Ҳақоиқи пинҳон аз оғози Ҷанги ҷаҳонии дуюм фош шуд

 

80 — солагии яке аз пурфоҷеабортарин санаи таърихи башар –оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ наздик мешавад. Ин мавзӯи як намоишгоҳи ҷадидест, ки ҳамакнун бо номи «Соли 1939. Оғози Ҷанги дуввуми ҷаҳон» дар толори Намоишгоҳи бойгонии федералӣ идома дорад.

Намоишгоҳи таърихиву ҳуҷҷатии «Соли 1939. Оғози Ҷанги дуввуми ҷаҳон» аз ҷониби Бойгонии агентии федералӣ, Бойгонии давлатии ҳарбии Русия, Департаменти ВКХ Русия, Ҷамъияти таърихи Русия омода шуда буд. Дар ин намоишгоҳ нигораҳо ва ҳуҷҷатҳоро аз коллексияи осорхонаҳо ва хазинаҳое, ки пештар муҳри махфӣ доштанд, ба намоиш гузоштаанд.

Чӣ ҳаводисе дар тобистон ва тирамоҳи соли 1939 рух доданд, ки ҷолиби диққат бошад? Албатта, муаммоҳо дар ин як фосилаи кӯтоҳи замонии то оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон зиёданд ва ба баъзе суолоти номафҳум метавон аз ҳамин намоишгоҳи ёдшуда посух дарёфт кард.

Асноде дар ин намоишгоҳ ба чашм расиданд, ки замони барҳам хӯрдани Чехословакия чун кишвари мустақил ва ишғоли Полша аз ҷониби Олмон дар таърихи 1-уми сентябри соли 1939-ро дар бар мегирифтанд.

Тамошобинон ин ҷо метавонанд асноди аслӣ, филмҳои ахбори ҷории рӯз, расму суратҳо, лавозимоти ҳарбӣ, ашёи осорхонаҳо, соядасти ходимони машҳури давлатӣ ва ғайраро бубинад. Дар маҷмуъ ташкилкунандагони намоишгоҳ тавонистаанд 300 аснодеро, ки имкон медиҳанд сабабҳои вазъи буҳронии тобистони соли 1939, таҳкими  таъсири Олмон ба Аврупои Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, нокомиҳои таъсиси иттиҳоди зиддигитлерӣ бо ширкати Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчунин мантиқи амали роҳбарони Шӯравӣ дар он вазъи буҳронии байналмилалиро дарк намоянд.

Дар намоишгоҳ бештар ба гуфтушунидҳои давлати Англия, Франсия ва Шӯравӣ, ки моҳҳои июн-августи соли 1939 дар Маскав баргузор шуда буданд, тавваҷҷуҳ шудааст. Ин гуфтушунидҳо то ҷойе ҷобаҷошавии қувваҳо дар Аврупо дар остонаи Ҷанги ҷаҳониро ба намоиш гузошта буданд. Дар бораи мавзеъгириҳои калавандаи қабули Иттиҳоди Шӯравӣ чун муттаҳиди баробарҳуқуқи ҳарбӣ-сиёсӣ, ҳамчунин аз ҷониби Полша рад шудани пешниҳоди шӯравиҳо дар мавриди муқобилият ба ғасбкориҳои Олмон нақл мешавад. Асноди беназиру нодири бойгонӣ манофеи воқеъиву аслии ҳар ширкаткунандаи зиддиятҳои ояндаи оламро фош месозад: барқияҳои рамзӣ, мукотибаи комиссарони умури хориҷаи СССР М.М.Литвинов ва В.М.Молотов бо намояндаҳои ваколатдори ИҶШС дар Олмон, Франсия, Британияи Кабир, Полша дар бораи “сиёсати кафолат”-и Англия ва Франсия ва равишҳои асосӣ дар таъмини бехатарӣ дар Афрупо; матни суҳбати сафири Полша дар ИҶШС В.Гжибовский дар бораи пешниҳоди Шӯравӣ дар иртибот ба имконоти мадади ИҶШС дар сурати ҳамлаи Олмон ва мавзеъгирии ҳукумати Полша. Ҳамчунин ёддошти сардори Ситоди кулли Артиш Б.М.Шапошников дар бораи гузинаҳои амали қувваҳои мусаллаҳи иттиҳоди зиддифашистӣ ҳангоми ҷанги калонмиқёс дар Аврупо пешкаш шудааст. Матни ҷаласаи намояндагиҳои ҳарбии Британияи Кабир, Франсия ва ИҶШС дар ҷараёни гуфтушунидҳои Маскав низ дар ин намоишгоҳ вуҷуд дорад.

