370 сол пеш дар шаҳри олмонии Мюнстер муоҳадаи сулҳе имзо шуд, ки ба ҷанги сисола (1618-1648) поён дод. Ҷанге, ки дар ин сеяк аср Аврупоро қариб аз одам холӣ кард.
Худи Швейтсария дар ҷангҳо иштирок надошт, вале анҷоми он ба ин конфедератсия имкон дод, ки мавқеъи худро дар қораи Аврупо чун кишвари мустақилу бетараф мустаҳкам кунад ва ба масъалаҳои шартҳои пуштибонӣ ва рушди иртиботҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо шарикони хориҷӣ нуқта гузошт.
Аммо ҳарфи асосӣ шояд ин бошад, ки дар Олмон ва Швейтсария бори аввал ба ҳузурашон дар ин олам таваҷҷуҳ карданд. Ва дар ин кор саҳми дипломати сатҳи олӣ, донишманду ояндабин Иоҳан Рудолф Веттштайн беназир аст.
Низоми нави ҷаҳонӣ
Соли ҷории 2018 соли ҷашнвораҳои ҳақиқист. Ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ садсолагии Муоҳадаи сулҳи Версалро, ки ба Ҷанги якуми ҷаҳонӣ хотима гузошт, таҷлил мекунад. Ва ба ин сана рӯйдоди дигари таърихӣ низ ҳамроҳ мешавад ва ин Муоҳадаи соли 1648 аст, ки низ бо номи Сулҳи Вестфал ёд мешавад. Амалан Версал аслан як танаффусе дар “ҷанги нави сисола” буд, зеро аксари муҳаққиқон, коршиносон ва муаррихон ҷангеро, ки соли 1914 оғоз гардид ва соли 1945 ба анҷом расид, амалан як ҷанг медонанд ва фосилаи аз соли 1918 то 1939-ро таътили кӯтоҳе дар ин ҷанг мехонанд. Албатта, ин баҳс аст ва баҳси беохиру пур аз назарҳои ихтилофӣ.
Вале муҳимтар аз ин ҳама ҳолатест, ки маҳз аз сулҳи Версал зиддияти нав шоха гирифт ва дар таърих бо номи “муоҳадаи зидди сулҳ” ном ёфт ва нутфаи ҷанги навро дар шикам мепарварид. Вале муоҳадаи Версалро ҳатто имрӯз ҳам сарчашма ва оғози ҳуқуқи нави байналмилалӣ меноманд ва метавон инро ба ҷумлаи санаҳои муҳиму таърихии Аврупо ворид кард.
Аммо нақши Швейтсария дар чист? Ба сифати мушовир мо муаррихи швейтсарӣ Андреас Вюрглер, профессори таърихи нав ва навтарини Конфедератсия аз Донишгоҳи Бернро интихоб кардем. Муяссар шуд бо вай дар атрофи ҷанги сисола, сулҳи Вестфал ва дипломати швейтсарӣ Иоҳан Рудолф Веттштайн-яке аз шахсиятҳои муҳим ва калидӣ дар тахтаи сиёсии шоҳмоти ин давра суҳбат кунем.
Ҷанги сисола бо ҳама фоҷеаи худ бо ҷанги сисолаи дигар, ки аз соли 1914 то 1945 идома дошт, қобили муқоиса аст. Аҳолии кулли кишварҳои Аврпуо аз заҷри гуруснагиву қаҳтӣ то ним коҳиш ёфт. Аммо баъди сӣ соли куштори ҳамдигарӣ билохира оташи он дар Аврупо хомӯш шуд. Соли 1648 паймони сулҳе, ки имзо шуд, бар пояи он баъдан “Системаи муносибатҳои байналмилалии Вестфал” низ шакл гирифт.
