Чаро савдогарон аз “Чоршанбе”-и бешароит ба “Баракат”-и замонавӣ намераванд?

 Бозори “Чоршанбе” яке аз бозорҳои маъруф дар ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич мебошад. Ин бозор дар як ҳафта як маротиба рӯзи чоршанбе ба мардум хизмат мерасонад. Аз ҳамин сабаб ин бозорро “Чоршанбебозор” ном мебаранд.

Аз бозори мазкур натанҳо аҳолии ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ, балки сокинони ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва Ростровут низ истифода мебаранд. Дар умум, ин бозор ба зиёда аз 60 ҳазор аҳолӣ хизмат мерасонад. Савдогарон ба ин ҷой аз макони дурдаст, ба мисли ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров меоянд. Барои он, ки саҳар ба савдо дер накунанд, онҳо маҷбуранд як рӯз барвақт ба ин ҷой оянд ва то саҳар дар ҳавои сарду хунук дар дохили мошинҳои худ хоб кунанд. Дар ҳоле, ки соҳибони бозор аз ҳисоби ин бозор даромади хубе ба даст меоранд, вале барои шабро рӯз кардани савдогарон шароите фароҳам оварда нашудааст.

Аз дидани аҳволи ошхонаву шароити экологӣ ва муҳити савдо манзараи нохуше пеши назар меояд. Рӯ ба рӯи макони савдои чорво нуқтаҳои сихкабобпазӣ ва дигар намуди ошхонаҳои сарироҳӣ амал мекунанд, ки ба ҳеҷ қойидаи сантариву гигиенӣ риоя намешавад.

Албатта, ин ҳолати риққатовар мардумро бетараф намонд. Ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватанӣ дар ҷамоати Ваҳдат бозори “Баракат” бо тамоми шароитҳои замонавӣ сохта, 16-уми сентябри соли 2020 бо иштироки собиқ раиси ноҳияи Деваштич Зиёзода Сулаймон ифтитоҳ шуд. Бозор тамоми шароитҳоро дорост, дигар савдогар маҷбур нест шабро дар дохили мошинаш рӯз кунад ё дар сари роҳ савдо кунад. Дар ошёнаи дуюми “Баракат” меҳмонхона барои савдогарон мавҷуд аст.

Бо гузашти зиёда аз чор моҳ то ба ҳол “Баракат” натавонистааст ба кори худ шуруъ кунад. Бозори “Чоршанбе” чун ҳарвақта бе риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ фаъолияти худро идома медиҳад.

Саволе ба миён меояд, ки чаро бозори замонавӣ то ҳол ба кор шуруъ накардааст? Шояд масъулини ноҳия аз будани ин бозори дорои шароитҳои хуб хабар надоранд, ё мавҷудияти ин маконро фаромӯш кардаанд? Шояд таги коса нимкосаест?

Бовар дорем, ки рӯзҳои наздик ин масъала ҳалли худро меёбад ва мардум аз ин макони ифлосу бадбӯй ба макони тозаву озода мегузаранд.

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ,

ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here