Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ аст.
Бо мақсади бедор кардани ҳувияти тоҷикият, расонидани таъсири нишонрас ба муҳити ҷиноятӣ, эътиқодӣ ва мазҳабӣ тӯли як моҳи охир ҳайати омӯзгорону хонандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ, миёнаи умумӣ ва томактабии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳамарӯза қабл аз оғози машғулиятҳои таълимӣ фаъолияти худро бо хондани Суруди миллӣ шуруъ менамоянд.
Зеро дар ҳар як мисраи Суруди миллӣ бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, нангу номуси ватандорӣ, муқаддас донистани Ватани маҳбуб ва дӯст доштани арзишҳои волои инсонӣ таҷассум ёфтааст, ки замзамаи доимии он барои ташаккули афкори созандаву ягонасолории тоҷикӣ дар умқи мафкураи ҷавонону наврасон нақши муҳим дорад.
Ҳамарӯза зиёда аз 38 ҳазор тарбиятгирандагони муассисаҳои соҳаи маорифи ВМКБ машғулиятҳои худро аз Суруди миллӣ оғоз мекунанд, ки он ҷанбаи тарбиявӣ дошта, дар ташаккули насли наврасу ҷавони комил, меҳанпараст, миллатдӯст, сарбози ояндаи нотарсу далери Ватан ва пурра аз байн бурдани таъсири гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба ҷавонони вилоят нақши муассир дорад.
Бо хондани Суруди миллӣ наврасону ҷавонон аз таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик, ниёгонамон, ифтихор аз гузашта ва ҳозираи Ватан намуда, ба маънои том ҳифзи марзу бум ва дӯст доштани кишварро дарк менамоянд, умеду боварӣ ва эътиқодашон ба фардои дурахшони Тоҷикистони азиз меафзояд.
Ҳамзамон, бо хондани Суруди миллӣ, ки дар ҳар як ҳарфу ҳиҷо ва калимаю ибораи он бо забони ноби тоҷикӣ Ватан ба Модари ягона шабоҳат дода шуда, вобастагии буду набуди ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба якпорчагию ягона будани Ватан рабт дорад, дар қалби ҷавонон ғурур аз миллату давлати куҳанбунёди Тоҷикистон устувор гардида, дар тарбия ва омода намудани наврасону ҷавонон ба ҳимояи Ватан, гиромӣ доштани ҳар порча замин, хоку об ва сарватҳои кишвари маҳбуб нақши босазо мегузорад.
Иқдоми мазкур идомаи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дастгирии ташаббуси маорифчиёни ВМКБ дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар новобаста аз шакли идорӣ ҷавобгӯи манфиатҳои давлатию миллӣ мебошад.
Итминони комил ҳаст, ки ташаббуси Бадахшонро тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дастгирӣ менамоянд.