Ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ки дар гузашта яке аз ҷамоатҳои ободу пешрафта ба шумор мерафт, имрӯз ба яке аз ноободу вайрону валангортарин ҷамоатҳои деҳоти ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Метавон гуфт, аз ободиҳою пешрафтҳои тасхиркунанда, ки ҷумҳуриро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ фаро гирифтааст, ин ҷо нишоне дида намешавад. Раиси ҷамоати деҳот Воҳидова Нарзигул оё аз ҳоли зори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №45-и деҳаи Бадриддин Ҳилолӣ, ки садамавӣ мебошаду дар дилхоҳ вақт ба сари кӯдакони маъсум фурӯ рафтанаш аз эҳтимол дур нест, хабар надорад? Давоми фаъолияти худ ин хонуми воломақом ба чандин дӯстон заминро чун мероси бобоӣ “туҳфа” менамояду чаро боре аз ҳоли зори Қасри фарҳанг, ки дар гузашта яке аз зеботарин муассисаҳо дар вилояти овозадори Қӯрғонтеппа (ҳозира шаҳри Бохтар) будааст, дидан накардаанд? Барои чӣ раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ болои ноуҳдабаротарин раис ба назар расиданаш, ҳатто аз дастовардҳои беназири пешини ноҳияи дар гузашта номдор ҳарф намезанад? Оё ин ҷаноб аз таллаву тороҷи заминҳо дар ҷамоати деҳоти Дӯстӣ хабар надорад? Қисме аз ҳудудҳои беморхонаи минтақавии №4-ро, ки дар гузашта ошхонаи ҷамъияти матлубот будааст, намешуд ба беморхона диҳанд, ё соҳибкоре онро обод намояд? Аз фермаҳои чорводорию ширию молӣ оё касе аз масъулин дидан намудааст? Кӣ иҷозат додааст, ки бе қарори дахлдори Ҳукумати кишвар ҳудудҳои нуқтаи қабули пахтаро ба шахсони зиёде фурӯшанд? Агар раиси ноҳия не, пас кӣ? Агар хонандаи азизу муътабари мо пурсад, ки ҳоли роҳу пулҳо чӣ тур аст, ҷавоб он аст, ки тӯли таърихи 30 соли охир ин роҳҳо рӯи ягон таъмирро надидаанд. Метавон гуфт, ки дар ҳудудҳои мамлакат ноободу мушкилгузартарин роҳ буда, барои ақаллан каме ба тартиб даровардани он раиси ноҳия ҷаноби Ёқуб Саидзода ягон кӯшиш ҳам карданӣ нест. Агар аз обу замин пурсед, ҳолат аз ин бадтар буда, аз сабаби серобӣ қисме аз заминҳо ботлоқ шуда, қисми дигар ба ҷариҳои бетаг табдил ёфтаанд. Қисми зиёди заминҳо баъди ҳосили кишти якум дигар кишт карда намешаванд ва ҷои чаронидани чорвои мардум гаштаанд. Ҳол он ки, ҷаноби раис аз хизматҳои арзандаи худ дар самти амнияти озуқаворӣ дар ҳар ҷаласа ҳарф мезананд. Аммо ба мушоҳида мерасад, ки дар ин самт куллан коре намекунанд. Чаро? Дар самти ботлоқшавӣ ва шӯршавию хатарҳои экологӣ дар ин ноҳия умуман коре карда намешавад ва масъулин корро дар додани ҳисоботҳои бардурӯғ ба идораҳои болоии худ медонанду халос. Барои чӣ? Оё аз чунин вазъият раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ муҳтарам Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва директори Агентии зидди коррупсия муҳтарам Султонзода Сулаймон хабар доранд?
Таҳияи Саиди ҲАЙДАР
P.S. Ягона чизе, ки моро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хушбин намуд, ин фаъолияти хуби мақомоти қудратӣ — прокуратура, ШВКД ва амният буд, ки дар пешгирии ҷиноят ва барои амнияти шаҳрвандону корҳои ободонӣ саҳми беандоза дошта, ҳатто пурра чароғон намудани маркази ноҳия ва зиёд намудани ҷойҳои нави фаъолияти соҳибкориро таҳти назорати худ қарор додаанд, то дар иҷро гардидани нақшаҳои буҷети давлатӣ саҳмгузор бошанд.