Ҷумҳурии Озарбойҷон дар қисми шарқии Қафқоз ҷойгир аст. Масоҳати он 86,600 километри квадратиро ташкил медиҳад. Аҳолиаш 9 миллиону 564 ҳазору 400 нафар аст (мувофиқи маълумоти расмии интишордодаи Вазорати фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 01.10.2014). Озарбойҷон мувофики ду нишондоди боло калонтарин ва сераҳолитарин давлати минтақаи Қафқоз мебошад. Аз ҷиҳати миқдори аҳолӣ ва масоҳаташ Озарбойҷон дар ҷаҳон мутаносибан ҷойҳои 91 ва 112-умро ишғол менамояд.

Вожаи Озарбойҷон, ба ақидаи муаррихон, маънои «кишвари оташ»-ро ифода мекунад. Ин ибора ба номи ин кишвар тавъам аст, зеро Озарбойҷон аз ҷиҳати захираву коркарди нефту газ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ногуфта намонад, ки дар замони Ҷанги бузурги ватанӣ (солҳои 1941-1945) зиёда аз 90 дарсади нефту маводи сӯхти СССР аз Озарбойҷон таъмин карда мешуд. Дар он замон ба таври густурда дар дигар паҳнои СССР ба мисли Озарбойҷон конҳои нефту газ кашфу коркард ё истифодабарӣ нашуда буданд. Адолф Гитлер аз ин мавқеи калидии Озарбойҷон дар масъалаи истихроҷу истеҳсоли нефту газ бехабар набуд. Аз ин ҷиҳат бо супориши Гитлер фармондеҳони немис якчанд бор амалиёти ишғол кардани Озарбойҷонро тарҳрезӣ карда, амалӣ намуданӣ буданд, аммо нақшаи ишғоли Озарбойҷон аз ҷониби онҳо ноком монд.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар солҳои пешин нефтро бо сатил дастӣ аз чоҳҳои нефт (кон) берун меоварданд ва истихроҷи он чандон зиёд набуд. Соли 1872 дар мавзеи наздик ба шаҳри Боку аввалин бор дар таърихи Озарбойҷон истихроҷи нефт ба тариқи саноатӣ ба роҳ монда шуд. Истихроҷи нефт аз 26 ҳазор тоннаи соли 1872 дар соли 1901 ба 11 миллион тонна расонида шуд, ки дар он вақт ин нишондод 50 дар сади истихроҷи нефти ҷаҳонро ташкил медод.
Озарбойҷонро аз тарафи Шарқ баҳри Хазар иҳота кардааст. Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Федератсияи Русия, Гурҷистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Арманистон сарҳади хушкигард дорад. Ҷумҳурии мухтори Нахҷувон-экслави Озарбойҷон дар шимолу шарқ бо Арманистон, дар ҷанубу ғарб бо Эрон ва дар шимолу ғарб бо Туркия ҳамсарҳард мебошад. Ҳамзамон аз Озарбойҷон тавассути киштиҳо тариқи баҳри Хазар ба давлатҳои Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Эрон рафтан имкон дорад.
Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон парчами давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон, нишони давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва суруди давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон аз се ранги бараш баробари кабуд, сурх ва сабз иборат буда, дар мобайнаш акси ҳилоли сафед бо ҳашт ситора тасвир ёфтааст. Гуфтан бамаврид аст, ки ҳанӯз дар соли 1918 ин намунаи парчам аз ҷониби Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон қабул шуда буд. Бо барҳам додани Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон аз тарафи армияи сурх дар санаи 28-уми апрели соли 1920 ин намунаи парчам ба намунаи сурхи даврони шӯравӣ мубаддал гардонида шуд. Аммо дар соли 1990 ин намунаи парчами серанга аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистӣ-мухтори Нахҷувон нахуст дуюмбора дар қаламрави ин ҷумҳурии мухтор барқарор шуд ва баъдан (соли 1991) бо пешниҳоди Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистӣ-мухтори Нахҷувон ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон он дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Озарбойҷон мавриди эътибору эътироф қабул гардид. Маврид ба зикр аст, ки дар он замон роҳбарии Шӯрои Олии Ҷумҳурии мухтори Нахҷувонро Ҳайдар Алиев — падари президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бар дӯш дошт. Бо саъйу талоши Ҳайдар Алиев намунаи аввалини парчами Озарбойҷон барқарор гардид.
