Дар олам кишварҳое ҳастанд, ки онҳоро ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намекунад, чуд дида мешавад, ки порае аз заминро аз баданаи як давлат кандаву худро давлати дигар эълон кардаанд. Маъмулан ин гуна кишварҳо таҳти пуштибонии кадом кишвари қудратманде қарор доранд, вагарна ин чунин “истиқлолият” дер ҳам намепод. Дар ҳавзаи нуфузи Русия се кишвареро метавон ном бурд, ки кандашуда аз баданаи мамлакате бо пуштибонии ошкору ниҳони Маскав худро мустақил медонанд. Ва яке аз инҳо Ҷумҳурии Приднестрови Молдова мебошад. Замоне ин гӯша аз хоки Молдова зидди талошҳои миллии озодидӯстон буд, ки мехостанд забонашон мустақилу озод ва худи онҳо ҳамон миллате бошанд, ки асолатан буданд. Аммо бахше аз онҳо, ки ҳатман русу русзабон буданд, зидди ин талошҳо шуданд ва бардагиро аз озодӣ муҳимтар хонданд. Имрӯз ҳам, бо гузашти як сисола онҳо ҳамоно аз Маскав мехоҳанд ин қаламравро моли худ кунад. Маскав ҳоло истиҳола дорад, чун барои Қрим бо ҷомеаи байналмилалӣ мушкил пайдо кард ва наметавонад ин бахш хоки Молдоваро аз худ эълон кунад. Қрим сарнавишти дигару Приднестров дигар.

Ҷумҳурии Приднестроваи Молдова-минтақае дар канори рӯди Днестр, дар шарқи Молдова ва дар ҳамсоягӣ бо Украина қарор дорад. Ин минтақа дар соли 1990 эълони истиқлолият кард ва аз соли 1992 бо номи Ҷумҳурии Приднестроваи Молдова худро мустақил эълон намуд. Ин кишвар то кунун аз сӯи ягон мамлакати узви СММ ба расмият шинохта нашудааст ва бо ҳеч як аз онҳо робитаи дипломатӣ надорад ва ҳамоно бахше аз қаламрави Молдова ба шумор меравад. Бахше аз қаламрави он аз ҷониби Молдова назорат карда мешавад. Роҳ ба сӯи баҳр надорад. Аҳолии он наздик ба 500 ҳазор нафаранд ва аз молдовиҳову русҳо ва украинҳо иборат мебошанд. Чун онҳо солиёни дароз ва ҳатто асрҳо дар канори ҳам ба сар мебурданд, хонаводаҳои омехта зиёд доранд. Аксари онҳо муътақидони оини насронии православианд. Ва забонҳои молдовӣ, русӣ, украинӣ забонҳои расмии ин давлати худхонда ҳисобида мешавад.  

Кишвари президентист. Соли 2016 дар интихоботи президентӣ Вадим Красноселский пирӯз шуд. Ҳизби “Обновление” дар интихоботи парлумонии соли 2015 курсиҳои аз ҳама бештарро соҳиб шуд.  

Дар соли 2017 дар қаламрави Приднестрова 313 000 нафар шаҳрвандони Русия иқомат доштанд.  

2 сентябри соли 1990 дар анҷумани II Фавқулоддаи вакилони халқ, ки дар Тираспол баргузор шуд Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Приднестрови Молдова қабул ва шаҳри Тираспол пойтахти он эълон шуд. Тибқи ин эъломия Приднестров аз Молдова буридаву бо Иттиҳоди Шӯравӣ чун як воҳиди мустақил шомил мешуд.   

 

Каме аз таърих

Дар асрҳои миёна дар ин сарзамин қабилаҳои уличҳо (қабилаҳои славянии шарқ, ки дар асри IX миёни дарёҳои Днестр ва Прут зиндагӣ мекарданд), тиверсҳо (қабилаҳои славяние, ки миёни дарёҳои Днестр ва Прут ва ҳамчунин Дунай макон доштанд), ҳамчунин кӯчиёни турк – печенегҳо (қавми турктабори нимакӯчнишин) ва кумонҳо (қабилаи кӯчаки кӯчӣ, замоне бо қипчоқҳо дар иттиҳод давлат ҳам доштанд) зиндагонӣ мекарданд. Замоне ин қаламрави ба давлати Руси қадим ва князигарии Галитско-Волин дохил мешуд. Дар асри XIV тобеъи Князи Бузурги Литва буд. Соли 1569 қисмати шимолии Приднестров ба ҳайати давлати Полшаи он замон дохил шуд. 

Приднестрови Ҷанубӣ соли 1242 бахше аз қаламрави истилокардаи муғулон буд, охири асри XV ба хонигарии Қрим дохил шуд, аз нимаи дуюми асри XVIII тобеъи ордаи Едисан буд. Соли 1770 Ордаи Едисан бо 8 ҳазор тотораш шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд ва тибқи муоҳадаи Кючук-Кайнаржий соли 1774 он ба истиқлолият даст меёбад.  

