Аз  Ҳенрӣ Дарёнавард то Васко да Гама. Сафари Васко да Гама

29-уми сентябри соли 1460 таваллуд ва 24-уми декабри соли 1524 фавтидааст. Ҷаҳонгард, дарёнавард ва кошифи машҳури Португалия, ки аввалин бор аз Аврупо бо роҳҳои баҳриву уқёнусӣ ба Ҳинд расид. Васко да Гама аз муваффақтарин дарёнавардони олам маҳсуб мешавад ва дар ҳама сафарҳои баҳриаш муваффақ будааст.

Васко да Гама дар шаҳри Синиши Португалия дар оилаи дворянин ба дунё омада, дар шаҳри Эворе таҳсил кардааст. Соли 1492 таваҷҷуҳи шоҳ Жоани дуввумро ба худ кашидааст. Дар натиҷаи муваффақона иҷро кардани як супориши шоҳ ба зудӣ аз шахсони маҳбуби дарбор шудааст. Соли 1487 аз ҷониби Жоани дуввум ба Ҳиндустон эъзом шуд ва аз ҷануби Африқо ва аз димоғаи Умеди Нек ба Ҳинд рафт. Баъди Бартоломеу Диаш, ки тавре ишора рафт кошифи аслии Димоғати Умеди Нек буд, дуввумин шахсе маҳсуб мешавад, ки ин масирро барои расидан ба Ҳинд тай кард.

Ин кашфиёти бузурги географӣ дар оянда сарнавишти халқҳои Шарқро тағйир дод ва боиси вуруди аврупоиён ва ба мустаъмара табдил шудани минтақа гардид. Соли 1498 Васко да Гама ба Каликут ворид мешавад ва соле баъд ба Португалия бозмегардад. Аммо соли 1502 бори дуюм ба унвони дарёсолор (капитан) озими Ҳинд шуд. Аммо ин сафараш боиси хунрезӣ ҳам шуд. Ба интиқоми кушта шудани бозаргонони португалӣ шумори азими ҳиндуҳоро қатл кард. Нахустин маркази бозаргонии Португалия дар Ҳиндро ташкил дод.

Ба Жоани дуввум насиб нашудааст, ки орзуҳояшро амалӣ кунад. Ҷойнишини вай Мануэли якум баъди нишастан ба тахт эъзоми экспедитсия ба Ҳиндро дар миён гузошт. Шоҳ аз кашфиётҳои Колумб огоҳ шуда буд. Барои ин сафари баҳрӣ якбора се киштӣ: «Сан-Габриэл», «Сан-Рафаэл», ки онро баробарбузурги да Гама Паулу да Гама сарварӣ мекард ва “Берриу” сохта шуд. Чун дар сафари Диаш ин корвони киштиҳоро як киштии боркаши дигар ҳамроҳӣ мекард. Дар ҳайат аз 140 то 170 нафар маллоҳон шомил шуданд ва аксари онҳо аз ҷумлаи афроде буданд, ки дар сафарҳои пешин ҳузур доштанд ва дарёнавардӣ метавонистанд, бо мушкилиҳо ошно буданд. Киштиҳо бо навтарин таҷҳизот ва харитаҳои дақиқ муҷаҳҳазонида шуданд, тозатарин маълумот дар бораи Ҳиндустон, Африқо ва уқёнуси Ҳинд ба дасти сарварони экспедитсия супурда шуданд. Дар ин ҳайат тарҷумонҳои забонҳои ибриву арабӣ низ ҳамроҳ карда шуданд.

8-уми июли соли 1497 аҳолии Лиссабон ба бандар ҷамъ омад, то қаҳрамонони худро ба сафари пурхатар гусел намояд. Ва хайрбоди маллоҳон бо хонаводаҳои худ аз ҳузнагезтарин лаҳзаҳои падруд буд.

Баъди як ҳафта флотилия ҷазираҳои Азовро гузашт ва аз он ҷо ба самти ҷануб ҳаракат кард. Баъди як исти басо кӯтоҳ дар ҷазираҳои димоғаи Сабз киштиҳо ба самти ҷанубу ғарб роҳ пеш гирифтанд ва аз соҳил ба масофаи ҳазор мил дур шуданд, то аз боди пешомад ва ҷараёниҳо дар соҳилҳои Африқо ҷилавгирӣ кунанд.

16-уми декабр киштиҳо аз охирин сутуне, ки Диаш гузошта буд, гузаштанд ва ба маконҳое расиданд, ки то кунун пойи ягон аврупоӣ нарасида буд. Яке аз вилоятҳое дар Африқои Ҷанубӣ, ки маллоҳон Соли Навро истиқбол карданд, номи Натал гирифт, ки тарҷумаи он “Мавлуд” мешавад ва то кунун ин ном боқист.

