Аз буҷетҳои  шаҳру ноҳияҳои Левакант, Вахш, А. Ҷомӣ, Ҷайҳун ва Панҷи вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли 2019 барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ ҳатто як сомонӣ ҷудо нагардидааст. Ба андешаи коршиносон, чунин муносибати сард боиси боз ҳам харобтар гаштани роҳҳои маҳаллӣ шудааст.

 

“Пули андози мо куҷо меравад?

Вайронии ҷодаҳо аз ҳама зиёд ронандагони нақлиёти мусофирбарро нигарон кардааст. Беш аз даҳ нафаре, ки мо бо онҳо суҳбат доштем, аз он гила карданд, ки ҳама ронандаҳо бе каму кост андоз аз воситаҳои нақлиёташонро пардохт мекунанд. Вале ин мисли муаммост, ки чаро он маблағҳо ба нигоҳдории роҳҳо сарф нашуда, баръакс, масъулон ба вайроншавии онҳо мусоидат мекунанд. Суолест, ки аз мутасаддиён посухи сареъ мехоҳад.

 

“Пул нест!”. Пул намедиҳем?

Тибқи қарори вижаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, №639, аз 2-юми декабри соли 2009, таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор гардидааст. Аммо, мутаассифона, баъзе аз шаҳрдорон дар татбиқи амалии он рағбат нишон намедиҳанд. Биноан, ҳоло аз 1979,6 километр роҳҳои маҳаллӣ фақат 20 дарсади онҳо барои рафтуомад мувофиқанд.

Ба иттилои Музаффар Холиқов — сармуҳандиси Идораи муассисаи давлатии хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, бо гузашти шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии Левакант, Вахш, Ҷомӣ, Ҷайҳун ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз буҷетҳои маҳаллӣ бо мақсади мавриди назар ҳанӯз ягон сомонӣ ихтисос дода нашудааст. “Роҳҳои маҳаллии ин шаҳру ноҳияҳо ниҳоят хароб буда, ниёз ба таъмири ҷиддӣ доранд. Аммо масъулон иҷро нашудани қисми даромади буҷетҳои шаҳру ноҳияҳоро баҳона карда, маблағ ҷудо кардан намехоҳанд”,- гуфт М. Холиқов ва афзуд, ки ба шаҳрдорон ҳатто мактуби расмӣ ирсол кардаанд, вале бенатиҷа.

— Мо барои ҷудо кардани маблағи таъмири роҳҳо ба МИҲД-и ноҳия шаш маротиба дархости хаттӣ пешниҳод кардем,- мегӯяд Умед Иматшоев — сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.- Боз борҳо шифоҳӣ низ муроҷиат кардем, аммо натиҷа нест.

Дар ҳамин ҳол Назарзода Бахтиёр — сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар нишасти хабариаш қайд намуд, ки барои таъмири роҳҳои вилояти Хатлон аз ҳисоби буҷети вилоят дар шаш моҳи соли 2019 ҳамагӣ 2,8 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст. “Маблағгузорӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда дар оянда низ сурат мегирад”,- гуфт ӯ ва афзуд, ки дар вилоят сол аз сол маблағгузорӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ зиёд гаштааст.

 

Роҳсозон баҳо доданд

Ба қавли масъули соҳа, соли 2018 аз буҷети ноҳияи А. Ҷомӣ ҳамагӣ 22 ҳазор сомонӣ ихисос ёфта буд, ки ин миқдор маблағ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо басанда набуд. Аз ин рӯ, Иматшоев аз 182 километр роҳҳои маҳаллии ноҳия танҳо 20 дарсади онҳоро барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт мувофиқ медонаду халос.

Дар тақвияти ин иддао Наҳтулло Олимов — сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант изҳор дошт, ки бинобар набудани маблағ ҳолати роҳҳо бадтар шуда истодааст. “Раиси шаҳр ин мушкили моро дарк карда, ваъда дод, ки рӯзҳои наздик 30 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунад”,- гуфт ӯ ва иттилоъ дод, ки соли гузашта барои таъмири 53 километр роҳи маҳаллӣ ҳамагӣ 15 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, ки кофӣ набуд.

 

Хеле кам: 6 сомонӣ барои як моҳ

Файзулозода Насрулло — сардори Идораи муассисаи давлатии хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон низ дар нишасти хабариаш қайд намуд, ки маблағҳое, ки аз тарафи баъзе шаҳру ноҳияҳо барои таъмири роҳҳо ҷудо карда шудаанд, кофӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, масалан ноҳияи Дӯстӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллиаш 6 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст ва ин маблағ ба ҳар як километр роҳ дар як моҳ 6 сомонӣ рост меояд, ки ночизаст.

Аз ин ҳисоб роҳҳои маҳаллӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон қисми зиёдаш таъмирталаб буда, ниёз ба бозсозӣ доранд, аммо маблағ нест.

 

Роҳи дуруст нест. Рушди маҳал ҳаст?

Бо ташаббуси Сардори давлат имсол ва ду соли оянда дар кишвар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст. Дар заминаи ҳамин чорабинӣ масъулини шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки маблағгузориро барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ бештар кунанд. Зеро мақсад аз ин иқдом рушди кулли инфрасохтори муҳими маҳалҳо мебошад, ки роҳҳо ҷузъе аз онанд. Аммо дар ҳоле, ки роҳҳои маҳаллӣ ҳоли хароб доранд, пас, дар бораи кадом рушд метавон сухан гуфт?

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

“ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here