Пардаи асрор аз омодагиҳои мушаххаси Олмон дар ҳамла ба Полша аз ин аснод бардошта мешавад, раҳнамуди сарфармондеҳи олии вермахт, протоколҳои ҷаласаҳои Гитлер бо роҳбарони вермахт дар бораи вазифаҳои ҷанги оянда, матолиби гуногуни агентураҳои созмони ҷосусии Шӯравӣ дар бораи нақшаҳои ҳамлаи Гитлер ба Полша ва маълумоти ҷосусони Шӯравӣ дар бораи тамаркуз ва ҳаракати неруҳои Олмон, бахше дигар аз ин асноди фошкунандаи асроранд.

Маълум аст, ки “детонатор”-и Ҷанги дуюми ҷаҳон зиддият миёни Олмон ва Поша шуд, ки аз ҷониби миллигароёни олмонӣ хеле хубу рехта тарҳрезӣ шуда буд. Дар бораи дидгоҳи худи фюрер метавон аз матлаби раёсати ҷосусии Артиши Сурх аз таърихи 17-уми майи соли 1939 бештар донист. Дар он омадааст:

«Бино ба гуфтаи худи Гитлер дар суҳбаташ бо Риббентроп (вазири умумри хориҷии Олмони нозӣ байни солҳои 1938-1945) Олмон дар ҳоли ҳозир марҳилаи таҳкими мутлақи ҳарбии худ дар Шарқро таҷриба мекунад, ки фориғ аз мулоҳизоти ақидатӣ бояд ба ҳар василае ба даст оварад. Баъди поккории Шарқ “марҳилаи ғарб” оғоз мешавад, ки бояд бо шикасти Франсия ва Англия ба поён расад…

Танҳо баъди ин метавон дар бораи торумор кардани Иттиҳоди Шӯравӣ андешид”.

Президенти ИМА Рузвелт талош кард, то сарвари Рейхро, ки ташнаи тасаллут бар Аврупо буд, мутақоид кунад. Дар барқияи худ ба номи Гитлер дар таърихи 15-апрели соли 1939 вай навишт:

«Маълум аст, ки олам ба сӯи ҳамон лаҳзае дар ҳоли ҳаракат аст, ки вазъ бо фоҷеа меанҷомад… Шумо борҳо гуфтаед, ки шумо ва халқи Олмон ҷангро намехоҳед. Агар ин ҳақ аст, пас набояд ҷанг шавад. Ҳеч чизе мардумони сайёраи моро мутақоид нахоҳад кард, ки ҳар як аз неруҳои ҳоким ҳақ ё ниёз доранд, ки паёмадҳои ҷангро бар рӯйи худ ва ё афроди дигар ба ҳамроҳ оварад, магар дар мавориде, ки худ дифоъ аз худ нишон диҳад…”

Порае аз эъломияи сарфармондеҳи олии вермахт дар бораи омодагии воҳиди неруҳои мусаллаҳи Олмон ба ҷанг, ки 11-уми апрели соли 1939 ироа шудааст:

«… Агар Полша он мавқеъро ишғол мекунад, ки таҳдиде ба Олмон дорад, пас бо вуҷуди мавҷудияти муоҳада зарурате пеш меояд, ки саранҷом масъалаи Полша ҳал шавад…”

Асноди ин намоишгоҳ собит мекунанд, ки рӯзи оғози ҷанг ҳанӯз аввали баҳори ҳамон сол мушаххас шуда буд.