1-уми сентябри соли 2010 дар шаҳри Боку — пойтахти Озарбойҷон маросими кушодашавии «Майдони парчами давлатӣ» аз ҷониби президенти кишвар Илҳом Алиев оғоз гардид. Баландии флагшток 162 метрро ташкил дода, дар он замон ҳамчун баландтарин флагшток дар ҷаҳон ба «Китобҳои рекорди Гиннес» дохил гардид. Ин флагшток то моҳи майи соли 2011 (дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон) флагштоки 165 метра сохтанд) баландтарин флагштоки рӯи замин ба ҳисоб меёфт. Флагштоки Душанбе низ баъди дар Арабистони Саудӣ сохтани флагштоки 170-метра мавқеашро ҳамчун флагштоки баландтарин аз даст дод.
Матни гимн ба қалами Аҳмад Ҷавод тааллуқ дошта ва оҳангсози он бастакори номии озарбойҷонӣ Вазир Гаҷибеков мебошад. Бояд гуфт, ки гимни ҳозираи Озарбойҷон низ дар замони пойбарҷо будани Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон қабул шуда буд. Аммо бо барҳам додани Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон аз тарафи армияи советӣ ин гимн бекор карда шуд. Аммо баъди истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли 1991 ин гимн бо оҳангаш такроран барқарор карда шуд.
Дар маркази нишони давлатии Озарбойҷон акси оташ тасвир ёфтааст, ки он мафҳуми «Кишвари оташ»-ро ифода мекунад. Рангҳое, ки дар нишон тасвир ёфтааст, дар Парчами давлатии Озарбойҷон истифода шудааст. Дар нишон ҳамчунин ситора, хӯшаи гандум ва баргҳои дарахти булут тасвир ёфтааст, ки ситора ҳашт решаи мардуми турк, хӯшаи гандум бойгарии давлат ва баргҳои дарахти булут куҳану бостонӣ будани давлати Озарбойҷонро ифода мекунад.
Озарбойҷон аз ҷиҳати маъмурӣ ба 66 ноҳия, 11 шаҳри тобеи ҷумҳурӣ ва Ҷумҳурии мухтори Нахҷувон тақсим мешавад. Як қисми ҳудуди Озарбойҷон аз ҷониби Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи куҳӣ ва Арманистон ғасб шуда, идора карда мешавад, ки он 20 фоизи ҳудуди ин давлатро ташкил медиҳад.
Пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шаҳри Боку мебошад. Забони давлатӣ забони озарбойҷонӣ аст. Воҳиди пули миллиаш манати озарбойҷонӣ мебошад.
Шаҳри Боку дар нимҷазираи Апшерон — соҳили баҳри Хазар ҷойгир шудааст. Пойтахти Озарбойҷон — шаҳри Боку калонтарин маркази саноатӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии минтақаи Қафқоз буда, ҳамчунин он калонтарин бандар дар баҳри Хазар ва бузургтарин шаҳр дар минтақаи қафқоз мебошад. Аҳолии шаҳри Боку дар айни ҳол 2,5 миллион нафар мебошад. Боку шаҳри ҷавон набуда, яке аз куҳантарин ва калонтарин шаҳрҳои Шарқ мебошад. Ба ақидаи муаррихон, як маънии вожаи Боку аз забони форсӣ маънои «Боди куҳ», дигараш бошад, «Шаҳри Худо»-ро ифода мекунад. Рушду тараққиёти саноати нефт барои тараққиёту васеъ гардидани шаҳри Боку заминаи мусоид гузоштааст. Шаҳри Бокуро бинову иншоот, мақбараву осорхонаҳои бо тарҳи меъмории шарқӣ, аврупоӣ, советӣ ва муосир бунёшуда зебу зиннат медиҳанд. Дар пойтахти Озарбойҷон бисёр бинову мақбара, қалъаву қаср, масҷиду калисо, ки дар замони кадим сохта шуда буданд, то ҳол ҳифз шудаанду аз тарафи давлат нигоҳдорӣ мешаванд. Вале, мутаассифона, дар ин авохир баъзе бинову иншооти дар замони шӯравӣ бунёдкарда дар марказ ва бархе нуқоти дигар маҳалли шаҳр тахриб гардида, ба ҷои он бинову иншооти ҳозиразамон бардоштаанд. Бинову иншоотро бо тарҳи ҳозиразамон сохтан албатта хубу шоистаи таҳсин аст. Вале хуб мешуд, ки шаҳрдори Боку ва масъулони шаҳр қисмати таърихии шаҳрро вайрон накарда, агар бинову иншооти ҳозиразамон бунёд кардан мехоҳанд, дар қисмати дигари шаҳр дар мавзеи холӣ бинову иншоот сохта, шаҳри Бокуи навро асос мегузоштанд ва шаҳри Бокуи қадимаро барои насли имрӯзу оянда ба мерос мегузоштанд. Чунин шаҳрҳо бо қисматҳои куҳнаву нав дар аксар давлатҳои ҷаҳон ҳастанд, ба монади Деҳлии нав — Деҳлии куҳна (Ҳиндустон), Алмаатои нав — Алмаатои куҳна (Қазоқистон), Берлини нав — Берлини куҳна (Германия) ва монанди ин.
Озарбойҷон давлати дунявӣ, ягона ва шакли идоракуниаш президентӣ мебошад. Озарбойҷони имрӯза баъди пош хӯрдани давлати СССР ташкил ёфтааст. Аввалин президенти Озарбойҷон узви Ҳизби коммунисти Озарбойҷон ва ҳамзамон Котиби якуми Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон Аяз Муталибов дар парламенти ин кишвар интихоб шуда буд. Баъдан ӯро дар моҳи июни соли 1992 Абулфаз Элчибай (Алиев), раиси Фронти халқии Озарбойҷон иваз кард, ки ӯ дуюмин президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шумор меояд. Сеюмин президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон тариқи интихоботи умумихалқӣ дар соли 1993 собиқ раиси КГБ-и ҶШС Озарбойҷон, котиби якуми Партияи коммунистии ҶШС Озарбойҷон, муовини якуми раиси Шӯрои Вазирони СССР, раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии автономии Нахҷувон ва раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев якдилона интихоб карда шуд. Бо зимоми қудратро ба даст гирифтан Ҳайдар Алиев ихтилофоти дохилии Озарбойҷонро бартараф карда, кишвари Озарбойҷонро ба давлати тараққикардаву пешрафта табдил дод. Ҳайдар Алиев то соли 2003 президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон буд. Баъди вафоти Ҳайдар Алиев дар соли 2003 ҷойи ӯро писараш Илҳом Алиев тавассути интихобот ишғол намуд. Айни ҳол президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мебошад, ки мавсуф чорумин президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон маҳсуб меёбад.
Озарбойҷон давлати сермиллат ва сердин буда, аксарияти сокинонаш пайрави дини ислом, ҳамчунин як қисми кӯчаки аҳолиаш пайрави дини насронӣ ва яҳудӣ мебошанд. Дар Озарбойҷон аксарияти аҳолиро озарбойҷониҳо ташкил дода, ҳамчунин дар ин давлат халқу миллатҳои русу лезгин, талишу тотҳо, авару арман, турку тотор, курду украин, гурҷиву яҳудӣ ва ғайра зиндагӣ мекунанд.
Озарбойҷон давлати аграрӣ-индустралӣ буда, иқтисодиёташ дар ҳоли рушд мебошад. Ин ҷумҳурӣ соҳибистиқолии хешро бори аввал 28-уми майи соли 1918 ба даст овардааст. Ҷумҳурии демократии Озарбойҷонро, ки дар соли 1918 соҳибистиқлолии худро эълон намуда буд, муаррихон аввалин давлати дунявӣ дар ҷаҳони ислом мехонанд.
