Он 37 хонаро пурра вайрон карду ҷони ду касро рабуд

Бар асари омадани сели рӯзи 14-уми май дар ноҳияи Хуросон 37 манзили истиқоматии шаҳрвандон пурра вайрон шуда, 282 манзили дигар қисман зарар дида, ду нафар ба ҳалокат расидаанд.

“Сел ҳамаи зиндагиямонро бурд”

— Бегоҳи рӯзи 14-уми майи соли равон борони сахт шуруъ шуд. Аз хона тарафи куҳ нигаристем, ки дарахтонро сел оварда истодааст. Як даҳшат буд. Двида омада келину набераҳоямро гирифта ба ҷойи бехавф бурдем. Вақте баргаштем, аллакай хона пурра вайрон шудааст. Намедонем дигар дар куҷо зиндагӣ мекунем,- қисса кард Холдона Сафоева — сокини деҳаи ба номи Неъматулло Асадуллои ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон.

Хурсандмурод Гулов — омӯзгори 50-солаи деҳаи болозикр, ки соҳиби 6 фаразанд аст, бо ашки резон гуфт: “Ҳамон рӯз тахминан соатҳои 17-и бегоҳ бар асари бориши зиёди борон пораи куҳ лағжида бо сел омехта шуда омад. Мо ҳамон қадар имконе пайдо кардем, ки кӯдаконамонро гурезонем. То боми хона пур аз лой аст, анҷомхона, оғилхона ҳама зери лойқа мондааст. Дарахтони ҳавлӣ, зироат ҳама нест шуд. “Шукр, ки худ ва фарзандон саломат ҳастем. Танҳо хоҳишамон ин аст, ки ба мо кӯмак кунанд, зеро дигар ҷойи хобу зиндагӣ надорем,- илова кард ин омӯзгор.

Зулайхо Бобиева — сокине, ки дар ин офати табиӣ пурра хона ва лавозимоти рӯзгорашро аз даст додааст, мегӯяд: “Намедонем чӣ шуд. Борони сахт борид. Мо ҷонамонро гирифтаву гурехтем. Пас аз борон омадем, ки хонаамон пурра таги лой мондааст. Аз ин офати табиӣ танҳо шифру тахтаи хона ва ҳамон ҳам бошад, аксар шикаста боқӣ мондасту халос”.

Сокини дигар Файзмаҳмад Бобоев низ бо дард қисса кард, ки “пас аз сели рӯзи 14-уми май танҳо як сандуқ боқӣ монду халос. Ҳамонро ҳам мо не, лой аз хона берун баровард. Хона, сарой, оғилхона, молу коло ҳама нест шуд. Аз се хонаи ҳамдеҳаамон, ки дар таги куҳ буд, тамоман чизе боқӣ намонд, ҳамааш таги лой мондааст”.

Раис: Вазъият дар ду ҷамоат вазин аст

Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода мегӯяд, ки сел бегоҳи рӯзи 14-уми май омад. Аз ин офати табиӣ бештар ду ҷамоат — Садриддин Айнӣ ва Ҳилолӣ зарар дидаанд.

— Дар натиҷаи аз ҳудуди васеи дараҳо ба канали шохаи рост дар деҳаи Пахтаобод ворид гардидани селоба се қисмати ин канал дар масофаи 35 метр рахна шуда, пикети №659 ба масофаи 240 метр вайрон ва ба ҷарии 40-50-метра фурӯ рафтааст, ки обёрии майдони 2600 гектар заминҳои хоҷагиҳо ва наздиҳавлигӣ ғайриимкон гардидааст. Селобаи калон ба минтақаҳои поёнӣ ҷорӣ шуда, инфрасохтори деҳаҳои Хуросон, Истиқлол, ба номи Н. Асадулло, Ҳалқаҷар ва 18-ум анҷумани ҳизбро хароб намудааст. Қисми зиёди роҳи маҳаллӣ дар деҳаи Пахтаобод вайрон шудааст,- гуфт раис.

Ба гуфтаи манбаъ, офати табиӣ дар деҳаҳои Хуросон, Истиқлол, ба номи Н. Асадулло, Ҳалқаҷар ва 18-ум анҷумани ҳизби ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ва Пахтаободи ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ба 37 манзили истиқоматии шаҳрвандон пурра ва ба 282 манзили дигар қисман зарар расонида, қариб 80 гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, 9,7 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ, 2,5 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ ва 11,36 гектар заминҳои президентӣ, 80 сар чорвои хурд ва 12 сар чорвои калон зери селоб мондаанд.

— Ҳоло комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ҳаҷми зарарро ҳисоб карда истодааст,- илова кард Раҳматулло Сафарзода.

Дар давоми суҳбаташ раиси ноҳия илова кард, ки дар деҳоте, ки сел омадааст, айни замон корҳои бартарафкунии оқибатҳои он аз ҷониби кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон, мақомоти ноҳия ва дигарон рафта истодааст. Техникаҳои боркашу борбардор ва булдозерҳо дар ҷойҳои офатзада, ки вазъият вазнин аст, кор карда истодаанд.

