Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон наздик ба 3 ҳазор км роҳҳои бесоҳиб мавҷуданд, ки таъмиру таҷдиди онҳоро касе ба зимма намегирад.

 

Ҳатто роҳҳои маҳаллӣ таъмир намешаванд…

Файзуллозода Насрулло — сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар зимни тасдиқи ин хабар афзуд, ки “дар ҳақиқат дар минтақа беш аз 2 ҳазору 878 км роҳҳои бесоҳиб мебошанд, ки дар мувозинаи мо нестанд”.

Ӯ мегӯяд, ин роҳоҳои бесоҳиб аз ҳисоби деҳаҳое, ки 27 соли охир бунёд шудаанд, пайдо гардидаанд. Роҳҳои ин деҳаҳои навбунёд ба мувозинаи касе гузаронда нашудаанд. Ҳамчунин, роҳҳое, ки қаблан дар мувозинаи колхозу совхозҳо буданд, баъди барҳамхӯрии онҳо муаллақ мондаанд.

Сардори идораи мазкур нигаронӣ аз он кард, ки ҳоло дар ихтиёри муассиса 1 ҳазору 980 км роҳҳои маҳаллӣ вобаста шудааст, ки аксарияти онҳо ба таъмиру таҷдид эҳтиёҷ доранд. Мувофиқи қарори Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №639 бояд роҳҳои маҳаллиро мақомоти маҳал таъмир намоянд, вале мутаассифона онҳо баҳри таъмири ин роҳҳо маблағ ҷудо намекунанд.

 

11 ноҳия Қарори №639-ро иҷро накарданд

Манбаъ бо нигаронӣ гуфт, соли гузашта барои таъмири роҳҳои маҳалии минтақа беш аз 1 миллиону 421 ҳазор сомонӣ ҷудо гаштааст, ки ба ҳар як км роҳ дар як моҳ 59 сомонӣ рост меояд, ки ин маблағи ночиз аст.

Ӯ бо изҳори таасуф гуфт, ки соли гузашта шаҳри Левакант барои таъмири 53 км роҳҳои маҳаллиаш 23 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Қубодиён барои таъмири 144 км роҳҳои маҳаллӣ 5 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои таъмири 182 км роҳҳои маҳаллӣ 22 ҳазор сомонӣ ҷудо намуданд, ки хеле ночиз аст.

— Дар ду моҳи соли 2019 бошад, танҳо ду ноҳия — Хуросон барои таъмири роҳҳои маҳаллиаш 46 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Дӯстӣ 6 ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанду халос. Боқимонда ноҳияҳо бошанд, қарори Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №639-ро иҷро накарданд,- илова намуд номбурда.

 

Роҳҳои бесоҳиб дар Вахш зиёд аст

Тибқи иттилои сардори муассисаи мазкур, миқдори роҳҳои бесоҳиб дар шаҳру ноҳияҳои Вахш 380 км, Панҷ — 280 км, Қубодиён — 230 км, Абдураҳмони Ҷомӣ — 280 км, Ҷ. Балхӣ — 280 км, Левакант — 146 км, Шаҳритуз — 190 км, Носири Хусрав — 170 км, Ҷайҳун — 180 км, Ёвон — 222 км, Дӯстӣ — 180 км, Хуросон — 140 км ва дар ноҳияи Кушониён 200 километрро ташкил медиҳанд.

 

Панҷ: 280 км роҳи бесоҳиб, аммо…

Барои таҳлили вазъ ба ноҳияи Панҷ сафар кардем. Наврӯз Мирзоумаров — сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия гуфт, ки дар ноҳияи Панҷ роҳҳои бесоҳиб вуҷуд надоранд. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Файзулозода Насрулло — сардори Муассисаи давлатии  Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар, дар ноҳияи Панҷ 280 км роҳҳои бесоҳиб вуҷуд доранд.

Нурмаҳмад Қаҳҳоров — сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кушониён низ иброз дошт, ки дар ноҳия 200 км роҳҳои бесоҳиб вуҷуд доранд ва таъмиру нигоҳдории онҳо ба зиммаи масъулони ҷамотаҳои шаҳраку деҳот аст.

 

Изатуллоев: Ман нав таъин шудам…

Роҳҳои бесоҳиб, ки аз ҳама бештар дар ноҳияи Вахш мебошанд, хостем бо масъулони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар ин мавзуъ суҳбат анҷом диҳем. Аммо Раҷабалӣ Изатуллоев — сардори муассисаи мазкур гуфт: “Ман нав як моҳ шудааст роҳбари ин муассиса таъин шудаам ва аз вазъи роҳҳои ноҳия хуб огоҳ нестаму ин маълумотро надорам”.

 

Раиси ноҳия: Роҳҳои бесоҳиб надорем

Раиси ноҳияи Қубодиён Файзуллозода Зафар дар як суҳбати бидуни сабти овоз гуфт, ки “дар ноҳияи мо роҳҳои бесоҳиб вуҷуд надоранд”.

— Дар ноҳия, тибқи ҳисоботҳои оморӣ, 34 км роҳҳои байналмилалӣ, 144 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мебошад. Соли гузашта бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ бо дасгирии соҳибкорон, аҳолӣ ва дигар шахсони саховатманд роҳҳои маҳаллиро таъмир намудем. Аммо роҳҳои бесоҳиб дар ноҳия вуҷуд надоранд,- афзуд раиси ноҳия.

Дар ҳамин ҳол, Қурбон Муқадам — сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қубодиён афзуд, ки ҳоло дар ноҳияи Қубодиён зиёда аз 200 км роҳҳои бесоҳиб вуҷуд доранд, ки касе таъмиру нигоҳдории онҳоро ба зимма намегирад. Ба гуфти ӯ, роҳҳои бесоҳибро бояд масъулони ҷамоатҳо, хоҷагиҳои деҳқониву соҳибкорон ва раиси маҳалла таъмир кунанд.

Тавре ӯ зикр намуд, “144 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта дар ноҳия мебошад, ки соли гузашта ҳукумти ноҳия танҳо барои кашидани хатҳои уфуқӣ 5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намуда буду халос, ки мо хатҳои уфуқии беш аз 2 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ доштаро кашидем. Мақомоти ноҳия ният дорад имсол барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 150 ҳазор сомонӣ ҷудо намояд”.

Шояд вақти он расидааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Вазорати нақлиёт баҳри ҳалли масъалаи мазкур ва ба тартиб овардани роҳҳои бесоҳиб чораҳои зарурӣ андешанд.

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here