Собиқ сарвазири Фаронса Эдуард Балладюр рӯзи сешанбе дар суд бо айби сармоягузории чорабинии номуваффақи президентиаш дар соли 1995 марбут ба зарбарасониҳои ғайриқонунӣ тариқи муомилоти байналмилалӣ бо силоҳ муҳокима шуд.

Балладюри 91-сола яке аз охирин сиёсатшиносони баландмартабаи фаронсавӣ аст, ки дар ҷараёни тафтишоти парвандаи ба ном Қарочӣ, ки зиёда аз 25 сол ҳаёти сиёсии кишварро заҳролуд кард, дар курсии айбдорӣ нишаст.

«Ин парванда бо номи шаҳри покистонӣ маъруф буд, ки моҳи майи соли 2002 онҷо автобуси ҳомили муҳандисони фаронсавӣ инфиҷор шуд. Дар натиҷа 15 нафар, аз ҷумла 11 корманди гуруҳи баҳрӣ-ҳарбии фаронсавӣ вафот карданд»,- ёдовар мешавад Guardian.

Аввал дар ташкили инфиҷор «Ал-Қоида»-ро гумонбар донистанд, вале баъдан маълумоте пайдор шуд, ки таркиш ҳамчун интиқом барои надодани пораи ба нафарони расмии фаронсавӣ ваъдашуда амалӣ гардидааст. Дар интихоботи соли 1995 Жак Ширак ғолиб омад, ки фавран пардохти маблағ барои муомилоти яроқро бекор кард.

Моҷаро атрофи айбдориҳои коррупсионӣ дар робита ба ду шартномаи муомилоти яроқ дар солҳои 1990, солҳои охири президентии Франсуа Миттерана мечархад, ки он вақт Балладюр сарвазир буд.

Се нафар собиқ мансабдорони ҳукуматӣ миёни шаш нафар айбдоршудагон дар моҳи июн бо ҷурми робита доштан бо зарбарасониҳо тариқи фурӯши киштиҳои зериобии Покистон ва фрегатҳои Арабистони Саудӣ, ки замони аз соли 1993 то 1995 имзо шудаанд, ҷой доштанд. Зарбарасониҳо тақрибан 13 миллион франк шумурда шудаанд, ки ба ҳолати имрӯза қариб 2 миллион евро буда, оз он 10 миллион франк дар шакли хайрия ба ширкати Балладюр насиб гаштааст.

Миёни айбдоршудагон Николя Базир — собиқ роҳбари ширкати Балладюр, Рено Доннеде де Вабре — собиқ мушовири вазири мудофиа Франсуа Леотара, инчунин Терри Гобер — собиқ мушовири вазири онвақтаи буҷет буданд ва баъдан президенти Фаронса Николя Саркози, ки дар парвандаи Қарочӣ ҳамчун шоҳид ҷалб карда шуд.

Максим МАКАРИЧЕВ,

«Российская газета»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here