Интихобот дар Афғонистон шояд ҳаддиақал дар минтақаи мо аз мушкилфаҳмтарин бошад. Ҳеч соле ва ҳеч интихоботе бе интригаҳои бузург анҷом нашудааст. Хоса интихоботи президентӣ, ки сарнавишти миллионҳо инсон дар он рақам мехӯрад. Аммо интихоботи Афғонистон вижагиҳои худро дорад, ки яке аз он мустақиман ба шумориши овози интихобкунандагон иртибот мегирад. Дар шароити кунунии Афғонистон сандуқҳои раъйи мардумро аз музофотҳо бо тай кардани ҳазорон километр бо хару аспу аробаву мошин то Кобул мерасонанд ва комиссия на ки рӯзу ҳафтаҳо, балки баъзан моҳҳо шумори онро ба итмом намерасонад. Имсол ҳам чунин шуд.
Сол ба охир мерасад, вале ҳоло ҳам маълум нест, ки Комиссияи интихоботӣ кадоме аз ду номзад: Ашраф Ғанӣ-президенти кунунӣ ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ соҳиби курсӣ шуданд ё мардум ба кадоме аз инҳо овози бештар дод. Мушкил ва хеле мушкил. Ва боз ҳам дар ҳолест, ки дар аввалин рӯзҳои баъди райъдиҳӣ Абдуллоҳи Абдуллоҳ — яке аз пурнуфузтарин номзадҳо аз пирӯзии худ хабар дод. Ҷонибдорони Ашраф Ғанӣ — президенти кунунӣ ҳушдор дода буданд, ки эълони пирӯзӣ барои Абдуллоҳ барвақт аст.
Ахиран ҷаноби Нуристонӣ — раиси Комиссияи интихоботии мустақил аз ширкаткунандагони намоишҳои эътирозӣ хост ба комиссия имкон диҳанд орои мардумро беғалат бишморад. Бо ҳаёҳуву эътирозот коре хуб нахоҳад шуд. Ҷаноби Нуристонӣ гуфт, ки Комиссия бояд ҳоло овози интихобкунандагон дар 7 вилоятро бишморад ва натиҷаро эълон кунад.
Иттилои расмӣ дар мавриди рафти шумориши овози мардум дар даст нест. Ҳар иттилое пахш мешавад, такя ба манобеъи ғайрирасмӣ дорад. Чанде пеш «Афганистан.ру» хабар дода буд, ки ҳисоби овозҳо аз рӯйи тафтиши маълумоти биометрии интихобкунандагон сабабгори норозигии номзадҳо шуда буд. Сабаби ин ҳамроҳ карда шудани 300 ҳазор овоз бо нишонаҳои тақаллуб, аз ҷумла вайронкорие, ки ба сурати интихобкунандагон ва дуруст наомадани вақти қайд дар давраи интихобот иртибот дошт.
Баъзе номзадҳо аз нозиронашон хостанд, ки шумориши овозҳоро байкот кунанд. Ғайр аз ин дар саросари қаламрави кишвар намоишҳои эътирозӣ сурат гирифтанд ва имкон надоданд, ки Кумитаи интихобот шуъбаҳои худро дар 7 вилоят аз 34 вилоят барои ҳисоби оро боз кунад. Ҷаноби Нуристонӣ зимни суханронии худ ба фаъолон муроҷиат намуд ва аз онҳо хоҳиш кард, ки даст аз ин амалҳо бардоранд, чун ҳар гуна эътирозҳо боиси кундӣ дар раванди эълони натиҷаҳо мешавад.