Дар идомаи роҳ португалиҳо ба резишгоҳи дарёи Замбези расиданд ва ин ҷо киштиҳо муддате барои таъмир таваққуф карданд. Амо ин ҷо мусибате онҳоро фаро гирифт. Маллоҳон ба бемории исқобут (касалие, ки аз норасоии витаминҳо сар мезанад ва одамро тамоман беҳол карда, вораҳоро мепӯсонад, дандонҳоро мерезонад) гирифтор шуданд, аз беҳоливу бемадорӣ ва дарди шадид одамон ба ҳалокат мерасиданд. Ба Васко да Гама лозим омад танҳо баъди як моҳ фармони идома роҳ диҳад. Баъди чанд рӯзи роҳ паймудан дар уқёнус онҳо ҷазираи Мозамбикро диданд. Ва аз ин ҷо як олами комилан нав ва барои португалиҳо ноошно оғоз мешуд. Ба ин қисмати сайёра шурӯъ аз асри XII арабҳо мустақар шуда буданд. Дини ислом роиҷ шудаву забони арабӣ густариш ёфта буд. Арабҳо дарёнавардони моҳиру пуртаҷрибае буданд ва таҷҳизот ва харитаҳои онҳо нисбатан дақиқ ва такмилёфта буданд. Лотсманҳои араб ҳамвазне ба худ дар шинохти баҳру дарё надоштанд.

Сарвари экспедитсия ба ин натиҷа расид, ки арабҳо тасаллути комил ба шаҳрҳои соҳилҳои шарқии Африқо доранд ва барои португалиҳо мухолифони ашадӣ хоҳанд буд. Дар ҳамин гуна як ҳолати душвор вай бояд коре мекард, ки ба бархӯрд роҳ намедод, бояд хеле эҳтиёт мекард ва дипломат мебуд, то дар сӯҳбатҳо бо ҳокимони маҳаллӣ дили онҳоро ба чизе ва ё ба ҳарфе озор надиҳад. Вале ба ин дарёнаварди машҳуру маъруф маҳз ҳамин сифат намерасид, дипломат набуд.

Барои дарёфти маълумот дар бораи шаҳри Момбасо (дуюмин шаҳри пурҷамъияти Кения, як маркази асосии гардишгарии ин кишвар ба ҳисоб меравад) ва ниятҳои ҳокими он вай фармон дод, ки гаравгононро қину азоб кунанд, вале барои худ лотсмане пайдо накарда португалиҳо ба самти шимол ҳаракат карданд.

Ба зудӣ киштиҳо ба бандари Малиндӣ (шаҳре дар вилояти Соҳилии Кения) расиданд. Ва дар ин минтақа португалиҳо барои худ муттаҳиде дар симои ҳокими он пайдо карданд, ки бо Момбасо мухолифат доштааст. Бо ёрии вай ба онҳо муяссар шудааст яке аз лотсманҳо ва картографи хубтарини арабҳоро бо исми Аҳмад ибни Маҷид, ки шахсияти матраҳ ҳатто берун аз соҳилҳои шарқии Африқо будааст, киро кунанд. Дигар мушкили онҳо ҳал шуд ва филҳол ба сафар баромаданд ва 24-уми апрели соли 1498 португалиҳо ба самти шимолу шарқ рӯ оварданд ва ба соҳилҳои Ҳинд наздик шуданд. Баъди 23 рӯз лотсман киштиҳоро ба соҳилҳои ғарбии Ҳинд овард. Ҳазорон мил роҳ, ки онро метавонистанд дар 11 моҳ тай кунанд, пас монд. Даҳҳо тан маллоҳон бар асари беморӣ фавтиданд, вале ҳар касе зинда монд, метавонист худро қаҳрамони ин сафари пурмашаққат эълон кунад. Онҳо ба Ҳинди афсонавӣ расиданд ва роҳеро паймуданд, ки падарону бобоҳои онҳо оғоз карда буданд, вале қисмати расидан ба фатҳи Ҳинд насиби онҳо шуд. Васко да Гама фотеҳи Ҳинд дар Аврупо буд вай аввалин касе аз қораи Аврупо буд, ки ба ин сарзамин фуруд омад ва номи худро дар таърих чун кшифи роҳи баҳрии Ҳинд аз Аврупо сабт кард.

Вале бо ин кор ба анҷом намерасид. Мебоист дар ҳамин сафар робитаҳои тиҷоратиро бо сокинони маҳаллӣ ба роҳ мемонданд, вале арабҳо бо ҳар роҳу васила ба ин муқовимат мекарданд, онҳо намехостанд бозорҳои гарми худро аз даст диҳанд.

Ҳокими Каликут аввал ба омадани аврупоиҳо ба назари шубҳа менигарист, вале ғуруру такаббур ва тундмиҷозии да Гама билохира ӯро бар зидди онҳо қарор дод. Он замон барқарории равобити тиҷоратӣ мебоист бо тӯҳфаҳо анҷом мешуд ва он чизе ки португалиҳо пешкаш карданд (чаҳор кулоҳи сурх, қуттӣ бо шаш тағораи либосшӯӣ ва дастшӯӣ ва чизҳои ба ин монанд) метавонистанд ба ким-кадом африқоии камбизоат дуруст буд, вале на барои ҳокиме аз қораи сарватманди Ҳинд. Билохира, мусалмонҳо ба португалиҳо ҳамла карданд ва онҳо бо додани талафот ба зудӣ аз Каликут дур шуданд. Ҳамлаи роҳзанҳои баҳрӣ, тӯфон, гуруснагӣ, исқорбуд бори дигар домангири маллоҳони португалӣ шуд. Аз чаҳор киштӣ танҳо ду киштӣ ба Португалия баргашт ва қисмати бештари маллоҳон қурбон шуданд ва то назди пайвандонашон нарасиданд.

