Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 1-уми октябр, дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе минтақаҳо борон мерезад.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 23+28 ва дар шарқи ин вилоят шабона -4+1 ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона ба +8 +13 ва рӯзона ба +27+32 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +10+12 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.