Сокинони деҳаи Сангдараи ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг солҳост дар орзуи роҳи обод, майдончаи варзишӣ ва тамошои шабакаҳои телевизионӣ мебошанд. Аммо ин орзуи онҳо кай амалӣ мешавад, вақт нишон хоҳад дод.
Чанде қабл, ки ба ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг сафар доштем, се мушкили ҷиддии ин минтақаи куҳистонро мушоҳида кардем. Яке аз мушкилоти ҷиддии ин рустои куҳистон агар гӯем набудани роҳи автомобилгард аст, хато нахоҳем кард. Он роҳеро, ки мардуми ин минтақа ба маркази ноҳия рафтуомад мекунанд, роҳ гуфтан забон намегардад. Роҳи мазкур ҳамагӣ 20-25 км аст ва тариқи ин роҳ танҳо мошинҳои боркашу УАЗ метавонанд ҳаракат кунанд. Агар аз шаҳри Кӯлоб то маркази ноҳия, ки 60 км аст, роҳкиро 20 сомонӣ бошад, пас 20-25 км роҳ аз маркази ноҳия то Шугнов 25 сомонӣ мебошад. Ва ба ронандагони ин масир офарин ҳам гуфтан лозим. Зеро ин масир хавфу хатарҳои зиёде ҳангоми ҳаракат дорад. Роҳи мазкур аҳамияти ҷумҳуривӣ дошта бошад ҳам, вале кайҳо фикр мекунем аз ёди масъулин рафтааст. Ронандагону сокинони ин минтақа ҳар вақте ба маркази ноҳия сафар кунанд, бо хонаводаашон, мисле ба роҳи марг мерафта бошанд, худоҳофизӣ мекунанд. Мо низ вақте аз маркази ноҳия ба ин ҷамоат сафар доштем, умеди бозгашт надоштем. Пули 95-метрае, ки болои дарёи Ёхсу ҷойгир аст, хеле аҷиб аст. Чунин пули “таърихӣ”-ро мо бори аввал мебинем. Воқеан ҳаракат дар ин масир даҳшат аст. Дар зеҳни мо суоле пайдо шуд, ки раиси ноҳия, масъулини муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақа, Вазорати нақлиёт ва раиси вилоят аз ин масир гузаре накарда бошанд?
Мушкилии дувуми даҳсолаҳо ҳалнашудаи ин рустои куҳистонӣ — ин набудани инфрасохторҳои маишӣ, аз ҷумла майдончаи варзишӣ мебошад. Ҷавонони деҳаи Сангдара аз набудани майдончаи варзишӣ миёни сангов ба футболу волейбол машғул мешаванд. Аз он ки ин ба ном майдончаи варзишӣ пур аз санг аст, ҳолатҳои осеббинии ҷавонон зиёд аст. Аммо илоҷи дигар нест ва ҷавонон ҷои дигаре надоранд ба ҷуз майдони пур аз санг.
Бояд қайд кард, ки сокинони деҳаи Сангдара дар асри 21 аз тамошои шабакаҳои телевизионии ҷумҳурию вилоят маҳруманд. Ба ин монанд, бошандагони дигари деҳоти ҷамоат низ ба мавҷҳои телевизион ва радиои кишвар дастрасӣ надоранд. Ин мардум низ орзу доранд, ки аз навгониҳои кишвар, суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар бошанд. Мутаассифона, муроҷиатҳои беохири сокинони ин ҷамоат то ин имрӯз натиҷае надодааст.
Стансияе, ки барои қабули мавҷҳо инҷо сохта шудааст, имрӯз ҳамчун ҳаммоми яке аз оилаҳои ин минтақа истифода мешавад. Аз нақли сокинони маҳаллӣ, соли 2017 дар инҷо дастгоҳи мавҷқабулкунӣ насб шуда буд. Аммо ин дастгоҳ тавонистааст се моҳ ба мардум хидмат кунад. Баъди ин дастгоҳро барои таъмир бурдаанду то ба имрӯз аз он дараке нест.
Шояд дар се соли оянда, ки «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вилоят ва дигар вазорату идораҳои масъули давлатӣ баҳри ислоҳи мушкили ин ҷамоати куҳистон кӯшише ба харҷ диҳанд?

Раҳмонаӣ ДОДАРХУҶАЕВ, «ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here