Баъдҳои Васко да Гама бори дигар ба Ҳинд рафт ва ноиби шоҳ дар сарзаминҳои ишғолӣ дар ин кишвар таъин гардид. Ва соли 1524 тарки олам кард.

Аъмоли хушунатомез ё нукоти дигар дар зикри Васко да Гама

Васко да Гама бо вуҷуди он ки барои миллати худ хизматҳо кардаву пои аврупоиёнро ба Ҳинд кашондааст, худ як шахси хусуматпеша ва то ҳадде золиме будааст. Аз ӯ на танҳо ба унвони кошифи машҳуру маъруф, балки як роҳзани баҳрӣ, ғоратгари киштиҳо, қотили садҳо бегуноҳ ва золиму ситамгар ёд мекунанд.

Вай барои тарсонидани сокинони маҳаллӣ ва ҳокимони он диёр сайёдони бесилоҳро асир гирифтаву мусла (гӯшу бинӣ буриданд) мекардааст ва сару дасти онҳоро бо паёми катбӣ барои ҳоким мефиристод, то бифаҳманд, ки муқовимат бефоида аст. Ӯ сарварии Португали дар уқёнуси Ҳиндро бо шевае ба даст овард, ки онро имрӯз бо истилоҳи терроризми давлатӣ ифода мекунанд.

Аз соли 1502 роҳии сафари истеъморӣ ба Ҳинд шуд. Дар роҳи сафар бо як киштии мусалмонон бархӯрд кард, ки қасди зиёрати хонаи Худо доштанд. 380 мард ва иддаи зиёде зану бачаҳо савори ин киштӣ буданд. Ҳама молу амволи онҳоро ғорат кард ва киштиро бо ҳама сарнишинонаш бо борут оташ зад. Ва дар бораи ғосибиву қаллобӣ ва бераҳмиҳову роҳзаниҳои вай навиштаҳо дар сафарномаҳову таърихихномаҳои қораи Ҳинд зиёд гуфта шудааст.

Дар бораи золимиву бераҳмии Васко қиссаҳо зиёданд. Ҷунончӣ, дар аввалин сафари худ барои кашфи Ҳинд Васко ба маслиҳатҳои Диаш гӯш фаро дод. Вақте вай аз Африқо мегузашт, маллоҳони хаста чун дар экспедитсияи Диаш даст ба ошӯбу балво заданд ва талаб карданд, ки ба Португалия баргарданд. Васко нармиш нишон надод, балки балвогарон ва саркардагони онҳоро дасту по баст, ба пояшон завлона зад ва бо ин васила ошӯбро хомӯш намуд.

Дар аввалин қадам ба қаламрави  тиҷорати араб сафар ба рейди роҳзанӣ табдил ёфт. Васко султони Мозамбикро фиреб кард, ки муслмон аст ва ӯ барояш лотсманҳои ботаҷриба дод. Аммо Гама бераҳмона киштиҳоро ғорат мекард. Боре киштии ҳиндуҳоро боздошт намуд, ҳамаи сарнишинони онро якҷо бо занону кӯдакон ба ҳабс андохт ва киштиро оташ зад. Ва он касонеро, ки илоҷе ёфта аз коми оташ худро раҳо карда буданд, вақте ба соҳил расиданд, аз тӯп оташ кушод ва ҳамаро яксара нобуд кард.

Боре чандин ҳиндуро ба асорат гирифт ва хост онҳоро чун нишон барои камонғӯлак истифода барад. Баногоҳ хабар ёфт, ки онҳо насрониёнанд ва роҳибро даъват кард, то дар шоҳидии вай ҳамдинҳояш қабл аз маргашон ибодат кунанд.

Гама ҳар он чизе мехост, ба даст овард: соҳиби унвон буд, замин дошт, сармоядор буд, соҳиби шаш писар буд. Барои як зиндагии осоишта дигар ба чизе ниёз надошт.  Аммо ин ҳаёти амну оромро шоҳ Жуани  сеюм вайрон кард. Хабар омад, ки  маъмурияти Португалия дар Ҳинд саропо ба фасод ғӯтидааст ва шоҳ Васкоро фиристод, то низомро ҷорӣ кунад. Расид ва чун даст амал зад, бемор шуд ва 24-уми декабри соли 1524 бар асари вараҷа аз олам гузашт. Ҷасадашро ба Португалия оварданд ва дар графигарии вай гӯрониданд. Аммо дар асри XIX  дахмаи ӯро ғорат карданд. Ба ифтихори 400-солагии аввалин экспедитсия вайро дубора дар Лиссабон гӯрониданд, вале маълум шуд, ки устухонҳои беруновардашуда аз дахма аз ӯ нестанд….

Таҳияи Б. Шафеъ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here