Бо вуҷуди пешравиҳо дар ноҳияи Ҷайҳун, чанд мушкиле ҷой дорад, ки таваҷҷуҳи сареҳи масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар сохторҳоро мехоҳад.

Бар замми пешравиҳо дар ноҳияи Ҷайҳун, маблағгузорӣ нашудан барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ, таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ будани 6 муассисаи таълимӣ, фарогирии ками кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, дар се баст ба таълим ҷалб шудани хонандагон, таъмирталаб будани бунгоҳу марказҳои саломатӣ, саривақт накашонидани партовҳо аз маркази ноҳия, қарздории ташкилоту идораҳо аз барқ, ба пуррагӣ маблағгузорӣ нашудани соҳаҳои маорифу тандурустӣ барои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, тамбашавии нақлиёт дар назди бозори марказии ноҳия ва суст ҷараён доштани корҳои сохтмонӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи мазкур мушкилиҳое мобошад, ки таваҷҷуҳи бештари масъулонро мехоҳад.

Шаш муассисаи садамавӣ ва се мактаби себаста

Давлатзода Назирмад — мудири шуъбаи маорифи ноҳия зимни суҳбат гуфт, ки айни замон дар Ҷайҳун 40 муассисаи таълимӣ, ду муассисаи томактабӣ ва як гимназия фаъолият доранд, ки дар онҳо 30 ҳазору 554 нафар хонанда ҷалб шуда, 1 ҳазору 654 нафар омӯзгорон ба хонандагон таълиму тарбия медиҳанд.

— Соли гузашта 13 муассисаи таълимии себаста дар ноҳия фаъолият доштанд, ки имсол 10 адади онҳо ба дубаста гузаронида шудаанд. Мутаассифона, ҳоло се мактаб аз сабаби нарасидани ҷойи нишаст маҷбур шудаанд таълимро дар се баст ба роҳ монанд. Ҳамчунин, 6 муассисаи таълмии ноҳия дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, онҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд,- қайд намуд мусоҳиби мо.

Мувофиқи барномаи давлатии «Рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» бояд дар ноҳия 13 муассисаи таълимӣ сохта мешуд. Аммо бо гузашти наздики се сол ягон мактаб сохта нашудааст.

— Барои ҳалли мушкилии мазкур аз тарафи шуъбаи маорифи ноҳия ба Раёсати маорифи вилоят ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол карда шудааст ва онҳо ваъда додаанд, ки ин мушкилиро ҳал хоҳанд кард,- илова намуд мудир.

Фарогирии 1 % кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ

Аз 18 ҳазор кӯдаки ноҳияи Ҷайҳун ҳамагӣ 250 нафар ба муассисаи томактабӣ фаро гирифта шуда, боқӣ дар орзуи кӯдакистонанд.

Мудири шуъбаи моарифи ноҳия Давлатзода Назирмад афзуд, ки айни замон дар Ҷайҳун ду кӯдакистон фаъолият доранд, ки дар онҳо 250 кӯдак ҷалб шуда, фарогирии онҳо ба муассисаҳои томактабӣ як дарсадро ташкил медиҳад.

— Барои фарогирии бештари кӯдакон дар назди 21 муассисаи таълимӣ маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст, ки ба онҳо 320 нафари дигар ҷалб шудаанд. Ин қонеъкунанда нест. Мо кӯшиш дорем сол то сол фарогирии кӯдаконро ба муассисаҳои томактабӣ зиёд кунем. Дар нақшаи 30-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони се кӯдакистони дигар ворид шудааст, ки аллакай як боғчаи бачагонаи хусусӣ сохта шуда, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Ва аз ин ҳисоб боз даҳҳо кӯдаки дигар ба ин  муассиса ҷалб хоҳанд шуд,- илова кард Давлатзода Назирмад.

Бунгоҳу марказҳои деҳот таъмир мехоҳанд

Ба қавли Наҷибулло Абдуллоев — сармуҳосиби муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳия, ҳоло дар ноҳия 39 бунгоҳи тиббӣ ва 9 маркази саломатӣ фаъолият доранд, ки қариб ҳамаи онҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Ҳатто худи бинои Маркази саломатии ноҳия низ таъмири асосӣ мехоҳад. Танҳо аз ҳисоби ташкилотҳои хориҷӣ 5-6 бунгоҳ таъмир шудааст.