Аз охири асри XVIII ин қаламравро Русия ишғол намуд ва ҳукуматдорони вақти Русия муҳоҷирати миллатҳои дигар, аз ҷумла молдованҳо, олмониҳо, яҳудиён, арманиҳо, юнониҳо, русҳо ва украинҳоро дастгирӣ карданд. Дар тӯли асри XIX  Приднестров бо шаҳрҳои Григориопол, Дубоссари ва Тираспол ба ҳайати губернияи   Херсон дохил буд.

Дар бораи таърихи ин қитъа аз хоки сайёра гуфтаниҳо хеле зиёданд ва барои он ки дилгиркунанда набошанд, мо талош кардем хеле мухтасар орем. 

То соли 1940 99,5 % қаламрави Ҷумҳурии Приднестрови Молдова дар ҳайати Ҷумҳурии Украина буд. Соли 1924 бо ташаббуси Г.И.Котовский, П.Д.Ткаченко ва дигарон Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Молдова (МАССР) дар ҳайати Украина таъсис гардид. Тибқи нақшаи Кремл он мебоист пойгоҳе мешуд, ки бо воситаи он Бессарабия, ки аз соли 1918 ба Руминия пайваст шуда буд, баргардонида мешуд.  

Дар МАССР забонҳои молдовӣ, украинӣ ва русӣ расмӣ эълон шуданд ва пойтахти он шаҳри Балта гардид, аммо соли 1928 онро ба Бирзул ва соли 1929 ба Тираспол кӯчониданд. Ва ин шаҳр то соли 1940 пойтахти  МАССР буд.  

 

Асолатхоҳӣ

Аммо аз соли 1924 дар МАССР ҷунбиши наве пайдо шуд, ки онро бо ҳамин як калима: АСОЛАТХОҲӢ метавон ифода намуд. Ҳадафи он шинохти молдовиҳо чун қавму миллати воҳид ва ҷудо аз Руминия буд. Онҳо иддао доштанд, ки молдовӣ забонест дигар ва молдован ин на руминист. Ҳарчанд имрӯз ҳам забоншиносон бар ин назаранд, ки молдовиву румонӣ як забонанд бо ду ном.  

2 августи соли 1940 дар иҷлоссияи VII – уми Шӯрои Олии СССР Қонун дар бораи ташкили Ҷумҳурии Сотсиалистии Молдова қабул шуд. Ва баъди ин аз қаламрави кишвари шӯроҳо муҳоҷирони зиёде ба ҳудуди имрӯзи Ҷумҳурии Приднестрови Молдова сарозер шуданд. Қисмати бештари корхонаҳои саноатӣ дар қаламрави ҳамин минтақа сохта мешуданд. 

Соли 1941, ки Олмон бо муттаҳидонаш ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла кард, вазъи геополитикӣ низ тағйир ёфт, Руминия имкон пайдо кард, ки дубора қаламрави муттааллиқ ба ин кишварро баргардонад. Руминия илова ба Бессарабия, Буковинаи шимолӣ қаламрави миёни дарёҳои Буги Ҷанубӣ ва Денестр низ ба худ тобеъ намуд.  

Соли 1944 Артиши Сурх дар Балкан бори дигар қаламрави пеш аз соли 1941 марбут ба Иттиҳоди Шӯравиро баргардонд.

Соли 1956 дар ҳудуди Ҷумҳурии Молдова артиши 14-уми СССР мустақар карда шуд ва он то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳамин минтақа боқӣ бимонд.  Соли 1984 он аз Кишнёв ба Тираспол бурда шуд.  

То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дақиқан то соли 1990 корхонаҳои саноатии Приднестров 90 % нерӯи барқро тавлид мекарданд, калонтарин ГРЭС-и Молдова дар қаламрави ҳамин ҷумҳурӣ сохта шуда буд. 

 

Зиддиятҳо

Насли имрӯз дар бораи ҳам Молдова ва ҳам Приднестров камтар маълумот доранд. То ин ҷо мо мухтасар аз гузаштаи ин қаламрав ҳикоят кардем, аммо мусибату бадбахтиҳо ва ноамниҳо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳатто дар остонаи барҳам хӯрдани Империяи Шӯравӣ оғоз шуданд. Тавре дар оғоз ҳам навиштем, соли 1990, ки Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, Приднестров эълони истиқлолият кард ва албатта ин зарбае буд барои Молдоваи воҳид, ки руминиҳо пайваста онро қаламрави худ медонанд.  