Дар Озарбойҷон расман ид ва санаҳои таърихии зерин ҷашн гирифта мешаванд:
1-уми январ — Соли нав, 20-уми январ — Январи сиёҳ, 26-уми феврал — генотсиди Хоҷалӣ, 8-уми март — Рӯзи байналмилалии занон, 20-24-уми март — Наврӯз, 31-уми март — Рӯзи генотсиди озарбойҷониҳо, 9-уми май — Рӯзи Ғалаба, 28-уми май — Рӯзи Ҷумҳурӣ, 15-уми июн — Рӯзи наҷоти миллӣ, 26-уми июн — Рӯзи қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷон, 18-уми октябр — Рӯзи Истиқлолият, 9-уми ноябр — Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон, 12-уми ноябр — Рӯзи Конститутсия, 31-уми декабр — Рӯзи ягонагии озарбойҷониҳои тамоми ҷаҳон. Бар иловаи ин, дар ҷумҳурӣ ҳар сол дар мавридаш идҳои динии Рамазон ва Қурбон қайд карда мешавад.
Дар соли 1991Ҷумҳурии Озарбойҷон расман аз давлати СССР ҷудо шуда, санаи 18-уми октябр истиқлолият ба даст овардааст. Ин сана дар Озарбойҷон расман ҳамчун ид ҷашн гирифта мешавад, аммо имрӯз рӯзи истироҳат набуда, балки рӯзи корӣ аст. Назар ба ин санаи боло дар Озарбойҷон санаи 28-уми май — Рӯзи Ҷумҳурӣ бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Ин аз он сабаб аст, ки санаи 28-уми май Шӯрои миллии муваққатии мусулмонони Қафқоз (Шӯрои миллии Озарбойҷон) аввалин бор дар таърихи ин кишвар соҳибистиқлолӣ ва ташкил шудани Ҷумҳурии демократии Озарбойҷонро дар ҷаҳон эълон медорад. Дар он вақт ин ҷумҳурӣ бо Гурҷистону Арманистон ба ҳайати Федератсияи Закавказя дохил мешуд. 28-уми майи соли 1918 дар шаҳри Тифлис (Гурҷистон) ҳангоми барҳам додани ин федератсия Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва ҷудогона дар рӯи харитаи ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд. Аз ин сабаб барои халқу давлати Озарбойҷон ин сана — 28-уми май ҳамчун санаи муҳиму сарнавиштсоз эътироф шуда, он ҳамасола дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад ва ин рӯз аз тарафи давлати Озарбойҷон расман рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Мутаассифона, ин давлати навини Озарбойҷон умри чандон тӯлоние надид. Бо ворид шудани армияи сурх ба қаламрави Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон дар таърихи 28-уми апрели соли соли 1920 ин давлати мустақил соҳибистиқлолии худро аз даст дод. Дар заминаи Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон — Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон ташкил дода шуд.
Ҳаҷми ММД мувофиқи қобилияти харидорӣ дар соли 2012-ум 98,776 миллиард доллари ИМА-ро (10,624 доллари ИМА ба ҳар сари аҳолӣ) ташкил дод.
Асоси иқтисодиёти Озарбойҷонро истихроҷу коркард ва истеҳсоли нефту газ ва маводи сӯхт ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар Озарбойҷон истеҳсоли таҷҳизот барои истихроҷи нефт, ашёи хом барои истеҳсоли оҳан, семент, саноати химияву нассоҷӣ, маҳсулоти хоҷагии кишлоқ, аз ҷумла парваришу истеҳсоли сабзавоту мева, ғалла, биринҷ, чой, пахта, ангур, тамоку, чорвои шохдори калону майда тараққӣ кардааст. Озарбойҷон ба хориҷи кишвар асосан нефт ва газ содирот менамояд, ки он 90 дар сади маҷмуи содироти кишварро дар бар мегирад. Ҳамчунин ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар маҳсулоти хӯрокворӣ, меваву сабзавот, пахта, таҷҳизот ва ғайраро содирот менамояд. Дар навбати худ Озарбойҷон аз хориҷи кишвар техникаву таҷҳизот, озуқа, маводи кимёвӣ ва филизот воридот менамояд.