«Тақсими нави неруҳои сиёсӣ дар Олами куҳан на танҳо аз анҷоми ҷанг ва барқарории сулҳу субот бастагӣ дорад, балки боиси иваз шудани парадигма ё бинишҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар Аврупо шуд”, — мегӯяд Андреас Вюрглер. Дар асл дар давраи то соли 1648 дар Аврупои Марказӣ иерархияи равшани ҳокимият мавҷуд буд: аз ҳама боло Попи Рум ва Императори Империяи Руми муқаддаси миллати Олмон (Номи расмии давлате буд дар замони ҳукмронии Оттои якум) менишаст ва дар поён шоҳигариҳои парешон ва қаламравҳои дворянӣ қарор доштанд. Ҷойи ҷомеаи деҳқонӣ поинтар аз ҳамаи ин буд.
Як Швейтсария ва 26 кантон оё модели куҳнашудаест?
Швейтсария низ бахше аз ҳамин иерархия буд. Он расман ба Империяи Руми муқаддаси миллати Олмон дохил мешуд, вале давлати мустақилу соҳибихтиёр ҳисобида намешуд, ҳарчанд баъди ҷанги Шваб дар соли 1499 мақоми мухторият касб карда буд. Вале ин мухторият дар ягон асноди расмӣ сабту имзо нашуда буд, ғайр аз ин ва муҳимтар аз ҳама онро давлати мустақили миллӣ намедонистанд. Дар сохтори дохилӣ ин конфедератсия иттиҳоди ихтиёрии катонҳо ё иёлотҳои мустақилро дар бар мегирифт.
Бургомистр ба конфронси сулҳ меравад
Иоҳанн Рудолф Веттштайн 27 октябри соли 1594 дар шаҳри Базел ба дунё омад. Мактаби ибтидоиро дар зодгоҳаш хонд ва баъдан ба Женева рафт ва тамоми солҳои баъдиро ба омӯзиши илм сарф кард, муддате сарбози зархарид дар артиши Италия низ буд. Вақте ба ватан баргашт, худро дар ҷомеаи онрӯза чун инсони заҳматкаш ва соҳибмансаби меҳнатқарин нишон дод. Тадриҷан соҳиби обрӯ шуд ва то мансаби бургомистр (шаҳрдор) расид. Вай зиёд талош кард омӯзаҳои назариявии худро дар амал бисанҷад ва татбиқ созад ва як ваколати дипломатии лозим дар қарни 17-ро пайдо кунад,- мегӯяд Андреас Вюрглер.
Вақте соли 1646 Иоҳанн Рудолф Веттштейни 52-сола равонаи Мюнстер ҷиҳати ширкат дар муколамаи сулҳ шуд, дар конфронс вай пеш аз ҳама дар бораи ояндаи миллати худ ва шаҳри худ андешид. “Дар оғоз вай минбари конфронс ва нишастҳову баҳсҳоро шонсе барои таҳкими манфиатҳои маҳз шаҳри худ Базел ва на кулли Швейтсария дарёфт. Аз ҷумла сухан дар бораи зиддиятҳои қариб садсола мерафт. Дар поёни ҷанги соли 1499 қариб ҳамаи катонҳо амалан қувваи ҳуқуқии додгоҳи императориро қобили қабул намедонистанд.
Рақибони олмонии тоҷирони базелӣ фурсатро ғанимат дониста, вазъро ба манфиатҳои худ истифода мекарданд, то ки бозаргонҳои Базелро ба додгоҳ кашанд. Албатта, додгоҳ дар ин гуна ҳолатҳо ба манфиати даъвогарон қарор содир мекард, басо осону сода амволи онҳоро мусодира мекарданд ва аз худ менамуданд. «Табиист, ки ин таҷрибаи додгоҳӣ дардисарҳое барои сокинони Базел эҷод карда буд ва Веттштайн вақте ба гуфтушунидҳои сулҳ мерафт, қасд дошт аввалтар аз ҳама хидмате барои шаҳри худ кунад ва зодгоҳашро аз зулми “додрасҳои бегона” наҷот диҳад”, — иброз медорад Андреас Вюрглер ва боз илова ҳам мекунад, ки ин мафҳумро вақте сухан аз ташаббусҳои мардумии “Зидди додрасҳои бегона” меравад ва қарор аст ҳамапурсии он 25-уми ноябри соли 2018 доир шавад, набояд фаромӯш кард.