Аммо асли гап чӣ буд? Чаро ва чӣ сабаб шуд, ки як кишвари якпорча ба ду тақсим гардид? Посухи ин суолҳоро метавон аз таҳлили рӯйдодҳои солҳои бозсозии горбачёвӣ, ки билохира ба суқути Иттиҳоди Шӯравӣ оварда расонда буд, ҷуст. Ва сабаби аслиро метавон ин гуна ифода кард: МАСЪАЛАИ ЗАБОН!

 

Забон

Бозсозии горбачёвӣ дар кулли қаламрави Шӯравӣ ҷунбишҳои  миллиро ба бор овард. Бедории афкори мардум бештар ҷанбаҳои милливу озодихоҳӣ дошт. Бедории сокинони ҷамоҳири Балтик тадриҷан қаламрави кишвари қудратманди шӯроҳоро фаро мегирифт. Ва яке аз талошҳои зиёиён танг кардани забони русӣ дар ҷумҳуриҳои миллӣ буд ва ба ҷойи он нишондани забони он миллат ва он қавме буд, ки кишвар номи онро дошт. Роҳбарияти Молдова ба фарқ аз сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз талоши зиёиёну миллигароён пуштибонӣ мекард ва тарафдори он буд, ки забонҳои руминиву молдовӣ як забон дониста шаванд ва Молдова бо Руминия бипайвандад. Ин чизе буд, ки Кремл аслан намехост.  

Моҳи марти соли 1988 Иттиҳоди нависандагони СССР дар шаҳри Маскав анҷумани худро гузаронд ва қатори масоили дигар дар бораи забони ҷумҳуриҳои миллӣ ҳам сухан рафт. Иддае аз адибони маъруф хостори ба забонҳои миллӣ додани мақоми давлатӣ шуданд ва ин ҳам ба манфиати миллигароҳои Молдова буд. Иттиҳоди нависандагони ин кишвар фавран барномаи ояндаи забон дар Молдоваро сохт, ки тибқи он руминиву молдовӣ як забон дониста мешуд.  

Моҳи сентяби соли 1988 “Номаи 66” интишор ёфт ва 66 тан аз маъруфтарин чеҳраҳои адабиву фарҳангии Молдова хостори ба забони молдовӣ додани мақоми давлатӣ ва ҷорӣ кардани алифбои лотинӣ шуданд. Тирамоҳ чандин гирдиҳамоии зиддирусӣ баргузор шуд ва ин шиорҳоро хонда мешуданд: “Молдова танҳо барои молдованҳо!”, “Ҷомадон-вокзал-Русия”, “Русҳо берун аз Днестр, яҳудиҳо дар Днестр!”. 

Солҳои 1988-1989 дар айни бозсозӣ дар Молдова чандин созмони миллигаро арзи вуҷуд кард ва охири соли 1988 “Ҷабҳаи халқии Молдова” ташкил шуд. Гуруҳҳое пайдо шуданд, ки бо шиори “Як забон-як халқ” амал мекарданд ва ҳадафи онҳо пайвастани Молдова ба Руминия буд. Соли 1919 ду нашрияи асосии ин кишвар бо сархати  «Suntem români şi punctum!» — «Мо руминем-нуқта” интишор ёфтанд.  

Дар пасманзараи ин ҳама талошҳо барои мақоми давлатӣ додан ба забон ва хориҷ кардани забони русӣ аз истифода ва танг кардани мавқеъи русҳо ва русзабонҳо, талошҳои пайвастан ба Руминия мавҷи эътирозҳои дигарро ба вуҷуд овард. Русу русзабонҳо ва миллатҳои дигар ва ҳамчунин бахше аз молдовиҳое, ки мухолифи ба ҳам омадани Руминия ва Молдова буданд, барои ташкили Ҷумҳурии мухтор гомҳо бардоштанд. Коршиканиҳо, гирдиҳамоиҳо барои радди қонуни забон ва ё ҳаддиақал содатар кардани он ки миллатҳои дигар низ ҳақи будубош дар ин мулк дошта бошанд, ба вуҷуд омаданд. Дар ҳамин солҳо ғояи ташкили ҷумҳурии дигари Молдовӣ ва ё Молдоваи дигаре, ки мустақил бошад ва на тобеъи Руминия пайдо шуд. 

 

Ва баъд

22 декабри соли 1990 президенти СССР Михаил Горбачёв фармон “Дар бораи чораҳои муътадилгардонии вазъ дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Молдова”-ро имзо кард, ки дар бахши чоруми он ғайриқонунӣ будани эълони истиқлолияти Приднестров таъкид мешуд.  

25 августи соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Приднестрови Молдова “Эъломияи истиқлолият”-ро қабул кард, вале дар қаламрави ин кишвар Конститутсияи СССР ва қонунҳои СССР ҳоким дониста шуданд. Ба маънии дигар ин ҷумҳурӣ худро аз ҳайати Молдова берун кард, вале амалан дар ҳайати СССР боқӣ монд. 

