Сабаб чист: беаҳамиятӣ ё кам будани ҳавзҳои шиноварӣ?
Аз аввали соли равон бо сабаби хавфнок будани кӯлу дарёҳои ҳудуди вилоят, ҳамчунин кам ва ё тамоман набудани ҳавзҳои шиноварӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ва бемасъулиятии баъзе волидон шаш сокини вилояти Хатлон дар кӯлу рӯдхонаҳо ғарқ шудаанд.
Сокинон нигаронанд
Сокинони гармтарин минтақаи кишвар — вилояти Хатлонро кам, ё дар баъзе шаҳру ноҳияҳо тамоман набудани ҳавзҳои шиноварӣ нигарон намудааст. Иброҳим, Муҳаммад, Шараф — сокинони маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар гуфтанд, ки дар шаҳр ҳамагӣ ду ҳавзи шиноварӣ мебошад, ки ин ҳавзҳо наметавонанд эҳтиёҷи ҳамаи сокинонро қонеъ кунанд.
— Аз сабаби набудани ҳавзҳои шиноварӣ, мо — сокинон маҷбурем, ки дар ҷойҳои хавфнок, яъне “Ҷӯйи хонум” ва дигар ҷӯйҳои атрофи шаҳр ба оббозӣ машғул шавем,- гуфт Шараф, сокини шаҳр.
Ҳамчунин, Адолат, Ширинмоҳ ва Сулаймон, сокинони дигари вилояти Хатлон қайд карданд, ки агар як сабаби ғарқшавии ноболиғон дар каналу дарёҳо кам будани ҳавзҳои шиноварӣ бошад, сабаби дигар бемасъулиятии бархе волидон аст, ки онҳо дар ин гармои шадиди тобистон фарзандони худро беназорат мемонанд ва ин боиси ғарқ шудани ноболиғон мегардад.
Ба инҳо монанд чандин нафар сокинони дигар аз вилояти Хатлон аз набудани ҳавзҳои шиноварӣ дар маҳалҳои зисташон ва ё ҷамоатҳояшон изҳори ташвиш карда, аз масъулон хоҳиш карданд, ки шумораи ҳавзҳои шиновариро дар шаҳру ноҳияҳо зиёд намоянд, то сокинон дар ҷойҳои хавфнок оббозӣ накунанд.
Мактуб ба Ҳакимзода чӣ натиҷа медиҳад?
Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муродҷон Муҳиддинов гуфт, ки омили асосии ғарқшавии сокинон — ин риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ, беназорат гузоштани кӯдакон аз тарафи падару модарон ва кам будани ҳавзҳои шиноварӣ дар шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Манбаъ афзуд, ки барои пешгирии ғарқшавии сокинони вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ пурзӯр карда шуда, инчунин, дар назди рӯдхонаву дарёҳое, ки хатарноканду дар онҳо шиноварӣ кардан қатъиян манъ аст, шиору овезаҳо насб карда шудааст.
Исозода Сулаймон — сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон гуфт, ки аз аввали соли равон то инҷониб шаш сокини вилояти Хатлон дар кӯлу дарёҳо ғарқ шудаанд.
— Сокинони вилоят дар мавсими гармо аз кам будан ё набудани ҳавзҳои шиноварӣ дар маркази вилоят ва умуман, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори ташвиш мекунанд. Аз ин хотир, мо ба раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода мактуб ирсол намудаем, ки бояд дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ҳавзҳои шиноварӣ бунёд шаванд, то сокинон дар ҷойҳои хавфнок шиноварӣ накунанд,- гуфт ӯ.
Хатлони калон чанд ҳавз дорад?
Дилшод Мадалиев — сармутахассиси бахши варзиши дасгоҳи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон қайд кард, ки то имрӯз дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 33 адад ҳавзҳои шиноварӣ фаъолият мекунанд.