Аз дастури сарфармондеҳи олии вермахт дар бораи омодагӣ ба ҷанг бо Полша (нақшаи фаврӣ бо номи рамзии «Вайс“») аз 3 апрели соли 1939:

«Тибқи нақшаи «Вайс» фюрер дастур дод: 1) омодагӣ тавре бояд сурат бигирад, ки он сар аз 01.09.39 ҳар вақт имкони амалан татбиқ шудан дошта бошад”.

Роҳбарияти ИҶШС иттилооте дар мавриди барномаҳои Олмон дар даст дошт. Иттилои вижае, ки рӯзи 9 майи соли 1939 аз Раёсати панҷуми ситоди кулли артиш ирсол шуда буд:

«… Тибқи маълумоте, ки аз манбаъҳои дипломатии Олмон дастрас гардид, ин кишвар дар айни замон саргарми омодагӣ ба зарба ба Полша мебошад ва он бояд моҳи июл ё август сурат бигирад. Ҳамзамон тарҳи ошӯб дар Украинаи Ғарбӣ кашида мешавад. Ситоди кулли артиши Олмон дар назар дорад, ки муқовимати Полшаро дар 8-14 рӯз бишканад…”

Инак порае дигар аз иттилои вижаи раёсати ҷосусии Артиши Сурх, ки 28-август ба маршал Ворошилов фиристода шудааст:

«…Бино ба маълумоти манбаъи боваринок дар Берлин 25.8 даъвати эҳтиётиёни ҳамаи синну сол оғоз шуд.  … 26.8 сафарбаркунии аспҳо мушоҳида гардид. Аз 27.08 ҳаракати маъмулии қаторҳо дар роҳҳои оҳани Олмон беэътибор дониста шуд… Интиқоли неруҳо ба Шарқ идома дорад… Хулоса: Тадобири ҳарбии Олмон сурати сафарбаркунии ошкор бе эълони расмии он касб мекунад…”

Бидуни шак, муҳимтарин асноди ин намоишгоҳ ва санадҳои бойгонӣ омодагӣ ба сафари вазири корҳои хориҷии Олмон ба Маскав дар таърихи августи соли 1939 мебошад, ки дар он санади машҳури Молотов — Риббентроп имзо гардид. Дар ҷойи намоёне нусхаи асли муоҳада дар бораи ба ҳам ҳамла накардан ва илова ба он протоколи иловагии махфӣ аз 23 август дар бораи маҳдуд кардани ҳавзаҳои манфиатҳои Олмон ва ИҶШС гузошта шудааст. Ҳамчунин барқияи Гитлер ба Сталин бо пешниҳоди қабули вай дар Маскав ва номаи ҷавобии сарвари Шӯравӣ низ дар ҳамин раста дида мешавад. Ин ҷо боз дар бораи як ҳуҷҷати дигаре, ки муҳри махфӣ аз он бардошта шудааст, ҳарф мезанем.

Бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли қарибулвуқуъи имкониятҳои оғози ҳамлаи густардаи ҳарбии Олмони гитлерӣ диққати касро муоҳадаи моҳи август миёни роҳбарони Рейхи сеюм ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба худ мекашад. Аз барқияи рамзии намояндаи ваколатдори ИҶШС дар Британияи Кабир И.Майский аз 22 август:

«Иттилоъ дар бораи парвози Риббентроп ба Маскав барои гуфтушунид дар бораи имзои санади ба ҳам ҳамла накардан боиси эҷоди бузургтарин ҳаяҷону изтироб дар доираҳои дипломатӣ ва ҳукуматӣ шудааст. Субҳи имрӯз руҳия наздик ба ваҳшат буд…”

Намоишгоҳи таърихӣ-ҳуҷҷатии “Соли 1939. Оғози Ҷанги дуввуми ҷаҳон” то 10-уми ноябри соли равон дар толори Намоишгоҳи бойгониҳои федералӣ боз аст ва хоҳишмандон метавонанд ҳар рӯз аз соати 12 то 18 аз он дидан кунанд…

 

Таҳияи Фирӯзи Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here