Озарбойҷонро ба 10 ноҳияи калони иқтисодӣ ҷудо кардан мумкин аст. Бо инкишофу рушд ёфтани иқтисод ва ба буҷет сарозер шудани он давлати Озарбойҷон муваффақ бар он шуд, ки сатҳи камбизоатии аҳолиашро аз 45 дар сади соли 2003 ба 6 дар сад расонад.
Туризм дар Озарбойҷон рушд кардааст. Масалан дар тамоми соли 2015 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 400 ҳазор турист ташриф оварда буд. Дар Озарбойҷон бошад, ҳамасола зиёда 1,5 миллион турист ташриф меоранд. Ин аз он сабаб аст, ки кишвари Озарбойҷон дар миёни Аврупову Осиё ҷойгир аст.
Аз 11 минтақаи фазои мавҷудаи ҷаҳон 9-тои он дар ин кишвар ҷойгиранд, ки гуногун буда ва аз субтропикӣ то боғҳои баландкуҳи Алпро дар бар мегиранд. Ҳамаи ин туристони зиёдеро ба ин кишвар — Озарбойҷон ҷалб мекунад. Барои туристон инфраструктура ва хизматрасонии дар сатҳи заруриву баланд аз ҷониби давлати Озарбойҷон дар симои Вазорати фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳайё карда шудааст. Туристон асосан ба маконҳои таърихиву чойҳои дидании Боку, Шемахи, Исмаилов, Шеки, Губа, Набран, Худат, Хачмаз, Ленкоран, Астара ташриф меоранд. Дар Озарбойҷон ҳамчунин туризми куҳӣ рушд кардааст. Барои туризми куҳӣ дар ноҳияи Габалин ҳамаи шароитҳои зарурӣ барои куҳнавардон, аз ҷумла силсиламеҳмонхонаҳои панҷситорадор бунёд карда шудааст. Ҳамчунин аз соли 2011 дар нишебиҳои куҳҳои Шахдаг, ки дар ноҳияи Кусар дохил мешавад, Маҷмааи ҳозиразамони куҳнавардӣ, дараҷаи байналмилалӣ ба истифода дода шуд. Дар Озарбойҷон инчунин туризми табобатӣ тавсеъа ёфтааст, ки туристон барои табобат ба обҳои гарми шифобахши Массалах, Ганҷа ва Нафталан меоянд.
Ҳамчунин, гуфтан бамаврид аст, ки дар тамоми Озарбойҷон зиёда аз 130 осорхонаҳои гуногун амал мекунанд, ки ҳамарӯза шумораи зиёди туристони дохиливу хориҷӣ аз он дидан мекунанд.
Дар айни ҳол Ҷумҳурии Озарбойҷон бо давлатҳои зиёди ҷаҳон муносибати дипломатӣ барқарор карда, ҳамкорӣ менамояд. Озарбойҷон аъзои СММ, Ҳаракати адами тааҳҳуд, ИДМ, САҲА, НАТО барои сулҳ, Созмони Конфронси Исломӣ, СЕАП, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки Осиёгии Инфрасохтори сармоягузорӣ , Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Шӯрои Аврупо, ДОВСЕ, ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ ва як қатор созмонҳои дигар мебошад.
Аз замони истиқлолият ба даст овардан дар соли 1991 то ин ҷониб Ҷумҳурии Озарбойҷон бо зиёда аз 150 давлати ҷаҳон робитаи димломатӣ барқарор карда, муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, илмӣ, гуманитарӣ ва амсоли онҳоро тавсеъа медиҳад. Озарбойҷон ба муносибатҳои дуҷониба бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон афзалият дода, ҳамин аст, ки дари сафоратҳои худро дар давлатҳои зиёди ҷаҳон, аз қабили Австралия, Австрия, Аргентина, Белорусия, Белгия, Булғористон, Босния ва Ҳерсеговина, Британияи Кабир, Бразилия, Гурҷистон, Олмон, Юнон, Венгрия, Ветнам, Миср, Эрон, Иордания, Ҳиндустон, Индонезия, Испания, Италия, Канада, Колумбия, Куба, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Чин, Корея, Кувайт, Латвия, Либия, Ливан, Литва, Малайзия, Мексика, Молдовия, Марокко, Нидерландия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Полша, Руминия, Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Арабистони Саудӣ, Сербия, Словакия, Словения, Сурия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Украина, Уругвай, Ӯзбекистон, Франсия, Хорватия, Черногория, Чехия, Шведсия, Швейтсария, Эстония, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ ва Япония боз кардааст, ки ҷамулҷамъ ҳамаи он 65-то мешавад.