Фавти ду мард бар асари сел

Сулаймон Исозода — сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон зимни тамоси телефонӣ гуфт, ки сел ба ду ҷамоати деҳот — Ҳилолӣ ва Садридин Айнӣ хисороти зиёд овардааст.

Бар асари омадани сел Холбой Боймуродов — сокини 55-солаи ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ ва Қумриддин Камолови 64-сола, сокини ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон ба ҳалокат расидаанд.

— Аз лаҳзаҳои аввали омадани сел кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят ва масъулони мақомоти ноҳия дар паҳлуи мардум истода, оқибатҳои ин офати табииро бартараф карда истодаем. Комиссияи ноҳиявӣ рӯзҳои наздик ҳаҷми зарари расидаро ҳисоб хоҳад кард,- гуфт С. Исозода.

Боздиди Ҳакимзода ва Гулмаҳмадзода аз вазъи деҳаҳои офатзада

Аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки рӯзи 18-уми май раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз деҳаҳои Хуросон, Истиқлол, ба номи Неъматулло Асадулло ва 18-ум анҷумани ҳизби ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, ки дар натиҷаи боридани борони сахт ва омадани сел осеб дидаанд, дидан намуданд.

Бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 2 тонна ва аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ҳаҷми 2 тонна сӯзишвории дизелӣ дастрас карда шуда, якчанд адад экскаватор, мехлопатаҳо, мошинҳои калони борбар ба бартарафкунии оқибатҳои офат ва барқарорсозии инфрасохтор машғул мебошанд. То субҳи рӯзи 18-уми май 400 метр роҳи маҳаллии вайронгардида барқарор карда шудааст.

Ситоди вилоятӣ дар маҳали ҳодиса

Қурбоналӣ Ғуломов — раиси маҳаллаи ба номи Неъматулло Асадулло зимни суҳбат бо мо гуфт, ки барои онҳое, ки хонаҳояшон аз офат зиён дидааст, шаҳрчаи хаймаҳо иборат аз 31 хайма ороста шуда, ҳайати табибон ва хизматчиёни ҳарбии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон шабонарӯзӣ дар хизмати сокинони маҳал мебошанд. Ба оилаҳои осебдида кӯмакҳои пулӣ ва маводи озуқа, аз қабили орд, равған, картошка, пиёз ва ғайра дастрас карда шуда, онҳо бо хӯроки гарми ройгон таъмин карда мешаванд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо хонаводаҳои зарардида онҳоро ба таҳаммулпазирӣ, дастиҳамгирӣ, сарҷамъӣ даъват намуда, қайд кардааст, ки Пешвои миллат ва давлату ҳукумат ҳеҷ гоҳ онҳоро бо мушкилоташон танҳо намегузоранд. Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва барқарорсозии манзилҳои харобшуда тадбирандешӣ мекунанд, аммо сокинони маҳаллиро мебояд дар ин лаҳзаҳои душвор дасти ҳам бигиранд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулони ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати вусъатбахшии корҳои бартарафсозӣ, ташкили гуруҳҳои ихтиёриён, таъмини ғизои гарми ҳаррӯза барои ёрмандону осебдидагон, пешбурди корҳои дезинфексионӣ, расонидани кӯмакҳои ғизоӣ, таъмини оилаҳои зарардида бо замини наздиҳавлигӣ дастуру супоришҳо додааст. Зикр гардидааст, ки пеш аз ҳама сокинони маҳаллиро мебояд мувозиби саломатии худ буда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд ва аз ниқобу маводҳои антисептикӣ, ки барояшон ройгон дастрас шудааст, фаровон истифода баранд.

Сели рӯзи 21-уми март беш аз 1,3 миллион сомонӣ хисорот дошт

Бояд гуфт, ки рӯзи 21-уми марти соли равон дар деҳоти Ҳалқаҷар ва Пахтакори ноҳияи Хуросон сел омада буд, ки дар пайи он Мирзоқул Раҳмонқулови 59-солаи сокини деҳаи Ҳалқаҷар ба ҳалокат расида ва манзилҳои зисти сокинон пур аз обу лой гардида буд.

Хисороти сели рӯзи 21-уми марти соли равон дар деҳаи Ҳалқаҷар ва Пахтакори ноҳияи Хуросон беш аз 1 миллиону 338 сомониро ташкил медод.

Тибқи маълумотҳои Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар ҳудуди вилояти Хатлон 401 мавзеи хавфнок ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 45 адад минтақаи ниҳоят хавфнок ва 356 адад хавфнок ба ҳисоб мераванд. Дар ин мавзеҳо 45 ҳазору 21 хоҷагӣ мавҷуд буда, 331 ҳазору 530 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Ба ин мавзеҳо асосан омадани сел, ярч, лағжиши замин, обхезӣ, эрозияи замин ва баландшавии оби канал таҳдид мекунад.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here