Номбурда илова кард, ки “омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 бошад, хуб нест. Зеро тибқи нақша бояд 10 тонна ангишт, 100 литр сӯзишворӣ ва 5 куб ҳезум захира карда шавад. Аммо то рӯзи 20-уми сентябри соли 2019 ҳамагӣ 5 куб ҳезум ва 1 тонна ангишт аз соли гузашта захира дорему халос. Маблағгузорӣ барои хариди ангишту сӯзишворӣ то ҳол аз ҳисоби буҷети ноҳия нашудааст».

Қарзи барқ — беш аз 11 миллион сомонӣ

Қарзи ташкилоту идораҳо ва аҳолии ноҳияи Ҷайҳун то 1-уми сентябри соли 2019 аз шабакаҳои барқи ноҳия 11 миллиону 571 ҳазору 157 сомониву 65 дирамро ташкил меҳиҳад.

Бино ба иттилои расида, қарзи корхонаҳои саноатии ноҳия 217 ҳазору 356, 8 сомонӣ, корхонаҳои ғайрисаноатӣ 46 ҳазору 275,5 сомонӣ, хоҷагиҳои пахтакор 4 миллиону 531 ҳазору 367,7 ҳазор сомонӣ, корхонаҳои буҷетӣ 802 ҳазору 859,9 сомонӣ, соҳаи савдо 2 ҳазору 210,2 сомонӣ, Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 2 миллиону 394 ҳазору 281,9 сомонӣ, корхонаҳои коммуналӣ 36 ҳазору 692,4 сомонӣ, сохтори тиҷорат 986,9 сомонӣ ва муштариҳои маишӣ (аҳолӣ) 3 миллиону 539 ҳазору 126,4 сомониро ташкил медиҳад.

Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ маблағ нест

Дар 8 моҳи соли равон барои таъмири 181,1 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ доштаи ноҳияи Ҷайҳун аз ҳисоби буҷети ноҳия маблағ ҷудо нашудааст. Қисме аз роҳҳо бо дастгирии соҳибкорону аҳолӣ ва маблағҳои ҷумҳуриявӣ таъмир шудааст,- мегӯяд сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Исмоил Ҳалимзода.

Сардори шуъбаи хазинадории Раёсати молияи ноҳия Идибек Нақибов ҷудо нашудани маблағ барои таъмири роҳҳои ноҳияро тасдиқ кард. Номбурда, ки далели ҷудо нашудани маблағ барои таъмири роҳҳои маҳаллиро ба нақша гирифта нашудани маблағ дар буҷети ноҳия арзёбӣ намуд. Ӯ қайд кард, ки бояд аз ҳисоби қисми барзиёдии даромади буҷет барои таъмири роҳҳо маблағ ҷудо карда шавад.

Исмоил Ҳалимзода илова кард, ки бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар ин давра бо харҷи 308,1 ҳазор сомонӣ 1 километр роҳ таъмири асосӣ, 9,1 километр таъмири ҷорӣ, 52,2 километр сангфарш карда шуд. Ғайр аз ин як пул бо дарозии 12 метр аз таъмир бароварда шудааст.

Ҳамчунин, аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар дар ин давра ба идора 165,7 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки бо ин маблағ 1 километр роҳ таъмири асосӣ, 66 километр таъмири ҷорӣ карда шуда, 18 адад аломати роҳ насб кардаанд.

Дар ноҳия роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, ки солҳои пеш сохта шудаанд, имрӯз ба таъмиру таҷдиди ҷиддӣ эҳтиёҷ доранд. Тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, таҳти №639, аз 2-юми декабри соли 2009, таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор гардидааст.

Маблағузорӣ барои зимистон 61 % иҷро шудааст

Идибек Нақибов илова кард, ки дар буҷети маҳаллии ноҳия барои хариди маводҳои зимистонгузаронӣ ба маблағи 311 ҳазору 500 сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. Аз маблағҳои зикршуда то 20-уми сентябри соли 2019-ум 190 ҳазору 287 сомонӣ хароҷот гардидааст, ки он 61,1 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Ба гуфти ӯ, аз ин маблағҳо ба соҳаи маориф 296 ҳазору 500 сомонӣ рост меояд, ки аз он 190 ҳазору 287 сомониаш ҷудо карда шудааст. Ба соҳаи тандурустӣ бошад, тибқи нақша 15 ҳазор сомонӣ дар назар гирифта шудааст, ки то санаи 20-уми сентябри соли 2019 ягон сомонӣ ҷудо нашудааст.