Вақте ба Мюнстер расид, аввалин коре анҷом дод, бо сафирони Франсия ва Нидерландия иртибот гирифт ва дарк кард, ки дар ин конфронси сулҳ масолили хеле муҳим ва доманфарох мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ва ҳоло метавон бо истифода аз он ба натиҷаҳои бештар даст ёфт. “Вай дид, ки масоили тиҷорат ва мушкилоти он чандон муҳим ҳам нестанд ва боистӣ ба масоили ҷиддитаре даст зад, то кишвар истиқлолияти бештар ба даст орад”,- меандешад Андреас Вюрглер.
Баъзан муъҷиза ҳам рух медиҳад
Кофист ба Шветсарияи он замон назар андохт ва дарк ҳам кард, ки барои як дипломат умед бастан ба комёбие чӣ қадар душвор буд. Зеро конфедератсия амалан чун як давлати воҳид вуҷуд надошт. Кантонҳо миёни худ иртиботҳои мустаҳкам надоштанд, сиёсати ягона ҳоким набуд. Ин як давраи ҷангҳои беохири динӣ буд ва ҷангҳо барои тахту тоҷ, ки империяҳои аврупоӣ барои муборизаи қудрат роҳандозӣ карда буданд. Он замон на танҳо католикҳо ва протестантҳо ба ҷони худ даровехта буданд, балки ду сохтори рақиби давлатӣ: империяи Габсбургҳо аз як тараф ва Франсия аз ҷониби дигар дар рақобати рӯирост қарор доштанд.
Ва чуноне болотар ишора шуд, дар поёни ҷанги соли 1499 Конфедератсияи Швейтсария аз Империяи муқаддасти Рум озод шуд ва ба Император на дар соҳаи додгоҳӣ, на ҳарбӣ ва на молиявӣ итоат намекард. Андреас Вюрглер ба ёд меорад, ки бо вуҷуди ҳамаи ин худи Конфедератсия дар остонаи ҷангҳои навбатии динӣ қарор дошт.
Аз ин рӯ, мегӯяд таърихшинос конфедератҳо сиёсати ягонаи дохиливу хориҷӣ ва ҳарбӣ таҳия карда наметавонитсанд, зеро кантонҳо аслан намехостанд ба ягон моҷарои ҳарбӣ кашида шаванд. Католикҳо ва православҳои швейтсарӣ дар хориҷи кишвар зархаридӣ мекарданд ва баъзан дар амалиётҳои ҳарбӣ чун дар ду тарафи муқобил қарор доштанд, ба ноҳақ хуни ҳамдигар ҳам мерехтанд. Онҳо натиҷаи харобиовари ҷанг дар наздикии Мариняноро диданд ва намехостанд ин гуна харобӣ ба хонаҳои онҳо ояд.
Бисёре аз муаррихон бар ин назаранд, ки маҳз ҳамон замонҳо назария ва амалияи бетарафии швейтсарӣ шакл гирифт. Ҳарчанд ин масъалаи баҳсбарангез аст, вале бидуни шак иқдоме барои оянда шуда буд.
Ва муҳимтар аз ҳама дар доираи Маҷлиси умумишвейтсарӣ кантонҳои православ ва католик зидди ҳам буданд ва ба ин ё он қарор метавонистанд ба хотири ҳифзи манофеи худ вето гузоранд. Ҳарчанд Маҷлис коромад ҳам набуд ва таъсир ҳам надошт.