Дар баробари ин давлатҳои зиёди ҷаҳон сафоратҳои худро дар шаҳри Боку — пойтахти Озарбойҷон кушодаанд, ки онҳо ин давлатҳо мебошанд:
Австрия, Белорусия, Белгия, Бразилия, Болгария, Британияи Кабир, Гурҷистон, Олмон, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Индонезия, Эрон, Ироқ, Исроил, Италия, Иордания, Қазоқистон, Қатар, Чин, Корея, Кувайт, Латвия, Либия, Литва, Молдовия, Марокко, Аморати Муттаҳидаи Араб, Нидерландия, Норвегия, Покистон, Фаластин, Полша, Руминия, Русия, Арабистони Саудӣ, Сербия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Украина, Ӯзбекистон, Франсия, Чехия, Швейтсария ва Япония. Ҳамаи онҳо дар ҷамъ 47 сафорат мешавад.
Дар шаҳри Боку ҳамчунин консулгариҳои давлатҳои Бангладеш, Венгрия, Дания, Қирғизистон, Молдовия, Нидерландия, Португалия, Словения, Тайланд, Финландия ва Шведсия амал мекунанд.
Бояд гуфт, ки шарикони асосии ҳамкори Озарбойҷон давлатҳои Италия, Русия, Германия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Туркия, Исроил ва ғайра мебошанд.
Мардумони тоҷику озарбойҷонӣ аз қарнҳо бо ҳам робитаҳои дӯстӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ доштанд. Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 29-уми майи соли 1992 бо ҳам робитаи дипломатӣ барқарор карданд. Озарбойҷон нахуст шуда дар санаи 22-юми сентябри соли 2007 Сафорати худро дар шаҳри Душанбе — пойтахти Тоҷикистон кушод. Дар навбати худ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 23-юми марти соли 2008 дари Сафорати худро дар пойтахти Озарбойҷон — шаҳри Боку боз кард. Нахустин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мегаррам Алиев буд, ки аз соли 2007 то соли 2011 дар ин мақом кор кард. Аз 1-уми марти соли 2012 Аббасалӣ Карам огли Гасанов ба ҳайси Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кард, ки дуюмин сафири ин кишвар дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Аввалин Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Зокир Вазиров аз ҷониби Президенти Тоҷикистон таъин шуд. Мутаассифона, дар санаи 3-юми сентябри соли 2012 қалби сафири нахустини Тоҷикистон аз тапидан монд. Санаи 4-уми сентябри соли 2013 Саидов Зоҳир Озодович Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Точикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон таъин шуд, ки ӯ низ дуюмин сафири Тоҷикистон дар кишвари оташ маҳсуб мешавад.
Ба ҳамкориҳои нав байни ду давлату миллат роҳбарони ҳар ду давлат такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар санаи 15-16-уми марти соли 2007 Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 13-14-уми августи соли 2007 бо сафари расмии ҷавобӣ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон боздид ба амал овард. Пас аз гузашти якчанд сол президентони ҳарду кишвар такроран ба кишварҳои якдигар ташриф оварданд. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар чандин чорабиниҳои муҳими минтақавиву байналмилалӣ, ки дар ин ё он кишвар мегузарад, вохӯрда, барои густаришу пешрафти ҳамкориҳои ду давлат саҳми чашмрас мегузоранд.
Бузургон мегӯянд, ки «Фарҳанг ҳастии миллат аст», ки бемуҳобо рост аст. Дар ин баробар Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон гузаронида шуд. Ҳунармандону сарояндагон, мутрибон ва аҳли ҳунари ду давлат бо ҳунарнамоӣ дар шаҳрҳои Душанбеву Боку дили тамошобинони тоҷику озариро тасхир карданд.
