Зимни як сафари корӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Ҷайҳун мушоҳида кардем, ки дар ҷойи номуайян ғарами партовҳо хело зиёд аст ва ин ҳолат боиси нигаронии сокинон гардидааст. Партовгоҳҳо аслан дар назди канали обгузар ва ҷойе, ки кӯдакон дар онҷо таълим мегиранд, мавҷуд буданд. Ҳамин тавр, мо аз чаҳор партовгоҳи ноҳия дидан карда, онҳоро аксбардорӣ намудем.
Бояд гуфт, ки дар кишвар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст. Масъулини ноҳияро зарур аст, ки баҳри тозаю озода нигоҳ доштани маркази ноҳия кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро мақсади асосии эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” рушди маҳал аст. Ҳамчунин, дар давраи бемории сироятии коронавирус масъулон ба масъалаи тоза нигоҳ доштани ноҳия ва кашонидани партовҳо бетаваҷҷуҳанд. Вақте маркази ноҳия аз партов тоза намешавад, пас дар бораи кадом рушд ва солимии ҷомеа сухан бояд гуфт? Ин суоли матраҳест, ки посух мехоҳад.