Ҷобаҷошавии неруҳои нави Аврупо
Моҳи феврали сол 1647 Веттштайн аз Маҷлис ба ҳар ҳол ваколати аз номи ҳамаи Конфедератсия сухан гуфтан ва ҳимояи манфиатҳои ҳамаи онҳоро дарёфт кард. Вай аз Мюнстер ҳуҷҷате овард бо номи «Exemtion» ва ё «Истисно барои ҳолатҳои ҷудогонаи Швейтсария”. Бар асоси ҳамин “моддаи швейтсарӣ”, ки Муоҳадаи сулҳи Вестфал тасдиқ кард, Швейтсария амалан аз Конфедератсия ва Империя ҷудо шуд. Ва ҳамзамон бо ин кишвар ба маънои пурраи имрӯзаи вожа истиқлолият ба даст овард.
Бетарафии Швейтсария
Дусад сол пеш дар конфронси Вена сарнавишти бетарафии Швейтсария ҳал шуд ва Русия низ дар ин нақши муҳим бозид.
Соли 1650 Веттштайн ба Вена рафт, то ин ки ба даъвоҳои пайвастаи олмониҳо ба бозаргонҳои швейтсарӣ нуқта гузорад. Ин замоне буд, ки Аврупо тадриҷан механизми муносибатҳои байни миллатҳо ва байни давлатҳоро таҳияву аз он кор мегирифт ва пояи ин муносибатҳоро эҳтироми истиқлолияти давлатии кишварҳо ташкил медод. Вюрглер мегӯяд: “Маҳз аз ҳамон давра дипломатҳо дасти ҳамдигарро мефушурдагӣ шуданд. Ва албатта, вазни сиёсии кишвар чун имрӯз он замон низ дар таъйини сиёсатҳои башарӣ нақши муҳим дошт”.
Швейтсария аз Империя худро озод кард, вале аз сӯи дигар ҳимоятгари пурқудратро аз даст дод. Ин кишвар артише надошт ва иқтисодаш хеле заъиф буд, аз ин рӯ талош мекард дар ҳамин ҳол дар ҷомеаи байналмилалӣ мавқеъ дошта бошад. Ва ҳамин сиёсати бетарафӣ ба стратегияи зинда мондан ва соҳиби эҳтиром шудан дар сиёсатҳои хориҷӣ шуд.
Швейтсария ба ин ҳама мадюни Веттштайн монд, чун талошҳои ин марди сиёсату дипломатия дар Мюнстер нуқтаи муҳиме дар роҳи ҳам истиқлолият ва ҳам мақоми байналмилалии бетарафии ин кишвар шуд. “Вай ба Мюнстер тани танҳо рафт ва дипломати ягонае барои ҳамаи Конфедератсия буд. Вай руҳи замонашро хуб эҳсос мекард, вай бо ин иқдомҳояш ояндаро дида тавонист”,- ба ёд меорад А.Вюрглер.
Аммо Конфедератсияи Швейтсария ин ҳама хидматҳои пурарзиши Веттштайнро ба зудӣ қадр накард. Аз сӯе панҷоҳ сол лозим шуд, ки кантонҳо ба ин тафаккур расанд, ки онҳо пурра аз ҳокимияти императорӣ озоданд. Аз сӯи дигар натиҷаи мустақими паймони сулҳи Вестфал Ҷанги деҳқонӣ дар Швейтсария дар соли 1653 шуд. Кишоварзони Швейтсария ногаҳон аз бозорҳои ғизо маҳрум шуданд ва онҳо талаб мекарданд, ки аз истеъмори олмониҳо наҷот дода шаванд.
«Веттштайн зидди кишоварзон бархост, амали онҳоро зери тозиёнаи танқид гирифт ва барои чанд муддат шуҳрати худро чун ҳомии сулҳу осоиш аз даст дод”,- мегӯяд Андреас Вюрглер.
Швейтсария бори дигар аз Йоҳанн Рудолф Веттштайн танҳо соли 1881 ёд кард ва ба поси хотири вай пули наве дар Базелро ба номи ӯ номгузорӣ карданд. Ва ин пул бо номи пули «Веттштайнбрюкке» имрӯз ҳам аз ободтарин пулҳои кишвар буда, шаҳр ва зодгоҳи дипломатро ҳусни тоза мебахшад.
www.swissinfo.ch
Таҳияи Ф.Муҳаммад