Дар Тоҷикистон ному насаби фарзандони барӯманди халқи озар ба монанди Муҳаммад Физулӣ (шоир), Ҳайдар Алиев (лидери умумимиллии Озарбойҷон), Мирзо Довуд Гусейнов (сиёсатмадор), Ахмедов Алӣ Алиевич (сиёсатмадор), Мамед Расулзаде (Асосгузори Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон), Рашид Бейбутов (сароянда), Лютфи Заде (математик), Бюлбюл Рза огли (сароянда), Абдул Муслим Магомаев (сароянда), Мустафа Топчибашев (хирург), Ази Асланов (фармондеҳи ҳарбӣ), Карим Каримов (олим), Қара Қараев (педагог), Гаджи Тагиев (асосгузори саноати нефти Озарбойҷон), Вазир Гаджибеков (композитор), Тофик Бахрамов (футболбоз), Ирада Зейналова (журналист) ва ғайра ношинос нест ва аксари мардуми тоҷик онҳоро мешиносанд.
Артисти мардуми СССР ва фарзанди барӯманди озарбойҷонӣ — сароянда Муслим Магомаев ба муаррифӣ ниёз надорад. Ӯро на танҳо дар Тоҷикистон ё дар паҳнои собиқ давлати СССР, балки дар ҷаҳон мешиносанд. Гуфтан бамаврид аст, ки Муслим Магомаев бо аҳли ҳунари Тоҷикистон робитаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дошт. Суруде бо овози марғуладори ин хунёгар дар филми истеҳсоли «Тоҷикфилм» — «Рояли сафед» танин меандозад, ки бо хоҳиши офарандагони филм Муслим Магомаев онро махсус сабт карда буд. Муслим Магомаев чандон умри тӯлонӣ надид, дар шаҳри Маскав чашм аз олам пӯшид, вале бо ибтикору тараддуди зиёиёни озарӣ ва дар мувофиқа бо ҳамсараш ҷасади ӯро ба Боку оварданд ва дар шафати қабри бобояш ба хок супурданд.
Дар айни ҳол байни ду кишвар зиёда аз 30 созишномаи давлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба тасвиб расидааст. Аз нигоҳи ман, дар баробари дигар созишномаҳои дар масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, илм ва маориф ва ғайра ба тасвиб расида, яке аз созишномаҳои муҳими дигари ба тасвиб расида ин созишнома дар бораи бе раводид сафар кардан ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар ҳам барои мардуми тоҷик ва ҳам озарбойҷонӣ мебошад, ки шаҳрвандони ҳарду кишвар бе ягон мушкилот озод метавонанд аз Озарбойҷон ё Тоҷикистон боздид ба амал оранд. Ҳамчунин барои боз ҳам наздику дӯст ва шинос кардани мардумони ду кишвар бо якдигар бо супориши роҳбарони ҳарду давлат ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Озарбойҷон мустақим хатсайри ҳавоии Душанбе-Боку ва Боку-Душанбе кушоданд. Ин хатсайр муддате фаъолият намуд, аммо мутаассифона баъди чанде мутаваққиф гардид. Хушбахтона хушхабар расид, ки дар ояндаи наздик хатсайри ҳавоии Душанбе-Боку ва Боку-Душанбе аз нав ба фаъолият шуруъ мекунад. Дар назар аст, ки аз тарафи Тоҷикистон Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон — ҶСК «Тоҷик Эйр» ва аз тарафи Озарбойҷон Ширкати миллии ҳавопаймоии Озарбойҷон — ҶСП «Azərbaycan Hava Yolları» дар хатсайри Душанбе-Боку ва Боку-Душанбе парвоз анҷом медиҳанд. Мо умедворем, ки бо дубора боз шудани ин хатсайри ҳавоӣ миёни ҳар ду давлат ва миёни мардумони ду кишвар дӯстиву якдигаршиносӣ, робитаву ҳамкорӣ ва муносибатҳои дипломатӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтсодӣ, илмӣ ва амсоли он боз ҳам аз қабл дида, рушд ёфта, ба зинаҳои баланд мерасад.
Бо фароварди сухан ба сокинони ҳарду кишвари бародар — Тоҷикистону Озарбойҷон тандурустӣ, сарбаландӣ, саодатмандӣ ва шукуфоиву пешрафтҳои пайвастаро самимона таманно дорам!

Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here