Ба иттилои ӯ, дар шаҳри Бохтар 3, Норак — 1 Левакант — 2, Ёвон — 4, Балхӣ — 1, Ҷомӣ — 2, Шаҳритуз — 2, Кӯлоб — 4, Данғара — 2, Ховалинг — 2, Восеъ — 1, Муъминобод — 2 ва дар ноҳияи Қубодиён 1 ҳавз барои оббозии сокинон фаъолият доранд. “Дар ин шаҳру ноҳияҳо, аз қабили Дӯстӣ, Хуросон, Ҷайҳун, Панҷ, Носири Хусрав, Балҷувон, Темурмалик, Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тамоман ҳавзи шиноварӣ нест”,- илова кард ӯ.
Манбаъ изҳори нигаронӣ аз он кард, ки мутассифона, аз 33 ҳавзе, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамчун ҳавзи шиноварӣ ба қайд гирифта шудааст, аксари онҳо фаъолият намекунанд.
— Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ду ҳавзи шиноварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳардуи онҳо ҳоло кор намекунанд. Чунин ҳавзҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳо дар омор ҳасту фаъолият намекунанд, зиёданд. Шумораи ҳавзҳои шиноварие, ки дар вилоят айни замон фаъолият мекунанд, моро қонеъ намекунад. Зеро аҳолии вилоят зиёда аз се миллион шудааст. Аз сабаби набудани ҳавзҳои шиноварӣ сокинон рафта, дар ҷойҳои хавфнок шиноварӣ мекунанд,- гуфт Д. Мадалиев.
Тибқи нақша бояд то соли 2021-ум 13 ҳавзи дигар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёд шаванд, ки аз ин дар соли 2019-ум танҳо ду адади он сохта ба истифода дода шудаасту халос. Аз ҷумла, дар шаҳри Бохтар ду ҳавзи шиноварӣ, Вахш — як, Балҷувон — як, дар Восеъ як ҳавз бояд сохта шавад.
Раисон чӣ мегӯянд?
Раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа гуфт: “Ҳоло дар ноҳия ягон ҳавзи шиноварӣ нест. Вале мо дар нақша дорем, ки як ҳавзи замонавӣ дар маркази ноҳия бо дасгирии соҳибкорон бисозем”. Аммо ӯ нагуфт, ки ин ҳавз кай сохта мешавад. “Дар ҷамоатҳои деҳот бошад, сокинон дар ҷӯю каналҳо оббозӣ мекунанд”,- изҳор дошт раис.
— Аз сабаби набудани об дар маркази ноҳияи Хуросон имкони сохтани ҳавзи шиноварӣ нест,- зикр кард раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло.- Ба нақша гирифтаем, ки оянда дар ҷамоатҳои ноҳия, ки об доранд, ҳавзи шиноварӣ бисозем.
Ёқубзода Саид — раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз будани ду ҳавзи шиноварӣ дар ноҳия ягон маълумот надоштааст. “Аз соли 2019 вақте ки ман раиси ноҳия шудам, дар ҳақиқат зиёда аз 12 фавти кӯдакон ҳангоми оббозӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумотҳо, дар маркази шаҳрак як ҳавзи шиноварии кӯдакона будааст. Мутаассифона, он низ солҳои пеш хусусӣ гардонида шудаву дар ҷояш хона бунёд шудааст. Тибқи дастуру супориши раиси вилоят бояд дар назди ҳар муассисаи таълимӣ ҳавз бунёд карда шавад. Ин супоришро масъулони моариф низ гирифтаанд. Аммо аз сабаби набудани маблағ бунёд нашуданд. Айни ҳол мо ҳамроҳи соҳибкорон кор бурда истодаем. Ба онҳо гуфтем, ки барои шумо замин ҷудо мекунем. Ҳатто дар дохили боғи марказӣ заминро гирифта, ҳавз бисозед. Лекин то ҳол касе барои бунёди ҳавзи шиноварӣ ба мо муроҷиат накардааст. Дар буҷети ноҳия маблағ барои бунёди ҳавзи шиноварӣ пешбинӣ нашудааст”,- гуфт раиси ноҳия.
Раиси ноҳияи Носири Хусрав Нишонзода Даврон гуфт, ки “мо нақша дорем то 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар маркази ноҳия як ҳавзи шиноварӣ бунёд кунем. Ҳоло аксари сокинони ноҳия барои шиноварӣ ба макони таърихии Чилучорчашма мераванд”.