5 ноябри соли 1991, баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Приднестрови Молдова ташкил шуд. 

Соли 2006 дар ин давлати худхонда ҳамапурсӣ доир шуд ва 97,2 дарсади интихобкунандагон ба ҷонибдорӣ аз пайваст шудани Ҷумҳурии Приднестрови Молдова ба Русия овоз доданд. Ин қитъа аз хоки Молдова дигар майли пайвастан ба Молдова надорад ва талошаш ба он нигаронида шудааст, ки чун Қрим порае аз қаламрави Русия бошад. Моҳи марти соли 2014 Шӯрои олии Приднестров аз Думаи давлатии Русия хост қонунеро ба тасвиб расонад, ки тибқи он ин ҷумҳурӣ шомили Русия гардад.  

 

Сохти давлатдорӣ

Ҷумҳурии Приднестрови Молдова тибқи қонуни асосии худ мустақил, демократӣ, ҳуқуқӣ аст. Сарвари давлат президенти он ба ҳисоб меравад ва дар айни замон Вадим Красноселский ин масъулиятро бар душ дорад. Президент ҳар панҷ сол як маротиба интихоб мешавад ва як нафар наметавонад беш аз ду навбат пайи ҳам президент интихоб шавад.  

Ҳукумати иҷроия аз ҷониби раиси ҳукумат идора мешавад. Вазирон ва сарварони идораҳое, ки вазир нестанд ё вазорат нестанд, низ аъзои ин ҳукуматанд.  

Мақоми олии қонунбарор Шӯрои Олии Ҷумҳурии Приднестрови Молдова мебошад. Ҳокимияти судӣ мансуб ба Додгоҳи олӣ, Додгоҳи Конститутсионӣ ва Додгоҳи ҳакамии ин кишвар мебошад.  

 

Мақоми байналмилалӣ

Тӯли ин солҳое, ки эълони истиқлолият кардааст, Ҷумҳурии Приднестрови Молдова ҳамоно як давлати худхонда боқӣ мемонанд ва аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳатто аз ҷониби Русия низ ба расмият шинохта нашудааст. Дар ягон кишвари олам сафорат надорад ва ягон мамлакати узви СММ робитаи дипломатӣ бо он барқарор накардааст. Ин кишвар худ бо худ зиндагӣ дорад, на равобити хориҷӣ дорад ва на ташвишу талошҳои дипломатӣ. Ҳамоно кишварҳои олам онро бахше аз Молдова медонанд.  

Танҳо ду кишвари қисман истиқлолияташон эътирофшуда ва як кишвари эътирофнашуда истиқлолияти Приднестровро расман шинохтаанд. Аз ҷумла, Осетияи Ҷанубӣ, Абхозистон ва Қаробоғи Куҳӣ истиқлолияти Приднестровро 17 ноябри соли 2006 шинохтаву намояндагии худро дар он боз кардаанд.  

Ҷумҳурии Приднестрови Молдова дар ягон созмони обрӯманди байналмилалӣ узвият надорад. Вале вай аъзои Иттиҳоди кишварҳои эътирофнашуда аст, ки соли 1992 ташкил шудааст ва дар оғоз он шомили Абхозистон, Приднестров ва Осетияи Ҷанубӣ буд. Соли 2000 дар базаи ин ташкилот Кишварҳои Муштаракулманофеъи ношинохта ташкил шуд. Онҳо борҳо талош кардаанд ба узвияти Иттиҳоди гумрукӣ, ЕАЭС, Ҷамъияти Авруосиёии иқтисодӣ ва ҳатто узви ИДМ шаванд. Вале ин талошҳо амалӣ нашудаанд.  

 

Муқовимати ҳарбӣ

Чун дар ҳамаи нукоти доғ дар Ҷумҳурии худхондаи Приднестров низ бархӯрдҳои ҳарбӣ буданд, ки сабабгори қатли бегуноҳон ҳам гаштаанд. Аммо ин бархӯрдҳо на ба ҳадде будааст, ки мо дар Тоҷикистон дидем. 

Соли 1992 миёни нерӯҳои ҳарбии Молдова (нерӯҳои мусаллаҳ, қувваҳои ВКД ва амният) ва гвардияи ҷонибдори истиқлолияти Приднестров задухӯрд сурат гирифтааст. 7-июли соли 1992 Молдова оташбас эълон кард ва ҷониби Приднестровро аз ин тасмим бо ҳуҷҷате хабардор кардаанд, ки миёни президентони Молдова ва Русия имзо шудааст.  Аммо бо вуҷуди ин бархӯрдҳо пароканда сурат мегирифтанд. 1 августи соли 1992 муоҳадаи сулҳ имзо шуд ва ин ба бархӯрди кӯтоҳмуддати ҳарбӣ поён дод…  

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here