари мо Эмомалӣ Раҳмон аст. Шаҳрдорони пешину имрӯза фақат аз минбарҳо гапфурӯшӣ мекунанд. Дар асл бошад, онҳо кӯчактарин масъаларо ҳал карда наметавонанд ва мардум маҷбур мешавад ба мақомоти болоӣ ва пеш аз ҳама ба Президенти мамлакат муроҷиат намоянд. Вақте дар шаҳри Хоруғ хусусигардонии моликияти давлатӣ шуруъ гашт, касе чизе мехост, ғайриқонунӣ аз худ мекард ва ба ин шаҳрдорони вақту мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам мусоидат мекарданд. Роҳе, ки солҳои сол дар маҳаллаи Шошхоруғ ба тарафи хонаи мо мерафт, бо сохтмони тарабхонаи «Помир» аз байн рафт. Худамон роҳро байни ин тарабхона ва идораи ҳарбикунонидаи «СМУРЧ», ки дар тобеияти иттиҳодияи истеҳсолии алоқаи вилоят қарор дошт, сохтем. То соли 2012 ин роҳро истифода мебурдем. Баъдтар Сафар Мулкамонов, ки то он солҳо сардори «Телеком»-и вилоят буд, гӯё он ҳудудро харидорӣ карда, дар ивази 2 ҳазор сомонӣ ба Музаффар Давлатшоев фурӯхтааст. Агар қонунан онро мефурӯхтанд, шояд садҳо ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат ворид мешуд. Магар қитаъаи 300 бар 300 метр, ки дар он ҷо анбору гаражу ҳаммому ҳавз ва ғайра сохта шудааст, ҳамагӣ 2000 сомонӣ нарх дорад. Ба суди шаҳри Хоруғ дар ин бора навиштем, ба хотири он ки роҳи тарафи хонаи моро ҳам аз худ карданд. Дар авфномаи М.Давлатшоев навишта шудааст, ки вай ҳуқуқи дар 14х14 метр сохтани хонаро дорад. Лекин вай 100 бар 150 метр заминро аз худ кардааст. Прокуратураи вилоят қарор баровард, ки замин воқеан ҳам худсарона ишғол карда шудааст ва роҳи тарафи хонаи мо, нафақат хонаи ман, балки ҳамсояҳо ҳам. Хукумати шаҳр ҳам дар ин бора қарор баровард. Аммо суди шаҳри Хоруғ, раиси онвақтааш Раҳмон Соқизода, ки баъдан курсии раиси суди вилоятро соҳиб гашт, қарорҳои прокуратураи вилоят ва раиси шаҳро хилофи қонун донист. Вақте Прокурори генералии вақти ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода ба шаҳри Хоруғ омад, ду маротиба дар ин хусус ба ӯ муроҷиат намудам, аммо вай гуфт, ки ин масъала дар ваколати шаҳрдорист. Ба намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ализода ҳам муроҷиат кардам, ягон натиҷае нашуд. Баъдан ман ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев муроҷиат намудам. Прокурори вилоят М.Наботов дар асоси муроҷиати вакили халқ тафтишот гузаронд ва шикояти моро қонунӣ ҳисоб кард ва дар ин бора қарор баровард. (Мактуби прокуратура, кумитаи идораи замин ва меъмории шаҳри Хоруғ ва қарори раиси шаҳри Хоруғ замима карда мешаванд.)
Соли гузашта, вақте ки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ ташриф оварданд, ман ба раиси шаҳр муроҷиат намудам, то дар мулоқот ба ман иҷозат диҳанд, то ба Президент арзи хешро баён намоям. Муовини раиси вилоят Тоҷиддин Назришоев маро ба назди вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бурд ва вай гуфт, ки ин масъаларо санҷида мебарояд. Ман чанд маротиба ба телефонии боварии вазир муроҷиат намудам, аммо бо ҳар баҳона маро пайваст накарданд, чанд бор ба қабули сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят рафтам, аммо маро қабул накарданд. 15-20 маротиба дар қабули раиси вилоят ва шаҳр будам, ваъда медиҳанд, ки масъаларо баррасӣ карда ҳал мекунанд, аммо ягон натиҷа нест. Соли 2012 вақте Презденти муҳтарами мо, ки ҳақиқатан ҳам ғамхори мардум аст, ба Хоруғ омад, ман назди микрафон омадам, хостам дарди диламро баён намоям, аммо «ғамхорони мардум», масъулони навбатдори назди микрофон, кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят маро сухан гуфтан намонданд. Ман ҳазорҳо бор аз Пешвои миллат сипосгузорам. Вақте хонаи хоҳарам зери сел монд, Ҷаноби Олӣ худашон калиди хонаи нави сеҳуҷрадорро ба ӯ супорид.
Кошкӣ ҳамаи роҳбарони мансабдори мо чун Пешвои миллат ғамхори миллату халқ мешуданд. Агар роҳбарони шаҳру вилоят қазияи роҳро, ки борҳо ба онҳо муроҷиат намудам, ҳал мекарданд, писарамро, ки ба худкушӣ даст зада буд аз даст намедодам. Агар роҳ мебуд мошини ёрии таъҷилӣ сари вақт назди хонаамон меомад, фарзандамро наҷот додан мумкин буд.
Натиҷаи беадолатӣ, бесалоҳиятӣ, бемасъулиятии ҷунин роҳбарон аст, ки Хоруғ ба як гӯшаи ҷиноятии кишвари ободамон мубаддал шудааст. Хукумати марказӣ бо супориши Роҳбари давлат дар ин ҷо ободкорӣ мекунаду бо айби роҳбарони бесалоҳияти шаҳрдорию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳри бо маблағу заҳмати зиёд ободгашта боз хароб мегардад. Маҳз ба ин хотир мо хоҳони онем, ки сари мансаб бояд одамони кордону донишманд, воқеан ҳам ғамхори мардум ва созандаю ободкунанда омада кор кунанд. Ман аз мансабдорони маҳаллӣ вазифа не, маблағ не, фақат як чизро хоҳонам, масъалаи роҳро, ки ғайриқонунӣ сӯи хонаи ману ҳамсояҳоямро бастаанд, дар доираи қонун ҳал намоянд.

Мавлодод ИМОМДОДОВ, сокини шаҳри Хоруғ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here