Зарифзода Почохон — раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин зикр кард, ки “аз шафати ноҳияи мо дарёи Панҷ мегузарад. Инчунин, дарёи Оби Ниёк дорем, ки сокинон ва сайёҳон метавонанд дар онҳо шиноварӣ кунанд. Дар нақшаи иншооти ҷашнӣ бунёди ҳавзи шиноварӣ нест. Мо ният дорем, ки дар оянда ҳавз бисозем”.
Аминзода Фотеҳ — раиси ноҳияи Темурмалик зикр кард, ки сокинон дар ҳавзҳои моҳӣ ва дарёҳо оббозӣ мекунанд. “Ҳавзҳои шиноварии махсус дар ноҳия надорем. Аммо дар нақша дорем, ки дар аввали соли 2021 як ҳавзи шиноварӣ бисозем”,- афзуд вай.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз хабар доданд, ки дар ноҳия айни замон ду ҳавз фаъолият дорад ва нақша аст, ки боз як ҳавзи дигар дар маркази ноҳия ва марҳила ба марҳила дар ҳар як ҷамоати деҳот яктогӣ ҳавзи шиноварӣ сохта шавад.
Дар бораи набудани ҳавзи шиноварӣ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Ҳамадонӣ хостем бо раисони онҳо суҳбат кунем. Мутаассифона, ба зангҳои телефонӣ посух надоданд.
Андешаи табибон
Дилшод Ғафуров — роҳбари маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Левакант гуфт, ки “шиноварӣ дар обҳои дарё, кӯлу наҳрҳо ва дигар ҷойҳо, ки ба меъёрҳои санитарию гигиненӣ ҷавобгӯ нестанд, боиси ғарқ шудани сокинон мегардад. Зеро ҳеҷ кас намедонад, ки дар қаъри онҳо чӣ аст. Ҳангоми оббозӣ эҳтимоли маҳкам шудани сокинон дар сим ё дигар чизе, ки дар таги об аст, вуҷуд дорад. Ҳамчунин, вақте ки аз гармӣ даррав ба оби хунук медароӣ, нафаскашӣ душвор мешвад. Дар ин ҳолат карахтшавӣ, кашидани мушакҳо мушоҳида шуда, агар оббозӣ карда натавонӣ, таги об монда, дигар берун баромада наметавонӣ”.
Тавсияи ин корманди соҳаи тиб ин аст, ки хуб мешавад, агар сокинон дар ҷойҳои муайяншуда, махсусан дар ҳавзҳо шиноварӣ кунанд. Зеро, ҳангоми сохтани чуқурии он, ҷойи дастқапӣ ва дигар ҷузъҳои шиноварӣ ба инобат гирифта мешавад.
— Оби ҳавзҳои шиноварӣ, ки имрӯз сокинон дар он оббозӣ мекунанд, бояд аз лаборатория гузаронида шавад. Бояд муайян шавад, ки дар таркибаш ягон микроб ё вирус нест ва ҳарорати он низ бояд муътадил бошад,- гуфт Дилшод Ғафуров.
Масъулон бояд масъулиятшинос бошанд
Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои гармтарини кишвар ба ҳисоб рафта, гармии ҳаво дар ин минтақа гоҳо ба 45 дараҷа мерасад. Дар ин гармои шадид сокинон бештар барои салқин намудани хеш ба назди кӯлу дарёҳо шитоб намуда, аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва оббозӣ дар каналҳое, ки дар онҳо шиноварӣ қатъиян манъ аст, мутаассифона, чанде аз онҳо ғарқ мешаванд.
Бояд мақомоти маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳо, бахшҳои ҷавонон, раисони ҷамоатҳо сари ин масъала, яъне бунёди ҳавзҳои шиноварӣ ва дастрасии онҳо ба кӯдакону наврасон чораҷӯӣ намуда, ба ин васила аз эҳтимоли ғарқшавӣ пешгирӣ намоянд.
Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”