Номаи муовини раиси шаҳри Ҳисор, ҳамзамон раиси Комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин шаҳр Умеда Абдуллозода бароям ногаҳонӣ буд. Дар он аз камина хоҳиш мешуд, ки дар ҷаласаи навбатии Комиссия иштирок намуда, оид ба номҳои мавҷудаи деҳаю маҳалҳои ҳудуди шаҳр андешаҳоямро пешниҳод кунам.

Ҷаласа оғоз ёфт. Ҷараёни муҳокимарониҳо пеш аз ҳама аз он ҷиҳат маъқулам шуд, ки аксари иштирокчиён ба тарзи номгузории суннатӣ ва асосҳои таърихию ҷуғрофии номҳо такя намуда, баёни андеша мекарданд. Гуфтугузори бештар атрофи номҳои маҳаллаи Карим Девонаи ҷ/ш Шарора, деҳаи «Баракат»-и ҷ/д М.Турсунзода ва чун ном хеле зиёд такрор шудани вожаи «ҳисор» сурат гирифт. Аммо баҳси нисбатан домандор оид ба вожаи «баракат» ба миён омад. Шояд бо он сабаб, ки аксари мардум тайи садсолаҳо ба гуфтани ин вожа одат карда, аз маъниҳои гуногунаш бехабар буданд. Бинобар ин, дар такя ба «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (с. 2008), эзоҳ дода шуд, ки вожаи «баракат» ангушти шашуми шахс ва худи шахсеро, ки дар яке аз дастонаш ё пойҳояш шаш ангушт дорад ифода мекунад. Ду дона мева ва ё сабзавотеро, ки ба ҳам пайванданд, низ барака (баракат) мегӯянд. Ин вожа боз маъноҳои фоидаю нафъ ба даст овардан ва даромади бештар гирифтанро ҳам мефаҳмонад. Аммо фарқ намегузорад, ки он фоидаю нафъ бо кадом роҳҳо бояд ба даст ояд, — бо заҳмату меҳнат ва ё усули дигар, масалан ҷаллобию ҳаннотӣ. «Баракат» дар номгузории маҳалҳо хеле кам вомехӯрад, ҳамон ҳам дар ҳоли надонистану нафаҳмидани маъниҳои аслиаш. Зеро аз ҷиҳати мазмуну мантиқ муносибу арзандаи номи маҳалҳои аҳолинишин нест. Бинобар ин, пешниҳод шуд, ки ин ном ба Қаҳрамон иваз карда шавад. Зеро номи таърихӣ ва воқеии ин деҳа Қаҳрамон аст, гарчи дар ҳуҷҷатҳои ҷамоат онро чун Авзикент ба қайд гирифта буданд.

Албатта чунин ба қайдгирии ноадолатона барои ҳар шахси ба нангу номуси деҳа дардовар буду ҳаст. Аммо ин таърихи дигар буда, арзандаи нигоришоти алоҳида мебошад. Лекин, ба масъалаи номивазкуниҳои баъдини ин деҳа андаке равшанӣ андохтан зарур аст, то ки фаҳмотар шавад:

Аз соли 2012 боз масъалаи номи ин деҳа мавриди баҳс аст. Чандин мақолаҳо ба табъ расиданд. Ба раисони вақти собиқ ноҳияи Ҳисор аризаҳо навишта шуданд. Чанде аз сокинони деҳа ва камина ҳам ба назди раиси кунунии шаҳр даромада дархостҳо кардем. Аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онвақта Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор номаи расмӣ омад (№ 1-3/424 аз 27.09.19). Дар он гуфта мешуд: «…тавсияи гуруҳи кории Кумитаро… пешниҳод намуда, аз Шумо хоҳиш менамоем, ки дар муддати 10 рӯз Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ва тасдиқ ирсол намоед». Дар замимаи ин нома, ки «Дар бораи тағйир ва номгузорӣ намудани номҳои ҷуғрофии шаҳри Ҳисор» ном дошт, таъкид мешуд, ки номи «деҳаи «Баракат»-и ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода ба деҳаи «Қаҳрамон» иваз карда шавад». Аммо яхи ғафси ин масъала танҳо моҳи июни с. 2019 ба обшавӣ оғоз кард. Яъне, баъд аз он ки раиси шаҳри Ҳисор муҳтарам Шарифҷон Ҷумазода шахсан дахолат карданд ва раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Г.Шарофзода омада масъалагузорӣ намуданд.

Акнун тавассути талошҳои муовини раиси шаҳри Ҳисор, ҷавонзани хеле боғайрату боҳамият Умеда Абдуллозода ва кӯшишҳои роҳбари дастгоҳи иҷроияи раиси шаҳр, фарди дар муомилаю муносибат бас ҷиддӣ Бобосафар Шарифӣ ин масъала ҳам мавриди баррасии ҷаласаи Комиссияи номгузорӣ гардид. Бо таклифи созишкоронаи муҳтарам Бобосафар Шарифӣ масъала ҳалли худро ёфт: Ӯ суханони қаблан чандин бор гуфтаашро такрор намуда, бо чунин мазмун пешниҳод кард:

— Баракат хеле калон буда, аз чандин рустоҳои наву куҳна иборат аст. Бинобар ин, пешниҳод мекунам, ки ҳамон рустоҳои ҳудуди деҳаи Баракатро, ки дар замонаш мардум Қаҳрамон мегуфтанд ва ҳоло ҳам Қаҳрамон номиданашро талаб доранд, минбаъд «Қаҳрамон» кунем.

Махсус қайд мекунам: Дар фаҳми ман ин таклифи муҳтарам Бобосафар Шарифӣ таклифи одӣ набуд. Балки ҷаҳд ва талоше буд, баҳри зиндагардонии қаҳрамониҳои садоқатмандонаи сокинони солҳои 30-40-и асри ХХ-и деҳа. Ҳимматбаландие буд, барои барқароркунии муҷассамаи муҳташами таърих, — муҷассамае, ки аз корнамоию қаҳрамонии бобою бибиҳои сокинони деҳаи воқеан Қаҳрамон далолат мекунад. Ин буд, ки ҳозирин таклифи ӯро ҳамдилона пазируфтанд. Зеро хуб медонистанд, ки вожаи «қаҳрамон», ифодагари маъноҳои диловарӣ, далерӣ, мардонагӣ, паҳлавонӣ, фидокорӣ ва корнамоӣ кардану шуҷоат нишон додан аст. Ин вожа дар умқи худ хусусияти даъваткунандагӣ дорад ва талқин мекунад, ки барои нафъ гирифтан ва рӯзгорро беҳ кардан, аввал меҳнату заҳмат кашидан, корнамоию қаҳрамонӣ кардан лозим аст. Ин вожа ҳушдор медиҳад, ки маҳз нафъи бо меҳнату заҳмат ба даст омада, боиси хушбахтию саодатмандӣ мегардад.

Акнун идомаи кор ба ихтиёри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аст. Агар Худо хоста, ин ниҳодҳо ҳам дар барқароркунии ҳамин муҷассамаи таърих саховатпешагӣ ва баландҳимматӣ нишон диҳанд, мутмаинам, ки мардуми шарифи деҳаи Қаҳрамони оянда асрҳо аз эшон миннатпазир мешаванд. Зиёда аз ин, руҳбаланд гашта, барои бунёди як қатор иншоотҳои наву замонавӣ ва боз ҳам ободтару зеботар шудани худи деҳа ва роҳу пулҳои гирду атрофи он ҳиссагузорӣ мекунанд.

 

ҲАСАН ЮСУФИ ФАЙЗБАХШ,

пажуҳишгари номҳои ҷуғрофӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here