Николас Кей — намояндаи НАТО дар Афғонистон гуфт, ки номзадҳо бояд ба эълони натиҷаи интихобот аз ҷониби комиссияи интихоботӣ эҳтиром гузоранд. Вай дар нишасти матбуотӣ дар Лондон як рӯз пеш аз ифтитоҳи ҷаласаи Паймони Атлантики Шимолӣ баргузор шуд, диққати ҳозиронро ба буҳрони ҳокимият дар Афғонистон баъди баргузории интихобот ҷалб намуд. Кей аз ҷумла гуфт: “Сарфи назар аз таҳдидҳо аксари афғонҳо рӯзи 28-уми сентябр ба ҳавзаҳои интихоботӣ рафтанд ва овоз доданд. Аммо бо гузашти бештар аз ду моҳ натиҷа эълон нашудааст. Муҳим он аст, ки ба наздикӣ мо қарори Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистонро дар бораи натиҷаи пешакӣ хоҳем донист”. Аммо намояндаи НАТО дар Афғонистон хостори он шуд, ки раванди шумориши овозҳо бояд дар доираи муқаррароти қонун шаффоф сурат бигирад.
Сар аз моҳи декабр боз ҳам мавҷи эътирозу гирдиҳамоиҳо баъзе вилояту шаҳрҳои Афғонистонро фаро гирифт. Сабаб маълум: кашолкорӣ дар эълони расмии натиҷаи интихобот мардумро нигарон кардааст. Аз ҷумла дар вилоятҳои Парвон, Сари Пул, Фороб мардум зидди тақаллубҳо дар шумориши райъашон садои эътироз баланд карданд. Онҳо аз Комиссияи мустақили интихоботӣ талаб намуданд, ки он 300 ҳазор варақаро аслан ба эътибор нагирад.
Комиссия варақаҳои баҳсбарангезро ба шумориш омода кардааст ва ин муҷиби ғазаби Абдуллоҳ ва ҷонибдорони вай шудааст. Онҳо мегӯянд ин 300 ҳазор баъдан оварда шуданд ва нишони тақаллуб дар онҳо бармалост.
Рӯзи дуввуми декабр як қатор номзадҳо ба курсии президентӣ пешниҳод карданд, ки дар кишвар ҳукумати эътилофӣ созанд ва ҳадафи он бояд ҳалли буҳрони сиёсӣ дар иртибот ба интихобот бошад.
Номзад Аҳмад Валӣ Масъуд аз ҷумла гуфт: “Бояд ҳукумати эътилофие таъсис кард. Бояд ҳатман боварии мардумро дубора барқарор кард. Ин як силсила мушкилоти кишварро танҳо як ё ду нафар наметавонанд ҳаллу фасл кунанд”.
Шаҳоб Ҳакимӣ, як тани дигар аз номзадҳо гуфт, ки буҳрони интихобот ба амният ва иқтисоди кишвар таъсири манфӣ ба ҷо гузошт ва миёни гуруҳҳои мухталиф адовату душманиро ба вуҷуд овард. Ӯ низ гуфт, танҳо бо талоши ҳамагонӣ метавон ин буҳронро ҳал кард.
То соате, ки ба ин навишта нуқта мегузоштем, боз ҳам сарнавишти ройи мардум дар интихоботи президентии Афғонистон номуайн буд. Ҳамоно Комиссияи шумориши овозҳо аз эълони натиҷаи ниҳоӣ худдорӣ меварзад ва ҳоло ҳам ҳадс задан мушкил аст, ки эълони пирӯзии ин ё он номзад чӣ оқибатҳоеро ба дунбол хоҳад дошт.
Ахиран ин хабар ҳам расонаӣ шуд, ки Доналд Трамп — президенти ИМА бидуни огоҳии пешакӣ вориди Кобул шуд. Вале дар бораи ҷузъиёти ин сафар низ гузорише дақиқ интишор нашуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Амрико гуфтушунид бо Толибонро, ки чанд моҳ пеш мутаваққиф карда буд, аз сар гирифт. Вашингтон хостори ширкати Толибон дар раванди сиёсии Афғонистон мебошад. Аммо гуфтушуниди Амрико бо Толибон бе ширкати Кобули расмӣ борҳо аз ҷониби ҳам президенти ин кишвар ва ҳам парлумони он мавриди интиқодҳои шадид шуда буд.
Таҳияи Б.Шафеъ