Коҳиш ёфтани ҷудошавии оилаҳо

— Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷудошавии оилаҳо дар 8 моҳи соли равон 68 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбати ҳамин давари соли гузашта 5 ҳолат кам мебошад,- қайд намуд Ализода Майнисо — мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия.

— Дар ин давра дар ноҳия 737 ҳолати бастани ақди никоҳи шаҳрвандон, 2 ҳазору 341 қайди таваллуд, 289 вафот, 948 муқаррар намудани падарӣ, 473 ивази ному насаб, 938 барқарории таваллуд ва 9 сабти фарзандхонӣ ба қайд гирифта шудаст,- илова кард ӯ.

Баҳри пешгирии ҷудошавии оилаҳо аз тарафи сохторҳои марбутаи ин ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ вусъат ёфта истодааст, то оилаҳо пароканда нашванд.

Боғи Ҷайҳун дар чӣ ҳол аст?

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Ҷайҳун, ки дохили он пур аз ҳаргуна бино аст, ҳоло корҳои сохтмонӣ рафта истодааст. Аммо кӯдакони ин ноҳия дар дохили боғ дар атраксионҳои вайрона ба бозӣ машғуланд.

Дар масъалаи корҳои сохтмонӣ директои боғи фарҳангию фароғатии ноҳия Салоҳидин Қараев гуфт, ки корҳои сохтмонӣ ҳоло дар ин ҷо 60 фоиз иҷро шудааст. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки “ман як деҳқонам, гоҳ-гоҳ омода аз боғ хабар мегираму халос, дигар ба корҳои худам банд ҳастам”.

Дар мавриди зиёд будани биноҳои дохили боғ номбурда қайд кард, ки ягонтои он дар мувозинаи боғ нест. Ин дар ҳолест, ки қариб ҳамаи онҳо дар дохили боғ ҷойгиранд.

Навсозии боғи мазкур, ба гуфти Салоҳидин Қараев, аз ҳисоби намояндаи Ҳукумати кишвар Вализода Баҳриддин, ки дар ноҳия оид ба 30-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ вобаста шудааст, рафта истодааст.

Партовҳоро кӣ бояд кашонад?

Дар маркази ноҳия назди канали обгузар ва чанд ҷойи дигар мо партовҳоро мушоҳида кардем, ки ба гуфти сокинон, саривақт  кашонида намешаванд. Аз оби назди партовгоҳе, ки дар поёни бозори марказии ноҳия ҷойгир аст, аҳолӣ менӯшанд. Ҷойи таассуф аст, ки атрофи ин канал аз партов пур шудааст.

Оид ба ин масъала хостем бо масъулони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия суҳбат кунем. Мутаассифона, Шарифзода Абдусаттор, ки ӯро дар утоқи роҳбари корхона пайдо кардему худро мудири шуъбаи санитарии ноҳия муаррифӣ намуд, аз шарҳи вазъ худдорӣ кард.

Тамбашавии нақлиёт дар назди бозор

Дар назди бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун гузаштани воситаҳои нақлиёт мушкилии дигаре мебошад, ки ронандагони ин масирро нигарон кардааст. Зеро дар ду паҳлуи роҳ мошинҳо истода, ба рафтуомади нақлиёт монеа мешаванд. Аз ин сабаб дар назди бозор тамбашавии воситаҳои нақлиёт ба чашм мерасад. Барои рафъи ин мушкилӣ бояд сохторҳои марбута саривақт тадбир андешида, ҳаракати бе мушкилии воситаҳои нақлиётро таъмин созанд.

Хулоса

Баҳри рафъи мушкилоти ҷойдошта, ки дар ин матлаб зикр намудем, умед дорем, раиси навтаъини ноҳия Одиназода Абдулҳафиз, ки дар муддати кӯтоҳи раисии худ корҳои назаррасеро дар ҳудуди ноҳия анҷом додааст, талош намуда, мушкилоти ҷойдоштаро марҳила ба марҳила  ҳаллу фасл менамоянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here